АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ҲАМКОРИҲОИ ГУМАНИТАРИИ ХИТОЙ БО ҚИРҒИЗИСТОН

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Қирғизистон ва Чинро таърих ва фарҳанги чандинасра, ки аз замони Роҳи Бузурги Абрешим тӯл кашидааст, ба ҳам мепайвандад ва таърихи тӯлонии ҳамкории фарҳангӣ аз робитаҳои амиқи байни ду кишвар шаҳодат медиҳад, ки дар давраи истиқлолияти Қирғизистон боз ҳам мустаҳкамтар шуданд. Аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Қирғизистон ва Чин рӯзҳои фарҳангӣ ва сафарҳои гурӯҳҳои эҷодии Қирғизистон ва Чин баргузор мешаванд, ки имкон доданд бо анъанаҳои аслии фарҳангӣ ва мусиқии ду кишвар шинос шаванд. Гурӯҳҳои эҷодии Қирғизистон ва Чин дар шаҳрҳои гуногун (Бишкек, Ош, Пекин, Шанхай, Урумчӣ, Гуанҷоу) ҳунарнамоӣ карданд. Асарҳои рассомони ду кишвар дар пойтахти кишварҳо ба намоиш гузошта шудаанд, ки дӯстии мардуми ду кишварро наздиктар намуданд.
  Дар аввали соли 2018 дар самти рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ташрифи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С.Ш.Жеенбеков ба Маркази ҳунарии Намояндагии Пекин Тянкао барои тамошои опера дар асоси эпоси Манас ба забони чинӣ буд, ки он бори 10-ум дар саҳна аз рӯйи асари Юсуф Мамай ба намоиш гузошта шуд. Намоишнома махсус ба муносибати сафари Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии мардумии Чин пешбинӣ шуда буд [10].
  Дар муносибатҳои байналхалқӣ ташкили чорабиниҳои муштарак барои омӯзиши фарҳану таърихи миллатҳо саҳми арзанда мегузоранд. Дар ин робита, дар соли 2018 90-умин солгарди нависанлаи қирғиз Чингиз Айтматов бо ташаббуси Сафароти ин кишвар дар Пекин баргузор гардид. Ҳамчунон Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Бишкек низ чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву илмиро доир менамояд.
  Инчунин, яке аз рӯйдодҳои муҳими соҳаи фарҳанг ва варзиш дар муносибатҳои дуҷонибаи ин ду давлат ин чорабинии байналмилалии варзишӣ ва этномаданӣ мебошад, ки рӯзҳои 2-8 сентябри соли 2018 дар соҳили кӯли Иссиқкӯл - Бозиҳои сеюми ҷаҳонии кӯчманчиён баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии мардумии Чин фаъолона ширкат варзиданд [11].
  Ҷумҳурии мардумии Чин барои рушди равобити гуманитарӣ низ саҳм гузоштааст. Дар шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон бо грантҳои Ҷумҳурии мардумии Чин беморхонаи замонавии муҷаҳҳаз бо лабараторияҳои муосир бунёд гардиданд, ки дар кушодашавии он Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С. Жеенбеков ҳузур дошт. Ин бузургтарин муассисаи тиббии ҷарроҳӣ дар Осиёи Марказист, ки дар майдони 12,5 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир аст, ки барои 150 кат пешбинӣ шудааст [12].
  Ҷузъи асосии муҳим дар соҳаи ҳамкории башардӯстона ҳамкорӣ дар соҳаи маориф мебошад. Дар Қирғизистон шумораи хоҳишмандони фарҳанг ва таърихи Чин сол аз сол меафзояд ва рушди забони чинӣ фаъолона дастгирӣ карда мешавад, аз ҷумла, донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қирғизистон факултаҳои чиншиносӣ ва ҳамчунон 4 Институти Конфутсий бомуваффақият фаъолият мекунанд ва соли 2017 дар Бишкек як мактаби алоҳидаи миёна бо омӯзиши забони чинӣ кушода шуд. Ҳамзамон, дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии мардумии Чин зиёда аз 4 ҳазор шаҳрвандони Қирғизистон таҳсил менамоянд [13].
