АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Аллома Муҳаммад Иқбол пайвандгари адабию забонии мардумони Тоҷикистону Ҳиндустону Покистон ва заминагӯзори фалсафаи худшиносӣ (Ба муносибати Рӯзи Иқбол, 9-уми ноябр)

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

 

 

Суруди рафта боз ояд, ки н-ояд,

Насиме аз Ҳиҷоз ояд, ки н-ояд.

Сар омад рӯзгори ин фақире,

Дигар донои роз ояд, ки н-ояд?[1]

 

Гуфтаҳои  боло аз сӯрудаҳои фарде  ҳастанд, ки таърихи башарият ному насаби ӯро бо ҳарфҳои заррин сабт кардааст, ки ҳеҷгоҳ онро фаромӯш нахоҳад кард. Хотираи ёдбуду зикри ёди некаш  ҳамасола дар бештари мамолики дунё, аз ҷумла дар тақвими санаҳои таърихии Покистон  9-уми ноябр ҳамчун  Рӯзи Иқбол сабт шудааст, ки ин рӯзро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекунанд. Адибону шоирони кишвари Тоҷикистон ва дӯсторони шеъри Муҳаммад Иқбол низ ин рӯзро бо ифтихору фараҳмандӣ ва ёде аз ёри меҳрубон қадрдонӣ мекунанд.

Воқеан ёди ин бузургон моро водор месозад то аз андешаву пандҳои онон ғизои маънавӣ ҳосил намоем. Зеро мо ба андешаҳои ин бузургон ниёз дорем ва лиҳозо ба ин муносибат ва ё ба баҳонаи чизе аз ин андешмандони гӯзашта ёд мекунем, чунки инҳо меоянду мераванд, аммо ном, мактаби илмӣ ва осори адабиашон ҳамеша чун чароғи роҳнамо боқӣ монда, замири инсониятро кушода, башариятро ба суи фардои дурахшон ҳидоят мекунанд. Мавриди зикр аст, ки аз ашъору афкори Муҳаммад Иқбол донишмандон ва олимони  кишварҳои Осиёи Миёна огаҳӣ пайдо карданд, вале аҳли қаламу адаби Тоҷкистон  аввалин маротиба   тавассути шоир ва нависандаи маъруфи Тоҷикистон Мирсаид Миршакар  бо осору навиштаҳои ӯ ошно гардиданд.

 

Ҳаминтавр бо сиёсати хирадмандонаи роҳбари кишвар ва мардуми фарҳангсолору мутамаддин  кишвари маҳбубамон Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият дарвозаҳои фарҳангии худро ба ҷаҳон боз намуд ва зиёиён бо донишмандони ҷаҳон равобити фарҳангии худро  тавсеа бахшиданд.  Кишварҳои зиёди ҷаҳон сафоратхонаҳои худро дар Тоҷикистон боз намуда,  муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва  фарҳангии худро шурӯъ намуданд. Дар ин асно, Академияи Иқболи Покистон, ки аз бузургтарини  марказҳои тарғиби адабиёти иқболшиносии ҷаҳон аст,  робитаҳои фарҳангияшро бо кишварамон шурӯъ намуд, ки иқболшиносони тамоми оламро ҳамасола дар семинарҳову конфронсҳо даъват мекунад.

Бо таври анъана ва ҳамчун рамзи дӯстӣ ҳамасола, рӯзи 9-уми ноябр ва 21-уми  апрел дар Душанбе маҳфилу чорабаниҳо  доир ба осору фаъолияти Иқбол баргузор мегардад. Ин амри наҷибро адабиётшиноси маъруфи тоҷик Расул Ҳодизода, яке аз аввалин муассис ва бунёдгӯзори "Анҷумани Иқбол" дар кишвар буд, сутуда чунин иброз дошт: "Солиёни дароз аст, ки ҳам дар Аврупою Россия, ҳам Ҳиндустону Покистон, ҳам дар Эрону  Афғонистону Тоҷикистон назми пурбори форсии тоҷикии Иқбол, шеъри урдӯи ӯ ва осори англисии ӯро меомӯзанд ва таҳқиқ мекунанд. Ҳар қадар болои он кору ковишҳо сурат мегирад, ҳаминқадар нуқтаҳои тозаи фикру андешаҳои шоир ба мо ошкортару фаҳмотар мегардад".

Ва ба қавли худи Иқбол,

Тарош аз тешаи худ ҷодаи хеш,

Бароҳи дигарон рафтан азоб аст.

Гар аз дасти ту кори нодир ояд,

Гуноҳе ҳам агар бошад, савоб аст.

