АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИЮ ГУМАНИТАРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКИЯ

Муаллиф: Турсунов Ҳусен

Расм

Ҳамкориҳои иқтисодӣ, яке аз муҳимтарин унсурҳои муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки кишварҳоро дар меҳвари худ ба ҳам мепайвандад. Зеро яке аз мақсадҳои асосии давлатҳо дар замони муосир, ин расидан ба нуқтаи охирини рушди устувор ва таъмини пешравии иқтисодӣ ба шумор меравад. Ин ҳам бошад дар шароити замони муосир барои давлатҳое, ки бо ин мақсад сиёсати худро дар арсаи байналмилалӣ пеш бурдан мехоҳанд бидуни густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо дигар кишварҳо ва табоддули молу моҳсулот, сармоягузорӣ ва дар ин чорчӯба дар миёни ҳамдигар ҷорӣ намудани кӯмакҳои моддию техникӣ имконнопазир мебошад. Яъне метавон қайд намуд, ки тавссути додугирифти тиҷоратӣ кишварҳо метавонанд раванди тараққиёти худро тезонида дар айни замон ҳамкориҳои худро бо дигар давлатҳо тақвият бахшанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз рӯзҳои аввали расидан ба соҳибистиқлолӣ ва таъсис додани сохтори сисёсати хориҷии худ бо дигар кишварҳо, инчунин бо онҳо ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва роҳҳои густариш додани онро яке аз мақсадҳои асосии худ қабул карда буд ва то имрӯз низ робитаҳои иқтисодию сармоягузории хориҷӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсуси худро доро мебошад. Дар ин росто қобили қайд аст, ки то имрӯз дар ин самт Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст ва рӯз то рӯз барои фароҳам овардани шароити мусоид дар Тоҷикистон баҳри сармоягузорон ва шарикони иқтисодие, дар инҷо кору фаъолият мекунанд, қонуну қарорҳои нав ба нав қабул шуда истодааст. Махсусан дар чорҷӯбаи Сртатегияи Миллии рушд барои то соли 2030 ва илова бар ин ҷиҳати иҷро шудани “ҳадафи чоруми миллӣ-саноаткунонии босуръати кишвар” инчунин эълон шудани “2022 – 2026 солҳои рушди саноат” ба исҳесолкунандагон, сармоягузорон ва тоҷирони хориҷӣ як қатор афзалиятҳо пешниҳод карда шудааст.

Ҷумҳурии Туркия аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷик ҳамчун як кишвари дӯсту бародар эътироф карда шудааст. Зеро, чи гунае ки таърих гувоҳ аст, ин ҳарду миллат дорои пайвандҳои ногусастанӣ ва мероси муштараки таърихӣ мебошанд, ки онҳоро фарзандони нобиғаи тоҷик аз ҷумла Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Низомулмулк, Имом Абуҳанифа ва ғайра ба ҳам пайванд месозанд.

Ин буд, ки аз рӯзҳои аввал, ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Туркия баъд аз чандинсолаҳо бидуни ягон мамонеъ ташаккул дода шуд. Ва ин ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун то имрӯз бо ҷаҳду талоши бевоситаи ҳукумати ҳарду кишвар ва ҷалби ҳамаи имкониятҳои мавҷудаи тарафайн дар ин самт, густариш ёфта истодааст.

Робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ бошанд, яке аз самтҳои муҳим ва фарогири ҳамкориҳои тарафайн ба ҳисоб мераванд. Зеро ҷонибҳо аз рӯзи аввал барои густариши ин самтҳо диққати бештар зоҳир намуда буданд.

Бо дар назардошти таҳаввулотҳо ва вазъи кунуни ҷаҳон ва минтақа, тақвият бахшидани робитаҳои иқтисодӣ ба манфиати ҳарду кишвар мебошад, ки инро чунин шарҳ додан мумкин аст: Тоҷикистон дар баъзе самтҳо, хусусан дар саноати сабуку вазнин ва инноватсиякунонии соҳаҳои мухталифи кишвар ба ҷалби технологияи баландсифат ва нархи наонқадар гарондошта эҳтиёҷ дорад ва мушкилоти худро тавссути густариш додани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Туркия бартараф кардан мехоҳад. Аз ҷониби дигар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин роҳ кӯшиш менамояд, ки пайвандҳои иқтисодию тиҷоратии худро бо кишварҳои Аврупоӣ аз тариқи қаламрави Туркия ба роҳ монад.

