АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

АКАДЕМИКИ АКАДЕМИЯИ ЗАБОНИ АРАБӢ ДАР ҚОҲИРА

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Боиси сарфарозист, ки дар Тоҷикистон ҳавзаи арабшиносӣ таи даҳсолаҳои охир тадриҷан тарвиҷ ёфта, пажӯҳишгарони кишвар дар ҷодаи адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ, тафсирнигорӣ ва ҷуғрофидонӣ, тарҷума ва таърих саҳми арзандаи хешро гузоштаанд.  Масалан, дар таҳкими риштаи забоншиносии араб Комил Мусофиров, Саидраҳмон Сулаймонӣ, Нуруллохон Ғиёсов ва Фея Исаева нақши меҳварӣ доранд. Дар раванди тадқиқ ва пажӯҳиши адабиёти араб низ метавон исми чандин устодони донишманди ин тариқат Тоҷиддин Мардонӣ, Абдушукури Абдусаттор, Низомиддин Зоҳидӣ, Умеда Ғаффорова, Фахриддин Насриддинов, Насим Ҳамробоев ва дигаронро номбар намуд, ки ҳар яке аз ин адабпажӯҳон дар ин масир таҳқиқотҳои арзишмандеро таълиф намудаанд. Лозим ба таъкид аст, ки арабшиносони тоҷик, махсусан давраи асримиёнагии равобити адабии арабу аҷамро дар меҳвари тадқиқоти худ қарор додаанд. Дар миёни ин ҳама адабпажӯҳон, ки исмашон дар фавқ зикр гардид, таҳқиқоти доктори илмҳои филологӣ, профессор, устод Саидраҳмон Сулаймонӣ мавриди таваҷҷуҳи мо қарор гирифт. Бояд гуфт, ки муҳаққиқи мазкур воқеан дар ташаккули ҳама шохаҳои арабшиносӣ, махсусан, забоншиносӣ, равобити адабӣ, тафсирнигорӣ ва ғайра саҳми ногузир дорад. Ҳамчунин як қатор асарҳои илмиву бадеӣ ва фалсафиву ахлоқӣ аз ҷониби ӯ аз забони тоҷикӣ ба арабӣ ва аз арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Масалан:
  1. Китоби “Гиёҳнома ва ҷонварнома”–и Абӯалӣ ибни Сино [1] аз ҷониби устод Саидраҳмон Сулаймонӣ аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, соли 2021 мунташир шуд. Мақолаи муқаддимавӣ, шарҳу тафсири китоб низ ба қалами С. Сулаймонӣ мутааллиқ аст. Шоистаи ёдоварист, ки “Гиёҳнома” (Китобу–н–набот) ва “Ҷонварнома” (Китобу–л–ҳайвон) бахши табииёти китоби Абӯалӣ ибни Сино “Китобу–ш–шифо” мебошад. Мутарҷим перомуни ин асарҳо чунин нигоштааст: “Шайхурраис дар “Китобу–н–набот” олами растаниҳоро бо як равия тавсиф намудааст. Дар “Китобу–л–ҳайвон” мутафаккир олами байни онҳоро дар масири ҳаёт бо дидгоҳи олимона ва мушоҳидаи мӯшикофона тасвир кардааст”[1, с.3]. Китоби мазкур ба забони русӣ низ таҳти унвони “Книга о растениях. Книга о животных[2] ( Из энциклопедии “Книга исцеления)” соли 2021 ба табъ расид.
  2. Абӯалӣ ибни Сино “Осор”[3] – ҷилди дувуми китоби мазкур аз ҷониби донишвари варзида Саидраҳмон Сулаймонӣ аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума, таҳия ва тавзеҳ шудааст. Китоби мазкур соли 2005 дар нашриёти “Дониш”-и шаҳри Душанбе мунташир гардидааст, ки чопи китоби мазкур низ падидаи хубе дар ҷодаи синошиносӣ ва пайвандҳои адабии тоҷику араб маҳсуб меёбад.
  3. Китоби “Тафсири Қуръон”[4] -и Абӯалӣ ибни Сино низ аз ҷониби арабшиноси сермаҳсули тоҷик Саидраҳмон Сулаймонӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва тавзеҳ шуда, соли 1994 дар нашриёти “Ирфон”- и Душанбе ба табъ расидааст. Китоби мазкур тафсир ба сураҳои “Нур”, “Фуссилат”, “Аъло”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”-ро, ки бори аввал аз арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума гардидаанд, фаро гирифтааст.
