ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР САМТИ РУШДИ “ИҚТИСОДИ САБЗ”

Муаллиф: Мадимарова Гулҳаё

Расм

      Иқтисоди сабз намунае аз рушди иқтисоди анъанавӣ буда, ки ҳадафи он ба даст овардани устуворӣ тавассути ҳамгироии ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки фаъолияти иқтисодӣ бояд тавре ташкил карда шавад, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ нарасад, ё ҳадди ақалл кам карда шавад, тақсимоти одилонаи захираҳо таъмин гардад ва ба беҳтар шудани сифати зиндагии тамоми аъзоёни ҷомеа мусоидат кунад. Принсипҳои асосии иқтисоди сабз аз истифодаи самараноки захираҳо, кам кардани партовҳо ва ифлосшавӣ, ҳифзи экосистемаҳо ва гуногунии биологӣ ва рушди технологияҳои сабз ва инноватсия иборатанд.

     Дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим ва шиддат гирифтани камбуди захираҳои табиӣ, рушди иқтисоди сабз ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Дар солҳои охир масъалаи гузариш ба иқтисоди сабз ва рушди устувор ба яке аз самтҳои калидии сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Тоҷикистон, ки захираҳои бузурги табииву гидроэнергетикӣ дорад, талош мекунад, ки рушди худро дар асоси ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳо амалӣ намояд. Дар ин раванд, Иттиҳоди Аврупо (ИА) яке аз шарикони муҳими стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки тавассути лоиҳаҳои сершумори молиявию техникӣ рушди иқтисоди сабзро дар кишвар дастгирӣ мекунад. Барои Тоҷикистон гузариш ба иқтисоди сабз, имконияти таъмини рушди устувор ва коҳиши вобастагӣ аз захираҳои ғайрибарқарорро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2022 «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» барои солҳои 2023-2037»-ро қабул кард. Ҳадаф аз қабули гузаронидани ислоҳоти дастурӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти «иқтисоди сабз» мебошад. Дар стратегияи мазкур оварда шудаат, ки амалӣ намудани он ба таъмини рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд[14,3].

     Ташаббусҳо ва иқдомҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки бо кишварҳои дигар табодул, таҳия ва татбиқи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи рушди устувор ва ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодро фароҳам орад. Ҷалби сармоя аз сарчашмаҳои байналмилалӣ, аз қабили ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, созмонҳои донорӣ ва сармоягузорони хусусӣ имкон медиҳад, ки лоиҳаҳо дар соҳаи энергияи барқароршаванда, самаранокии энергия, кишоварзии устувор ва сайёҳии экологӣ рушд ёбанд. Вобаста ба татбиќи њадафњо дар доираи маќсадњои гузошташуда њамзамон ба масъалаи устувории рушд дар асоси принсипи “иќтисоди сабз» дар кишвар диќќат дода шуда, њамчун сенарияи некбинонаи дурнамои рушди Тољикистон пешбинї мегардад. Барои мисол дар самти таъмини шуѓл дар ин њуљљат њавасмандкунии рушди «шуѓли сабз», вусъатдињї ва дастгирии давлатии низоми соњибкории экологї ва бозори хизматрасонињои экологї вазифаи муњим арзёбї гардидааст[12,60].

      Чунон ки пештар ҳам зикр гардид, Иттиҳоди Аврупо (ИА) яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар амалӣ намудани лоиҳаҳои марбут ба иқлими сабз мебошад. Он дар пиёда намудани донишҳои экологӣ ва энергетикаи барқароршаванда, гузаштан ба “иқтисоди сабз” тавассути барномаҳо ва ташаббусҳои гуногун ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон саҳмгузор аст. Тавассути барномаҳои мухталифи ҳамкорӣ, ки ба дастгирии рушди устувор, беҳбуди идоракунии захираҳои об, рушди энергияи таҷдидшаванда ва баланд бардоштани самаранокии энергия равона шудаанд, Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон кӯмаки молиявӣ ва техникӣ мерасонад. Ин маблағҳо барои се соҳаи калидӣ равона шудаанд: гузариш ба иқтисоди сабз ва рақамикунонӣ, рушди захираҳои инсонӣ, ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ [3]. 

