АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ҲАМГИРОИИ ИҚТИСОДӢ ДАР МИНТАҚАИ ОСИЁИ ҶАНУБУ ШАРҚӢ ДАР ДОИРАИ ФАЪОЛИЯТИ АСЕАН

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Яке аз шаклҳои муҳими ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамгироии минтақавӣ аст, ки дар чорчӯби он кишварҳои минтақаҳои мухталиф ба самти иттиҳод ва якпорчагии ҳарчи бештар пеш мераванд. Ҳамгироии кишварҳо аз минтақаи озоди тиҷоратӣ оғоз шуда, пас аз гузаштани ду марҳала: иттиҳодияи гумрукӣ ва бозори муштарак ба иттиҳодияи комили иқтисодӣ хатм мешавад. Саволи аслӣ ин аст, ки чаро баъд аз гузашти беш аз панҷ даҳа аз таърихи ташаккули АСЕАН ин ташкилоти минтақавӣ ҳанӯз ба ҳамгироии комили иқтисодиву сиёсӣ муваффақ нашудааст? Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки раванди ҳамгироӣ агарчи бо ҷунбишҳои андак рушду густариш кунад ҳам, лекин далелҳо шоҳиданд, ки АСЕАН дар роҳи расидан ба ҳамгироии комили иқтисодӣ бо мушкилоте чун: иқтидори иқтисодии на чандон худкифо, вобастагӣ ба тиҷорати хориҷии бурунминтақавӣ, тафовути зиёд дар тавоноиҳо ва имкониятҳои иқтисодӣ ва набудани ҳамоҳангиҳои комил ё ихтилофоти сиёсӣ рӯ ба рӯ аст, ки омилҳои мазкур монеаи муҳиме дар роҳи ноил шудани АСЕАН ба якпорчагии иқтисодӣ гаштаанд. Мушкилоти мазкур АСЕАН-ро аз расидан ба ҳамгироии комили иқтисодӣ боздошта ва бо тай кардани марҳалаҳое чун тиҷорати тарҷеҳӣ, минтақаи озоди иқтисодӣ, иттиҳодияи гумрукии маҳдуд, дар айни замон АСЕАН ба думболи амалӣ сохтани ҳадафи худ - яъне бозори муштарак аст. Тадқиқоти мо хусусияти тавсифӣ дошта,ба таҳлилу баррасии фарзияҳо мепардозад. Равиши гирдоварии маводҳо низ аз рӯи далелу санадҳо аст.
  Дар чанд даҳаи охир раванди ҳамкориҳои байналмилалӣ пешрафти назаррасеро тай карда, ин нишондиҳанда пайванди ҳарчи бештари манфиатҳои кишварҳоро дар самтҳои мухталиф нишон медиҳад. Ҷаҳон дар даҳсолаҳои охир ба сурати қобили мулоҳизае тағйир ёфтааст. Баъд аз поёни ҷанги сард, афзоиши вобастагии мутақобил ва ҳамгироӣ дар ростои ҷаҳонӣ шудан дар маркази таваҷҷуҳи иқтисоди сиёсии байналмилал қарор гирифт. Баъзе муҳаққиқон аз қабили Оҳмай, Стронг ва Лупел пешниҳод мекунанд, ки ин раванд мумкин аст ба аз байн рафтани давлат-миллатҳо поён ёфта, шакли созмони сиёсӣ зуҳур ёбад. Муҳаққиқони дигаре муътақид бар онанд, ки ҷаҳонишавӣ ақидаи ғалат аст ва ба ҷойи ҷаҳонишавӣ ва шакливазкунии давлат - миллат ҳамгироии минтақавии давлат-миллатҳои мустақил муҳиммтарин ва қобили таваҷҷуҳ дар сиёсати байналмилалӣ аст. Ҳамон гуна, ки давлат - миллат аз рӯёрӯии ба самти мусолиҳа ва ҳамкории иқтисодӣ бештар ҳаракат мекунад, ҳамгироии минтақавӣ низ яке аз воқеиятҳои саҳнаи байналмилалӣ шудааст ва эҳтиёҷ ба мутолиа ва баррасии он бештар гардидааст.
  АСЕАН, ки собиқаи таърихии беш аз 50 - сола дорад, аз замони таъсис, дар соли 1967 ҳадафҳои худро бар ҳамкорӣ ва ҳамгироии бештари дохилиминтақавӣ мутамарказ сохта, ҳамвора саъй кардааст марказияти худро дар роҳи дастёбӣ ба ин ҳадафҳо ҳифз кунад. Бо руҷуъ кардан ба омори тиҷоратии АСЕАН метавон ба ин маънӣ пай бурд. Тиҷорати дохилиминтақавии АСЕАН дар даҳсолаи 1970 аз 12 то 15 дарсад буд ва ин рақам дар миёнаи даҳаи 2000 - ум ба беш аз 25 дарсад расид. АСЕАН дар санадҳо ва нақшаҳои ояндаи хеш то солҳои 2025 ба ҳамгироӣ ва якпорчагии бештар дар самтҳои мухталиф таъкид кардааст. Раванди ҳамкории рушдёбандаи АСЕАН низ навиддиҳандаи қадамҳои муваффақи он дар самти ҳадафи дарозмуддати якпорчагии комил ва иттиҳоди боз ҳам бештари кишварҳои минтақа аст.
  Саволи аслии таҳқиқоти мазкур ин аст, ки чаро баъд аз гузашти беш аз панҷ даҳа аз таърихи шаклгирии АСЕАН ин ниҳоди минтақавӣ ҳанӯз ба ҳамгироии комили иқтисодӣ дастёб нагардидааст? Саволҳои иловагӣ иборатанд аз: 1. Мушкилоти ҳамгироии АСЕАН дар чист? 2. Марҳилаҳои ҳамгироии минтақавии АСЕАН аз чӣ замоне оғоз шуда ва чӣ таҳаввулотеро аз сар гузаронидааст? 3. Бозори муштараки АСЕАН чӣ рукнҳое дорад ва аъзои ин ниҳод чӣ сиёсатҳоеро барои дастёбӣ ба он пеш гирифтаанд? Фарзияи таҳқиқот ин аст, ки агарчи раванди ҳамгироӣ бо ҷунбишҳои андак рушду густаришро нишон медиҳад, лекин АСЕАН дар роҳи расидан ба ҳамгироии комили минтақавӣ бо мушкилоте чун иқтидори иқтисодии на чандон худбасанда, вобастагӣ ба тиҷорати хориҷии бурунминтақавӣ, тафовуту фарқи зиёд дар тавоноиҳои кишварҳои минтақа ва набудани ҳамоҳангиҳои комил ё ихтилофоти сиёсӣ, ки ин амр монеаи муҳимме дар роҳи дастёбии АСЕАН ба якпорчагии иқтисодии бештар аст. Омилҳои мазкур АСЕАН-ро аз расидан ба ҳамгироии комили иқтисодӣ боздошта, бо тай кардани марҳилаҳое, чун тиҷорати афзалиятдошта, минтақаҳои озоди иқтисодӣ маҳдуд гардидааст ва дар ҳоли ҳозир АСЕАН ба ташкили иттиҳоди гумрукӣ ва бозори муштарак машғул мебошад.
  Ҳамгироии минтақавӣ яке аз ҷанбаҳои иқтисоди байналмилалӣ мебошад, ки аҳамияти он беш аз чаҳор даҳа аст, ки дар ҳоли афзоиш аст. Дар соли 1950 ин калима таърифи хосеро аз ҷониби иқтисоддонон барои тахассусӣ кардани тиҷорати байналмилалӣ гирифт. Ин таъриф нишондиҳандаи умур ё расидан ба ҳадафҳое буд, ки иқтисодҳои давлатҳои ҷудогонаро дар минтақаҳои озоди иқтисодии бузургтар муттаҳид менамуд ва ин калима маънии маҳдудтаре аз корбурди имрӯзии он дошт. Бояд гуфт, ки иқтисодчиён бо ин равиш аз иқтисоди байналмилал барои афзоиши вобастагии мутақобилаи иқтисодии байни кишварҳо истифода мекарданд. Ҳамгироии минтақавӣ барои аз байн бардоштани тамоми монеаҳои тиҷоратии байни ҳадди ақал ду кишвар бо эҷоди унсурҳои ёридиҳандаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии байнихудӣ равона гардидааст.
