ҲАМКОРИҲОИ ҶОПОН ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ДОИРАИ ҚОЛАБИ “5+1”

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

(дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҷопон ”)

          Кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии худ ба як минтақаи муҳими геосиёсӣ ва геостратегӣ майдони сиёсӣ табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, кишварҳои абарқудрат баҳри ба даст овардани ҳадафҳои геосиёсиву геостратегии худ дар майдони сиёсӣ пайваста дар рақобат мебошанд. Минтақаи Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бойи табиии зеризаминӣ аз қабили энергетика, нефту газ, гидроэнергетика, маъдану уран ва ғайраҳо мебошад, ки таваҷҷуҳи кишварҳои дигарро ба худ ҷалб намудааст. 

          Ҳамин тариқ, дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ Формати нави муносибатҳо “5+1” ба вуҷуд омад, ки хусусияти махсуси сиёсиву иқтисодиро пайдо намудааст. Аз ин рӯ, кишварҳои абарқудрат таваҷҷуҳи бештаре ба ин Формат зоҳир намуда, ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, дипломатӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, саноатӣ ва тағйирёбии иқлим ба роҳ мондааст. Метавон қайд кард, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Ҳиндустон, ИМА, Россия ва Италия ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи худро бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳамин формат роҳандозӣ кардаанд.

          Мавриди зикр аст, ки Ҷопон аввалин кишваре мебошад, ки Формати “5+1”- ро бо Осиёи Марказӣ ба роҳ монд. Аввалин маротиба Вазири корҳои хориҷии Япония Йорико Кавагуси 28 августи соли 2004 дар пойтахти Қазоқистон, Остона (ҳоло Нурсултон) бо Вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ баргузор гардида буд. Ҳадафи асосии Формати “5+1” Ҷопон ва Осиёи Марказӣ густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Формати мазкур ҳамчун платформаи дипломатӣ барои муколамаи пайваста, ки вохӯриҳо дар сатҳи Вазирони корҳои хориҷӣ ва форумҳои мунтазам хидмат мекунад. Дар доираи ин Формат асосан дар атрофи чунин масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳо баррасӣ мешаванд:

  • тиҷорати минтақавӣ, нақлиёт ва коммуникатсия;

  • фароҳам овардани фазои мусоиди тиҷоратӣ дар минтақа;

  •     ҳалли мушкилоти устувории экологӣ ва таъсири тағйирёбии экологӣ дар минтақа;

  • ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои сабз ва энергетика;

  • масъалаҳои амният ва рушди минтақаи Осиёи Марказӣ;

  • ташаббусҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба боздоштани паҳншавии силоҳи ҳастаӣ;

  • тақвият додани ҳуқуқҳои инсон ва таъсиси институтҳои демократӣ.

          Мавриди зикр аст, ки санаи 18 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи  “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” ба шаҳри Токиои Ҷопон сафар намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ба ҳамкории байнипарлумонӣ бо Ҷопон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дипломатияи парлумонӣ воситаи асосии таҳкими минбаъдаи муколамаи байнидавлатӣ арзёбӣ гардид. Дар сафари мазкур ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои муҳими иҷтимою иқтисодӣ, бахшҳои инфрасохтор, саноат, энергетика, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист  ва тандурустӣ изҳори андеша намуданд. Ҳамзамон ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз”, рақамӣ ва зеҳни сунъи таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Инчунин, метавон гуфт, ки ҷалби сармоя дар бахши сайёҳӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангиву башарӣ  баррасӣ гардид.

          Дар охир метавон қайд намуд, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷопон дар доираи Формати “5+1” яъне Осиёи Марказӣ ва Ҷопон бо маврид ба роҳ монда шуда, пайваста густариш меёбад. Формати мазкур имкониятҳои бештаре барои ба даст овардани ҳадафҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки сафари расмии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳким бахшидани робитаҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикитон ва Ҷопон дар тамоми соҳаҳо нақши муассир мегузорад.

 

Файзуллаева Нигора

ходими илмии шуъбаи Осиёи

Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