     Илова бар ин, Иттиҳоди Аврупо дар пешбурди стандартҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи рушди устувор нақши муҳим мебозад, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди «иқтисоди сабз» дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.  Дар заминаи ин ҳамкорӣ, 3 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо созишномаи нав ба маблағи 19,88 миллион евро ба имзо расид. Тибқи шартҳои созишнома, маблағҳои ҷудошуда барои татбиқи лоиҳаҳое равона мешаванд, ки ба гузариш ба иқтисоди сабз, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ, мусоидат мекунанд [9].

     Ҳадафҳои асосии лоиҳа аз, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, дастгирии корхонаҳои хурду миёна ва ташкили шароити мусоид барои рушди онҳо дар бахши кишоварзӣ ва тарғиби навовариҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва дигар бахшҳои муҳими иқтисодӣ, ки ба ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори иқтисодӣ мусоидат менамоянд, иборатанд Лоиҳаҳо дар бахши кишоварзӣ, хусусан созмондиҳии занҷираи арзиши устувори пахта, ҳамчун як бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ, мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд. Ба гуфтаи Намояндагии ИА дар Тоҷикистон, имзои чунин созишномаҳо далели он аст, ки Иттиҳоди Аврупо сиёсати дастгирии технологияҳои тоза ва рушди устувори иқтисодӣро дар Тоҷикистон пайгирона амалӣ месозад. Ин лоиҳаҳо ба таври амалӣ идома, тадбиқ ва дастгирии  Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037 ба ҳисоб меравад, ки тибқи паёми Президенти мамлакат аз 21 декабри соли 2021 таҳия ва 30 сентябри соли 2022 қабул шудааст. Ғайр аз ин, дар соли 2023 ИА зиёда аз 75 миллион евро барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар Тоҷикистон ҷудо кардааст. Лоиҳаҳои мавриди амал на танҳо инфрасохтори энергетикиро дастгирӣ мекунанд (масалан, тавассути маблағгузории лоиҳаҳои шабакаҳои барқ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд), балки инчунин ба афзоиши рақобатпазирии занҷираҳои истеҳсолӣ дар кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳ доранд (масалан, тавассути Лоиҳаи маблағгузории иқтисоди сабз – GEFF ва кӯмак аз ҷониби GIZ).  Намояндаи Итииҳоди Аврупо дар Тоҷикистон  Раймундас Кароблис  бар он назар аст, ки “Имзои ин созишномаҳо инъикоси кӯшишҳои Иттиҳоди Аврупо дар самти пуштибонии технологияҳои тозаи экологӣ ва рушди устувори иқтисодӣ дар Тоҷикистон мебошад” [3].

     Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки Президенти кишвар низ зимни суханрониашон дар дар аввалин Саммити “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо”, ки 4-уми апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, масъаларо ба миён гузошта аз ҳамкориҳои бештари ва пайвастаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар самти рушди иқтисоди сабз дар кишвар ишора намуданд. Сарвари давлат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан Иттиҳоди Аврупо ишора намуда, даъват карданд, ки дар рушди энергетикаи сабз дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд ва ҳамкориҳоро дар самти густариши иқтисоди сабз таҳким бахшанд. Ҷаноби Олӣ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ният дорад то соли 2030 ҳиссаи энергия аз манбаъҳои офтобу бодро то 10% афзоиш дода, то соли 2037 кишварро ба мамлакати “сабз” табдил диҳад. Иттиҳоди Аврупо шарики калидӣ дар рушди энергетика мебошад “Барои Тоҷикистон соҳаи энергетика, бахусус манобеъи барқароршавандаи энергия, аз ҷумла гидроэнергетика ҳам барои рушди дохилӣ ва ҳам барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Кишвари мо ба нақша гирифтааст, ки  то соли 2032  пурра ба истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия гузарад » [11].

