АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҷаласаи Сарони давлатҳои Узви СААД

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз 16 сентябри соли ҷорӣ ҷаласаи сатҳи олии кишварҳои аъзоёни Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) бо иштироки ҳузурии Роҳбарони давлатҳои узви СААД -Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас доир гардид. Владимир Путин Президенти Федератсияи Россия бошад, бинобар сабаби хатари сироят шудан аз коронавирус натавонист ташриф орад ва дар фазои маљозӣ  ширкат ва суханронӣ   намуд.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи мазкур дар борабари таҷлили 30-солагии Истиқлолият ва 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай рост омад. Таваҷҷуҳи ҳамаи кишварҳои минтақа ин шабу рӯз ба ин чорабиниҳои сиёсию ҳарбӣ, иқтисодию фарҳангӣ  ҷалб  гардидааст .
Нишасти мазкур зери раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  гузашт. Дар он масъалаҳи доғи рӯз, аз ҷумла вазъи кунунии ҳарбӣ – сиёсии Афғонистон ва амалҳои минбаъда бо ин кишвар бо дарназардошти хатару таҳдидҳои  пайгирикунанда, мавриди  ҳаллу  фасл  қарор  гирифтанд. Қайд  гардид, ки  бо  ба  сари қудрат омадани гуруҳӣ террористии Толибон,  авзои  минтақа  ба  куллӣ  тағйир  ёфт.
Тавре ба ҳамагон маълум аст гурӯҳи “Толибон” имрӯзҳо қисми зиёди ҳудуди Афғонистонро ишғол намуданд ва ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуданд, ки ҳайати ҳукумати навро бо намояндагии ҳамаи ҳалқиятҳои ин кишвар таъсис хоҳанд дод.
Вобаста ба вазъи кунунии ҳамсоякишвар ва мубориза бо мушкилот ва таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон ба вуҷуд меоянд, сарони кишварҳои узви  СААД ба хулосае омаданд, ки чораҳои заруриро андешанд. Тибқи  нақша  чорабиниҳои  барои соли 2022  қабулгардида, дар назар аст, ки силсилатамринҳои наздисарҳадӣ таҳти унвони «Ҷустуҷӯ-2021», «Эшелон-2021», «Ҳамкорӣ-2021» ва «Кобалт -2021″ баргузор мешаванд. Дабири кулли СААД Станислав Зас низ оиди гузаронидани ин чорабиниҳо дар нишасти сатҳи олии имрӯза   таъкид  кард.
Инчунин аъзоёни Созмон ва роҳбарияти Россия иброз доштанд дар ҳолати эљоди  таҳдид аз  тарафи Афғонистон  ба Тоҷикистон кумакҳои заруриро   пешниҳод  мекунанд.
Дар маҷмӯъ баъди анҷоми Шурои сарони давлатҳои СААД 14 созишнома ба имзо расид.
Бояд   қайд  намуд, ки  СААД   дар  таъмини  амнияти  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  ва  дар  маҷмуъ  фазои  иҳотанамудаи  созмон,  ки  қисмати  Аврупоӣ  ва  Осиёии  ИДМ – ро  дарбар  мегирад,  нақши  азимеро  ифо  менамояд.
Аз ин  лиҳоз   мављудияти  СААД  имрўз  ва  фардо  барои  кишварҳои пасошўравӣ  хеле  муҳим  мебошад.

Ғафуров Сомон, корманди  хурди  илмии
шуъбаи ОМ  ИОМДОА  АМИТ    

БОЗГАШТ