АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

АМАЛИСОЗИИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд - СМР-2030) дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир баён шудаанд, таҳия гардидааст.
  Ҳуҷҷатҳои мазкур бо дарназардошти тағйироти солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд, бахусус таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2007-2009 ва буҳрони солҳои 2014-2016 ба иқтисодиёти кишвар тартиб дода шудааст.
  Стратегияҳои сатҳи миллӣ ва барномаю нақшаҳои соҳавӣ вобаста ба мутобиқат ба ҳадаф ва вазифаҳои ҳамгироии рушди устувор (ҲРУ)
  Маҷмӯи умумии индикаторҳои дар ҲРУ таҳиягардида ба 320 адад расид ва шумораи чорабиниҳо бошад 172 ададро ташкил дод. 
  • Дар соли 2017 аз ҷониби ҳайати СММ дар Тоҷикистон Арзёбии фаврии маҷмўии (АФМ) стратегияҳои сатҳи миллӣ ва барномаю нақшаҳои соҳавӣ вобаста ба мутобиқат ба ҳадаф ва вазифаҳои ҲРУ анҷом дода шуд.
  • Дар асоси АФМ муайян карда шуд, ки дар ду ҳуҷҷати стратегӣ ва барномавии кишвар СМР-2030 тақрибан 64% вазифаҳои ҲРУ инъикоси худро ёфтаанд. Таҳлили нисбатан васеъ, ки 10 стратегия ва барномаҳои миллиро фаро гирифт, нишон дод, ки ҳамгироӣ бо ин ҳуҷҷатҳо 78%-ро ташкил медиҳад.
  • ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ РУШД
  СМР – 2030
  • таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;
  • раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ва табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ;
  • таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;
  • вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул. Саноатикунонии босуръати кишвар
  ПРИНСИПҲОИ ИЛМАН АСОСНОКШУДАИ ТАРАҚҚИЁТИ МИНБАЪДАИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ (СМР-2030)
  • тадбирнокӣ (превентивӣ), яъне пешгирии (коҳишдиҳии) осебпазирии рушди оянда;
  • индустриалӣ, яъне баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ; саноатикунонии босуръат
  • инноватсионӣ, яъне рушд бар пояи навовариҳои фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар
  ПРИНСИПХОИ СМР - 2030
  Тадбирнокӣ (превентивӣ), яъне пешгирии (коҳишдиҳии) осебпазирии рушди оянда;
  • тағйирёбии ҷиддии вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон дар солҳои 2014-2015 ва коҳишёбии суръати рушди иқтисодиёти шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон
  • авҷ гирифтани рақобат байни кишварҳои рў ба тараққӣ барои захираҳои молиявӣ
  • коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ
  • хавфи баланди офатҳои табиӣ ва осебпазирӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим
  • афзоиши бахши ғайрирасмӣ ва шуғли ғайрирасмӣ, ки ба сармоягузориҳо монеагӣ мекунад
  • коҳишёбии ҳиссаи саноат дар сохтори ММД. Вазни қиёсии саноат дар сохтори ММД аз 21,3 фоизи соли 2006 то 16,8 фоизи соли 2015 коҳиш ёфт
  • сатҳи пасти рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ бо рушд наёфтани заминаи технологӣ, сатҳи пасти фаъолияти инноватсионӣ, сатҳи баланди хўрдашавии фондҳои асосӣ
  Индустриалӣ, яъне баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ
  • ҳиссаи хурди пасандозҳои дохилӣ ва сармоягузориҳо, ки ба модернизатсияи соҳаи кишоварзӣ, индустриализатсия ва рушди инфрасохтор монеагӣ мекунад. Дар соли 2015 сатҳи механикунонии соҳаи кишоварзӣ 50% -ро ташкил кард.
  • коҳишёбии ҳиссаи саноат дар сохтори ММД. Дар истеҳсолоти алоҳидаи саноатӣ бо сабаби мавҷуд набудани коркарди амиқи ашёи хом, даромаднокии паст ва сатҳи пасти арзиши иловагии маҳсулот ба назар мерасад. Ҳамзамон таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон таъсис додани як ҷойи корӣ дар соҳаи саноат метавонад даромадро нисбат ба бахши аграрӣ 9,7 маротиба зиёдтар таъмин кунад
  • паст будани суръати тараққиёт ва сатҳи баланди фарсудашавии инфрасохтор, хусусан дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, коммуналӣ, ки ба рушди сармоягузорӣ, содирот ва рушди иқтисодиёт монеа эҷод мекунад
  • алоқамандии нокифояи бозори меҳнат бо низоми маориф ва паст будани ҳавасмандгардонии ҷавонон ба фаъолияти касбӣ.
  Инноватсионӣ, яъне рушд бар поя  навовариҳои фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар
  • Дар ҷумҳурӣ механизми “маҷбуркунӣ” ба инноватсия ва раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ ва фаъолияти таҷрибавию лоиҳакашӣ мавҷуд нест.
  • ақибмонии инфрасохтори обтаъминкунӣ аз талаботи иқтисодиёти миллӣ ва афзоиши аҳолӣ. Тоҷикистон ҳамагӣ 17-20 фоиз заҳираҳои оби қаламрави худро истифода мебарад. Аз нисф зиёди манотиқи деҳот шабакаҳои обтаъминкунӣ ва корезии марказонидашуда надорад.
  • сифати нокифоя ва истифодаи ғайрисамараноки неруи инсонӣ: бо назардошти афзоиши фарогирии аҳолӣ бо таҳсилоти миёнаи умумӣ, норасоии мутахассисони соҳибкасби ихтисосҳои техникӣ ба назар мерасад, сатҳи дониши забонҳои хориҷӣ ғайриқаноатбахш боқӣ мемонад, шуғли барзиёд дар хоҷагии қишлоқ, қисми зиёди кормандони соҳибихтисос маҷбуранд, ки корро берун аз кишвар ҷустуҷӯ намоянд
  • нокифоя будани самаранокии идоракунии давлатӣ, аз ҷумла дар раванди банақшагирии стратегӣ, ки ин имкониятҳои таҳия ва татбиқи сиёсатро дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ маҳдуд месозад
  СЕНАРИЯҲОИ РУШД

