АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ҲАМГИРОИИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ БО АССОТСИАТСИЯИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ ҶАНУБУ ШАРҚӢ

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

Дар ҷаҳони муосир раванди ҳамгироӣ, пеш аз ҳама ҳамгироии минтақавӣ фаъолона рушд карда истодааст. Давлатҳое, ки аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва захираҳои табиӣ бой мебошанд, бо мақсади рушди истифодаи иқтидори иқтисодӣ ҳамкориро дар самти муколама ва шарикӣ афзалият медиҳанд. Айни замон шумораи зиёди ташкилотҳои хусусияти ҳамгироии иқтисодӣ буда, асосан минтақавӣ мебошанд. Моделҳои ҳамгироӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором низ ташкил шудаанд, ки ҳадафи асосии ҳамгироӣ рушди иқтисодию иҷтимоии ҷаҳонӣ ва таъмини амнияту субот мебошад. Арзёбии самаранокии фаъолияти ҳамгироии иқтисодӣ нишон медиҳад, ки ҳамгироӣ аз рӯи модели нарми осиёгӣ сурат гирифта истодааст. Дар робита ба ин таҳлили ҳамгироии Ҷумҳурии Халқии Хитой (минбаъд-ҶХХ) бо яке аз ташкилотҳои муваффақ ва рушдёфтаи Осиё, Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ 9Association of South East Asian Nations) (минбаъд-АСЕАН) муҳим аст. Ҳамгироии ҶХХ ва АСЕАН аз муколама оғоз ёфтааст.

Бояд қайд кард, ки пас аз хотимаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буҳрони сиёсию ҳарбӣ, иқтисодӣ ва инчунин рақобати давлатҳои абарқудрат (ҷанги сард) ба ҶХХ имконият дод, ки дар сиёсати минтақавии худ махсусан дар муносибат ба минтақаи ОҶШ сиёсати мудохила ба корҳои дохилиро истифода намояд ва он то солҳои 90-ум давом кардааст. Соли 1949 Ҳизби коммунистӣ бо роҳбарии Мао Сзэдун ба сари қудрат омад ва ҳудудҳои қисмани зери мустамликавии будаи худро аз Ғарб озод ва ба як давлати мустақил ба номи Ҷумҳурии Халқии Хитой эълон намуд.

Аз соли 1950 сар када ба минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (минбаъд-ОҶШ) таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои воридшавӣ ба ин минтақа ҳизбҳои коммунистии маҳаллии давлатҳои минтақаи ОҶШ-ро аз ҷиҳати молиявӣ ва сиёсӣ дастгирӣ намудааст. Моҳи августи соли 1965 дар маҷлиси Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии ҳизби Коммунистии Хитой Мао Сзэдун чунин қайд карда буд: “Моро зарур аст, ки давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз он ҷумла Ветнами Ҷанубӣ, Таиланд, Бирма, Малайзия ва Сингапурро ба даст орем. Зеро минтақаҳои мазкур аз сарватҳои табиӣ хеле бой буда, арзиши ба даст оварданро доранд. Пас аз ба даст овардани минтақаҳои ОҶШ қувваҳои худро метавон дар ҳудуди онҳо зиёд кардан гирифт. Он гоҳ мо қувваи наве пайдо хоҳем кард, ки ба блокҳои советию аврупоӣ, ки аз Шарқ ва Ғарбро пахш мекунанд, муқобилият карда тавонем.”[1]

Омилҳои зерин таваҷҷуҳ ва сиёсати минтақавии Хитойро асоснок менамояд.

