АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ҲАМКОРИҲОИ МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

ҲАМКОРИҲОИ МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

16 апрели 2024 мулоқоти Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Институти Россия, Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид.

Дар мулоқот аз ҷониби АМИТ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии АМИТ Мирвайсов Мамурҷон ва аз ҷониби Чин Гао Цзинчжай (Gao Jingzhai), сардори ҳайати намояндагон, котиби ҳизби коммунисти Институт, муовини директор, Сюй Ган(Xu Gang), муовини сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, Сюй Вэньхун, муовини котиби генералии маркази таҳқиқоти илмии “Камарбанд ва Роҳ”-и Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин, Чжан Нинг, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Миёна ва Кавкази Институт, Лю Чан, ходими илмии шуъбаи Осиёи Миёна ва Кавкази Институт иштирок доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷониби Тоҷикистон изҳор дошт, ки чунин нишастҳо дар оянда низ як минбари хубе барои бунёд ва таҳкими ҳамкорӣ ва ҳифзи манфиатҳои кишварҳои мо хоҳанд буд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ дар самтҳои зерин инкишоф диҳад:

✅ бо мақсади омӯхтани Чини муосир, комёбиҳо ва таҷрибаи он ташкил намудани Маркази омӯзиши Чини муосир;

✅ таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак;

✅ ташкили семинарҳо, конфронсҳо, симпозиумҳо, форумҳо ва дигар чорабиниҳо бо иштироки олимони ду кишвар;

✅ ташаккул додани дониши амиқ дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар муассисаҳои илмии ду кишвар;

✅ ташкили таълими донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии ҳизбҳо барои магистратура, аспирантура, докторантура;

✅ инкишоф додани малакаҳои муоширати байнифарҳангӣ, ташкили лексияҳои олимони тоҷик барои мутахассисони ҷавони КАОН ва профессорҳои чинӣ барои донишҷӯёни АМИТ, гузаронидани чорабиниҳои муштараки илмӣ барои олимони ҷавон;

✅ ташкили таҷрибаомӯзӣ ва курсҳои такмили ихтисос барои олимони ду кишвар;

✅ иштирок дар таҳқиқоти илмӣ ва лоиҳаҳои ҷорӣ, ки Академияҳо мегузаронанд;

✅ фароҳам овардани имконияти нашр дар маҷаллаҳои илмӣ;

✅ амалияи тарҷумаи китобҳои олимон, мутафаккирон, классикон ва муаллифони муосири тоҷику чиниро ба забонҳои тоҷикию чинӣ давом диҳанд;

✅ ташкили гурӯҳи корӣ доимӣ ё комиссия оид ба ҳамкориҳои башардӯстона бо ҷалби кормандони салоҳияти ҳарду муассиса.

БОЗГАШТ