      Ин иқдомҳои Тоҷикистон ба як сиёсати васеъ асос ёфтаанд яъне Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023–2037, ки дар паёми Президенти мамлакат аз 21 декабри соли 2021 ҳамчун самти муҳими сиёсати дохиливу хориҷӣ низ таъкид гардид.  Ҳолати кунунии иқтисоди сабз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон вобаста ба сатҳи рушди иқтисодӣ, захираҳои табиӣ ва сиёсати ҳукумат ба таври назаррас фарқ мекунад. Иттиҳоди Аврупо дар ин соҳа тавассути Созишномаи сабзи аврупоӣ (Europe Green Deal), ки ҳадафи он то соли 2050 бартараф ё кам намудани истихроҷи карбон ноил шудан ва то соли 2030 коҳиш додани партовҳои CO₂ то 55% аст, пешоҳанги ҷаҳонӣ мебошад. Дар Амрикои Шимолӣ, бахусус Штатҳои Муттаҳида ва Канада, иқтисоди сабз тавассути ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ, имтиёзҳои андоз барои корхонаҳои зерсохторҳои энергияи барқароршаванда ва технологияҳои тозаи давлатӣ рушд карда дода мешавад. Минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором, бахусус Чин, афзоиши сармоягузории давлатӣ ба энергияи сабзро мушоҳида кард, ки ин ба кишвар имкон дод, ки бузургтарин тавлидкунандаи панелҳои офтобӣ ва мошинҳои барқӣ шавад. Дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон, иқтисодиёти сабз бо таваҷҷӯҳи махсус ба захираҳои об, барқарорсозии системаҳои экосистема ва ҷорӣ намудани энергияи офтобу шамол акнун ба таври фаъол рушд карда истодааст [2,60].  Рушди иқтисоди сабз ва ҳамкории минтақавӣ дар пажӯҳишҳои илмӣ ва байналмилалӣ фаъолона омӯхта мешавад. Тибқи маълумоти Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP, 2023), иқтисоди сабз метавонад то соли 2030 на танҳо партовҳои CO₂-ро то 25-30% коҳиш диҳад, балки миллионҳо ҷойҳои нави корӣ эҷод кунад. Тадқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ (2022) нишон медиҳад, ки кишварҳое, ки ислоҳоти экологиро фаъолона амалӣ мекунанд, рушди устувори иқтисодиро эҳсос мекунанд. Масалан, ҷорӣ намудани технологияҳои сабз дар Олмон боиси афзоиши шуғл дар бахши энергияи таҷдидшаванда гардид, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 300 000 нафар кор мекунанд. Нашрияҳои илмӣ инчунин тасдиқ мекунанд, ки иқтисоди сабз ҳамкории фаъоли байнидавлатиро тақозо мекунад, зеро мушкилоти экологӣ берун аз ҳудуди миллӣ паҳн мешаванд [16].

     Муҳаққиқони соҳа ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро дар ин самт хеле зарур ва таъҷилӣ меҳисобанд, зеро бидуни ин ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба наметавон дар бартараф кардани ин мушкилот, хосатан тағйирёбии иқлим дастболо шуд. Ин масъалаест, пайвастагии ногусастании кишварҳоро аз ҳамдигар талаб менамояд. Ҳамин тавр, ҳамкории минтақавӣ дар рушди иқтисоди устувор нақши калидӣ дорад, зеро талошҳои муштараки кишварҳо ба онҳо имкон медиҳад, ки бо тағирёбии иқлим самараноктар мубориза баранд. Масалан, Иттиҳодияи Аврупо ташаббусеро бо номи “Аҳдномаи сабзи аврупоӣ” (Europian Green Deal) дорад, ки ҳадафаш то соли 2030 то 55 дарсад коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва то соли 2050 ба бартараф намудани карбон ноил шудан аст. Дар чаҳорчӯби Ташаббуси “Камарбанди сабз ва роҳ”, Чин дар тарҳҳои экологӣ дар Осиё ва Африқо беш аз 100 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Осиёи Марказӣ низ дар ин самт ҳаракат мекунад: Стратегияи гузариш ба иқтисоди сабз то соли 2030 тадбирҳоро оид ба зиёд кардани ҳиссаи энергияи барқароршаванда то 25% ва кам кардани шиддатнокии энергия дар ММД 30% дар бар мегирад [1].

