АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҳамгироии (интегратсияи) Ғарб ва фарҳанги сиёсии исломӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Қисми - 5
Ҷанҷолбарангез барои исломи сиёсӣ дар қарни XXI ин аст, ки фақат ҳамгироии ҷанбаҳои густурдаи андешаи сиёсӣ ва таҷрибаи сиёсии ғарбӣ, исломро тавоно хоҳад сохт, то ба унвони як нерӯи сиёсии маънодор - ба вижа дар ҳавзаи инмтитутҳои демократӣ зинда нигоҳ дорад. Аммо баракс такомули андешаи сиёсии густурдатар дар ҷаҳони ислом наметавонад, ниҳоятан пешрафт кунад ё шукуфо шавад, магар он ки ба таври хос боис шавад, ки андеша ва суннатҳои исломӣ низ дар он гунҷонида шавад. Моделҳои сиёсии ғарбӣ барои ҳокимият дар ҷаҳони ислом монанди дарахтони пайвандёфта хушк хоҳанд шуд, магар ин ки дар баргирандаи парвариши фарҳанги исломӣ бошад, ки исломи сиёсӣ аз андешаи сиёсии асил ва “муътабар” дар ҷаҳони ислом ногузир ва зарурӣ аст. Дар ниҳоят имрӯз ҳеҷ фикри “муътабар” вуҷуд надорад; тамоми афкори ҷаҳон аз сунатҳои пешинаи тамаддунҳои мухталиф дар замонҳои мухталиф баҳра мегиранд. Ҳатто тасаввуроти Юнони Бостон, ки муддатҳои тӯлонӣ решаи аслии фарҳанги Ғарб ҳисобида мешуд, акнун ба назар мерасад, ки худ ба шиддат наздик ба тамаддунҳои пешинаи Ховари Наздик аст. Агар андешаи исломгароёна имрӯз ба андешаи “ғарбӣ” пас, бар ниҳодҳои модерн, ки реша дар Ховари Наздик доранд такя мекунад.
Танҳо замоне аст, ки худи андешаи сиёсӣ ва иҷтимоии исломӣ, ки мудатҳо ё шахшуд аст аз тариқи таъомул бо неруҳои хориҷӣ шуруъ ба такомул мекунад, ки рушди фикрӣ ва тавсеаи ниҳодии воқеӣ падидор мешавад. Дар ҳамин ҳол, талош дар ҷаҳони Ислом барои пешбурди тафаккури сиёсӣ ва иҷтимоии комилан мустақил аз чаҳорчуби фарҳанги исломӣ маҳкум ба шикастагӣ, якпорчасозӣ, береше ва бегона шудан аст. Бинобар ин “ғарбӣ шудан”-и зоҳириро, ки дар сатҳи нухбагони ҷаҳони ислом мушоҳида мекунем, иқдоми фиребандае барои пешрафти воқеии раванди сиёсӣ ва фикрӣ дар ин ҷомеа мебошад, ҳатто агар ин амр таҳсини сатҳии ғарбиро барангезад. Ғарбгароӣ тавассути ҳукм ва қудрат нишонгари таҳмили пушиши ғарбӣ дар бораи фарҳанг ва амалкарди исломӣ аст, ки дар навбати аввал ба нафъи нухбагон аст, аммо натавониста ба решаҳои ҷомеа ва фарҳанги мусулмононӣ бирасад. Тааҷҷубовар нест, ки мо шоҳиди аксари мардуми ин ҷамъият (мусулмонҳо) ҳастем, ки эҳсос мекунанд арзишҳои суннатии худро нодида гирифта, худро дар раванди навсозии нухбагон пушти сар гузоштаанд.
Дар воқеъ “ғарбгароӣ” ва “дунявият” номи баде ёфтаанд дар шинохти маҳаллӣ ба унвони идеологияи ҳоким бар истибдод ва бештар низоми коррупсионие, ки пуштибонии шадиди Ғарбро доранд. Ҷолиб инҷост, ки талошҳои режимҳои мухталифи мусулмонон барои ба даст овардани намуди дифоии исломӣ ба умеди ҷалби ризоияти тудаҳо ва дастёбӣ ба машруъияти бештари исломӣ аз ҷиддияти каме бархурдор буд, нисбати талошҳои исломи сиёсӣ барои муқобила ба консепсияи ғарбӣ. Фарҳанги анъанавии исломӣ маҷбур шудааст, то идеяҳои ғарбиро ба сурати интихобӣ ҳамгиро намояд ё ба ҳам оварад, зеро арзиши онҳоро дар назми исломии оянда дарк кунад. Исломгароён интихоби дигаре надорад, чуз ин ки ба сурати интихобӣ бо арзишҳои сиёсии ғарбӣ ба унвони баданаи ҳоким бар андешаи сиёсӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳам биёянд. Натиҷа бештар мусбӣ нисбат ба манфӣ буд, зеро боиси таҳаввули сиёсии воқеӣ дар замонае шуд, ки суннатҳои исломиро қатъ намекунад.