  Ҳамгироӣ, инчунин ба маънии таркиби бахшҳои муҷаззо, яъне аз ҳам ҷудошуда ба як кулли воҳид фаҳмида мешавад. Асли мафҳуми ҳамгироӣ дар соҳаи иқтисодӣ маъмулан ба маънои густариши раванде аст, ки дар он робитаҳои наздиктари байни воҳидҳои ҷуғрофиёӣ ҳамроҳ бо афзоиши мизони вижагиҳои монанд дар назар аст. Фарҳанги луғатҳои иқтисодӣ ҳамгироиро ба унвони робитаҳои мутақобилаи оянданигарӣ, дар ҳамомехтагии иқтисодҳои миллӣ ва ташкили фазои иқтисодии то ҳудуде хос таъриф мекунанд [27, 13]. Калимаи минтақагароӣ ба ҳамгироӣ далолат мекунад, зеро барои ташхиси як гурӯҳи давлатҳо аз дигар давлатҳо ба воситаи ҷуғрофиё, фарҳанг, таърих ва иқтисод метавон ба роҳ монд. Давлатҳои як минтақаро метавон ба як доира гирифт, зеро ин давлатҳо дар ин раванд худро дар як ё чанд соҳа бо якдигар пайвандёфта медонанд [1, 212]. Бо вуҷуди тафовути дидгоҳи муҳаққиқон дар мавриди унсурҳо ва меъёрҳои ташкилдиҳандаи минтақагароӣ ба назар мерасад, ки яке аз муҳимтарин меъёрҳо дар тақсимбандии минтақаҳои ҷуғрофиёӣ, яъне маҳалли қароргирии кишварҳо мебошад, ки онҳоро бо марз аз дигар минтақаҳо ҷудо мекунад ва дар марҳалаи баъдӣ иштироки фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дорои аҳамияти хоса ҳастанд. Кишварҳое ҳастанд, ки аз назари сиёсӣ мутафовитанд, вале дар як минтақа қарор доранд ва дар муқобили ин кишварҳое низ ҳастанд, ки дар фосилаи бисёр ду аз ҳамдигар қарор доранд, вале умумиятҳои зиёде бо ҳам доранд.
  Ҳамгироии минтақавиро ба таври сода наметавон таърифи дақиқ намуд. Ин калима ба маънии ваҳдати давлат-миллатҳо дар як минтақаи ҷуғрофӣ аст ва аз тарафи дигар ҳамгироии минтақавӣ метавонад ба раванди пурзуртаре ишора дошта бошад, як кишвар дар як иттиҳод ва ё воҳиди бузурге бошад. Як андоза ширкати кишварҳо ва он чи ки онҳо ба иштирок мегузоранд, сатҳи ҳамгироиро мушаххас мекунад. Аз тарафи дигар, ҳамгироии минтақавӣ ба натиҷаҳое ишора мекунад, ки ба меъёрҳои муайяншуда алоқаманд мешаванд. Ҳамгироии минтақавӣ ин ниҳодсозӣ ва таҳким, ки ниҳодҳо барои осону содасозии амалиёти ҳукумат хуб тарроҳӣ шудаанд. Ҳамчунин бо ҳадафи ба даст овардан аз тариқи афзоиши тааҳҳуд ба ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ, ҳифозат аз якпорчагии минтақа, коҳиши ҳазинаҳои мубодила ва истифодаи муассир аз манбаъҳои камёб мебошад. Ҳамгироии минтақавӣ, инчунин ҳамоҳангии сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарурӣ барои тамоми давлатҳои аъзо ва ҳамоҳангӣ дар равобити хориҷӣ [21, 2].
  Мафҳуми ҳамгироии минтақавӣ дар воқеият аксаран ҳамкории наздиктари байни давлатҳои ҳоким аст, на ба маънои интиқоли ҳокимият. Калимаи ҳамгироӣ ба маънии иттиҳодсозии ҷузъҳо дар як кулл аст, аммо вақте ба сурати хос ба кор меравад маънии он печида мегардад. Сарфи назар аз талошҳои бисёр барои тавзеҳи ҳамгироии минтақавӣ аз ҷониби муҳаққиқони гуногун таърифи ягонае вуҷуд надорад ва ин амр муқоисаи ҳамгироиҳои Осиё ва Амрикоро бо ҳамгироиҳоӣ Африқо ва Аврупо мушкил месозад. Ҳамгироии минтақавӣ ба раванде ишора дорад, ки дар он давлатҳо даври ҳам ҷамъ мешаванд, то мувофиқатномаҳоеро барои ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои хос ва муштарак имзо кунанд [20, 5]. Лозим аст ибтидо байни ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ тафовутианиқе гузорем. Ҳадафи аслии раванди ҳамгироӣ аз байн бардоштани ҷудоии байни тавлидот, хадамот, омилҳои тавлидоти дохил ва хориҷи кишварҳои узв ва ҳифзу ҳимоятгароӣ дар муқобили ҷаҳони сеюм аст. Раванди ҳамгироӣ ҳадди ақал чаҳор марҳала дорад, шомилшавӣ ба минтақаи озоди иқтисодӣ, иттиҳоди гумрукӣ, бозори муштарак ва иттиҳоди иқтисодӣ-сиёсӣ мебошанд. Раванди ҳамгироӣ умуман аз минтақаи озоди иқтисодӣ оғоз ва ба иттиҳодияи иқтисодӣ ва сиёсӣ хатм мешавад. Дар минтақаи озоди иқтисодӣ кишварҳои узв монеаҳои тиҷорати молу маҳсулот ва хадамоти байни худро аз байн бардошта, сиёсатҳои тарифии худро дар муқобили кишварҳои ҷаҳон ва кишварҳои хориҷ бо мувофиқаномаҳо ҳифз мекунанд. Иттиҳодияи гумрукӣ аз таркиби минтақаи озоди иқтисодӣ бо эҷоди тарифҳои хориҷии муштарак ба вуҷуд меояд, пас тиҷорати дохилиминтақавӣ ба иловаи тарифҳои хориҷии муштарак иттиҳоди гумрукиро ташкил медиҳад. Бозори муштарак замоне муҳаққақ мешавад, ки чархаи омилҳои тавлид озод шавад ва сармоя, неруи корӣ, корофаринӣ ва сармоягузории озодона байни кишварҳои узв дар ҷараён бошад. Иттиҳоди иқтисодӣ низ ду марҳаларо дар бар мегирад: иттиҳоди иқтисодию сиёсии комил тавассути ваҳдати пулӣ, иҷтимоӣ ва сиёсатҳои молӣ шинохта мешавад. Дар чунин мавқеъ қарор доштан аз давлат талаб мекунад, ки тасмимоти миллии худро маҳдуд намуда, ба тасмимоти ниҳоди минтақавӣ моил гардад ва дар сурати ба роҳ мондани ҳамгироии сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди иттиҳоди ягона мешаванд. Иқтидори иттиҳодия низ тавассути парлумони марказӣ назорат мешавад. Қобили зикр аст, ки ҳеҷ созмони минтақавӣ то кунун ба марҳалаи иттиҳодияи иқтисодӣ ва сиёсии комил нарасидааст [26, 2].
  Ҳамкорӣ аз ҳамгироӣ хеле маҳдудтар аст. Ҳар як созишнома ва шартнома барои ҳадафи коҳиши навъҳои гуногуни монеаҳо бо дарназардошти манфиатҳои муштарак дар ҳар кадом соҳае набошад шакле аз ҳамкориҳои иқтисодӣ аст. Ҳамкории минтақавӣ гуфта амал ва равандеро мегӯянд, ки кишварҳои мухталиф бе тақсим ва ё вогузории ҳокимият фаъолияти  худро танзим мекунанд, аммо дар ҳамгироии минтақавӣ кишварҳо ба тадриҷ ҳокимияти худро бо сохтори фаромиллии ҷадиде мепайванданд, ки то битавонанд ба самти якпорчагӣ ҳаракат кунанд, ба ҳамин далел ҳамкорӣ аз ҳамгироӣ маҳдудтар аст [14, 138]. Ҳамгироии минтақавӣ як чизи сохта буда, мумкин аст боз истад, ба монанди Иттиҳоди Африқо, Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва қаламрави Дания ва ҳатто мумкин аст таҷзия шавад, ба монанди Югославия, Чехословакия ва Федератсияи Ҳинди Ғарбӣ [15, 241]. Аввалин талоши расмӣ дар минтақагароӣ ё ҳамгироии минтақавӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дар Аврупо таҳти унвони Иттиҳоди Аврупо қобили мушоҳида аст. Модели Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати пайванд додан ба унсурҳои сиёсӣ дар ҳамгироии иқтисодӣ созмон додашудааст [28, 3].