     Ҳамин тариқ лоиҳаҳои зиёде ҳастанд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида, барои рушди иқтисоди саз дар кишвар заминаҳои мусоидро фароҳам меоранд. Аз ҷумла, лоиҳаи “Рушди фарогири деҳот ва барқарорсозии иқтисоди сабз дар Тоҷикистон” “Tajikistan Rural Inclusive Growth and Green Economic Recovery” ((TRIGGER),  яке аз ташаббусҳои муҳими ИА дар Тоҷикистон аст, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ мешавад. Мақсади ин лоиҳа баланд бардоштани арзиши истеҳсоли кишоварзӣ тавассути беҳтарсозии амнияти об ва устувории соҳа мебошад. Ин барнома ҳамзамон рушди арзиш, омодагӣ ба содирот, ташвиқи соҳибкорӣ ва рушди иқтисоди сабзро фаро мегирад, ҳамчунин ислоҳоти низоми идоракунии захираҳои обиро дастгирӣ мекунад. Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар натиҷаи ин ҳамкорӣ, дар минтақаҳои деҳотӣ инфрасохтори об беҳтар мешавад, ки ин барои устувории агроиқтисод хеле муҳим аст. Масалан, дар чаҳорчӯби ин барнома, моҳи июли соли 2022 дар шаҳри Душанбе Ҳаштумин Ҷаласаи иқтисодӣ баргузор гардид, ки ба рушди иқтисоди сабз бахшида шуда буд. Дар он 150 нафар намояндагони ҳукумат, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд. Намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, дар он нишаст гуфтанд, ки тағйирёбии иқлим ва коҳиши захираҳои табиӣ барои ҳам Аврупо ва ҳам Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ доранд. Мо ба истифодаи самараноки захира ва рақобатпазир ниёз дорем»[9].

      Дар доираи ташаббуси Global Gateway, Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD) барои навсозии шабакаҳои барқӣ ва коҳиши талафоти энергетикӣ дар Тоҷикистон €20 миллион грант ҷудо намудаанд[15]. Илова бар ин, ИА дар муосиркунонии нерӯгоҳҳои “Норак”, “Себзор” ва “Қайроққум” саҳм дорад, ки барои истифодаи бештар аз манбаъҳои барқароршаванда мусоидат мекунанд.

