ҲАМКОРИҲОИ ИЛМИВУ ТЕХНИКИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БО МУАССИСАҲОИ ИЛМИЮ ТАЪЛИМИИ ЯПОНИЯ

Муаллиф: Рухшона Азизхонова

Расм

     Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму технология, ҳамкории илмӣ ба яке аз омилҳои муҳими рушди устувори иқтисодиёти миллӣ табдил ёфтааст. Давлатҳо ва созмонҳое, ки ба таҳким ва тавсеаи равобити илмӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, дар муқоиса бо дигарон аз лиҳози рақобатпазирӣ, навоварӣ ва рушди захираҳои инсонӣ бартарии назаррас доранд.

     Ҳамкории илмӣ метавонад дар сатҳҳои гуногун амалӣ гардад: байни муассисаҳои илмӣ ва истеҳсолӣ, байни донишгоҳҳо ва марказҳои тадқиқотӣ, ва инчунин байни кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ. Ҳар яке аз ин шаклҳои ҳамкорӣ дорои аҳамияти вижа буда, метавонад дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисод таъсири мусбат расонад.

     Яке аз самтҳои калидии чунин ҳамкорӣ рушди иқтисоди донишбунёд мебошад. Дар шароити иқтисоди анъанавӣ, истеҳсолот асосан ба захираҳои моддӣ такя мекард, дар ҳоле ки дар иқтисоди муосир, дониш ва технология мавқеи марказӣ доранд. Барои ҳамин, робитаи мустаҳками байни муассисаҳои таҳқиқотӣ ва бахши иқтисодиёт зарур аст, то натиҷаҳои илмӣ дар амал татбиқ шаванд.

     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ солҳои охир ба масъалаи ҳамкории илмӣ диққати бештар дода мешавад. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва ҳамчунин бо шарикони хориҷӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО, Бонки Ҷаҳонӣ, JICA ва дигарон, лоиҳаҳои гуногуни илмӣ-амалӣ амалӣ мекунад. Ин гуна ҳамкориҳо ба рушди соҳаҳои муҳими миллӣ – аз ҷумла кишоварзӣ, энергетика, муҳити зист ва тандурустӣ – мусоидат менамоянд.

     Барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ зарур аст, ки давлат ба таҳким ва ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд. Чунин сиёсати илмӣ бояд дастгирии молиявии муассисаҳои илмӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолиятҳои таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ, инчунин татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар иқтисодро фаро гирад.

      Дар баробари ин, низоми таҳсилот бояд ба омода намудани мутахассисони баландихтисос дар самтҳои муҳими илм ва технология равона карда шавад. Робитаи зичи донишгоҳҳо бо бахши истеҳсолот ва бозори меҳнат барои таъмини устувории иқтисод ва рушди инсонӣ аҳамияти хоса дорад.

     Умуман, ҳамкории илмӣ на танҳо омили рушди иқтисодиёт аст, балки асоси таъмини амнияти илмӣ-техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Танҳо тавассути рушди илм ва ҳамгироии он бо соҳаҳои воқеии иқтисод метавон ба ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ расид.

     Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки масъалаҳои тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди устувор аҳамияти глобалӣ пайдо кардаанд, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм ва технология ба як унсури муҳими рушди миллӣ ва минтақавӣ табдил ёфтаанд. Аз ҷумла, ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Япония дар доираи барномаи байналмилалии тадқиқотии SATREPS (Science and Technology Research Partnership for Sustainable Development) намунаи равшани шарикии стратегӣ ба шумор меравад. Ин ҳамкории илмиву техникӣ, ки аз соли 2022 оғоз шудааст ва то соли 2027 идома хоҳад ёфт, аввалин лоиҳаи муштарак миёни ду кишвар мебошад ва барои ҳалли мушкилоти муҳити зист ва энергетика тавассути истифодаи илм ва технологияи муосир нигаронида шудааст.

Мақсад ва аҳамияти лоиҳа.

     Лоиҳаи iTAG-SATREPS бо унвони "Татбиқи низоми насоси гармии геотермалӣ (НГГТ) дар минтақаҳои камоб ва хушк барои таъмини устувори энергия" пешбишӣ шуда, дар шаҳри Душанбе намунаи он татбиқ гардида истодааст. Ҳадафи асосии он истифодаи захираҳои геотермалӣ барои эҷоди як низоми муосири гармидиҳӣ ва хунуккунӣ мебошад, ки на танҳо ба коҳиши вобастагӣ аз манбаъҳои анъанавии энергия (чӯб, ангишт ва газ), балки ба кам кардани партовҳои гази карбон мусоидат мекунад.