Якум, яке аз омилҳое ки минтақаи ОҶШ-ро дар сиёсати ҶХХ назаррас мегардонад ин диаспораи бузурги хитойӣ дар минтақа мебошад. Айни замон ҶХХ беш аз 60 миллион муҳоҷир дорад, ки дар саросари ҷаҳон ба сар мебаранд, ки[2] пеш аз 25,26 миллион нафарашон дар минтақаи ОҶШ қарор доранд. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ шумораи хуасяоҳои (яке аз қабилаҳои муқимии) хитойҳо буда, аз қадим дар кишварҳои Индонезия 10,8млн, Таиланд 9,4 млн, Малайзия 6,6 млн, Сингапур 3,1 млн, Мянма 1,6 млн, Филиппин 1,3 млн, Ветнам 820 000, Камбоҷа 300 000, Лаос 190 000 ва 43 000 дар Бруней зиндагонӣ ва фаъолият мекунанд.[3] Чунин шумораи зиёди аҳолии онҳо таваҷҷуҳи ҶХХ, фарҳанг ва муқимӣ будани хуасяоҳо ва алоқамандии таърихии ин минтақаҳоро собит менамояд.

Дуюм, омили асосии дигар, ин таваҷҷуҳи ҶХХ ба минтақа мавқеи геосиёсӣ ва геоқтисодии он мебошад. ҶХХ ва АСЕАН дар як минтақа ҷойгиранд ва сарҳади муштарак доранд, ки ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ мусоидат мекунад.

Мавқеи ҷуғрофӣ, иқтидори захираҳои табиӣ ва аҳолии минтақаи ОҶШ мебошад, ки таваҷҷуҳи давлатҳои бузургро ба ин минтақа ҷалб намудааст. Захираҳои табиии онҳо, 90% ришта, 50 %-ро кокос, равғани хурмо ва биринҷи ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Айни замон иқтидори иқтисодии давлатҳо на танҳо аз ҳисоби рушди саноати истихроҷи маъдан ва соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дорад, балки аз ҳисоби таъсиси саноати сабуки бофандагӣ, либос, пойафзол, саноати металлургияи вазнин, кимиё, мошинсозӣ ва истеҳсоли таҷҳизоти саноатӣ, инчунин истеҳсоли нахҳои синтетикӣ рушд мекунад.

Имрӯз минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ то рафт бештар дар равандҳои ҳамгироӣ ва тамоюлҳои ҷаҳонишавии иқтисодӣ ворид гардида, равандҳои ҳамгироии миёни АСЕАН бо ҶХХ соли 2003 оғоз намуданд. Ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои АСЕАН бо ҶХХ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ рушд намуда истодаанд. Кишварҳои ОҶШ созмони минтақавии худро ба номи АСЕАН соли 1967 таъсис доданд, ки то имрӯз ба он 10 давлати аъзо мебошанд, аз ҷумла Бруней, Ветнам, Индонезия, Камбоҷа, Лаос, Малайзия, Мянма, Филиппин, Сингапур ва Таиланд. Таърихи сиёсати берунаи Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ соли 1976 оғоз ёфта, пас аз даҳ сол ҳуҷҷатҳои нави худро дар самтҳои сиёсати давлатҳои аъзои созмон муайян намуд, ки иборат аст, аз:

-татбиқи лоиҳаҳои рушди ҳамкории минтақавӣ бо дастгирӣ ва кӯмакҳои берунаи техникӣ;

-мусоидат ва дастгирии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ;

-таҳкими робитаҳои сиёсӣ бо кишварҳои сеюм ва созмонҳои минтақавӣ.

ASEAN ҳамгироро барои рушди минтақа истифода намуда, барои ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар моделҳои ASEAN+1, ASEAN+3, ASEAN+6 ва ASEAN+8-ро тарҳрезӣ намуда, бо воситаи онҳо бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамкориҳои гуногунро ба роҳ мондааст. Аз аввали солҳои 90-ум АСЕАН ҳамкориҳои фаъолро бо дигар кишварҳои минтақа шурӯъ кард. То ҳол ин ҳамкорҳо аз рӯи шаклҳои фарматҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

- формати ASEAN+1.  Дар ин формат ҳамкориҳои АСЕАН бо ҶХХ, Япония, Ҷумҳурии Корея, Ҳиндустон, Австралия ва Зеландияи Нав дар алоҳидагӣ ба роҳ монда шудааст;

- формати ASEAN+3. Платформаи муколамавӣ байни АСЕАН ва кишваҳои ҶХХ, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ мебошад;

- формати ASEAN+6. Муколама байни кишварҳои АСЕАН+3 ва Ҳиндустон, Австралия ва Зеландияи Нав гузаронида мешавад.