  Ҳамгироии минтақавӣ метавонад шаклҳои мухталиферо дар бар гирад ва бисёре аз онҳо дар воқеъ амалӣ шудаанд. Дар масъалаи марбут ба иқтисодиёт, ҳамгироии минтақавиро аксари олимони соҳа ба панҷ шакли ҳамгироии минтақавӣ ҷудо кардаанд. Аввалин бор Болоссо панҷ шакл ё марҳалаҳои ҳамгироии иқтисодиро ишора кардааст, ки иборатанд аз минтақаи озоди иқтисодӣ, иттиҳодияи гумрукӣ, бозори муштарак, иттиҳодияи тиҷоратӣ ва иттиҳодияи иқтисодии комил ва ягона [8, 10]. Бархе аз олимон мувофиқатномаҳои тиҷоратии афзалиятдоштаро низ яке аз шаклҳо ва ё марҳилаҳои ҳамгироии иқтисодӣ медонанд [1, 408; 11, 155]
  Монанди он чи дар равобити кишварҳои Африқо, Ҳавзаи баҳри Кариб ва Уқёнус бо Аврупо дар заминаи мувофиқатномаҳо мушоҳида мешаванд бештар дар соҳаи кишоварзӣ аст [7, 408]. Баъзе муҳаққиқон барои ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ шаш шакл ва ё марҳилаҳоро нишон додаанд, се марҳалаи аввалро - минтақаи озоди иқтисодӣ, иттиҳоди гумрукӣ, бозори муштарак ва се марҳалаи баъдиро - иттиҳоди иқтисодӣ, иттиҳоди пулӣ ва иттиҳоди сиёсӣ муайян кардаанд.
  Смитс низ ба панҷ навъ ҳамгироии минтақавӣ ишора кардааст, бо ин тафовут, ки ду марҳалаи поёниро ягона медонад, яъне иттиҳодияҳои комили сиёсӣ ва иқтисодиро охирин марҳалаи ҳамгироии иқтисодӣ ба назар мегирад ва афзалияти тиҷорати озодро низ ба чаҳор навъи дигар ҷудо намудааст ва дар ин андеша аст, ки дар ин навъи ҳамгироӣ коҳиши тариф ё тиҷорати озод ба рӯйи молҳои хоссе сурат мегирад ва тафовути он бо минтақаи озоди иқтисодӣ дар ин аст, ки дар минтақаи озоди иқтисодӣ озодсозии тиҷории молу маҳсулот ба сурати комил анҷом мегирад [32, 60].
  Дар ин таҳқиқоти илмӣ метавон ба панҷ шакли аслии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ ишора кард. Шаклу марҳалаҳои ҳамгироии иқтисодӣ чунин мебошанд:
  А) якум, минтақаи озоди иқтисодӣ - дар ин сатҳ аз ҳамгироии минтақавӣ кишварҳои узв тамоми монеаҳои ҷойдоштаи соҳаи тиҷоратро аз байн мебардоранд, аммо озодии худро дар таъини сиёсат дар арсаи байналмиллалӣ ҳифз мекунанд [16, 14). Ба монанди минтақаи озоди иқтисодии Чин ва АСЕАН, минтақаи озоди иқтисодии Ҷопон ва АСЕАН, минтақаи озоди иқтисодии АСЕАН – Австралия - Зеландияи Нав, минтақаи озоди иқтисодии Осиёи Ҷанубӣ, Мувофиқатномаи тиҷорати озоди Америкаи шимолӣ, Минтақаи озоди тиҷоратии кишварҳои арабӣ ва ғайраҳо;
  Б) дувумин иттиҳоди гумрукӣ буда, хеле шабеҳи минтақаи озоди тиҷоратӣ аст, ки дар қолаби он кишварҳои узв бояд равобити тиҷорати хориҷии муштаракеро иҷро ва думболгирӣ кунанд, барои мисол: кишварҳо бояд тарифҳои хориҷии муштаракеро барои воридот аз кишварҳои ғайри аъзоёнашон ҷорӣ кунанд [16, 14]. Барои ин Иттиҳоди гумрукии Евразия, Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, Иттиҳоди гумрукии ҷануби Африқо мисол шуда метавонанд;
  В) севумин марҳилаи ҳамгироии иқтисодӣ бозори муштарак аст, ки хусусиятҳои як иттиҳоди гумрукиро ба иловаи озодии комили нақлу интиқоли афрод ва сармояи дохилиминтақавиро доро аст [29, 33]. Ҳамчунин омили дигар, таҳаррук ва амалиёти озод дар саросари марзҳои миллии аъзоёни минтақа аст, ба монанди ин ки сармоя, неруи корӣ, фанноварӣ, касбу кор ва сармоягузорӣ бояд бемамониат байни кишварҳои муошираткунанда ҷараён дошта бошанд [16, 15]. Дар ин марҳилаи ҳамгироии иқтисодӣ кишварҳо тамоми монеаҳоро бардошта, иҷозаи интиқоли озодонаи молу маҳсулот, тавлид, сармоя ва неруи инсониро миёни худ барқарор месозанд, аммо монеаҳои тиҷорӣ ва сиёсати тиҷории муштарак нисбат ба аъзои ғайри узвро таҳким мебахшанд. Кишварҳо ҳамчунин дар бозори муштарак мумкин аст ба сурати блоки воҳид бо созмонҳои фароминтақавӣ, ба монанди Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ё дигар блокҳои тиҷоратии минтақавӣ мисли Иттиҳоди Аврупо музокира кунанд, зеро бозори муштарак ба ҳадди ақали ҳамкорӣ дар иқтисод (пулӣ ва молӣ) ва сиёсатҳои корӣ ниёзманд аст. Дастёбӣ ба ин марҳилаи ҳамгироии минтақавӣ аксар вақт бисёр ҳам кори мушкил аст. Бо вуҷуди ин, даромаду сӯди инфиродии кишварҳо метавонад нобаробар бошад, зеро неруи корӣ ва мутахассисони варзида мумкин аст ба кишварҳое, ки музди болотаре доранд, бираванд ва сармоягузорӣ мумкин аст ба ҷойҳое ҷараён пайдо кунад, ки сӯд аз хароҷоти он бештар бошад. Дар натиҷаи ин раванд тавсеаи нобаробар шакл мегирад. Бо вуҷуди ин, сиёсатҳои ҳадафманд ва коромад тавассути аъзои иттиҳод метавонад ин номуносибиҳоро аз байн бибарад. Дар ҳоли ҳозир дар ин раванд, дар сатҳи ҳамгироии минтақавӣ Иттиҳоди Африқои Шарқӣ қарор дорад, ки аз июни соли 2010 аъзоёни он протоколи бозори муштаракро барои иҷрои комил дар тӯли панҷ сол имзо кардаанд [22, 87].
  Г) чаҳорумин шакл, ё марҳилаи ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ иттиҳоди пулӣ ва иқтисодӣ шинохта мешавад. Дар ин маврид бозори муштарак бо иловаи якпорчагии комили сиёсати пулӣ ва молӣ ташкил карда мешавад. Ширкаткунандагони ин марҳила бояд қувваи марказиеро барои назорат дар ин самт эҷод кунанд, ки ба воситаи он кишварҳои узви минтақа ба сурати як миллат ё як иттиҳод дароянд. Барои мисол метавон ба 19 узви Иттиҳодияи Аврупо ишора кард, ки воҳиди пулии евраро ба унвони воҳиди пули худ пазируфтаанд. Дар иттиҳодҳои комили иқтисодӣ ва сиёсӣ кишварҳои узв амалан муттаҳид мешаванд. Қувваи марказии мавриди ниёз дар иттиҳоди комили иқтисодӣ бояд бо парлумон ва ниҳодҳои муштараки дигар ба роҳ монда шаванд ва як давлати воҳид ташкил карда шавад. Ба монанди он чи ки дар соли 1990 байни ду Олмон ба амал омад ва Олмони шарқию ғарбӣ дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон муттаҳид шуданд [17, 2].
  Ҳамон гуна, ки дар боло зикр кардем, марҳилаҳои ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ аз минтақаи озоди иқтисодӣ шурӯъ шуда, ба иттиҳодияи комили иқтисодӣ ва сиёсӣ мерасад. Табиист, ки бо баҳрагирӣ аз модели дар боло баёнёфта метавон чигунагии иттиҳоди миллатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва ба як иттиҳодияи комили иқтисодӣ табдил ёфтани онҳоро баррасӣ намуд.
  Рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ба унвони яке аз дигаргуниҳои асосӣ дар равобити байналмилал шинохта шудааст. Ин раванд дар ҳоли ҳозир, яке аз вижагиҳои тасдиқшудаи саҳнаи робитаҳои байналмилалӣ буда, аҳамияти калоне пайдо кардааст. [23, 378].