      Яке аз дастовардҳои назарраси Тоҷикистон дар соҳаи энергетикаи сабз ин аст, ки 98% нерӯи барқи кишвар тавассути нерӯи обӣ истеҳсол мешавад [6]. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар мавриди истифода аз манобеъи барқароршавандаи энерия ба яке аз пешсафони ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Нерӯи барқи обӣ дар таъмини амнияти энергетикии кишвар ва коҳиши вобастагӣ аз сӯзишвории истихроҷшуда нақши калидӣ дорад. Сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги обӣ, аз қабили нерӯгоҳҳои барқи обии Норак ва Роғун ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба кишварҳои ҳамсоя нерӯи барқ ​​содир кунад ва даромади зиёд ба даст орад. Тоҷикистон дорои иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, нафту газ ва ангишт аз хориҷ ворид мешавад. Тоҷикистон аз рӯи иқтидори гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро ишғол мекунад (аммо ҳамагӣ 4% истифода мешавад) ва дорои як қатор бузургтарин нерӯгоҳҳои барқи обӣ (НБ) — НБО-и Норак аз соли 1972 ва НБО-и Роғун, ки дар ҳоли ҳозир сохта мешавад, дорад. Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ сахт дучор шудааст. Наздикии ҷуғрофии Тоҷикистон ба баъзе аз бозорҳои босуръат рушдёбандаи энергетикии ҷаҳон маънои онро дорад, ки сармоягузорӣ барои рушди иқтидори гидроэнергетикии он метавонад ба амнияти минтақавии энергетикӣ ва интиқоли энергияи тоза саҳм гузорад, илова бар он, ки осебпазирии Тоҷикистон ба тағйири иқлим ва офатҳои табиӣ рафъ шавад[7].  Илова ба гидроэнергетика, барои рушди дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили энергияи офтоб ва шамол иқтидори назаррас вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон сатҳи баланди радиатсияи офтобӣ мавҷуд аст, ки энергияи офтобро ба манбаи умедбахши нерӯи барқ ​​табдил медиҳад, махсусан дар деҳот ва минтақаҳои дурдаст, ки ба шабакаҳои мутамаркази барқ ​​пайваст нестанд. Энергияи бодӣ низ барои рушд, махсусан дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар иқтидори рушд дорад. Рушди энергетикаи офтобӣ ва бодӣ ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия ва баланд бардоштани устувории системаи энергетикии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

     Рушди энергияи барқароршаванда ба коҳиш додани вобастагӣ аз сӯзишвории истихроҷшаванда ва коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ мусоидат мекунад. Ин ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим саҳм гузорад ва ӯҳдадориҳои байналмилалии худро дар доираи Созишномаи Париж иҷро намояд. Илова бар ин, рушди энергияи барқароршаванда ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ ва беҳтар шудани сифати зиндагии аҳолӣ, бахусус дар деҳот мусоидат мекунад. Дастгирии рушди гидроэнергетика ва энергетикаи сабз Иттиҳоди Аврупо (ИА) метавонад барои таҷдиди иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон дастгирии молиявӣ ва техникӣ расонад, ки самаранокӣ ва эътимоднокии онҳоро беҳтар мекунад. Яке аз намояндагони Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикӣҳои байналмилалӣ, Йозеф Сикела. зимни сафараш ба Тоҷикистон ҳангоми бастани шартномаи ҳамкорӣ зикр кард, ки  «Бо Стратегияи “Дарвозиаи Глобалӣ” (Global Gateway), Иттиҳоди Аврупо ба ояндаи Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад — тавассути дастгирии таҷдиди инфрасохторҳои муҳими кишвар, тавсеаи иқтидори энергияҳои барқароршаванда ва муосиргардонии соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла истеҳсоли пахта. Ин гуна сармоягузориҳо ба коҳиши талафоти энергия, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва боз кардани бозорҳои содиротии нав мусоидат хоҳанд кард»[10].  Дар соли 2024, Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо созишномаи нави маблағгузорӣ ба маблағи €19,88 миллион барои гузариш ба иқтисоди сабз, бахусус пахтакорӣ ба имзо расониданд. Мақсадҳои лоиҳа паст кардани истифодаи пестисидҳо ва моддаҳои зарарнок, баланд бардоштани истифодаи самараноки об, ба страндартҳои ҷаҳонӣ омода кардани  пахта ҳамчун манбаъи рушди “устувор” ва омодагӣ барои содирот ба Аврупо[13]. Тавре дар санади расмии лоиҳа омадааст, ҳадаф ташкили занҷираи арзиши устувори пахта мебошад, соҳае, ки 20% аҳолии деҳотро таъмин мекунад. Тибқи қарори Иттиҳоди Аврупо, то соли 2027 дар доираи барномаи нави маблағгузорӣ, ба Тоҷикистон €141 миллион барои рушди иқтисоди сабз, рақамисозии соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии соҳибкории деҳотӣ ҷудо мегардад (EU External Action, 2024). Ҳачунин ин лоиҳаҳо ба рақамикунонии истеҳсолот (дронҳо, сенсорҳо, захираи маълумот), дастгирии корхонаҳои хурду миёна, инноватсия ва устуворӣ дар кишоварзӣ ва обёриро низ фаро мегиранд.  Ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи иқтисоди сабз на танҳо дар сатҳи стратегӣ, балки амалӣ ва маҳаллӣ рӯ ба рушд аст. Лоиҳаҳои зикршуда ба беҳбудии деҳот, баланд бардоштани самаранокии захираҳо ва омодасозии Тоҷикистон барои ояндаи сабз нигаронида шуда, ҷузъи стратегияи ҷаҳонии “Global Gateway” мебошад, ки ҳадафи он рушди зерсохтор, ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шабакаҳои иқтисоди ҷаҳонӣ ва дастгирии рушди устувор мебошад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои ицтидори бузурги энергетикаи сабз, хусусан гидроэнергетика, дар ин стратегия мавқеи хоса дорад.