- формати АСЕАН+8. Формати мазкур бо номи Саммити Осиёи Шарқӣ маъруф аст, ки як форуми муколамавӣ буда, дар байни кишварҳои АСЕАН+6, ИМА ва Россия мебошад .[4]

Мавриди зикр аст, ки маҳз форматҳои дар боло зикргардида барои бунёди шарикӣ ва муколамавӣ асос гузошт ва ин шарикӣ боиси пайдо шудани модели нави ҳамкорӣ бо шарикони муколамавии АСЕАН гардид. Яке аз аввалин кишварҳое, ки бо Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳамкориҳои фаъолро ба роҳ монда буд ҶХХ мебошад.

Таърихи ҳамгироии ҶХХ ва АСЕАН дар охири солҳои 90-ум оғоз ёфтааст. Айни замон сиёсати хориҷии ҶХХ бо ҳадафи таъмини муҳити мусоиди беруна, ки барои идомаи рушди босуръати иқтисодии кишвар зарур аст, мутобиқ карда шудааст. Ин муҳит пеш аз ҳама бо соҳаҳои муҳими стратегӣ равона карда шудааст. Дар давраи ҳукумати Ху Сзинтао тағйироти сиёсати хориҷии ҶХХ оғоз ёфт. Си Ҷинпин роҳбари кунунии ҶХХ онро идома дода ва нигоҳ доштани муносибатҳои созанда, шарикӣ ва ба қадри имкон дӯстонаро бо давлатҳои ҳамсоя дар асоси "дипломатияи ҳамсоягии нек" пеш мебарад.[5]

Муколамаи байни АСЕАН ва ҶХХ замоне оғоз шуд, ки Сян Сичен, вазири онвақти корҳои хориҷии ҶХХ дар Иҷлосияи 24-уми вазирони кишварҳои АСЕАН моҳи июли соли 1991 дар шаҳри Куала-Лумпури Федератсияи Малайзия ширкат варзида, изҳори ҳавасмандии ҶХХ-ро барои ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои АСЕАН ба манфиати мутақобила изҳор намуда буд. Дар конференсияи моҳи июли соли 1996 дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия ба ҶХХ мақоми шарикии ҳамаҷонибат муколимавӣ дода шуд.[6]

Раиси ҶХХ моҳи октябри соли 2003 бори аввал дар саммити ғайрирасмии роҳбарони АСЕАН ҳузур дошт, ки 7-умин Саммити АСЕАН буд. Дар ҷараёни ин вохӯрӣ тарафҳо шартномаи "шарикии хуби ҳамсоягӣ ва эътимоди тарафайн"-ро имзо карданд.[7] Соли 2003 ҶХХ аввалин шарики муколимавӣ гардид ва дар таъсиси шарикии стратегӣ бо АСЕАН саҳмгузор шуд.

То ин давра моҳи ноябри соли 2002 ҶХХ ва АСЕАН созишномаи Чорчӯбаи ҳамкории ҳамаҷонибаи иқтисодиро барои ташкили Созишномаи тиҷорати озод байни АСЕАН ва ҶХХ имзо карданд, ки 1 январи соли 2010 амалӣ карда шуд ва 1 январи соли 2015 пурра эътибор пайдо кард.