  Теъдоди мувофиқатномаҳои минтақавӣ дар чанд даҳаи ахир рушд ва густариш намудааст. Яке аз самтҳои барҷаста ва муваффақи Иттиҳоди Аврупо ин ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳо барои тавсеаи робитаҳои худ бо дигар кишварҳо дар самти ба даст овардани сӯди иқтисодӣ аст. Ҳамгироии Иттиҳоди Аврупо минтақаро водор намудааст, ки шаклҳои ҷадиди ҳамкории минтақавиро ба вуҷуд оварад. Илова бар ин, сохторҳои ҷадидтари ҳамгироии минтақавӣ дар ҳоли рушд ва пешравӣ қарор доранд [18, 1149].
  Ҳамгироии иқтисодии дохилиминтақавӣ аз соли 1980 то солҳои 2010-ум рушди қобили мулоҳизаеро нишон додааст. Дар ҳоле, ки тиҷорати дохилиминтақавии Иттиҳоди Аврупо аз 18 ба 24 дарсад расидааст [25, 31]. Ҳаҷми тиҷорати дохилиминтақавии Осиёи Шарқӣ низ дар тӯли беш аз як даҳа то соли 2016 афзоиш ёфта, ба 60 дарсад наздик шудааст [5, 16; 6].
  Матни эъломияи Бангкок нишон медиҳад, ки се ҳадафи асосии шаклгирии АСЕАН аз инҳо иборат мебошанд: а) рушд ва васеъ намудани иқтисоди дохилиминтақавӣ, б) рушд ва густариши пешрафти фарҳангӣ ва в) иҷтимоӣ ва таъмини сулҳу субот дар минтақа. Бинобар ин яке аз ҳадафҳои таъсиси АСЕАН илова бар таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва муқобила бо таҳдиди коммунизм, талош барои дастёбӣ ба ҳамкорӣ ва рушди иқтисоди дохилиминтақавӣ буд ва давлатҳои муассис ба манзури ба даст овардани баъзе манфиатҳо, аз ҷумла бо ҳадафи дастёбӣ ба ҳамгироии иқтисодӣ ин созмонро ташкил намудаанд. Аммо тақрибан як даҳа ин ҳадаф амалӣ ва иҷро нагардида, дар марҳалаи бунёдӣ боқӣ мондааст. Билохира, дар соли 1976 бо хурӯҷи Америка аз минтақаи Ҳиндучин ва баргузории иҷлосияи сарони АСЕАН дар Индонезия, камкам иҷрои ҳадафи гузошташуда аз нав бардошта шуд. Дар мавриди ҳамгироии иқтисоди АСЕАН ҳаминро бояд гуфт, ки аз ҳамон сол (1976) се тарҳи иқтисодӣ қабул карда шуд, ки ду тарҳи он доир ба саноат ва як тарҳи он доир ба содагардонии тиҷорат тартиб додашудааст. Ду тарҳи саноатӣ бо мушкилот рӯ ба рӯ шуданд, аммо сеюмӣ, ки бо созишномаҳои тиҷоратӣ бартарӣ дошт, иҷро шуд ва амалкарди беҳтаре дошт.
  Кишварҳои АСЕАН баъд аз ташкили иттиҳоди миллатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар соли 1967 ба самти афзоиши ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ ҳаракат карданд. Бо пушти сар гузоштани таърих ва таҷрибаҳои зиёд ба тадриҷ раҳбарони минтақа ба ин натиҷа расиданд, ки ҳамкорӣ ва иртиботи мутақобили минтақавиро дар садри авлавиятҳои худ қарор диҳанд ва тамоми тавони худро дар самти касби истиқлол ҳарчи бештар аз ҷаҳони хориҷ пеш гиранд. АСЕАН ба унвони ниҳоди тозатаъсис ба думболи таҳким ва тақвияти пояҳои худ буд ва ин амр дар пайи тавофуқоти аъзоён барои якдиливу якпорчагӣ пайваста пайгирӣ карда мешуд [10, 69].
  Минтақаи озоди иқтисодии АСЕАН дар соли 1992 таъсис дода шуд. Аъзоёни АСЕАН мувофиқатномаи минтақаи озоди тиҷоратиро барои рақобатпазир сохтани минтақа дар содирот ва ҷазби сармоягузории мустақими хориҷӣ дар соли 1992 оғоз карданд. Ин мувофиқатнома барои озодсозии иқдомоти тарифавӣ ва ғайритарифавӣ дар қолаби тарифҳои муштараки афзалиятдошта равона шуд. Дастёбӣ ба озодсозии тарифавӣ ва ғайритарифавӣ то соли 2008 пешбинӣ шуда буд ва соли 2002 коҳиш ёфтааст. Мувофиқатномаи минтақаи озоди иқтисодӣ дар соли 2002 байни 6 узви аслии АСЕАН, яъне Бруней, Малайзия, Индонезия, Сингапур, Филиппин ва Таиланд иҷро шуд ва тарифа аз 0 то 5 дарсад коҳиш ёфт. Қарор шуд Ветнам бо стандартҳои мушобеҳи соли 2003, Лаос ва Мянма дар 2005 ва Камбоҷа дар соли 2007 шомили ҳамин гуна тарифаҳо шаванд. Дар соли 2010 шаш узви аслии АСЕАН минтақаи озоди иқтисодии комилро эҷод карданд ва барои чаҳор узви дигари АСЕАН марҳилаҳои гуногунро муайян карданд. Илова бар мувофиқатномаи дохилиминтақавӣ, кишварҳои узви АСЕАН нақши фаъол дар шаклдиҳӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии дуҷониба бо кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Ҷопон, Чин, Ҳинд, Австралия, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида доранд [19, 16].
  Тиҷорати дохилиминтақавии АСЕАН ва ҳаҷми умумии он дар солҳои 1970-ум аз 12 то 15 дарсадро ташкил медод, ин нишондод бо суръати зиёд афзоиш ёфта, ҳатто то миёнаи солҳои 1990-ум тиҷорати дохилиминтақавӣ ба 25 дарсад расид. Бо ба вуҷуд омадани буҳрони пулӣ ва молӣ дар солҳои 90-ум ҳаҷми тиҷорати дохилиминтақавии АСЕАН аз 22,3 дарсад дар соли 1996 ба 21 дарсад дар соли 1997 коҳиш ёфт [33, 21], аммо аз соли 1998 афзоиши ин нишондиҳанда то соли 2008, яъне то оғози буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ, ки ба марзи 27 дарсад расида буд, идома дошт. Дар соли баъд аз буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷорати дохилиминтақавии АСЕАН наздик ба се дарсад коҳиш ёфт [37, 12] ва то соли 2012 дар ҳамин маҳдуда боқӣ монд.
  Тиҷорати молу маҳсулот байни кишварҳои АСЕАН агарчи раванди болоравиро тай мекунад, тиҷорати дохилиминтақавии молу маҳсулот дар соли 2000-ум, ки наздик ба 160 миллиард доллар буд, дар соли 2016-ум ба беш аз 500 миллиард доллар расидааст. Тиҷорати хадамоти АСЕАН низ яке аз ҳавзаҳои ҳамкории кишварҳои минтақа аст. Тиҷорати дохилиминтақавии хадамот аз 80 миллиард доллар дар соли 2010 ба 106 миллиард доллар дар соли 2016 афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷӣ низ аз 5 миллиард доллар дар соли 2000 ба 24 миллиард доллар дар соли 2016 расидааст [3, 17; 4, 13].
  Нуҳумин нишасти АСЕАН дар моҳи октябри соли 2003 баргузор шуд ва раҳбарони кишварҳои минтақа эълон карданд, ки мақсад доранд се рукни муштараки ба ҳам пайваста ва пуриқтидор бо унвонҳои дастаҷамъии амниятии АСЕАН, дастаҷамъии иқтисодии АСЕАН ва дастаҷамъии фарҳангии АСЕАН-ро то соли 2020 эҷод кунанд. Дар моҳи январи 2007 сарони давлатҳои АСЕАН ба мувофиқа расиданд, ки давомнокии онро то ба 2015 коҳиш диҳанд [24, 5]. Дар охирҳои декабри соли 2015 АСЕАН эъломияи Куала-Лумпурро имзо кард ва эҷоди бозори муштаракро миёни 10 узви АСЕАН ифтитоҳ намуд, ки беш аз панҷ даҳа музокирот барои дастёбӣ ба онро пушти сар намудааст. Ҳадаф аз ташкили бозори муштарак рафтуомади озодонаи шаҳрвандони кишварҳои минтақа, молу маҳсулот ва сармоя дар байни кишварҳои узв баён шудааст [12, 165]
  Яке аз ҳадафҳои асосии дар эъломияи зикршудаи АСЕАН то соли 2025 ба бозори муштараки комил мубаддал гаштан аст, ки кишварҳои минтақа алорағми тафовутҳои чашмгир дар сатҳҳои иқтисодӣ ба думболи даст ёфтан ба ин муҳит ҳастанд. Аммо мушкилие, ки дар ин байн худнамоӣ мекунад, афзоиши баробари ду ҳавзаи дохилиминтақавӣ ва бурунминтақавӣ аст. Кишварҳои АСЕАН натавонистаанд саҳми кишварҳои худро аз тиҷорат ва сармоягузории дохилиминтақавӣ дар беш аз як даҳа афзоиши қобили мулоҳизае диҳанд, ки дар идома ба ин масъала хоҳем баргашт.
