АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҳамкориҳои энергетикӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Энергетика як соҳаи муҳиме мебошад, ки рушд ва нумуи он дар некӯаҳволии мардум неруи тозае мебахшад. Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки дорои иқтидори энергикии худ мебошад. Роҳандозӣ ва дуруст истифода бурдани иншооти энергетикии он метавонад кишвар ва минтақаро ба як манбаи неруманд ва мустаҳками пуриқтидор табдил созад.

   Дар паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлсиси Олии кишвар якчанд соҳа, аз ҷумла, маориф, сайёҳӣ ва энергетика мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бахшҳои мазкур зарурӣ буда, рушд ва тавсеаи онҳо лозим маҳсуб мешаванд. Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Миёна мавқеъ дорад ва он саршор аз сарватҳои табиӣ, иқтидорҳои энергетигиест, ки ҳамаи он барои кишвар ва мардум ганҷест. Моро зарур аст. то роҳҳоеро кашф намоем, то тавассути он тавонем ин ганҷро ба тилло табдил бидиҳем ва кишварро ба як ҷаҳони хуррам таҳвил диҳем.

  Осиёи Ҷанубӣ минтақаест, ки дорои сарват ва саноатҳои гуногун мебошад. Ин минтақа аз 8 кишвар - Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Молдиф, Непал, Покистон ва Шриланка иборат буда, аҳолии он зиёда 1,7 миллион нафар аст, ки 21 фоизи аҳолии дунёро ташкил медиҳад. Тоҷикистон бо ҳамаи онҳо муносибати хуб дошта, бо Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон ҳамкориҳои хуби дипломатӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дорад. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон аз байни манотиқи Осиёи Миёна ягона кишваре аст, ки бо Покистон, тавассути дарраи Вохон дар масофаи 14 км мавқеии ҷуғрофӣ дорад. Ҳар ду кишвар дорои тамаддуну фарҳанги муштарак буда, равобити дипломатии ҳасана доранд. Покистон яке аз авваллинҳо буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва ҳамзамон соли 1993 сафораташро дар Душанбе боз кард. Бо таҳкими қарордодҳои муштарак Тоҷикистон низ намояндагиашро дар Покистон ифтитоҳ кард ва равобитро боз ҳам тақвият бахшид. Аз рӯи сарчашмаҳои гуногун дар ин кишвар зиёда аз 1,2 миллион қавми тоҷиктабор умр ба сар мебаранд.

   Дар минтақаи Балуҷистон ва Своти ин кишвар қавми тоҷиктабор зиндагонӣ ва кору фаъолият менамоянд. Тоҷиктаборони Балуҷистон дар корҳои фарҳангӣ ва адабӣ фаъол буда, ҳафтаномаеро зери унвони "Тоҷик" ба забони урду чоп мекунанд. Қабилаҳои минтақаи Свотро чун "тоҷики свотӣ" ё тоҷиктаборни свот мешиносанд, ки дар бораи онҳо проффессор Муҳаммад Ахтар (1934-2015) китобе зери унвони "Тоҷик свотӣ ва мамлакати габр таърих ке оина ме" (Тоҷикони свотӣ ва мамлакат габроиҳо дар оинаи таърих) ба забони урду ба чоп расондааст. Ин ҳама моро водор менамояд, ки талош намоем то робитаҳои минтақавиро таҳким созем.

   Бояд қайд намуд, ки ин китоб аввалин сарчашма барои кашфи фарҳангу тамаддуни қадимаи манотиқи шимол ғарби Покистону Афғонистон (Балху Саистон) буда, он таҳкими таърихи гузаштаи тоҷикони свотӣ ва мамлакати габриҳоро муфассал баён мекунад.

   Китоби мазкур суханрониҳо ва баҳсҳо оид ба Зардушт, Куруши Бузург ва Искандари Кабирро дар бар мегирад, ки ҳамаи он ба фарҳанг ва таърихи бостонии тоҷикони свотӣ қабл аз гаравиданашон ба Исломро маънидод менамояд.

   Тоҷикистон ва Покистон якҷоя метавонанд бо ҳамкории дигар манотиқии Осиёи Миёна масири аслии энергетикиеро эҷод кунанд, ки ҳамаи сарзамин аз сарватҳои ин мустафид гарданд. Имрӯз дар асри технология зиндагӣ дорем ва ҳама медонем, ки ниёз ба чунин сарватҳо низ ҳаст ва бояд аз онҳо хуб истифода карда, имконоти нави ҳаётро барои шаҳрвандон фароҳам овард. Эҷоди равобити иқтисодии байни Тоҷикистон ва Покистон метавонад сабаб шавад, то ин масири тиҷоратӣ дар байни дигар манотиқ низ тақвият ёбад.