Лоиҳа таҳти роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ Қодиров А.С. амалӣ гардида истодааст.

     Ин лоиҳа дар баробари таъсири мустақим ба беҳбудии муҳити зист, инчунин дорои аҳамияти стратегии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Таъмини устувори энергия, махсусан дар фасли зимистон, ки мушкилоти гармидиҳӣ дар Тоҷикистон хеле ҷиддӣ мешавад, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва коҳиши фишор ба захираҳои табиӣ мусоидат мекунад.

Самтҳои асосии ҳамкорӣ.

     Таҳия ва татбиқи низоми НГГТ: Дар асоси таҷрибаи Япония, як системаи пилотии насоси гармии геотермалӣ барои шароити иқлимии Тоҷикистон таҳия ва озмоиш мешавад. Барои ин мақсад, як маркази намоишии технологии НГГТ дар кишвар сохта мешавад, ки ҳамчун намуна барои густариши минбаъдаи он дар дигар минтақаҳо хизмат хоҳад кард.

     Таҳияи харитаҳои иқтидори геотермалӣ: Барои истифодаи самараноки захираҳои гармии зери замин, харитаҳои махсуси иқтидори геотермалӣ барои шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар таҳия мешаванд. Ин харитаҳо барои муайян намудани маконҳои мувофиқ барои татбиқи технологияи НГГТ кӯмак мерасонанд.

      Таҳкими иқтидори илмӣ ва таълимӣ: Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини лоиҳа омӯзиш ва тайёр кардани мутахассисони маҳаллӣ мебошад. Ин раванд дар ҳамкорӣ бо Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои навини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад. Якчанд донишҷӯ ва муҳаққиқон аз Тоҷикистон имконият пайдо карданд, ки таҳсилоти магистратура ва докториро дар муассисаҳои олии Япония идома диҳанд.

     Ин мутахассисон баъди анҷоми таҳсил бо донишу таҷрибаи муосир ба кишвар баргашта, дар рушди соҳаҳои энергетика ва муҳити зист саҳм мегузоранд.

      Тарҳрезии сохторҳои институтсионалӣ: Барои истифода ва густариши босамари технологияи НГГТ, дар доираи лоиҳа сохторҳои дахлдори идорӣ ва меъёрии миллӣ таҳия ва муқаррар карда мешаванд. Инчунин, ба масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ, дастгирии молиявӣ ва татбиқи сиёсати энергетикаи сабз таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Шарикони лоиҳа.

Дар татбиқи лоиҳа аз ҷониби Япония муассисаҳои зерин фаъолона иштирок доранд:

- Донишгоҳи Акитаи Япония (Akita University);

- Оҷонси илм ва технологияи Япония (JST);

- Оҷонси ҳамкории байналмилалии Япония (JICA);

Аз ҷониби Тоҷикистон ин лоиҳа бо иштироки сохторҳои зерин роҳандозӣ мешавад:

- Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ;

- Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷукмҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷукмҳурии Тоҷикистон;

Натиҷаҳои интизоршаванда ва аҳамияти минтақавӣ.

     Татбиқи комёбии лоиҳаи SATREPS метавонад намунаи амалии татбиқи технологияҳои сабз дар шароити кишварҳои рӯ ба рушд гардад. Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бойи табиӣ ва иқтидори илмӣ мебошад, бо ин роҳ метавонад ба як кишвари намунавӣ дар татбиқи энергетикаи барқароршаванда дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.

     Инчунин, таҷрибаи ҳосилшуда метавонад дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон, мутобиқ ва татбиқ гардад. Ин лоиҳа на танҳо ба рушди технология ва коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим кӯмак мерасонад, балки равобити дипломатӣ ва фарҳангии ду кишварро низ таҳким мебахшад.

Хулоса.

     Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии Япония дар доираи лоиҳаи SATREPS на танҳо қадаме муҳим дар роҳи рушди илми миллӣ ва таҳкими имконоти илмии кишвар мебошад, балки намунаи беҳтарини шарикӣ ва ҳамдигарфаҳмии байналмилалӣ низ маҳсуб мешавад. Ин ҳамкориҳо метавонанд ҳамчун заминаи густариши минбаъдаи муносибатҳои илмӣ, техникӣ ва таълимӣ хизмат кунанд, ки ба рушди устувор ва амнияти энергетикии Тоҷикистон дар солҳои оянда мусоидат менамоянд.

Рухшона АЗИЗХОНОВА

ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои  АМИТ

БОЗГАШТ