АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҳамгироӣ зидди терроризм

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои СҲШ масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалию минтақавӣ, инчунин мавзӯъҳои марбут ба вазъияти ниҳоят мураккаби Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тамоми кишварҳои узв барои ба эътидол овардани вазъ, наҷоти ҷони мардуми осоишта, барқарор кардани сулҳ, рушди иқтисодӣ, решакан кардани терроризм ва ҷиноятҳои марбут ба зуҳуроти маводи мухаддир дар Афғонистон бо тамоми шаклу намудҳояш бояд ҳама тадбирҳо андешиданд. Илова бар ин, таъкид шуд, ки ҳама гуна таҳдидҳои амниятие, ки аз қаламрави Афғонистон сарчашма мегиранд, бояд пешгирӣ шаванд. Мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон такроран эълон дошта, ҷонибдори ҳар чи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин иброз доштанд.
Дар ин росто, Сарвазири Покистон Имрон Хон дар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон низ мавқеи кишварашро муайян намуда, зикр кард: «Сулҳу субот дар Афғонистон на танҳо барои Покистон ва Тоҷикистон, балки барои мардуми муддати дароз азияткашидаи афғон, ки тӯли 40 сол онҳо ҷангро аз сар гузаронида истодаанд, ниҳоят муҳим мебошад». Ҳамчунин, ба масъалаи низоъ дар Панҷшер байни тоҷикон ва Толибон, ки  Покистон ва Тоҷикитстонро нигарон кардааст, таваҷҷуҳ карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки имрӯз зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Тоҷикистон ва Покистон ба мувофиқа расиданд, ки тамоми кӯшишҳои худро барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти хабарӣ зикр намуданд, ки зимни баррасии вазъи имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон дар маркази диққат ҷонибҳо  қарор дошт: «Мо, ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиатдорем ва ба  эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоем».
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ҷиҳати ҳифзи марзу бум ва сарҳади давлатӣ аз тамоми имконот истифода мебарад ва дар ростои тавонмандию иқтидороти марзию амниятӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст мегирад. Гузашта аз ин, неруҳои сарҳадӣ, артиш ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар сатҳи баланди омодагии ҳарбию низомӣ қарор доранд ва дар сурати бурузи ҳар гуна таҳдиду хатари берунӣ аз давлату меҳан ва мардуми кишвар сарбаландона ҳимоят карда метавонанд.
Имрўз мардуми кишвар амиқан медонанд, ки Толибон душмани ҳар қавму миллат мебошанд.
 
 
 
 
 
                                                                                 

БОЗГАШТ