   Покистон бо шароиту имконоте, ки дорад, роҳҳои кутоҳтар ва осонтарро барои густариши тиҷорат ва иқтисод бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, Тоҷикистон фароҳам сохтааст ва дар ин самт ҳанӯз талошҳояшро идома дода истодааст. Тоҷикистон низ талош дорад, то бо истифода аз бандари Гводари Покистон дарвозаҳои тиҷоратиашро ба тамоми кишварҳои олам густариш диҳад. Барои ин иқдом бояд ҳар ду кишвар аз стратегияҳои ҳамкории минтақавӣ кор бигиранд то якҷоя битавонанд, монеаҳоро паси сар намоянд ва дигар кишварҳои марбутаро низ барои ҳамкории минтақавӣ даъват кунанд.

   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ доштани равобити ҳасанаро бо тамоми кишварҳо зарур шуморида, сиёсати дарҳои бозро аз авлавияти кори худ қарор додаанд.

   Тоҷикистон яке аз умдатарин кишварҳои олам аст, ки дорои захирҳои табиӣ ва энергетикӣ мебошад. Дар ин кишвар дар масофаи 28500 км 948 дарё мегузарад, ки яке аз боиагриҳои асосии ин кишвар маҳсуб мешаванд. Он дорои 8000 пиряхест, ки истифодаи дурусти онҳо метавонанд, ба аҳолӣ ва сайёра манфиат биёрад. Тоҷикистон 4 фоизи иқтидори гидроэнергетикаи ҷаҳонро доро буда, саввумин тавлидкунандаи барқ ба шумор меравад.

   Яке аз дигар самтҳое, ки Тоҷикистон ва Покистонро бо ҳам мепайвандад, ин амалисозии лоиҳаи КАСА-1000 мебошад, ки ҳамоҳангсозии асосии он Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд. Ҳадафи асосии лоиҳаи КАСА-1000 ин тавлид ва интиқоли барқи обӣ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Тибқи сарчашмаҳо лоиҳаи мазкур дорои 3 бахш аст. Бо амалишавии ин лоиҳа ба Покистон 1300 мегаватт барқ тавлид мегардад.

   Аз ин рӯ, Тоҷикистон ва Покистонро зарур аст, ки барои мустаҳкам намудани ин иқдом ҳамкориро бо кишвари Чин пурзур намоянд, зеро он бо ҳар ду кишвар шарики стратегӣ аст. Зеро ҳамкории минтақавӣ метавонад кафили амн ва тавсиа шавад ва мудохилаи дигар кишварҳоро аз густариш ва рушди иқтисодии лоиҳаи мазкур муҳофизат намояд.

   Тоҷикистон ва Покистон метавонанд дар бахши кишоварзӣ ва саноат низ ҳамкории худро рушд ва тақвият диҳанд. Зеро ҳар ду кишвар дорои манобеи хуби кишоварзӣ ва саноатӣ мебошанд. Тоҷикистон метавонад дар бахши коркарди ғизо ва нассоҷӣ аз таҷриба ва саноати Покистон истифода намояд. Зеро ин кишвар дар тавлид ва коркарди маҳсулоти пахтагин дар ҷаҳон ҷойи саввумро ишғол мекунад.

   Аз соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд. Аввалин маротиба дар соли 1993 Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафорати худро боз намуд ва дар соли 1994 расман ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳамин тавр, 23 феврали соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ифтитоҳ шуд ва ҳар ду кишвари дӯст зиёда аз 30 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расонданд.

   Дар моҳи марти соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Покистон боздиди расмӣ ба амал овард, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафҳаи навро оғоз намуд. Бояд қайд кард, ки нахуст соли 1997 Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исломобод ва дертар дар шаҳри Қарочӣ кушода шуд. Дар давоми 26 соли муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар зиёда аз 50 ширкати хусусии покистонӣ ва соҳибкорони покистонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

  Тибқи омори нав дар даҳ соли охир табодули тиҷоратии ҳар ду кишвар то 100 миллион доллари америкоӣ расидааст ва тарафҳо талош доранд, то онро афзоиш диҳанд. Дар соҳаи омӯзиши маҳорат ва такмили ихтисос ва табодули барномаҳои гуногун муносибатҳои ду кишвар тадриҷан рушд меёбанд ва дар ҳоли ҳозир донишҷӯёни покистонӣ дар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ва омӯзиш мегиранд.

   Дар ниҳоят бояд зикр кард, ки шаҳри Душанбе бо шаҳри Лоҳури Покистон аз солҳои 1973 бародаршаҳр эълон гардидааст, ки ин ҳам қадами некест дар таҳкими дӯстӣ ва муносибатҳои фарҳангии ҳар ду кишвар. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон забони урду тадрис дода мешаванд ва маркази омӯзишии Покистон низ фаъолият дорад, ки ба манфиати равобити ҳар ду кишвар кӯмак мерасонад.

Мирсаид Рахмонов,

ходими илмии Институт

БОЗГАШТ