АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар даврони соҳибистиқлолӣ

Муаллиф: Салимов Акбар

Расм

  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ кӯшиш менамояд то равобити хориҷии худро бо дигар субъектҳои байналмилалӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг муносибатҳои мутақобилаи судмандро рушд диҳад. Ба шарофати ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар риштаҳои гуногуни фарҳанги миллӣ таҳаввулоти бузург ба вуқӯъ пайваста, дар ҷомеаи кишвар дастовардҳои бесобиқа ба амал омаданд. Дар заминаи арзишҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва маънавию ахлоқӣ орзуву ормонҳо, афкор ва андешаи миллии мардум инкишоф ёфтанд. Ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои дуру наздики ҷаҳон, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Рушди муносибатҳои фарҳангӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба робитаҳои фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Туркия аҳамияти хоса медиҳад.

  Марҳилаи муҳими ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия имзои “Барномаи табодули фарҳангӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ба шумор рафтааст. Ҳадафи Барномаи мазкур барои рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг, ҳамчунин татбиқи “Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ”, ки моҳи марти соли 1992 имзо шудааст, равона гардид.

  20-21 майи соли 2004 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба вазъи минтақа бо иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. Зимни нишаст намояндаи раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҳолати кунунии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи фарҳанг” гузориш дод. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар чунин пешниҳодҳоро иброз намуданд:

  • ба роҳ мондани тарҷумаи осори шоирон ва нависандагони турк ба забони тоҷикӣ ва тарҷумаи осори шоирон ва нависандагони тоҷик ба забони туркӣ.
  • густариши равобити миёни китобхонаҳо ва осорхонаҳои ду кишвар.
  • саҳм ва иштироки ҷониби Туркия дар таъмир, азнавсозӣ ва барқарор намудани ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, китобхонаҳо ва осорхонаҳои Тоҷикистон.
  • ташкил ва баргузории намоишгоҳҳо, озмунҳо, барномаҳои театрӣ ва ғайра дар миқёси ду кишвар.
  • таъсиси марказҳои фарҳангӣ.
  • дар ду кишвар ба роҳ мондани таҳсил ва омӯзиши донишҷӯён дар соҳаи фарҳанг.

  Ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар аз умқи таърих сарчашма мегиранд. Тоҷикистон ва Туркия дорои мероси фарҳангии муштарак мебошанд, ки ба номи мутафаккири бузург ва шахсияти ҷаҳонӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ вобастагии зич дорад. Муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии мардумони ду кишвар заминаҳои мусоиди робитаҳои Тоҷикистон ва Туркияро фароҳам овардаанд.

  Дар раванди сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия дар моҳи январи соли 2005 ва зиёрати оромгоҳи Мавлоно Балхӣ дар шаҳри Куния, масъалаи ҷашни 800-солагии шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ, ки дар соли 2007 ба нақша гирифта шуда буд, ба миён гузошта шуд. Ҷонибҳо омодагии худро барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтан иброз намуданд.

  Аз адибони турк Азиз Несин дар байни хонандагони точик бо ҳикояҳои ҳаҷвиаш, аз ҷумла “Арзи ҳол”, “Ҳамдӣ-фил чӣ тавр дастгир шуд”, “Фонус”, “Гиряам меояд” ва ғайраҳо шуҳрат пайдо кардааст. Бояд зикр намуд, ки рисолаи номзади илмҳои филологии муҳаққиқи тоҷик Шарифова Гулистон Амриддиновна ба мавзӯи “Тарҷумаи новеллаҳои Азиз Несин” бахшида шудааст.

  Дар баробари бисёр аз асарҳои адабиётшиносони турк, аз ҷумла Нозим Ҳикмат, Азиз Несин, Сабоҳаттин Алӣ, Гюнтекин Рашод Нурӣ, Урҳа Камол ва дигарон ба забонҳои тоҷикӣ тарҷума шуда, ба хонандагон пешниҳод гардидаанд.

  Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ҳунармандони тоҷик ба Ҷумҳурии Туркия чандин маротиба сафарҳои ҳунарӣ сурат гирифт. Дар моҳи сентябри соли 1995 ансамбли рақсии “Лола” барои муаррифии Тоҷикистон дар намоиши байналмилалӣ ширкат намуд. Ба ҳамин монанд, соли 1997 ансамбли рақсӣ-овозии “Ғунча” дар намоиши байналмилалии “Аспендоз”, ки дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор гардид, иштирок намуд. Гурӯҳи бадеии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар моҳи ноябри соли 1998 ҷиҳати иштирок дар намоиши байналмилалии “Хори Анкара” ба Ҷумҳурии Туркия сафари ҳунарӣ анҷом додааст.

  Бо вуҷуди он ки дар солҳои 2000-ум сафарҳои ҳунармандони тоҷик ба Ҷумҳурии Туркия ва сафари намояндагони ҳунар ва санъати Туркия низ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиш ёфта бошад, аммо дар моҳи октябри ҳамон сол бо ташаббуси сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе Осорхонаи миллии ба номи К. Беҳзод намоишгоҳҳои санъати тасвирӣ ва амалии рассомони Туркия баргузор гардид, ки минбаъд дар густариш додани ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар умед бахшид, қайд намудааст таърихшиноси тоҷик Шарофов Э.У.

  Дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи фароҳам омадани фазои мусоиди баргузории “Рӯзҳои фарҳангӣ” дар кишварҳои дуру наздик, хусусан дар Ҷумҳурии Туркия ҳунармандони боистеъдоди тоҷик ширкат намуда, фарҳанг ва санъати бойи миллати куҳанбунёди тоҷикро муаррифӣ намуданд.       

  Мисоли гуфтаҳои боло, 16 майи соли 2017 дар Донишгоҳи Ҳоҷитеппаи шаҳри Анкараи Ҷумҳурии Туркия намоиши байналмилалии донишҷӯён баргузор шуд. Дар доираи баргузории намоиши мазкур дар Гӯшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи асбобҳои мусиқии миллӣ, ки ба ҷашни “Рӯзи Шашмақом” бахшида шуд, доир гардид. Мавриди ёдоварист, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҳамасола дар таърихи 12 май “Рӯзи Шашмақом” таҷлил мегардад.

  Қайд кардан ба маврид аст, ки дар рушди муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Туркия баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Мавлоно васлгари халқҳо ва тамаддунҳо” бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) нақши намоён дорад. Баргузории Симпозиуми мазкур, ки бо мақсади таҳқиқ ва омӯзиши осори гаронарзишу пурмуҳтавои ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ бахшида шуд, осору афкори судманди ӯ на танҳо ба манфиати ду кишвар равона, балки ба ҷаҳониён низ баҳогузорӣ гардид.

  Дар доираи татбиқи “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, ҳайати кории кишвар таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода, 19 декабр ба шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия сафар намуда, дар ҳамоиши аввалини Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи сайёҳӣ ширкат намуданд. Абдуғаффорзода Н. барои ҷалби таваҷҷуҳи иштирокчиёни туркӣ маълумоти муфассал манзур намуд. Дар навбати худ Раиси Шӯрои тиҷоратии Туркия ва Тоҷикистон Маҳмут Эр таассуроти худро аз дидаҳояш аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба иштирокчиёни ҳамоиш нақл карда, Тоҷикистонро воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо ва меҳмоннавоз унвон кард. Дар охири суханҳояш ба иштирокчиёни ҳамоиши мазкур тавсия дод, ки аз Тоҷикистон боздид намоянд ва аз имкониятҳои фавқулоддаи сайёҳии он аз наздик шинос шаванд. Ҷониби Туркия ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат баҳои баланд дода, омодагии худро баҳри густариши ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия иброз намуд. Хотиррасон бояд кард, ки дар кори ҳамоиш намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ва намояндагони Вазорати фарҳанг ва туризми Ҷумҳурии Туркия, доираҳои сайёҳӣ, коршиносон ва намояндагони васоити ахбори ду кишвар ширкат намуданд.

  Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи телевизион ва радио тибқи созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи мазкур аз моҳи декабри соли 2012 сарчашма мегирад. Дар ин васила намояндагони соҳа аз ду ҷониб чандин вохӯриву мулоқотҳо анҷом доданд. 2-юми ноябри соли 2021 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл оид ба раванд ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилаи телевизон ва радиои ду кишвар мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқоти намояндагони ҷонибҳо дар масоили мубодила ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ҷиҳати вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радио, омода намудани мутахассисони пуртаҷриба дар риштаҳои гуногуни фаъолияти соҳаи телевизион ва радио, такмили тахассусии ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникӣ, ҳамчунин оид ба ташкил ва баргузории ҳамоишҳо, конференсияҳо ва дигар чорабиниҳои соҳавӣ табодули афкор намуданд. Дар фарҷоми мулоқот сафири Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе Эмре Зекӣ Карагёл қайд кард, ки ҷониби Туркия дар вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радио омодааст.

  Ҳамин тавр, муносибатҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар даврони соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои судманд дар ҳамкории миёни ду кишвар маҳсуб гардидааст. Ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҷониби Туркия дар ин ришта ба муваффақият ва дастовардҳои нав ноил гардиданд, ки барои таҳким ва густариши минбаъдаи муносибатҳои фарҳангӣ замина гузошт. Дар солҳои аввали ба даст оварани соҳибистиқлолӣ муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Туркия дар марҳилаи барқароршавӣ қарор дошт. Баъд аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ миёни тоҷикон ҳамкории ду кишвар дар соҳаи фарҳанг мунтазам ба эътидол омада, дар солҳои охир дар баробари дигар соҳаҳои ҳамкории мутақобила муносибати фарҳангӣ низ афзалияти хосаро соҳиб гардид.

 

                                                             Сарчашмаҳои истифодашуда: 

  1. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бахши Ҳамкориҳо. [Манбаи электронӣ]: https://vfarhang.tj/index.php/tj/fa-oliyat/amkori-o
  2. Дар Туркия нахустин форуми сайёҳии Тоҷикистону Туркия ва ҷаласаи комиссияи муштарак доир гардид. Манбаи электронӣ: https://tojikmatlubot.tj/dar-tyrkiia-nahystin-forymi-saie-ii-to-ikistony-tyrkiia-va-alasai-komissiiai-myshtarak-doir-gardid/ Санаи гузориш: 22.12.2019.
  3. Мавлоно – васлгари халқҳо ва тамаддунҳо. Симпозиуми байналмилалии илмӣ. Манбаи электронӣ: https://osiyoavrupo.tj/index.php/mavodhoi-ilmi/maqolaho/item/599-mavlono-vaslgari-khal-o-va-tamaddun-o санаи гузориш: 22.10.2018.
  4. Радиои Тоҷикистон. Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи телевизион ва радио дар мулоқоти Нуриддин Саид бо сафири Туркия. Манбаи электронӣ: https://radiotoj.tj/?p=12948 санаи гузориш: 03.11.2021.
  5. Рӯзи Шашмақом дар Анкара [Манбаи электронӣ]: http://vfarhang.tj/old/index.php?view=foreign-_news&link=ruzi_shashmakom_dar_ankara. Санаи гузориш: 28.10.2018).
  6. Шарифова Г.А. Таджикские переводы новелл Азиза Несина. Автореферат на соискание ученого степени кандидата филологических наук. Душанбе, 2007.- 22 с.
  7. Шарофов Э.У. История таджикско-турецкого сотрудничества. Душанбе: «Изд-во РТСУ», 2015.- с. 109

 

Салимов Акбар,

ходими калони илмии шуъбаи

Шарқи Миёна ва Наздик

БОЗГАШТ