  Кишварҳои АСЕАН илова ба шабоҳатҳое, ки доранд, тафовутҳои зиёдеро низ дар самтҳои гуногун доро мебошанд. Барои мисол аз назари ҷамъият бо муқоисаи ду кишвар метавон ба ин чиз пай бурд, барои миосол Индонезия дар соли 2016 беш аз 250 миллион нафар аҳоли дошт, дар ҳоле, ки ин нишондиҳанда дар Бруней ба беш аз 420 ҳазор нафар сабт шудааст [4, 3]. Омори марбут ба аҳолии шаҳрнишини кишварҳои минтақа низ тафовути чашмрасеро нишон медиҳадю Масалан, 100 дарсад аҳолии Сингапур шаҳрнишин буда, танҳо 21 дарсади аҳолии Мянма шаҳрнишин аст [4, 7]. Кишварҳои минтақа низ барои касби даромад роҳҳои гуногун доранд, ба монанди Сингапур (0 дарсад кишоварзӣ, 26/3 саноат ва 73/7 хадамот) ва доир ба Мянма ин нишондиҳандаҳо 27/5 дарсад кишоварзӣ, 30/9 саноат ва 41/6 хадамот мебошанд [4, 47].
  Ин нишондиҳандаи доир ба сатҳи пешрафтагии кишварҳо мебошад, зеро аҳолии деҳот маъмулан аз камбудии имконот дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, камбизоатӣ, даромади ночиз ва ҳамлу нақл дар мавридҳои гуногун танқисӣ мекашанд ва кишвар бояд кушиши зиёде ба харҷ диҳад, ки  ниёзҳои онҳоро ҷуброн ва таъмин намояд.
  Кишварҳои АСЕАН тавоноиҳои иқтисодии гуногун доранд ва фосилаи байни баъзе аз онҳо хело зиёд аст ва ин тафовут дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва даромад ба ҳар сари кас ошкор дида мешавад. ММД Индонезия як триллион ва Бруней беш аз 12 миллиард доллар дар соли 2017 будааст. Даромад ба ҳар сари кас дар кишварҳое ба монанди Сингапур ва Бруней ба тартиби 57 ва 29  ҳазор доллар дар соли 2017 будааст. [35]. Илова бар гуногуниҳои мазкур, дар байни кишварҳои минтақа аз ҳукуматҳои подшоҳӣ ва коммунистӣ ба монанди Бруней ва Ветнам то ҳукуматҳои демократӣ ба монанди Индонезия дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқиро ҷой дорад. Тафовутҳои қавмӣ, забонӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ дар АСЕАН низ бисёр зиёд аст, ки ин омил эҳтимоли шиддати авзоъро дар ин кишварҳо ва ҳатто байни онҳо бештар мекунад. Матолиби зикршуда бахше аз гуногунрангиҳои кишварҳои АСЕАН аст ва баррасии онҳо берун аз баҳси таҳқиқоти мазкур аст.
  Ҳаҷми тиҷорати дохилиминтақавӣ аъзоёни ин ниҳод баробар ба 23 дарсад аз ҳаҷми умумии тиҷорати АСЕАН аст, ки дар муқобили ниҳодҳои минтақавии дигар чун Иттиҳодияи Аврупо, ки беш аз 60 дарсади тиҷорати дохилиминтақавӣ дорад, нисбатан поин аст. Кишварҳои узви АСЕАН талош намудаистодаанд, ки монеаҳои тиҷоратии байни худро ҳар чӣ бештар аз миён бардоранд, то тавонанд тиҷорати дохилиро густариш дода, заминаи дастёбӣ ба бозори муштаракро фароҳам созанд. Аммо АСЕАН ба унвони бозори муштарак ниёзманди тиҷорати афзунтари байни аъзоёни худ аст.
  Ҳамон тавр ки дар боло ишора гардида буд, ҳаҷми тиҷорати дохилиминтақавии 10 кишвари АСЕАН камтар аз 25 дарсад аст [2] ва ин ниҳоди минтақавӣ барои расидан ба ҳадафи худ бояд ҳаҷми тиҷорати дохилиминтақавии худро ба беш аз 40 дарсад афзоиш диҳад. Ҳифзи бозори муштарак низ душвортар аз марҳалаи аввалия ё эҷоди он аст. Мисол беҳтарини ин Иттиҳоди Аврупо аст, ки дар солҳои охир мушкилоти зиёдеро дидааст ва аз муҳимтарини онҳо метавон хуруҷи Англияро аз Иттиҳод, буҳрони пулии Юнон ва нигарониҳои мавҷуд бар сари минтақаи евро, ҷараёни афзоишёбандаи муҳоҷирон ва паноҳандагони сурӣ ва афғонӣ ба минтақа, ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи Русия ва таҳдиди терроризм ишора кард [13, 7].
  Дар асоси муқоисаи факту рақамҳо ҳаҷми тиҷорати бурунминтақавии АСЕАН аз даҳаи 1990 то кунун рушди қобили мулоҳизатаре нисбат ба тиҷорати дохилиминтақавӣ доштааст. Бо баррасии омори тиҷорати дохилиминтақавии ин ниҳод, он чи дар аввал ба назар мерасад ин аст, ки тиҷорати дохилиминтақавӣ дар тӯли беш аз ду даҳа афзоиш ёфтааст ва табодули дохилиминтақавии он бештар гардидааст. Аммо он чи дар ин ҷо муҳимтар аст ва бояд ба инобат гирифта шавад ин аст, ки тиҷорати берунии минтақа рушди бештар кардааст. Ҳамон тавре, ки рақамҳо нишон медиҳанд, баръакси афзоиши ҳаҷми тиҷорати дохилиминтақавӣ тиҷорати бурунминтақавӣ рушд кардааст ва чанд соли охир тиҷорати дохилиминтақавӣ коҳиш ёфтааст. Аз ин рӯ, маълум мешавад, ки гарчанде АСЕАН ба ҳамгироии иқтисоди дохилиминтақавӣ таваҷҷуҳ кардааст, аммо тадбирҳои муносиб барои пайгири ин корро наандешидааст.
  Бо вуҷуди ин ки аъзоёни АСЕАН минтақаи озоди иқтисодиро дар миёнаи даҳаи 2000 ҷорӣ кардаанд, аммо омори марбут ба тиҷорати дохилиминтақавӣ бо вуҷуди рушди ҳаҷми кулли тиҷорати хадамот на танҳо рушд накардааст, балки коҳиши се дарсадиро низ нишон медиҳад, ки ин, яъне АСЕАН на танҳо ба ҳадафи худ (бозори муштарак) наздик нашудааст, (дар ҳоли ҳозир), балки аз он дур низ гардидааст.
  АСЕАН ба унвони ниҳоди минтақавӣ ва ё блок аз 10 кишвари бо тавоноиҳои бисёр мухталиф ташкил шудааст. Дар ин ҷо мо бояд кишварҳои аъзои АСЕАН-ро ба ду гурӯҳ: кишварҳо бо даромади миёна ва боло, ба монанди 6 кишвари АСЕАН (Сингапур, Малайзия, Бруней, Таиланд, Индонезия ва Филиппин); ва гурӯҳи кишварҳои камтар пешрафтаи АСЕАН (Камбоҷа, Лаос, Мянма, ва Ветнам) тақсим кунем. Дар байни кишварҳои ду гурӯҳи боло низ тафовутҳои зиёде аз назари сатҳи мухталифи тавоноӣ вуҷуд дорад. Барои мисол дар гурӯҳи кишварҳои АСЕАН даромади Бруней аксаран ба содироти маводи хоми нафт ва газ вобастааст ва ин кишвар дар муқобили Сингапур, ки даромади он бештар ба хадамот ва баъдан аз тавлидоти саноатӣ аст, қарор дорад. Дар миёни кишварҳои камтар тавсеаёфтаи АСЕАН сатҳи иқтисоди Ветнам бо се кишвари дигар каме тафовут дошта, ин кишвар на танҳо аз манзари иқтисодӣ амалкарди беҳтаре нисбат ба се кишвари дигар дорад, балки тавонистааст дар ду даҳаи охир рушд ва пешрафти назаррасеро нишон диҳад [4, 59-125]
  Ҳаҷми нишондодҳои иқтисоди кишварҳои АСЕАН низ тафовутҳои бисёреро нишон медиҳад, ба гунае, ки ММД Индонезия (дар соли 2017) беш аз як триллион доллари ИМА дар сол аст, аммо ҳамин шохис дар кишвари Лаос ба 16 миллиард доллар дар сол баробар аст. Ин нишондиҳанда гӯёи тавоноӣ ва қобилияти кишварҳои минтақа аст, ки тафовути бисёр зиёдеро низ аён месозад [36].