Моҳи сентябри соли 2012 ҶХХ аввалин сафири доимии худро ба АСЕАН таъин кард ва дар назди АСЕАН дар шаҳри Ҷакарта ба фаъолият оғоз намуд. Моҳи ноябри соли 2011 дар саммити 14-уми дар ҷазираи Бали маркази АСЕАН ва ҶХХ кушода шуд. Маркази мазкур маркази иттилоотӣ буда, вазифаи асосиаш мусоидат ба ҳамкории байни АСЕАН ва ҶХХ дар соҳаи тиҷорат, сармоягузорӣ, сайеҳӣ, маориф ва фарҳанг пешбинӣ шудааст.[8]

Хусусиятҳои иқтисодӣ дар рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни АСЕАН ва ҶХХ  нақши назаррас дорад, ки дар он манфиатҳои мутоқобила дида мешавад. Зарурати объективии ҳамгироии ҶХХ ва АСЕАН бо якчанд сабабҳо метавон зикр кард, ки он пеш аз ҳама ҷанбаҳои иқтисодӣ мебошад. Чунин самтҳо ҳамгироии иқтисодии ҶХХ ва АСЕАН-ро дар бар мегиранд:

1.Афзоиши робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ. ҶХХ бузургтарин шарики тиҷоратии АСЕАН буда, дар навбати худ АСЕАН барои ҶХХ манбаи муҳими ашёи хом ва қувваи кории арзон мебошад. Аз ин рӯ, тақвияти ҳамгироӣ рушди тиҷорати байниминтақавӣ ва муносибатҳои иқтисодиро таъмин менамояд.

2.Тавсеаи бозорҳои тиҷоратӣ ва ҷустуҷӯи имкониятҳои нави сармоягузорӣ. Ширкатҳо барои ҳамгироии ҶХХ ва аъзои АСЕАН кӯмак мерасонанд ва ба ин восита бозорҳои тиҷоратии худро васеъ намуда, ҳамгироии иқтисодӣ ва имкониятҳои нави сармоягузориро фароҳам меоранд ва аз он ҳам хуб истифода мебаранд, ки ба рушди иқтисодӣ ва ба суботу шукуфоии минтақа мусоидат карда истодаст.

3.Коҳиш додани хатарҳои иқтисодӣ. Ҳамгироии ҶХХ ва АСЕАН ба туфайли эътимоднокии бештари шарикон ва афзоиши тиҷорат, ки амалиёти тиҷорати хориҷиро таъмин намуда, ба коҳиш додани хатарҳои иқтисодӣ мусоидат менамояд.

4.Рушди инфрасохтори нақлиётӣ. Ҳамкорӣ ҷиҳати рушди роҳҳои инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла роҳҳои он ва автомобил дар доираи лоиҳаи “Як камарбанд, як роҳ” амалӣ шуда, барои пайвандшавӣ ва рушди нақлиёти кишварҳо кӯмак мерасонад, инчунин рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории самаранокро таъмин мекунад. Роҳи оҳан яке аз самтҳои асосии лоиҳа ба шумор меравад.

Дар натиҷаи ҳамгироӣ ҶХХ ва АСЕАН ба чунин дастовардҳои назаррас ноил гардиданд:

-ҳамкории иқтисодӣ амиқтар карда, ба монеаҳои тиҷоратӣ коҳиш ёфтанд, ки дар натиҷа ба рушди иқтисодиёти ҳар ду ҷониб мусоидат намуд.

-ба амалишавии лоиҳаҳои сармоягузории ҶХХ ба воридшавии зиёди сармояро ба минтақа ва рушди иқтисодиёти маҳаллиро таъмин намуд.

-ба таҳкими амният ва субот дар минтақа мусоидат намуд. Дар доираи ҳамгироӣ ҶХХ ва АСЕАН дар масъалаҳои амният, мубориза бо терроризм, назорати захираҳои зериобӣ ва дигар масъалаҳо фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.

-ба мубодилаи фарҳанг ва таваҷҷуҳ ба фарҳанги ҶХХ дар АСЕАН мусоидат намуда, ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо ва ба гуногунии фарҳангии минтақа нақши назарраси худро гузошт.