Густариши робитаҳои иқтисодию гуманитарӣ барои Туркия низ аз манфиат холӣ нест. Зеро, ки Ҷумҳурии Туркия дар раванди ғасбшавии бозори калонҳаҷми Осиёи Марказӣ аз ҷониби давлатони абарқурдат бенасиб будан намехоҳад. Ва густариши ҳамкориҳои иқтисодию гуманитарӣ бо Тоҷикистон ба Туркия имкон фароҳам меоварад, то ин ки дар ин минтақа ҳам аз ҷиҳати иқтисодию сармоядорӣ ва ҳам аз ҷиҳати таблиғу тарғиби фарҳангу ойини туркӣ ба худ ҷойгоҳи махсусро касб намояд.

Ин буд, ки соли 1993 аввалин ҳамкориҳои иқтисодӣ зери муҳокимаи тарафайн қарор гирифт ва 8 - уми апрели ҳамин сол “Созишнома барои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ” миёни ҳарду кишвар ба имзо расонида шуд [3]. Дар айни замон тибқи моддаи IX – и ҳамин созишнома “Комиссияи муштараки иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Туркия” таъсис дода шуд, ки ин комиссия то имрӯз 12 нишасти худро барпо намудааст.

Инчунин дар ҳамин сол “Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Экзимбонки Туркия барои додани қарзи молияӣ ба миқдори 50 млн. доллари США” дар шаҳри Анқара ба имзо расид. Дар ин асос содироти равған, шакар, техника ва таҷҳизотҳои саноатӣ, доруворӣ ва дигар намуди молу маҳсулот сармоягузорӣ карда мешуд. То имрӯз дар чорчӯбаи ҳамкориҳои иқтисодӣ навсозии Фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе ва Кӯлоб ба маблағи 8 милион доллари амрикоӣ, таъмири агрегадҳои нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва ба истифода додани хати телефонҳои хонагӣ барои 2500 истифодабаранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Туркия ба анҷом расонида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бори охир соли 2013 аз Ҷумҳурии Туркия дидан намуда, ҳангоми ин сафар аз ҷониби Ректори Донишгоҳи Мавлонои дар шаҳри Кония буда бо унвони фахрии Доктор сарфароз гардонида шуд. Дар ин боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуми тиҷоратие иштирок варзид, ки дар он зиёда аз 700 соҳибкорон ширкат доштанд. Дар ин форум аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳибкорону тоҷирон як қатор имкониятҳо пешниҳод гардид, ки ин ҳам фаъолияти соҳибкорону сармоядоронро оссонтар ҳам дар рушди соҳаҳои гунонгун дар кишварамон манфиатовар буд. Натиҷаи ҳамаи ин кӯшишу талошҳои тарафайн буд, ки ҳаҷми тиҷорати тарафайн дар охири соли 2013 ба 655 млн. доллари америкоӣ расид, ки дар таърихи ҳамкории тиҷоратии ду кишвар то имрӯз ҳамчун нишондоди рекордӣ боқӣ мондааст. Дар соли 2020 бошад новобаста аз таъсири манфии пандемияи COVİD -19 ба иқтисод ва гардиши молу маҳсулот дар байни кишварҳо, гардиши молу маҳсулот дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия нисбат ба соли пешин 17% зиёд шуда ба ҳаҷми 323 милион доллари америкоӣ расид.

Дар заминаи рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии миёди ду кишвар то имрӯз дар Тоҷикистон як чанд корҳонаҳои истеҳсолию хизмартасонӣ ба таври муштарак бунёд карда шудаанд, ки калонтарини онҳо Акиа – авесто отомотив индастрий, Кока – Колла – Нӯшокиҳои Тоҷикистон ва ғайра мебошанд.

Илова бар ин дар Тоҷикистон бо маблағгузории пурраи соҳибкорони турк як қатор ширкату корҳонаҳое, ки самти фаъолияташон гуногун мебошад таъсис дода шудаанд, ки калонтарини онҳо “Бурсел Ҳолдинг”, “Кайнак”, “Анка” ва ғайра мебошанд.

Дар давоми 20 соли охир ширкатҳои сохтмонӣ ва саонатии туркӣ зиёда аз 120 лоиҳаро дар ҳаҷми 600 млн доллари ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонидаанд. Дар айни ҳол бошад зиёда аз 80 ширкатҳои туркӣ дар соҳаҳои гуногун алалхусус саноати вазнин ва сабук, текстил ва ғайра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти озоди худро ба роҳ монда истодаанд.