  Сирри дӯстии Қирғизистону Чин. Дар муносибати дуҷонибаи байни Қирғизистону Чин новобаста аз камбудиҳои ҷойдошта якчанд омилҳое вуҷуд доранд, ки барои рушди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар кӯмак мекунанд. Якум, муносибатҳои Қирғизистон ва Чин давомнок ва рушдёбанда ҳастанд. Қирғизистон ва Чин дар оғоз ба якдигар ҳамчун давлатҳои ҳамсояи дӯст муносибат мекарданд ва сипас моҳи майи соли 2018 ба сатҳи баландтарини ҳамкорӣ ин ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегӣ ва шарикӣ расиданд. Сониян, муносибатҳои Қирғизистон ва Чин заминаи мустаҳками қонунгузорӣ доранд. Савум, муносибатҳои Қирғизистон ва Чин ҳамаҷониба ва ё ҳамасамта мебошанд. Дӯстии ду кишвар дар ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, экологӣ, илмӣ, техникӣ ва таълимӣ инъикос ёфтааст. Сатҳи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар пайваста меафзояд. Ҳамин тариқ, Чин бузургтарин сармоягузор ба иқтисоди Қирғизистон мебошад. Чорум, муносибатҳои Қирғизистон ва Чин дар ҳамкории байниминтақавӣ ё байнишаҳрӣ зоҳир мегарданд. Вусъати ҳамкориҳои байниминтақавӣ саҳифаи нави муносибатҳои Қирғизистон ва Чин мебошад. Шумораи шаҳрҳо ва минтақаҳои ду давлат, ки дар байни худ муносибатҳои гарми бародарона ба роҳ мондаанд, меафзояд. [14]
  Ҳамкорӣ дар давраи пандемияи COVID-19. Вазъияти ба амал омадаи ҷаҳони муосир собит намуд, ки ҳеҷ кишваре дар танҳоӣ наметавонад ба зуҳуроти номатлуби ҷаҳони имрӯза мубориза барад. Барои натиҷагирӣ аз ҳамкориҳои даврони пандемия ҳоло вақт зарур буда, онро наметавон бо таври мунсифона хулосагирӣ кард, аммо метавон чанд нуқтаи муҳими ҳамкориҳоро ин ҷо қайд намуд. Дар моҳи марти соли ҷорӣ Сарвазири Қирғизистон дар ҷаласаи Парлумон қайд кард, ки Чин бо додани дорувориҳои дар табобати вирус омода аст. [15] Дар моҳи апрел бошад Вазорати тандуристии Ҷумҳурии Қирғизитсон эълон кард, ки аввалин гурӯҳи табибон аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба Қирғизистон, ҷиҳати расонидани ёрии амалӣ ва омӯзонидани пизишкони ватанӣ барои муолиҷаи беморони гирифтор ба COVID-19 ворид гардиданд [16]. Дар оғози моҳи апрел аввалин корвони ёриҳои башардӯстонаи Ҷумҳурии мардумии Чин ворид гардид. Аз тарафи Чин ба ҷониби Қирғизистон 21 ҳазор намунаи тестҳои тезомодашаванда ва дигар васоили тиббӣ тақсим карда шуданд. Дар моҳи апрел корвони дуюми ёриҳои башардӯстони Чин ба Қирғизистон ворид гардид. Ҳамзамон дар моҳи август корвони дигари ёриҳои гуманитарӣ ба қаламрави Қирғизистон ворид гардидиданд.[17].
  Муносибатҳои бисёрҷониба. Як самти хеле муҳими ҳамкорӣ бо Чин дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад. Қирғизистон ва Чин дар доираи ин Созмони минтақавӣ, ки як платформаи хуби муколамаи сиёсӣ ва рушди ҳамкорӣ дар қариб дар ҳама ҷабҳаҳои амният, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ мебошад, бомуваффақият ва самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. Яке аз рӯйдодҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С.Ш.Жеенбеков ба Пекин ва иштирок дар Саммити Созмони Ҳамкории Шанхай аз 6 то 10 июни соли 2018 буд. Ин сафар дар таърихи муносибатҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин саҳифаи нав кушод, ки натиҷаи асосии сиёсии он имзои Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин дар бораи барқарор намудани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ буд. [18] Ҳамчунон нақши Созмони Ҳамкории Шанхай дар рушди муносибатҳои амниятиву сиёсӣ ва фарҳангиву иқтисодии давлатҳои аъзо хеле калон аст. Дар доираи ин Созмон Чин ва Қирғизистон муносибатҳои дуҷонибаро дар сатҳи нисбатан баланд амалӣ намуда истодаанд. Чи тавре ки аз мақсадҳои Созмон маълум аст, яке аз вазифаҳои ин муборизаи якҷоя нисбат ба терроризм, экстремизм ва сеператизм мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар доираи ин созмон муносибатҳои ин ду кишвар дар ҳоли рушд ҳастанд. Дар доираи созмонҳои дигари минтақавию байналмиллалӣ муносибатҳои мутақобилан судманд ба роҳ монда шудаанд.
  Дурнамои ҳамкориҳо. Таҳлилҳои анҷомдода шаҳодат аз он медиҳанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Чину Қирғизистон рӯз то рӯз дар ҳоли густариш ҳастанд. Дар натиҷаи таҳқиқиоти кутоҳ маълум карда шуд, ки дар айни замон ду механизм ё гурӯҳи корӣ байни Қирғизистону Чин мавҷуд аст, инҳо гуруҳи кории байни Кумитаи иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии мардумии Чин ва гурӯҳи дигари корӣ ин гурӯҳи кории “KR-CUAR” мебошанд, ки дар баланд бардоштани сатҳи муносибатҳо саҳм мегузоранд. Аз ин рӯ, беҳтар мебуд дар солҳои минбаъда ба эҷоди механизмҳои нав диққат дода шавад, яъне кумитаҳои доимии ҳамкориҳо таҳти сарварии муовинони сарвазирони ду кишвар ва зеркумитаҳо дар сатҳи шуъбаҳо (гумрук, савдо, мақомоти корҳои дохилӣ, фарҳанг ва ғ.) ташкил карда шаванд. Ҳамчунин барои рушди ҳамкориҳо, ошноӣ пайдо кардан бо фарҳангу таърихи ғании мардумони ин сарзаминҳо ва саҳм гузоштан дар таъмини амнияти экологии ин минтақа, ду кишвар бояд ҳамкории мутақибилан судмандро дар соҳаҳои туризм ва экологӣ ба роҳ монанд, ки ба нафъи ҳарду ҷониб ҳоҳад буд.

Ҳабибҷон Мирзоев
Ходими пешбари илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