Хулоса, дар даҳсолаҳои охир, ҶХХ бо кишварҳои АСЕАН фаъолона сармоягузорӣ намуда, робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии худро дар минтақа мустаҳкам карда истодааст. Яке аз омилҳои асосии ҳамгироии ҶХХ бо АСЕАН талаботи афзоянда ба танзим ва ҳамоҳангсозии тиҷорат ва сармоягузории байналмилалӣ мебошад. Дар баробари он ба таъмини устувории муҳити иқтисодӣ ва бартараф кардани мушкилотҳо дар системаҳои гуногуни иқтисодӣ байни ҶХХ ва кишварҳои АСЕАН мебошад. Илова бар ин, ҳамгироӣ байни давлатҳо ба коҳиши мушкилоти гуногуни иқтисодӣ дар минтақа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши рушди иқтисодӣ мусоидат кардааст. Бояд хотиррасон кард, ки ҳамгироии давлатҳо боиси таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии байни ҶХХ ва кишварҳои АСЕАН шудааст. Ҳамгироии ҶХХ бо АСЕАН инчунин омили таҳкими амният ва субот дар минтақа ба шумор меравад.

Ҳамгироии АСЕАН ва ҶХХ ба наздикшавии минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Осиёи Шарқӣ мусоидат намуда, дар доираи лоиҳаи “Як камарбанд, як роҳ” ба давлатҳои Осиёи Марказӣ шароити мусоид фароҳам меорад ва дар оянда ба воситаи роҳҳои нақлиётӣ байни минтақаҳоро мепайвандад.

 

Ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу

 Шарқии Институт

Соҳиби Баҳруло

 


[1] Мосяков Д. В.Политика Китая в Юго-Восточной Азии: от прошлого к настоящему. ― М.: Институт востоковедения РАН, 2012. ―220 с.: ил. С-21

[2] Китайская эмиграция: вековая история  https://ru.unesco.org/courier/2021-4/kitayskaya-emigraciya-vekovaya-istoriya

[3] Бамбуковая сеть китайской диаспоры в Юго-Восточной Азии https://asiabblog.com/2022/01/chinese-diaspora-asean-huaren/#:~:text=%D0%9D%D0%B0%20%D1%81%D0%B5%D0%B3%D0%BE%D0%B4%D0%BD%D1%8F%D1%88%D0%BD%D0%B8%D0%B9%20%D0%B4%D0%B5%D0%BD%D1%8C%20%D0%B2%20%D0%BC%D0%B8%D1%80%D0%B5,%2C82%25%20%D1%81%D0%BE%D0%B2%D0%BE%D0%BA%D1%83%D0%BF%D0%BD%D0%BE%D0%B3%D0%BE%20%D0%BD%D0%B0%D1%81%D0%B5%D0%BB%D0%B5%D0%BD%D0%B8%D1%8F%20%D1%80%D0%B5%D0%B3%D0%B8%D0%BE%D0%BD%D0%B0.

[4] Арапова Е.Я. Экономическая интеграция в Восточноазиатском регионе. Ретроспективный анализ и будущие возможности. / Арапова Е.Я. – М.: ООО «Проспект», 2015. – С. 90

[5] ASEAN Secretariat Information Paper, April 2020

[6] Overview of ASEAN-China Dialogue Relations https://asean.org/wp-content/uploads/2012/05/Overview-of-ASEAN-China-Relations-22-Apr-2020-00000002.pdf

[7] China-ASEAN Cooperation and the Dawn of the Asian Century http://www.cnfocus.com/china-asean-cooperation-and-the-dawn-of-the-asian-century/

[8] ASEAN Key Figures 2020 https://www.aseanstats.org/wp-content/uploads/2020/11/ASEAN_Key_Figures_2020.pdf

БОЗГАШТ