АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҳафт соли баробарии сиёсати беруна

Муаллиф: Одинаев Абдуҳалим

Расм

Дар ин даврон Ҷумҳурии Мисри Араб тавозун ва гуногунсамтии равобитро бо кишварҳои ҷаҳон пеш гирифта, барои пойдор гардондани сулҳу субот уфуқҳои нави ҳамкориро кушодааст.

  Сиёсати хориҷии Мисри Араб дар давоми 7 соли гузашта майдони фаъолияти ҳамкориҳои зиёд гардид, зеро сиёсати пешгирифтаи кишвар барои ҳифзи манфиатҳои ватанӣ асос ёфта буд. Инчунин Миср дар муносибаташ бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон, Ғарбу Шарқ ба тавозун ва гуногунрангии ҳамкорӣ муваффақ гардид. Пас дар асоси мабдаи сиёсати хориҷии худ Миср, ки ба тарғиби сулҳ ва субот дар муҳити арабӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ асос ёфтааст, уфуқҳои нави ҳамкориро боз намуд. Аз ҷумла дар он омадааст, ки дахолат накардан ба корхои дохилии давлатҳо, ҷонибдори мабдаи эхтироми мутабодили якдигари кишварҳо ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ асос ёфтааст.

  Мувофиқи китоби тозанашри Вазорати корҳои хориҷии Миср, ки нақшаҳои дар ҳафт соли гузашта аз 30 июни соли 2014 то 30 июни соли 2021 анҷомшударо зери унвони «Дар масири ҳафт соли комёбиҳо», ки Абдулфаттоҳ ас-Сиси - Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб ба он имзо гузошт, гувоҳи ин гуфтаҳост. Аз ҷумла дар он китоб муваффақиятҳои кишвар дар самти сиёсатии хориҷӣ Миср қайд гардиданд:

-дар солҳои 2016 ва 2017 узвияти [ғайри] доимии Шӯрои Амниятро ба муддати ду сол ба даст овард.

-дар соли 2017 ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид шомил шуда, дар ҳамон сол ҷонишини раиси Шӯро интихоб шуд.

-дар соли 2018 раёсати Гурӯҳи 77 (иттифоқи мамлакатҳои тараққиёбанда) ва Чинро бар ӯҳда дошт.

-дар соли 2019 раиси Иттиҳоди Африқо (ташкилоти байналмилалӣ, ки аз 55 давлати Африқо иборат аст), гардида буд.

-дубора узви Комиссияи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2021/2022 интихоб шуд.

-илова бар ин, Миср ҳафтумин бузургтарин саҳмгузор дар амалиёти посдори сулҳи Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад.

  Миср инчунин ба як намунаи кишвари муваффақи байналмилалӣ дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва кумаку дастгирии гурезагон табдил ёфтааст. Шуруъ аз соли 2016 то ҳол ягон қаиқе бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз соҳилҳои худ берун нашудааст. Илова бар ин, дар сарзамини Миср 6 миллион муҳоҷир зиндагӣ мекунанд, ки аз тамоми хидматҳои асосӣ баҳра мебаранд.

  Инчунин китоби мазкур дар барои мавқеи Миср нисбат ба роҳбарияти гуногунсамта, таърифу тавсифи як қатор роҳбарони ҷаҳон чоп шудааст. Дар байни онҳо, Ҷо Байден - Президенти ИМА, Эммануэл Макрон - Президенти Фаронса, Ангела Меркел - Садриаъзами пешини Олмон, шайх Муҳаммад ибни Зоид - валиаҳди Абузабӣ яке аз Имороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазири Юнон, Абдуллоҳ ибни ал-Ҳусайн Ҳошимӣ II - шоҳи Урдун, Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон - валиаҳди Арабистони Саудӣ ва Си Ҷинпин -Раисиҷумҳури Чин, илова бар як қатор муассисаҳои баймилалӣ мебошанд.