Ҳамаи инҳо дар навбати худ аз як тараф ба баланд шудани сатҳи зиндагии омма, дастрасии аҳолӣ ба молу маҳсулот ва хизматрасонии босифат аз тарафи дигар бошад ба паст шудани сатҳи бекорӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

Ҳаҷми сармоягузорӣ аз ҷониби Туркия дар солҳои 2007 – 2020 бошад 221,7 млн. доллари амрикоӣ ва ё худ 2%- и хизматрасонии молиявӣ, саноат ва савдоро ташкил медиҳад. Дар соли 2021 бошад сармоягузоории Туркия – 25,2 млн. доллари амрикоӣ худ 7,4 фоизи сармояи хориҷиро ташкил медиҳад, ки асосан ба истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, истеҳсоли обҳои минералӣ ва дигар обҳои зарфшуда, истеҳсоли мошинҳо ва таҷҳизотҳои таъйиноти умумӣ равона карда шудааст. Бояд тазаккур дод, Ҷумҳурии Туркия аз миёни сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон дар соли 2018 ҷойи 2- юм ва дар соли 2019 бошад ҷойи 4 -умро касб намуда буд. Ин дар айни замон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шароит ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар кишвари мо рӯз от рӯз хуб шуда истодааст ва аз тарафи дигар бошад, ҳам ҳукумати Тоҷикистон ҳам ҳукумати Туркия ва ҳам соҳибкорони Туркия барои қавитар намудани ҳамкориҳои дуҷониба ба бештар намудани самарранокии он ба манфиати миллии ҳар ду двалат мусоидат намуда истодаанд.

Аз рӯи нишондодҳои омории соли 2020 ҳаҷми тиҷорат дар байни ду кишвар 323 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба як соли пешин 17% фоиз зиёд мебошад. Тоҷикистон аз Туркия маҳсулотҳои саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, озуқаворӣ, таҷҳизотҳои гуногун ва пӯшокаро ворид намуда, ба Туркия алюминий, абрешим ва пахтаи коркардкардашуда, равғанҳои саноатӣ ва пӯсту чарм содир менамояд. Дар соли 2021 ба Тоҷикистон муяссар гардид, ки ҳаҷми содиротро нисбат ба воридот зиёд намуда, мувозинати савдои хориҷиашро бо Туркия хуб нигоҳ дорад.

Робитаҳои гуманитарӣ. Дар радифи густариши робитаҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар инчунин ҳакориҳои гуманитарӣ ва роҳандозӣ намдудани кӯмакҳои башардӯстона дар миёни Тоҷикистону Туркия рӯз то рӯз ба худ шакли фаррохтареро касб намуда истодааст. Дар ин самт бошад, асосан саҳми ҷониби Туркия хеле назаррас мебошад. Зеро Ҷумҳурии Туркия бо таъсис додани дафтарҳои кории ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатии туркӣ дар Тоҷикистон, ки самти фаъолияти онҳоро кӯмакҳои гуманитарӣ ташкил медиҳад, кӯшиш ба ҳарҷ дода истодааст, ки то ҷойе, ки имкониятҳои мавҷудаи ин кишвар даст медиҳанд, ба тоҷикистониён дасти кӯмаки худро дароз намояд.

Дафтари “Агентии Туркӣ оид ба Ҳамкорӣ ва Рушд” (TİKA) яке аз ниҳодҳои давлатии Туркия ба ҳисоб меравад, ки дар соли 1991 барои пиёда кардани сиёсати нарми ин кишвар ва бо ин восита дар раванди азнавбақароркунии мезанизмҳои давлатӣ ва таъсиси инфрасохтори соҳаҳои гунонун дар давлатҳои навтаъсиси Осиёи Миёна ва дигар давлатҳое эҳтиёҷ ба дастгирии моддию техникӣ доранд таъсис дода шудааст. Дафтари ин ниҳод дар Тоҷикистон бошад соли 1996 ба фаъолияти худ оғоз намуд. Бинобар маълумоти додаи - сухангӯи дафтари TİKA дар шаҳри Душанбе Азимҷон Ҳаитбеков, ин ниҳоди туркӣ барои саҳмгузор будан дар пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то соли 2021 зиёда аз 400 лоиҳаҳоро ба маблағи зиёда аз 30 миллион доллари амрикоӣ дар соҳаҳои гуногун алалхусус тандурустӣ, маориф, илм, кишоварзӣ, обёрикунӣ, таҷҳизотонидани ниҳодҳои давлатӣ ва таъминоти инфрасохтории онҳо, ба роҳ мондани курсҳои омӯзишӣ барои кормандони соҳаҳои гуногун ва ғайра дар манотиқҳои гуногуни кишварамон амалӣ кардааст.

 

Турсунов Ҳусен,

ходими хурди илмии шуъбаи

Шарқи Миёна ва Наздик

 

БОЗГАШТ