  Ба далели гуногунрангии кишварҳои минтақа, нигаронии онҳо низ аз се шохаи аслии АСЕАН, махсусан аз дастаҷамъии иқтисодии АСЕАН гуногун аст. Барои мисол, дар ҳоле, ки АСЕАН ба унвони ҳомии манофеи кишварҳои иқтисоди кушод дошта, ба монанди Сингапур ва Малайзия амал мекунад, барои як кишвари ақибмондаи хурд, ба монанди Лаос ё Камбоҷа муфид будани он бештар дар ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ аст, ки ин амр низ дар воқеият амри чандон ба нафъи ин кишварҳо нест. Барои мисол аз маҷмӯи сармоягузории мустақими хориҷӣ, ки вориди минтақа мешавад, Сингапур наздики 50 дарсад ва кишварҳои ақибмондаи кӯчак, ба монанди Лаос, Камбоҷа ва Мянма 2 то 5 дарсад аз онро дар худ истифода мебаранд [4, 141].
  Дар мавриди манфиатҳои аз ҳамгироии иқтисодӣ ба даст омада низ тафовути дидгоҳ вуҷуд дорад. Барои мисол, дар ҳоле, ки кишварҳои тавсеаёфтатар ба монанди Таиланд, Индонезия ва Малайзия ба думболи болоравӣ ва тавсеаи тавлиди электроника ва саноати мошинсозӣ ҳастанд, кишварҳое ба монанди Мянма, Бруней ва Лаос бештар ба коркарди захираҳои маъданӣ машғуланд [34].
  Ин амр пешрафти бозори ягона дар бахшҳои гуногуни минтақавиро бо душвориҳо рӯ ба рӯ мекунад, аммо зикри ин нукта низ дорои аҳамият аст, ки бо барномарезии дақиқ камбудиҳои зикршударо рафъ кардан мумкин аст.
  Миллигароии иқтисодии баъзе аз кишварҳои АСЕАН ба монанди Индонезия ва Малайзия низ ба яке аз мушкилиҳои минтақавӣ табдил шудааст, ки аввалиятро ба ҷойи озодсозии иқтисодӣ бар эҷоди сохтор ва зерсохтҳои миллӣ мутамарказ кардаанд. Набудани қатъияту суботи сиёсӣ дар Филиппин ва Индонезия яке аз мушкилоти ҳозираи минтақа гардидааст.
  Ба далели даст ёфтани кишварҳои хурд ба манобеи молии азим онҳо беҳтар мешуморанд, ки дар тарҳҳои муосири кишварҳои бузурги иқтисодӣ ба монанди Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷопон боқӣ бимонанд.
  Яке аз масъалаҳои мушкили кишварҳои минтақа барои таҳкими ҳамкориҳои худ ин аст, ки онҳо майл доранд, ки узви АСЕАН бошанд, дар ҳоле ки дар хидмати манфиатҳои миллии хеш (иқтисодӣ ё сиёсӣ) ҳастанд, яъне кишварҳои созмон тамоюли вогузор кардани иқтидор ва ҳокимияти худ ба ниҳоди фаромиллӣ надоранд ва эҷоди ҳар ниҳодеро дар ростои тақвият ва таҳкими ҳокимияти миллии худ медонанд. Мавҷудияти қонуни мудохила накардан дар корҳои дохилии кишварҳои созмон дар оинномаи АСЕАН [31, 1] боис шудааст, ки кишварҳои минтақа дар муқобили буҳронҳои мухталифи дохилӣ, усули ҳамкорӣ ва машваратро канор бигузоранд ва ҳисси ваҳдату якпорчагии худро аз даст бидиҳанд. Мисоли равшани ин буҳрони Руҳингёи Мянма аст, ки аз августи соли 2015 оғоз шуда, барои бартараф намудани ин бархӯрдҳо ягон давлати узви созмон мудохила накардаанд.
  Ҳамчунин пас аз музокираҳои чандинсолаи аъзои ин созмон барои табдили эъломияи ахлоқӣ ба оинномаи ахлоқии АСЕАН Камбоҷа ба унвони кишвари мизбон дар нишасти соли 2012 мушаххас шуд, аммо Камбоҷа бо далели равобити наздик ва тарс аз хуруҷи сармояҳои Чин қарори мазкурро рад карда, бо дархости Пекин аз гуфтугӯ дар ин маврид худдорӣ намуд. Гароишҳои мутафовити аъзои ин созмон аз манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии ин кишварҳо маншаъ мегирад. Барои мисол дар мавриди ихтилофоти минтақаҳои Баҳри ҷануби Чин Филиппин ва Ветнам даргириҳои бештаре бо Чин доранд ва кишварҳои Лаос, Мянма ва Камбоҷа саъй мекунанд дар ин масъала ҳамроҳ нагарданд. Ҳамаи ин нишондиҳандаи набудани сиёсатҳои муштарак аст, ки кишварҳои АСЕАН-ро ба самти истиқлолхоҳӣ пеш мебарад ва натиҷаи қатъии он афзоиши беэътимодӣ байни тарафҳо аст. Дар ин ҷо зикри ин воқеият низ метавонад андаке барои дарки мавзӯъ роҳкушо бошад, ки кишварҳои АСЕАН таъкиди худро бештар бар ҳавзаи иқтисодӣ, яъне яке аз се шохаи иҷроияи АСЕАН гузоштаанд ва АСЕАН барои дастёбӣ ба ҳадафи худ ниёзманди эҷоди тавозун, яъне дастаҷамъии амниятӣ, фарҳанги ва иқтисодӣ аст ва бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ҳозир бояд корбарӣ намояд.
  Амалиёти кишварҳои АСЕАН бо равобити наздик байни сиёсатмадорон иртибот дорад. Ширкатҳои дохилӣ низ аз вайроншудани мувозинати минтақавӣ ва тағйири сохтории қонунҳо ва муқарароти иқтисоди миллӣ нигаронанд. Ин ширкатҳо бо соҳибони қудрат робитаи наздик доранд. Далели он ҳам ҳимояти ин ширкатҳо дар маъракаҳои интихоботии вакилон аст, то ки дар ивазаш онҳо низ манфиати ширкатҳоро дар назар бигиранд ва дар ростои ҳифзи он иқдом намоянд. Ин гуна тафовутҳо дар манофеи миллӣ ва фарҳанги сиёсӣ аксаран ибтикороти минтақавиро бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мекунад ва раванди муттаҳидшавиро ба таъхир меандозад [9, 5]
  Зуҳури Чин ва рақобатҳои иқтисодии ин кишвар бо Ҷопон, Ҳинд, Иёлоти Муттаҳида ва Кореяи ҷанубӣ дар минтақаи Осиё Шарқӣ низ аз монеаҳои ҳамгироии иқтисодии АСЕАН аст. Рақобати қудратҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ дар минтақаи Осиё Шарқӣ боис шуд, ки ин созмон дар соли 2007 барои марказияти АСЕАН дар минтақа муқовимат кунад. Яке аз намунаҳои равшани рақобати иқтисодии Чин ва Ҷопон дар қолаби марказияти АСЕАН шарикии иқтисодии кулли минтақа аст, ки 16 кишварро (10 кишвари АСЕАН ба иловаи Чин, Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ, Ҳинд, Австралия ва Зеландияи Нав) дар бар мегирад ва ба унвони минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад. Рақобатҳои Чин ва Ҷопон ба рушд ва тавсеаи кишварҳои минтақа ва ба аҳолии он барои таъмини ниёзҳои ҳамгироии иқтисодии бештар кумак намояд, вале воқеиятро бояд гуфт, ки рақобати қудратҳои бузург боис мешавад, ки кишварҳои АСЕАН бо таваҷҷуҳ ба вобастагӣ ва ҳамчунин манфиат ва алоқаҳои худ ба самти яке аз ин кишварҳо ҳаракат кунанд ва ин воқеият кишварҳои минтақаро аз ҳадафи худ барои ҳамгироии бештар дар доираи АСЕАН дур хоҳад сохт. Ин кор дар навбати худ сабаби тафриқа, беэътимодӣ ва ҷудоии кишварҳои минтақа мешавад. Ҳамчунин Чин ва Ҳинд, ки ҷамъиятҳои миллиардӣ доранд, сармояҳои хориҷиро ба самти худ ҷазб карда, боиси кунд шудани ҷараёни омадани сармоя ба минтақаи Осиё Ҷанубу Шарқи шудаанд.