Ҳамин тавр ҷунбишҳои исломгароён, нахустин ҳамгироии ҷиддии фикрӣ байни ду неру дар андешаи сиёсии исломӣ ва ғарбиро ба шеваҳое тарроҳӣ мекунанд, ки ба навъе ҳамгироии воқеӣ ба ҷои навсозӣ (модернизация) аз тариқи зиннат (дизайн) бахшидани суннат анҷом мешавад. Бархе аз исломгароён (ва бештари ғарбгароён) аз девориҳои байни ин ду фарҳанг хушҳол ҳастанд, аммо бештари мардум ингуна нестанд. Онҳо мефаҳманд, ки таъомули (ҳамкории) фарҳангҳо ва тамаддунҳо, то замоне ки як унсури аслӣ (калидӣ) дар раванд вуҷуд надошта бошад, пешрафт нахоҳад кард.
Бинобар ин исломи сиёсӣ саранҷом василаи асосӣ барои рӯёрӯй баҳсу гуфтугӯ, талқин, ҳамгироӣ ва оштии ин нерӯҳои бузурги фарҳангии фарҳанги исломӣ ва ғарбӣ дар асоситарин сатҳ табдил мешавад, ки барои заминасозии тадриҷӣ ва наздикӣ бо ҳам дар сатҳи рушанфикрон ва тамоми мардум мешавад. Ба таври табиӣ “исломи сиёсӣ”-и ягона вуҷуд надорад ва гуруҳҳои мухталиф ба самти пазириш ва ҳамгироӣ ё радди ақидаҳо (идеяҳо) ва институтҳои сиёсии мунтахаби Ғарб бо суратҳои мухталиф ҳаракат хоҳанд кард. Ин раванди ногузир аст.
Туркия нахустин кишваре хоҳад буд, ки дар дастёбӣ ба як оштии воқеӣ ва ҳамгироии исломӣ ва суннати демократии либералии ғарбӣ муваффақ шавад. Ман ба нухбагони дунявии камолистии Туркия ишора намекунам, ки асосан таҷрибаи исломиро рад мекунанд, балки ба синтези ҷадиде, ки дар Туркия ба воситаи пазириши тадриҷии исломгароёни модернист дар ниҳодҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ зуҳур мешавад, ишора мекунам. Ин иттифоқ меафтад, зеро Туркия дар эҷоди ниҳодҳои модерни ҳокимияти демократӣ аз ҳар кишвари мусулмони дигаре пешрафт кардааст ва таҳаввулоте ки исломгароён онро аз дигар исломгароён фарқ мегузоранд. Бинобар ин вазифаи Туркия дар ҳоли ҳозир боз кардани системаи комили демократисозии он ва бозгардонидани муҷаддади аносири иҷтимоӣ ва идеологие аст, ки дар тӯли иҷбории ғарбӣ шудан бар ҷой монда буд. Бештари нухбагони Туркия кайҳост дар роҳи ташхиси ин нокомиҳо ва ногузирҳост. Онҳо ниёзи ҳамгироӣ ба нафъи ҳамоҳангии иҷтимоиро арзёбӣ мекунанд ва эътироф мекунанд, ки фишор аз ҷониби унсурҳои иҷтимоии маҳруммонда дигар мумкин нест ба осонӣ дар давлати демократӣ бекор шаванд, дар ҳоле, ки орзуи узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро кӯшиш мекунанд.

Идома дорад...

Аз китоби “The Future of Political Islam”-и
Граҳам Э. Фуллер, хатмкардаи Донишгоҳи Ҳорворд,
 нависанда ва таҳлилгари масоили сиёсӣ
(санаи тав. 28 ноябри 1937).
Аз англисӣ тарҷума ва таҳияи
Ёрмаҳмад Ниёзӣ, номзади илмҳои фалсафа,
Мирсаид Раҳмонов, ходими илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ.

БОЗГАШТ