  Кӯшишҳои Вазорати корҳои хориҷии Миср ҷиҳати амиқтар ворид шудани муносибатҳои Миср дар тамоми масоили арабӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ низ муваффақ шуданд. Барҷастатарини онҳо таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Халиҷи Форс ва ба пайваста будани амнияти Халиҷи Форс ба амнияти миллии Миср таъкид гардид. Инчунин мавқеи қатъии Мисрро нисбат ба масъалаи Фаластин қайд карда, дар конференсияи дастгирии Лубнон фаъолона иштирок намуд. Инчунин ба кор андохтани механизми ҳамкории сеҷониба миёни Миср, Ироқ ва Урдун мебошад. Ҳамзамон пешниҳоди дастгирии ҳамаҷониба ба Ҷумҳурии Судон ва идомаи талошҳо барои истиқболи Ҷумҳурии Сурия ва фиристодани кумакҳои тиббӣ ба ҳукумати Яман мебошад. 

  Миср дар сатҳи ҳамкорӣ бо кишварҳои Африқо низ ба муваффақиятҳои муайяне ноил гаштааст. То ҷое, ки Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ - Президенти кишвар, Кумитаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо оид ба тағйирёбии иқлимро дар давоми ду сол роҳбарӣ мекард. Инчунин дар Миср аввалин саммити ҳамоҳангсозии байни Иттиҳоди Африқо ва гурӯҳҳои байналмилалии иқтисодӣ баргузор гардид. Иштироки Президенти кишвар дар саммити Олмон ва Африқо дар соли 2019.  Бо изофа аз сафари Президенти кишвар дар давоми ҳафт сол ба бисьёр мамлакатҳои қитъаи Африқо ва расонидани кӯмаки пешгирикунанда барои бемориҳои сироятӣ ба зиёда аз 30 кишвари Африқо дар партави пандемияи Ковид-19 мебошад.

  Саъю кушиши вазорати корҳои хориҷии Миср ҷиҳати мустаҳкам кардани муносибатҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрика ва дубори барқарор намудани муколамаи стратегии тарафҳо саҳми арзанда гузоштааст. Дар ин самт муносибатҳо барои вусъат бахшидани сафарҳо ба Канада ва кишварҳои Амрикои Лотинӣ зиёд гардид. Дар натиҷа аз соли 2017 созишномаи тиҷоратии озод миёни Миср ва МЕРКОСУР (бозори муштараки кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ) эътибор пайдо кард.

  Илова бар ин, Миср дар муносибатҳои хориҷии худ бо кишварҳои Аврупо муваффақиятҳои калон ба даст овард. Аз ҷумла дар Шарм уш-Шайх - шаҳри сайёҳии Миср - дар соли 2019 нахустин нишасти арабу аврупоиро мизбонӣ кард. Инчунин Қоҳира мизбони нахустин нишасти ҳамкориҳои сеҷониба бо кишварҳои Юнон ва Қибрис (Кипр) гардид. Илова бар ин Қоҳира ҳамчун қароргоҳи Форуми гази Шарқи баҳри Миёназамин интихоб шуд. Дар партави ҳамкориҳо сафарҳои Президенти кишвар ба бисьёр кишварҳои Иттиҳоди Аврупо низ анҷом ёфт.

  Аммо дар сатҳи Осиё, минтақаи иқтисодии канали Суэси мисрӣ ба рӯйхати лоиҳаҳои долони баҳрии ташаббуси “як камарбанд ва як роҳ”-и Чин дохил карда шуд. Миср инчунин бо Чин аз соли 2014 шурӯъ карда, чун шарики стратегӣ шинохта шуда ба мувофиқа расидааст.

  Дар баробари боз кардани уфуқҳои нави ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиё, ки дар сафарҳои Сарвари давлат ба чанд кишвар, аз қабили Индонезия, Сингапур ва Қазоқистон таҷассум ёфта буд, мебошанд.

  Инчунин хонум доктор Оёт ал-Ҳаддод - узви парламент ва узви комиссияи робитаҳои хориҷии Миср дар мақолаи дигари худ таъкид намуд, ки Вазорати корҳои хориҷӣ ҷиҳати густариши равобит бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба монанди (Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон) аҳамияти хосса додааст.

            Манбаъ;

Рӯзномаи электронии “Мисровӣ”-и Мисрӣ

مينا غالي: السياسة الخارجية في 7 سنوات..  مصر تحقق التوازن والتنوع وتفتح آفاقًا لتعزيز السلام

Нависанда: Мино Ғолӣ

23.12.2021

Тарҷума аз арабӣ:

Одинаев Абдуҳалим

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

https://www.masrawy.com

БОЗГАШТ