         Ҳамкориҳои дар ин самт дар чаҳорчӯби ташаббусҳои Global Gateway ва TRIGGER, Europ Green Deal намунаи равшани дипломатияи устувори иқтисодӣ ва сиёсати рушдгароёнаи кишвар дар посух ба таҳдидҳои глобалии муҳити зист мебошанд. Иттиҳоди Аврупо, ҳамчун яке аз шарикони стратегӣ, тавассути маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ, энергетикӣ ва аграрӣ, саҳми назаррас дар тавсеаи иқтидори иқтисоди сабзи Тоҷикистон мегузорад. Лоиҳаҳое чун модернизатсияи шабакаҳои барқ, гузариш ба истеҳсоли устувори пахта, пешбурди рақамикунонӣ дар кишоварзӣ, ва лоиҳаи TRIGGER, ки ба рушди фарогири деҳот, беҳтарсозии идоракунии захираҳои об ва дастгирии соҳибкории сабз равона шудаанд, на танҳо ба рушди маҳаллӣ, балки ба тақвияти сиёсати миллии иқтисоди сабз мусоидат мекунанд. Ин иқдомҳо ба иҷрои Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023–2037 ва низоми ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид комилан мутобиқат доранд. Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи иқтисоди сабз шакли амалии сиёсати хориҷии кишварро барои ҷалби сармоягузории экологӣ инъикос менамояд. ИА на танҳо ҳамчун шарики молиявӣ, балки ҳамчун манбаи таҷриба ва дониш дар самти гузариш ба иқтисодиёти муосир ва рақамӣ боқӣ мемонад.

     Гарчанде ки European Green Deal ба таври мустақим ба Тоҷикистон татбиқ намешавад, вале ҳамкориҳои амалии ИА бо Тоҷикистон дар самти иқтисоди сабз бо ҳадафҳои он мувофиқанд. Барномаҳо ва лоиҳаҳои амалишаванда, аз ҷумла Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD) ва маблағгузориҳои дигар, ба рушди устувори иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Ин ҳамкориҳо нишон медиҳанд, ки ИА ва Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди сабз ва мубориза бо тағйирёбии иқлим ҳамфикр ва ҳамкор мебошанд. Таҷрибаи татбиқи ин лоиҳаҳо нишон медиҳад, ки рушди иқтисоди сабз танҳо бо роҳи ҳамгироии сиёсати давлатӣ, дастгирии байналмилалӣ ва иштироки фаъолонаи бахши хусусӣ ва ҷомеа имконпазир аст. Аз ин рӯ, густариши чунин ҳамкориҳо ва татбиқи барномаҳои навоварона дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, бояд самти афзалиятноки сиёсати рушди устувори Тоҷикистон дар солҳои минбаъда қарор гирад.

МАДИМАРОВА Гулҳаё Мадимаровна

ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

номзади илмҳои филология

БОЗГАШТ