Алломаро метавон аз дӯстдори самимӣ, тарвиҷгару мубаллиғ ва булбули  забони тоҷикӣ-форсӣ дар ҷаҳон алалхусус Ҳиндустону Покисон  шуморид, ки худи ӯ ин нуктаро дар яке аз номаҳояш, ки дар санаи 26-уми августи 1932 ба Саид Нафисӣ ирсол карда, мегӯяд, ки ягона маҳсули зарриннамои вуҷудро сухани тоҷикӣ-форсӣ медонам. Форамиву  ширинии забони тоҷикиро аз забони  нарму ошиқонаи ҳиндӣ  дар авлавият қарор дода, чунин замзама мекунад,

Гарчи ҳиндӣ дар узубат шакар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Ҳамаи ин садоқату  меҳру вафои  қалбии Муҳаммад Иқбол ба ин забони шеъру адаб мо аҳли забонро огоҳ месозад, то бидонему бишносем, ки забони тоҷикӣ-форсӣ кушояндаи  ҳамаи гиреҳҳо буда, аз гӯзаштаи тамаддуни ғаниву осори арзишманд ниёгони мо хабар медиҳад. Бояд зикр кард, ки барои арҷгузории чунин ситораи равшаннамо бо ташаббуси  Сафорати Покистон дар Душанбе ва ҳамкории Донишгоҳи миллӣ ҳамоишҳои адабӣ баргузор гардида, меҳмонон аз марказҳои илмӣ оид ба осори гаронбаҳои Иқбол муҳаққиқон ва устодон аз ҷумла Кароматтуло Олим,  Ҳабибулло Раҷабов, Умар Сафар, Қурбонов Ҳ., Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ, Идибек Зиё, Тоҷиддин Мардонӣ, Замира Ғаффорова, Комили Бекзода, Сайфиддин Акрам ва дигарон баромаду суханронӣ менамоянд. Ҳамаи ин  нишастҳо аҳли забону адабро ба маҳфили  Иқбол оварда, пайванди адабию фарҳангии Тоҷикистону Покистон ва минтақаро тақвият мебахшад.

Ёдовар бояд шуд, ки  Аллома Муҳаммад Иқбол 9 ноябри соли 1877 дар оилаи тоҷир дар шаҳри Сиялкути Покистони имрӯза таваллуд шудааст. Иқбол таҳсилоташро аз Коллеҷи давлатии Лоҳур шурӯъ намуда, аз соли 1905 то соли 1908 дар донишгоҳҳои Кембриҷи Лондон ва Мунихи Германия таҳсил намуд ва соҳиби дипломи олӣ гашт. Ӯ рисолаи докториашро дар донишгоҳи Муних оид ба рушд ва инкишофи метафизика дар сарзамини форс дифоъ намудааст. Баъди бозгашт аз давлатҳои Аврупо, ӯ ба ҳуқуқшиносӣ машғул шуд ва бо таълифоти шеърҳои форсӣ-тоҷикӣ ва урду байни олами Шарқу Ғарб шуҳрат пайдо карда, чун файласуфу ориф ва шоир дар ҷаҳон ном пайдо намуд. Қобили зикр аст, ки Аллома Иқбол бар иловаи файласуф ва ориф буданаш донандаи илми ҳуқуқ  ва устоди забони арабӣ низ буд, ки аз зиракиву донишмандии ӯро нишон медиҳад.

Аллома замоне, ки дар Авруапо таҳсил мекард, аз афкори донишмандони аврупоӣ, ба монанди  Фридрих Ҳенрӣ, Кант ва Гёте зиёд мутаассир шуда, дар бораашон шеърҳо эҷод кардааст. Вале бо ҳамаи ин таваҷҷуҳоти илмӣ ва адабӣ, ӯ шефтаву  ошиқу мафтуни забони форсии тоҷикӣ шуда, тавассути он роҳнамову роҳкушои худ, яъне мавлонои Румӣ ва Ҷомиро  пайдо  кард, ки бо забони худаш меҳрашро чунин баён мекунад:

Маро аз мантиқ ояд бӯйи хомӣ,

Далели ӯ далели нотамомӣ.

Ба рӯям баста дарҳоро кушояд,

Ду байт аз Пири Рӯмӣ ё зи Ҷомӣ.

Иқбол дар шеърҳои «Шиква ва ҷавоби шиква», «Хизри роҳ» ва «Бонги дара» заъф ва беаҳамиятии мардумони Шарқро мавриди савол қарор дода, онҳоро ба сӯи худшиносӣ ва ҷасорату хирадмандӣ даъват карда, чораҳову дастурҳои корсозро барояшон  бо забони тоҷикӣ-форсӣ, дар китоби «Асрори худӣ»-аш фароҳам оварда, ошкоро баён мекунад. Ҳадафи аслии аллома Иқбол дар эҷоди фалсафаи Худӣ ин дуруст пиндоштану дуруст гуфтану дуруст амал кардан буда, мехоҳад инсонҳо ҳамаи онро бо чашми покбину поктинат ва дарку хиради тоза пайдо намоянд, ки дар шеъре чунин ишорат мекунад:   

Биё бо шоҳиди фитрат назар боз,

Чаро дар гӯшае хилват гӯзинӣ?