  4. Китоби “Пайғамбар” [8] маҷмӯаи ҳикояҳои Ҷуброн Халил Ҷубронро дар бар гирифтааст, ки аз сӯи устод Саидраҳмон Сулаймонӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст. Китоби мазкур соли 1992 дар нашриёти “Ориёно”-и Душанбе ба зевари табъ ороста шудааст. Унвони китоб яке аз ҳикояҳои машҳури Ҷуброн Халил Ҷуброн “Пайғамбар”-ро гирифта, китоб низ бо ҳикояи мазкур шурӯъ шудааст. Чунончӣ мутарҷим нигоштааст, “Пайғамбар” ривоят ё ҳикояи соф адабӣ набуда, асари адабии фалсафиест, ки Ҷуброн аз атрофи масоили печидаи зиндагӣ, бахусус инсон ва муносибати ӯ ба муҳаббат, озодӣ, зебоӣ, дард, доду гирифт, намоз, дин, марг, баду нек, гуноҳу ҷазо ва дигар унсурҳои он баҳс кардааст” [8,с.3].
  5. “Гулчин аз дурдонаҳои фолклори араб” [5] – маҷмӯаи латифа ва панду ҳикматҳои мардуми араб аз ҷониби арабшиносони тоҷик Комил Мусофиров ба забони тоҷикӣ тарҷума гардида, китоб соли 2013 дар матбааи “Шаҳпар” –и Душанбе ба табъ расидааст. Муҳаррири китоби мазкур низ арабшиноси тоҷик Саидраҳмон Сулаймонӣ мебошад. Шоистаи таъкид аст, ки китоби мазкур фарогири латифаҳои бисёрест, ки бидуни тардид, дар омода гардидани он саҳми муҳаррири китоб устод Саидраҳмон Сулаймонӣ ногусастанист. Бояд гуфт, ки устод С. Сулаймонӣ як қатор китобҳои методиву дарсиро омода намудааст, аз ҷумла: Дастури мукотиботи бозаргонӣ ба забони арабӣ ва тоҷикӣ. (Дастури таълимӣ), 1999; Очерки мухтасари сарф (морфология)-и забони арабӣ. (дастури таълимӣ) 2005;
  Ҳамчунин тарҷумаҳои осори илмии аз арабӣ ба русӣ: Омар Хаййам: «Философские трактаты» (комментария и подготовка текста к издании), 2002;Садруддин аш-Ширази: трактат «Небесная мудрость». Алмаата, 2004;
  Илова бар ин, 178 рубоиҳои Ҳаким Умари Хайём дар тарҷумаи арабии шоири ироқӣ Маҳдӣ Ҷосим ва 78 рубоии дигари ӯ дар тарҷумаи арабии шоири дигари машҳури ироқӣ Аҳмад ас-Софӣ ан-Наҷафӣ анҷом ёфтаанд, ки китоби мазкур соли 2000 таҳти унвони “Умари Хайём. Рубоиёт” [7] дар тарҷумаи муқаддимаи тарҷумон, таҳқиқ ва таҳияи Саидраҳмон Сулаймонӣ ба табъ расидааст.
  Чунончи дар боло зикр намудем, нақши устод Саидраҳмон Сулаймонӣ дар фарҳангнигорӣ низ хеле бузург аст. То кунун ӯ фарҳангҳои зеринро омода намудааст:
  Фарҳанги арабӣ – тоҷикӣ (70 000 калима). 2- ҷилд, 2004-2005;
  Фарҳанги васити арабӣ – тоҷикӣ (30 000 калима)., 2008.
  Фарҳанги шомили арабӣ – тоҷикӣ (100 000 калима), 2011;
  Фарҳанги шомили алифбоии арабӣ – тоҷикӣ – русӣ (120 000 калима), (зери табъ).
  Боиси тазаккур аст, ки устод С. Сулаймонӣ узви вобастаи Академияи забони арабӣ дар Қоҳира (Ҷумҳурии Мисри Араб) буда, 22 соли ҳаёти худро барои омода сохтани “Фарҳанги арабӣ- тоҷикӣ” [6] сарф намудааст. Ин қомус шомили зиёда аз сад ҳазор калима буда, (фарогири 2, 500 (ду ҳазору панҷсад) саҳифа буда,) соли 2007 дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи ал-Қоҳира муаррифӣ ва ҳамчунин аз ҷониби ташкилоти илмии Мисри Араб қадрдонӣ шудааст.
  Доктори улуми филологӣ, профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ ба якчанд ҷоизаҳои дигар аз қабили медали «Хизмати шоиста» (2003) ва «Арбоби илм ва техника» (2011) мушарраф гардидааст.
  Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки устод Саидраҳмон Сулаймонӣ санаи 11 ва 12-уми декабри соли 2018 дар конфронси байналмилалии тарҷумонон, ки бо ҳузури амири Қатар Шайх Ҳамад дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор шуд, сазовори ҷои аввал гардид.
  Ин чанд хутути дар фавқ ироагардида кофӣ нест, ки арзиши адабии пажӯҳишҳои устод Саидраҳмон Сулаймониро тасвир намоем, балки муҳаққиқи мазкур шоистаи он аст, ки роҷеъ ба корномаи ӯ рисолаҳо нигошта шавад.

