АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОНУ ФРАНСИЯ ДАР ДОИРАИ “MEDEF INTERNATIONAL” ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Франсия шарики муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Франсия дар арсаҳои сиёсию дипломатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, фарҳангӣ, илмӣ, таҳсилотӣ, сайёҳӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ба таври мунтазам ва самаранок ҷараён доранд.
30 соли робитаҳои мутақобила байни Тоҷикистону Франсия, ки аз нигоҳи таърих муддати начандон тӯлонист, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ташаккул ва густариши фарогири ҳамкориҳои тарафайн то ба марҳилаи кунунӣ бар пояи дӯстиву рафоқат, шарикии боэътимод, дастгирии мутақобила ва эҳтироми манфиатҳои миллии якдигар асос ёфтааст. Дар ин давра силсиласафарҳои расмиву кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Франсия (солҳои 2002, 2005, 2015, 2019 ва 2021) доир гардиданд, ки ин дар маҷмӯъ ба густариши муносибатҳои байнидавлатии ду кишвари ба ҳам дӯст дар бахшҳои мухталиф саҳми бориз гузошт.[1] Албатта, яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Франсия ин густариши робитаҳои иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Айни замон, дар Тоҷикистон 25 ширкати хурду бузурги фаронсавӣ дар соҳаҳои авиатсия, энергетика (аз ҷумла гидроэнергетика), кишоварзӣ, электротехника, савдои дистрибюторӣ, сохтмони инфрасохтор ва муҳандисию машваратӣ дар солҳои гуногун фаъолият менамоянд.
Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Франсияро метавон дар доираи «MEDEF International (намояндаи тиҷорати Франсия дар ҷаҳон) низ мушоҳида кард. Аз ин рӯ, фаъол гардидани Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Франсия ва ассотсиатсияи ширкатҳои MEDEFI France ҳамчун имкони муҳими густариши ҳамкориҳо дар арсаи тиҷоративу иқтисодӣ маҳсуб меёбад.
Моҳҳои апрел ва ноябри соли 2015 мутаносибан ҳайати роҳбарони Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Франсия “МЕДЕФ Интернейшнл” бо гурӯҳи иборат аз 20 соҳибкори бонуфузи фаронсавӣ ва ҳайати кишварамон зери сарварии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба пойтахтҳои якдигар сафарҳои корӣ анҷом дода, дар ин давра Шӯрои соҳибкорони Франсия-Тоҷикистон таъсис ёфт. Натиҷаи таъсиси ин Шӯро дар он аст, ки қариб ҳар сол дар пойтахтҳои ду давлат бо иштироки соҳибкорони тоҷику фаронсавӣ ҷаласаҳои Шӯрои соҳибкорон пурмаҳсул барпо мегардад.[2]
Бо назардошти суръати рушди равобити тиҷории Тоҷикистону Франсия метавон ба хулосае омад, ки имзо ва татбиқи минбаъдаи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба мусоидат ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба афзоиши онҳо бештар мусоидат кардааст. Агар соли 2002 ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар ҳамагӣ 400 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод, пас дар соли 2003 он ба 1,1 миллион доллар ва дар соли 2005 ин рақам 3,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ҳарчанд дар соли 2012 ин нишондиҳандаи иқтисодӣ ночиз буд – 4,4 миллион доллари ИМА, ҳаҷми муомилоти мол дар соли 2013 нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 4,2 маротиба афзуда, 18,6 миллион доллари амрикоиро ташкил дод [19]. Аммо гардиши мол миёни ду кишвар дар солҳои ахир коҳиш ёфта, дар соли 2019 5,8 миллион доллар ва дар соли 2020 (соли сар задани пандемияи COVID-19) 6,6 миллион доллари амрикоиро (тақрибан се баробар коҳиш ёфтааст) ташкил дод. то 2013). Тоҷикистон умдатан аз Франсия коло ворид мекунад. Ба таркиби молҳое, ки аз Франсия ба Тоҷикистон оварда мешаванд, таҷҳизоту асбобҳои механикӣ, мошинҳои электрикӣ, инчунин ба миқдори ками равғанҳои эфир ва резоноидҳо, асбобу аппаратҳои оптикӣ, доруворӣ, пайвастагиҳои химиявии органикӣ ва дигар маҳсулоти химиявиро дар бар мегирад.[3]
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии сармоягузории Франсия ба иқтисоди Тоҷикистон аз соли 2007 то соли 2020 101 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Ҳамин тариқ, метавон қайд кард, ки муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия ба ҳисоб мераванд, зеро ҳар ду кишвар барои афзоиши ҳаҷми молу маҳсулот ва ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ имконоти бузург доранд. Дигар ин ки, Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва саноатӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва таъсиси корхонаҳои муштараки фаронсавӣ манфиатдор аст. Аз ҷиҳати дигар, Франсия дар таҷдиди инфрасохтори фурудгоҳ ва аэронавигатсия, дар рушди энергетика, хатҳои барқ, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бо Тоҷикистон ҳамкории босамар дорад.
 
Ашуров Ардамеҳр,
ходими пешбари  илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка
 
[1] Un regard sur les 30 ans de relations diplomatiques entre le Tadjikistan et la France...https://www.mfa.tj › view.
[2] Франция и Таджикистан развивают бизнес-сотрудничество. https://pressa.tj› frantsiya-i-tadzhikistan-razvivayut-biz
[3]Отношения Таджикистана с Францией [Электронный ресурс]//Официальный сайт МИД Республики Таджикистан. URL: https://mfa.tj/.../177/otnosheniya-tadzhikistana-s-frantsiei.
 

БОЗГАШТ