  Кишварҳои АСЕАН бисёре аз уҳдадориҳои соддатарро дар доираи дастаҷамъии иқтисодии созмон иҷро кардаанд. Пиёдасозии уҳдадориҳои боқимонда ниёз ба таркиби омилҳои зиёде доранд ва содда нестанд. Иҷрои ин иқдомоти нисбатан душвор ниёз ба созмони қавӣ ва манобеи инсонӣ ва молӣ дорад. Аксар кишварҳои АСЕАН ниёз ба ислоҳоти қонуну муқаррароти мазкур доранд ва ин кишварҳо бояд ислоҳоти сохтори муносиберо дар ростои ташкилу эҷоди ҳамгироии иқтисодӣ дар дастури кории худ қарор диҳанд. Баъзе аз монеаҳои ҳамгироии иқтисодӣ маҷудияти бархе монеаҳои тарифӣ, ки монеи ҳаракати озодонаи молу маҳсулот, қувваи корӣ ва сармояи байни кишварҳо мешавад, қонунҳо ва муқаррароти мутафовит, ки монеае барои ҳамгироӣ ва ягона амал кардани тарафҳо мешавад, муқаррарот ва бюрократияи беш аз ҳад мебошад, ки монеи бо суръат анҷом ёфтани иқдомот мешавад. Норасоии иттилоот аз фазои касбу кори кишварҳои АСЕАН яке аз монеаҳои дигари мавҷуда ҷиҳати бештар ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад. Барои мисол: ба далели сатҳи баланди пешрафт Сингапур ва то ҳудуде Бруней амалҳои меъёрбандии баландро нисбат ба воридоти молҳои хориҷӣ нахоҳанд пазируфт ва бар хилофи ин сиёсат амале татбиқ ёбад, некуаҳволии нисбии Сингапур ва Бруней мавриди ҳадаф қарор хоҳад гирифт ва ин кишварҳо ин паёмадро қабул нахоҳанд кард (агар сиёсатҳои ҷубронкунӣ пешбинӣ ва қабул карда нашаванд) [30, 18]. Дар натиҷа, кишварҳои АСЕАН марҳалаҳои ҳамгироии минтақавиро ба сурати комил ва дар замони кӯтоҳе наметавонанд тай кунанд ва бояд истисноҳоеро дар масири ҳамгироии минтақавии комил ба назар бигиранд то муттаҳидии бештар дар доираи 10 узви ин ниҳод иҷро шавад.
  ХУЛОСА. Кишварҳои АСЕАН аз даҳаи 1990 ба самти ҳамгироии иқтисодии бештар ҳаракат кардаанд. Ҳадафи аъзоёни ин ниҳоди минтақавӣ ҳамгироии иқтисодӣ дар қолаби минтақаи озоди иқтисодӣ мебошад, ки давраи амалигардонии он то соли 2015 барои шаш узви аслӣ ва охирҳои соли 2018 барои 4 узви камтараққикарда - Лаос, Камбоҷа, Мянма ва Ветнам дар назар гирифта шуда буд. Кишварҳои АСЕАН дар соли 2015 тасмим гирифтанд, ки бозори муштараки АСЕАН-ро дар тӯли як даҳа, яъне то соли 2025 иҷро кунанд ва нақшаи онро низ қабул карданд. Интихоби пули воҳид низ мавзӯе аст, ки аз ибтидо тавассути Малайзия матраҳ шудааст ва барои иҷро шудани бозори муштарак (барои ҳаракати озод ва бемонеаи афрод, молу маҳсулот ва хадамот дар миёни кишварҳои узв) зарурӣ аст, аммо тавофуқи миёни аъзоёни ин ниҳоддар он аст, ки пули кадом кишвар ба унвони пули воҳид интихоб шавад, вуҷуд надорад ва ҳар кишвар барои ҳифзи рақобатпазирии ҳавзаи содироти худ мухолифи интихоби пули воҳид ё муштарак барои созмон аст. Бо вуҷуди пешрафтҳое, ки аъзоёни АСЕАН дар ҳавзаҳои мухталиф доштаанд, ин ниҳод барои ноил шудан ба ҳадафи худ, яъне бозори муштарак монеаҳои бисёр зиёд ва душвореро доро мебошад ва ба назар мерасад, ки дар ин фосилаи замонии андак тавоноии дастёбӣ ба бозори муштаракро нахоҳад дошт ва далели он ҳам натанҳо ихтилофи сатҳи гуногуни тараққиёти кишварҳо ва тавсеаю пешрафт дар ҳавзаҳои мухталиф, балки набудани манобеъ ва амалу корҳои шоистаи дархур барои таъқиби ин ҳадаф аст. Натанҳо монеаҳои дохилӣ, балки ҳавасмандӣ ва манфиатҳо аз ҳамкориҳои фароминтақавӣ ё байниминтақавии ба даст меомада кишварҳои АСЕАН-ро ба самти ҳамгироии фароминтақавӣ (шарқи осиё) тела медиҳад ва ин амр агарчи боиси озодсозии бештари аъзо бо гузашти замон мешавад, аммо монеаи бузурге дар роҳи тезонидан ва дурнамои ҳамгироиҳои иқтисоди минтақавӣ дар доираи АСЕАН хоҳад буд. Монеаҳои дохилиминтақавӣ ва фароминтақавӣ аз омилҳое ба ҳисоб мераванд, ки эҳтимоли бештар ба таъхир андохтани ҳамгироиро хоҳанд дошт. Ҷой доштани монеаҳо дар муқобили озодии интиқоли молу маҳсулот, кор ва сармояи байни аъзоён дар замони ҳозир сабаб шудааст, ки АСЕАН иқдомҳоеро ба мисли коҳиши тарифҳо ва ҳатто аз байн бардоштани онҳоро ҷиҳати дастёбӣ ба иттиҳодияи ҳамгиротар пайгирӣ кунад. Бо баррасии таҷрибаи ҳамгироии минтақавӣ дар доираи АСЕАН метавон рушди ин падида (ҳамгироии минтақавӣ)-ро дуруст донист, аммо набояд ин нуктаро аз назар дур дошт, ки дар соҳаи илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ мумкин аст иллат ва омилҳои ҳар падида, сабабҳои гуногунеро ба миён орад, мо наметавонем сабаби воҳидеро барои исботи иддаое хос ба мавзӯӣ мушаххас нисбат диҳем. Дар ин ҷо метавон ба ин натиҷа расид, ки сабабҳои дар боло зикршуда бо ҳам якҷоя шуда, монеаҳои гуногун бо шиддат нотавониҳои мухталиф дар муқобили ҳамгироии бештари АСЕАН эҷод кардаанд. Набудани мувофиқатнамоиву корҳои санҷида низ монеи рафъи мушкилоти мавҷуда мешаванд. Ба назар мерасад, ки кишварҳои АСЕАН агарчи рӯ ба рӯ бо мушкилоти зиёданд тавоноии дастёбӣ ба бозори муштаракро хоҳанд дошт, аммо ин ҳадаф бо вуҷуд зиёд будани садду монеаҳо, масъалаҳои ҳалталаб ва мушкилот вақту замон талаб мекунад ва ин давраи вақту замонии он эҳтимолан беш аз як даҳа хоҳад буд. Албатта, зикри ин нуқта дорои аҳамият аст, ки АСЕАН дар мавридҳои зиёде ба монанди эҷоди минтақаи озоди иқтисодӣ собит кардааст, ки метавонад ҳатто зудтар аз муҳлати муқаррарӣ ба ҳадафҳои дар пеш гузоштаи худ бирасад.