Туро ҳақ дод чашми покбине,

Ки аз нураш нигоҳе офаринӣ.

Воқеан  ашъори Иқбол инсониятро ба сӯи хирадмандӣ, адолатхоҳӣ ва инсондӯстӣ даъват карда,  худшиносиро сарчашмаи роҳи ҳақиқатёбӣ мешуморад, ки кашфу бозёфти он башариятро аз ҷаҳолату касофату касолат нигоҳ медорад.

Аллома Иқбол муборизаро барои дарёфти озодии маънавӣ зарур дониста, ба аҳли башар чунин мегӯяд:

Нақши нав андар ҷаҳон бояд ниҳод,

Аз кафандуздон чӣ уммеде кушод?

Соли 1927 «Забури Аҷам»-и Иқбол саршор аз панду насиҳат ва иқтибосҳои пандомези Ҳофиз, Аттор ва Румӣ таҳия шуд. «Ҷовиднома»-и Иқболи Лоҳурӣ, ки соли 1932 омода гардидааст, ки аз гуфтору кирдори Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ нақл мекунад. Шеърҳои дигари Аллома Иқбол, аз ҷумла «Зарби қалам» ва «Армуғони Ҳиҷоз» ба забонҳои урду ва тоҷикӣ-форсӣ дар солҳои 1937- 1938 таҳия ва чоп шуданд, ки оиди ирфону идрок ва аҳли он ба таври нолаҳои орифонаву ошиқона баён шудаанд.

Фалсафаи фикри Иқбол баъди таҳияи китоби машҳур зери унвони «Ислоҳи фикри динӣ дар ислом» (1934), ки иборат аз 6 суханронӣ дар шаҳрҳои Мадрас, Ҳайдаробод, Алигарҳи Ҳиндустон ва Лондон мебашад, шуҳраташро дар ҷаҳон маъруфтар гардонд. Китоб роҷеъ ба масоили иҷтиҳодӣ ва ислоҳоти иҷтимоӣ ва афкори тозаву нав барои башарият бахшида шуда, баҳс ва муколама мекунад. Он аввалин маротиба  дар шакли пурра соли 1934 дар Оксфорд нашр гардида, дертар  чандин борҳо бо бисёр забонҳои олам тарҷума шудааст. Китоби мазкури  Муҳаммад Иқбол аз машҳуртарин тафсирҳои фалсафии Қуръон дар қарни 20 маҳсуб меёбад, ки дар он таълимоти Ислом аз рӯи табиати худ як чизи шахшудамондаву куҳна не, балки ҳамеша дар ҳаракат ва ташаккул ва ҳамқадами давру замон бо баррасиҳо шарҳу маънидод карда шудааст.

Муҳаммад Иқбол, ки дар Ғарб таҳсил кардааст, тақлид ба Ғарбро танқид мекард, вале дар фақру қафомондагӣ, таассубу хурофоти асримиёнагӣ   ба сар бурдани мардуми Шарқро дар қарни бист низ боиси таассуф медонист, омилҳои асосӣ бетаваҷҷуҳӣ ба илму дониш, ҳунару касб мебошанд, ки  паёмади  он  ҳамаро дар шеъраш чунини  навиштааст:

Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,

Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.,

Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,

Не зи урёнсоқу не аз қатъи мӯст.

Маҳкамии ӯ на аз лодинӣ аст,

Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст.

Қуввати Мағриб аз илму фан аст,

В-аз ҳамин оташ чароғаш рӯшан аст…

 

Аллома Иқбол баъди бемории дарозмуддат, 21 апрели соли 1938 вафот кард ва марқади ӯ дар назди масҷиди подшоҳии шаҳри Лоҳури Покистон, ки бо Душанбе  аз соли 1973 бародаршаҳр эълон гардидааст, ҷойгир аст. Дар ниҳоят бояд қайд кард, ки зикру ёди ин сармояву пайвандгари забону адаб робитаҳои фарҳангиву таърихии Тоҷикистону Покистонро таҳкиму рушд бахшида, заминаҳоро барои эҳёи дипломатияи мардумӣ       миёни ин кишварҳо фароҳам меоварад.

 Хулласи калом,  худшиносӣ дар заминаи ҷидду ҷаҳд, илму дониш  талошу кӯшиш ба даст меояд ва  ба қавли Муҳаммад Иқбол ин ҳама амали бардавомро талаб мекунад то ба мақсуду ҳадафи ниҳоӣ бирасем, ки худи ӯ чунин ишора мекунад:

Сад гиреҳ аз риштаи худ во кунад,

То сари тори худӣ пайдо кунад.

 

Мирсаид Раҳмонов,

ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 

[1] Аллома Муҳаммад  Иқбол. Куллиёт форсӣ. -с. 13

БОЗГАШТ