                                                                                             АДАБИЁТ:
  1. Абу Али Ибн Сина (Авиценна). Книга о растениях. Книга о животных / Абу Али Ибн Сина. Вводная статья, комментарии и перевод с арабского С. Сулаймонова. – Душанбе: Дониш, 2021.–701с.
  2. Абӯалӣ ибни Сино. Гиёҳнома ва ҷонварнома / Абу Али Ибн Сино. Мақолаи муқаддимавӣ, шарҳу тафсир ва аз арабӣ тарҷумаи Саидраҳмон Сулаймонӣ. –Душанбе: Дониш, 2021. – 701с.
  3. Абӯалӣ ибни Сино. Осор. Ҷ.2./ Абу Али Ибн Сино .Тарҷума аз арабӣ, таҳия, муқаддима ва тавзеҳоти Саидраҳмон Сулаймонов. – Душанбе: Дониш, 2005. – 802с.
  4. Абӯалӣ ибни Сино. Тафсири Қуръон / Абу Али Ибн Сино Пешгуфтор, тавзеҳот ва аз арабӣ тарҷумаи Саидраҳмон Сулаймонов. – Душанбе: Ирфон, 1994.–36с.
  5. Мусофиров, К. Гулчин аз дурдонаҳои фолклори араб/ Комил Мусофиров –Душанбе:Шаҳпар, 2013. –151с.
  6. Сулаймонӣ, С. Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ. Чопи дуюми ислоҳшуда ва иловашуда/ С.Сулаймони –Душанбе:Эр-граф, 2016. – 1564с.
  7. Хайём, Умар. Рубоиёт./ Умар Хайём: тарҷума аз форсӣ ба арабӣ Маҳдӣ Ҷосим. Мутарҷими муқаддимаи арабӣ, таҳқиқ ва таҳияи С. Сулаймонӣ. – Душанбе:Китоб, 2000. – 138с.
  8. Ҷуброн Халил Ҷуброн. Пайғамбар: аз арабӣ тарҷумаи Саидраҳмон Сулаймонов / Ҷуброн Халил Ҷуброн .– Душанбе: Ориёно, 1992.– 48с.
 
Каримова Шоҳона Толибовна,
ходими илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик

БОЗГАШТ