 
                                                                                                       АДАБИЁТ
  1. Armstrong David, Lloyd Loma, Redmond John. International organisation in world politics. Basingstoke: Palgrave Macmillan. 2004. 270 https://moodle2.units.it/pluginfile.php/417744/mod_resource/content/1/2004_Book_InternationalOrganisationInWor.pdf (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
  2. ASEAN Secretariat. 2018. https://asean.org/wp-content/uploads/2021/08/33.-November-2018-Fact-Sheet-on-AEC-1.pdf (санаи истифодабарӣ 01.2023)
  3. ASEAN Secretariat. ASEAN Economic Community (AEC): Chartbook. ASEAN Secretariat. 2013. https://asean.org/book/asean-economic-community-chartbook-2013/ (санаи истифодабарӣ 01.2023)
  4. ASEAN Secretariat. ASEAN Economic Community (AEC): Chartbook. ASEAN Secretariat, 2017. https://asean.org/book/asean-economic-community-chartbook-2017/ (санаи истифодабарӣ 01.2023)
  5. Asian Development Bank (ADB). Asia Regional Integration Center, 2018. https://aric.adb.org/fta-trends-by-status (санаи истифодабарӣ 01.2023)
  6. Asian Development Bank Institute (ADBI). (2014). ASEAN 2030: Toward a Borderless Economic Community. Japan: Asian Development Bank Institute (ADBI). https://www.adb.org/sites/default/files/publication/159312/adbi-asean-2030-borderless-economic-community.pdf (санаи истифодабарӣ 01.2023)
  7. Aswathappa K. International Business. Fourth Edition. New Delhi: Tata McGraw Hill. 2010. https://www.biblio.com/book/international-business-fourth-edition-k-aswathappa/d/1204249935 (санаи истифодабарӣ 01.2023)
  8. Balassa Bela. The Theory of Economic Integration. London and New York: Routledge. 1961. 304 pages.  http://ieie.itam.mx/Alumnos2008/Theory%20of%20Economic%20Integration%20(Belassa).pdf (санаи истифодабарӣ 01.2023)
  9. Basu Das Sanchita. Huge Challenges Await AEC 2025, ISEAS, 2016. NO. 48, 1-9. https://www.iseas.edu.sg/images/pdf/ISEAS_Perspective_2016_48.pdf (санаи истифодабарӣ 01.2023)
  10. Bhalla A.S., Bhalla P. Regional Blocs: Building Blocks or Stumbling Blocks?. Basingstoke & New York: MACMillan Press & ST. Martin’s Press. 1997. https://link.springer.com/content/pdf/bfm:978-1-349-25811-6/1.pdf (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
  11. Bitzenis The Balkans: Foreign Direct Investment and EU Accession. Famham, United Kingdom: Ashgate Publishing. 2009. 424 pages. https://www.researchgate.net/profile/Aristidis-Bitzenis/publication/231575457_The_Balkans_Foreign_Direct_Investment_and_EU_Accession/links/09e41506c9f1c14f6a000000/The-Balkans-Foreign-Direct-Investment-and-EU-Accession.pdf (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
  12. Both Deniz. Models of regional cooperation in competition law and policy from around the world: lessons for the ASEAN region. In: The Regionalisation of Competition Law and Policy within the ASEAN Economic Community, Burton Ong, Cambridge: Cambridge University Press. 2018. 402 pages.
  13. CRS Report. The European Union: Current Challenges and Future Prospects. Consressional Research Service, 2017. 30 pp. https://crsreports.congress.gov/product/pdf/R/R44249/17 (санаи истифодабарӣ 01.2023)
  14. Dieter APEC, Australia and New Zealand: Pathways to Asia?. In: Asia-Pacific Economic Cooperation (APEC): The First Decade. Werner Draguhn, Eva Manske, Jurgen Ruland, London and New York: Routledge. 2002. 240 pages. https://www.taylorfrancis.com/books/edit/10.4324/9780203037508/asia-pacific-economic-cooperation-apec-werner-draguhn-eva-manske-j%C3%BCrgen-r%C3%BCland (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
  15. Dosenrode Soren. Limits to Regional Integration. London and New York: Routledge. 265 pp. https://repositorio.ul.pt/bitstream/10451/20008/1/ICS_AMalamud_Interdependence_CLI.pdf (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
  16. El-Agraa M. Regional Integration: Experience, Theory and Measurement. London: Macmillan. 1999. 454 pp.
  17. El-Agraa A.M. The European Union Economics and Policies. Cambridge: Cambridge University Press. 630 pp. https://books.google.com.tj/books?printsec=frontcover&vid=LCCN2007281889&redir_esc=y#v=onepage&q&f=false (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
  18. Ethier Wilfred. The New Regionalism. The Economic Journal, 1998. Vol. 108, No. 449, 1149-1161.
  19. Findlay Christopher, Urata Free Trade Agreements in the Asia Pacific. Singapore: World Scientific Publishing. 2009. 332 pp. http://qnitrade.gov.vn/uploads/news/2012_12/free-trade-agreements-in-the-asia-pacific.pdf (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
  20. Gathi James Thuo. African Regional Trade Agreements as Flexible Legal Regimes, Working Paper Series, 2009. No. 20. https://scholarship.law.unc.edu/cgi/viewcontent.cgi?article=1903&context=ncilj (санаи истифодабарӣ 01.2023)
  21. Gebru Solomon Gebreyohans. Regional Integration in the Horn of Africa: State of Affairs and Challenges, Center for European Integration Studies (ZE1), WAI-ZEI Paper, 2016. 31, 1-37. https://www.academia.edu/39954314/Regional_Integration_in_the_Horn_of_Africa_State_of_Affairs_and_Challenges (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
  22. Gekonge Christopher. Emerging Business Opportunities in Africa: Market Entry, Competitive Strategy, and the Promotion of Foreign Direct Investments. USA: Business Science Reference (IGI Global). 17 pp. https://www.cefims.ac.uk/modules/content/68/68_unit-01_sample.pdf (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
  23. Haokip Thongkholal. Recent trends in regional integration and the Indian experience. International Area Studies Review, 2012. Vol. 15, No. 4, 377-392. https://www.researchgate.net/publication/258140114_Recent_trends_in_regional_integration_and_the_Indian_experience_International_Area_Studies_Review_154377-392 (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
  24. Huong Dang, Thi Thu. Examining the Engagement Between Civil Society in Southeast Asia and ASEAN in the ASEAN Community Building Process. Munich, Germany: grin verlag. 34 pp. https://www.grin.com/document/112866 (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
  25. Kawai East Asian economic regionalism: progress and challenges. Journal of Asian Economics, 2005. №16. P. 29-55.
  26. Langhammer Rolf, Hiemenz Ulrich. Regional integration among developing countries: opportunities, obstacles and options. Kieler Studien, 1990. No. 232, 1-102. https://www.econstor.eu/bitstream/10419/416/1/025664646.pdf (санаи истифодабарӣ 01.2023)
  27. Lvova Elena. Integration of the Ukraine to the world's economic system by means of Special Investment Regimes. Germany: German National Library. 2003. 124 pp.
  28. Ohmae Kenichi. The End of the Nation State: The Rise of Regional Economies. By Kenichi Ohmae. New York: The Free Press, 1995. 214 p
  29. Peters-Berries Christian. Regional Integration in Southern Africa - A Guidebook. Germany: Internationale Weiterbildung und Entwicklung gGmbH (InWEnt). 2010. 196 https://www.academia.edu/32639870/Regional_Integration_in_Southern_Africa_A_Guidebook (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
  30. Plummer Michael. An ASEAN customs union?. Journal of Asian Economics, Vol. 17, 2006. P. 923-938. http://www.sciencedirect.com/science/article/pii/S1049-0078(06)00133-3 (санаи истифодабарӣ 01.2023)
  31. Portela, Clara. the association of southeast asian nations (asean): Integration, Internal Dynamics and External Relations. European Union: Policy Department, Directorate-General for External Policies of the Union, 2013. 25 pages. https://www.europarl.europa.eu/RegData/etudes/note/join/2013/433713/EXPO-AFET_NT(2013)433713_EN.pdf (санаи истифодабарӣ 01.2023)
  32. Smeets, Heinz-Dieter. Grundlagen der regionalen Integration: Von der Zollunion zum Binnenmarkt. In Europdische Integration, Ohr Renate, Stuttgart, Berlin, Koln, 1996. 47-75.
  33. Than Mya. Myanmar in ASEAN: Regional Cooperation Experience. Singapore: ISEAS. 205 pp. https://bookshop.iseas.edu.sg/publication/266 (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
  34. The Observatoiy of Economic Complexity (OEC). 2018. https://atlas.media.mit.edu/en/profile/country (санаи истифодабарӣ 01.2023)
  35. The Statistics Portal. ASEAN countries: Gross domestic product (GDP) per capita in current prices from 2008 to 2018 (in U.S. dollars). 2018.
  36. The Statistics Portal. Gross domestic product (GDP) of the ASEAN countries from 2008 to 2018 (in billion U.S. dollars), 2018. https://www.statista.com/statistics/796245/gdp-of-the-asean-countries/ (санаи истифодабарӣ 01.2023)
  37. United States International Trade Commission (USITC). Asean: Regional Trends in Economic Integration, Export Competitiveness, and Inbound Investment for Selected Countries, No. 332-511, Washington D.C., 2010. https://www.usitc.gov/publications/332/pub4176.pdf (санаи истифодабарӣ 01.2023)
 
ҚУДРАТЗОДА КОМРОН АБДУНАБӢ
Мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва
Шарқии ИОМДОА-и АМИТ, н.и.т., дотсент
 

БОЗГАШТ