  Бо назардошти дараҷаи иҷрошавии се вазифаи асосӣ се сенарияи алоҳида баррасӣ мегардад: (1) инертсионӣ, (2) индустриалӣ ва (3) индустриалию инноватсионӣ.
  Индикаторҳои асосии мақсадноки стратегия то давраи соли 2030 дар заминаи Revised Minimum Standart Model – Extended (RMSM-X) ва инчунин, дар асоси нишондиҳандаҳои дурнамои вазорату идораҳои соҳавӣ ҳисоб карда шудаанд.

  СЕНАРИЯИ ИНЕРТСИОНӢ

  Дар сенарияи инертсионӣ пешбинӣ шуд, ки модели аграрию саноатии рушд боқӣ мемонад ва ҳалли мушкилиҳои муҳими инфрасохторӣ, дараҷаи баланди вобастагӣ аз таконҳои беруна ва воридоти маҳсулот тағйир намеёбад.
  Суръати афзоиши миёнасолонаи ММД аз рўи сенарияи мазкур дар тамоми давраи пешбинишаванда аз 6-7 то 4-5 фоиз коҳиш меёбад, ҳаҷми ММД дар тамоми давраи пешбинишаванда 2 маротиба афзуда, ҳаҷми он ба ҳар нафар аҳолӣ танҳо 2 маротиба зиёд мешавад.

  СЕНАРИЯИ ИНДУСТРИАЛӢ 

  Дар пайомади сенарияи мазкур таҳкурсӣ барои рушди модели саноатию аграрӣ бунёд мегардад.
  Тибқи сенарияи мазкур ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ 4,2 маротиба, аз ҷумла саноати истихроҷи маъдан 5,7 маротиба, саноати коркард 4,3 маротиба ва истеҳсолу тақсими неруи барқ, газ ва об 2,9 маротиба афзоиш меёбад.
  Хароҷоти соҳаи маориф ва илм ба сатҳи 5,5-6,0 фоиз расида, соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бошад 8-9 фоизи ММД-ро ташкил хоҳанд дод. Дар чунин сатҳ ҳиссаи бахши аграрӣ дар сохтори ММД зиёда аз 1,1 маротиба коҳиш меёбад (дар давраи солҳои 2016-2020 сатҳи коҳишёбӣ аз 23,3 то 21 фоиз, солҳои 2021-2025 20,1 фоиз ва солҳои 2026-2030 то 19-19,5 фоиз), ҳиссаи саноат дар сохтори ММД то охири давраи пешбинишаванда 1,8 маротиба афзоиш меёбад (дар давраи солҳои 2016-2020 афзоиш аз 12,3 то 12,5-13,2 фоиз, солҳои 2021-2025 то 16 фоиз ва солҳои 2026-2030 то 20-20,5 фоиз).
  Суръати афзоиши миёнасолонаи ММД 6-7 фоизро ташкил дода, ҳаҷми ММД дар давраи пешбинишаванда 2,6 маротиба афзоиш меёбад ва ҳаҷми он ба ҳар сари аҳолӣ 2 маротиба зиёд мешавад.

СЕНАРИЯИ ИНДУСТРИАЛИЮ ИННОВАТСИОН
Ӣ

  Аз рӯи сенарияи мазкур манбаъҳои рушди иқтисодиёт ин истифодаи самараноки сармояи инсонӣ, имкониятҳои инфрасохтори нави транзитӣ ва долонҳои иқтисодӣ, рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, густариши содироти хизматрасониҳо ва маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, инкишофи зироаткории органикӣ, манбаъҳои барқароршаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи неру ҳамчун асоси “иқтисоди сабз”.
  Вазни қиёсии бахши аграрӣ дар сохтори ММД қариб 1,25 маротиба коҳиш меёбад ва ҳамзамон вазни қиёсии соҳаи саноат дар сохтори ММД, то охири давраи пешбинишаванда қариб 1,8 маротиба афзоиш меёбад.
  Аз рӯи сенарияи мазкур суръати афзоиши миёнасолонаи ММД тақрибан 8-9 фоизро ташкил дода, ҳаҷми ММД дар тамоми давраи пешбинишаванда 3,5 маротиба ва ММД ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 маротиба зиёд мешавад.

  Қиёмиддинов Ҳусенбой,
  сарходими илмии
  шуъбаи Осиёи Марказӣ

БОЗГАШТ