АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҳамкориҳои Ҳиндустону Осиёи Марказӣ: имконот ва чолишҳо

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ё Ҷануби Осиё аз минтақаи муҳими стратегӣ маҳсуб мешавад, ки бо кишварҳои бо иқтидори минтақавӣ, ташаббускору созандаи худ ба мисли Ҳиндустону Покистон дар ҳалли масоили гуногуни минтақа ва ҷаҳон нақш мебозад. Минтақа бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон равобити хубу ҳасана дошта, дар эҷод ва рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ муштаракона бо ҳам ҳамкорӣ доранд.   Робитаи Ҳиндустон бо Осиёи Марказӣ тақрибан ба асри III пеш аз милод рост омада, ҳарду ба воситаи Роҳи Абрешим, ки на танҳо ҳамчун воситаи ҳамлу нақли мол хидмат мекард, балки ба нашру таблиғи андешаву ақидаҳои фалсафӣ, динӣ ва тафаккурро мусоидат мекард, пайванди қадимӣ доранд. Тоҷикистон дар тӯли 30 соли истиқлолият тавонист ҳамкориҳои худро бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ хуб роҳандозӣ намуда, дар самтҳои гуногун созишномаҳо ба имзо расонад. Ҳамин тариқ, 27 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин саммити сарварони кишварҳои “Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон”, ки таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Моди дар шакли видеоӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Дар интиҳои сухани худ Президенти Тоҷикистон, зимни ёдоварӣ аз таҷрибаи азими ҳамкориҳои бисёрҷонибаи созандаи кишварҳои минтақа, бахусус дар доираи СММ, СҲШ, МҲТБО, муҳим будани рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои минтақаро дар чорчӯби “Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон” таъкид карданд.
Ҳамин тавр, санаи 10 феврали соли 2022 бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкори бо Ҷиндал Глобал Юниверситӣ-и Ҳиндустон, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ-и Қирғизистон ва Донишгоҳи байналмилалии иқтисодӣ-и Ӯзбекистон ва Донишгоҳи Алфоробӣ-и Қазоқистон мизи мудаввари илмии маҷозӣ ба муносибати ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар таҳти унвони «Ҳамкориҳои Ҳиндустону Осиёи Марказӣ: имконот ва чолишҳо» олимон ва коршиносон аз донишгоҳҳои мазкур ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиёи ва Аврупои АМИТ фаолона ширкат варзида, масоили гуногунро мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор доданд.
Мизи мудаввар корашро бо бахшҳо оғоз кард, ки дар қисмати аввали он ҳамкориҳои Ҳиндустон бо Осиёи Марказӣ аз нигоҳи коршиносон аз ҷумла, Доктор Анита Сангупта-директори масоили ҷаҳонии Осиё дар шаҳри Калкутта оиди интеграсия ва ҳамкориҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ сӯханронӣ кард. Ҳамин тавр, коршинос Панчук Стобдан аз Деҳлии нав низ оиди ҳамкориҳои статерегии Ҳиндустон бо Осиёи Марказӣ хело хуб маъруза кард, ки ҷанбаҳои гуногунии масоили муҳими равобитро дарбар мегирифт. Суханронии Панчук Стобдан шомили таҷрибаҳои ҳамкориҳо миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ буданд, ки мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтанд.
Дар ин зимн, доктор Мино Сингҳ Рой роҳбари маркази омӯзиши минтақаи Аврупо ва Ғарби Осиё, доктор Роман Могилевский аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, доктор Татяна Белоусова ва доктор Скирам Чаулия мудири равобити хориҷии донишгоҳи Ҷиндал Глобал Юниверситӣ-и Ҳиндустон маърӯза карданд.
Ҳамин тариқ, масоили амниятии минтақавӣ дар бахши дувум мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки дар он маърӯзаҳои доктор Улуғбек Хасанов аз Ӯзбекистон, доктор Лайла Деловарова аз Донишгоҳи Алфоробии Қазоқистон ва профессор ва мудири маркази афғонистоншиносӣ Рагав Шарма Ҷиндал Глобал Юниверситӣ-и Ҳиндустон шунида шуданд.
Аз ҷониби Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ олимон ва коршиносону ходимони илм аз ҷумла, донишманд ва коршиноси масоили сиёсӣ Мирзоев Н.Б, коршиноси масоили Осиёи Ҷанубӣ Раҳмонов М., фарҳангшиноси масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Ҳиндустон Душанбиева Н., афғонистоншинос Судуров Сайидалӣ ва дигар ходимони шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ иштироки фаолона доштанд.
Бояд қайд кард, ки мақсаду ҳадафи ин конфронси маҷозӣ ҷамъ овардани академикҳо ва дипломатҳои Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баҳси ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои минтақавӣ, нишон додани мушкилоти мавҷуда ва имкониятҳо ташкил ва фароҳам гардидааст.
Дар ниҳоят бояд зикр кард, ки донишгоҳи Ҷиндал Глобал Юниверситӣ-и Ҳиндустон ё JGU мувофиқи Низомномаи муассисаҳои олӣ эътирофшуда донишгоҳҳо аз соли 2017 барои муассисаҳои хусусӣ ва дастури Эъломияи муассисаҳои таълимии давлатӣ ҳамчун муассисаҳои олии кишвар мебошад. Муассисаи мазкур бо чунин дастовардҳо дар Ҳиндустон шуҳрат дорад:
  • Донишгоҳи хусусии №1 дар Ҳиндустон.
  • Донишкадаи олитарин , ки танҳо ба илмҳои иҷтимоӣ, санъат ва гуманитарӣ тамаркуз мекунад.
  • Дар байни 300 донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон аз рӯи таносуби омӯзгорон ва донишҷӯён (1:9) ва аз рӯи эътибори корфармо дар қатори 450 донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон ҷой гирифтааст.
  • Дар байни 500 донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дар факултетҳои байналмилалӣ, ки 14% тамоми факултети JGU-ро ташкил медиҳад.
  • Ягона донишгоҳи хусусии Ҳиндустон дар қатори 150 "Донишгоҳҳои ҷавони ҷаҳон" аз (то 50 сола) дар рейтинги донишгоҳҳои ҷавони QS 2021.
Мирсаид Раҳмонов
ходими калони шуъбаи
Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

БОЗГАШТ