ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ МИНТАҚА ДАР ҚАРИНАИ БУНЁДИ ЛОИҲАИ CASA-1000

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

“Татбиқи лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи CASA-1000  барои ҳамаи мо ҳамчун рамзи шуруъи ҳамкориҳои воқеӣ байни кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ лаҳзаи хотирмону дорои аҳамияти таърихӣ мебошад”. Эмомалӣ Раҳмон

Лоиҳаи CASA-1000 як тарҳи байналмилалиест, ки бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ оғоз ёфт ва арзиши он беш аз 1 миллиарду 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Бар асоси ин тарҳ, хатти баландшиддати барқи 750-километрие сохта мешавад, ки аз тариқи қаламрави Афғонистон мегузарад ва ба Покистон мерасад.

Бо ташаббуси  Тоҷикистон  санаи 13-16-уми майи 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштарак ва Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» ба кори худ оғоз  кард, ки ҳадафи он баррасиҳои  масоили печида ва нукоти муҳими тарҳи энергетикӣ мебошад.

Тибқи иттилооти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ҳайати калони ширкати барқи Афғонистон  “Брешно” (Breshna) барои ширкат дар ҷаласаҳои вобаста ба лоиҳаи “CASA-1000” ба Тоҷикистон омадааст[1].

Дар баробари намояндагони Афғонистон дар кори он ҳайатҳо аз кишварҳои узви ин тарҳ аз Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок доранд.  Ҳайати иштирокчиёни ҷаласа бо зеристгоҳи конветорӣ бо иқтидори 1300 мегаватт дар мавзеи Сангтӯда ва Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос  шуда,  нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хусус  Тоҷикистону  Қирғизистонро дар рушди  энергияи сабз барои кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ  аз  ҷумла  Афғонистону  Покистон  муҳим мешуморанд.

Зимнан масъалаҳои марбут ба раванди татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон  Далер Ҷумъа ва роҳбари Дафтари минтақавии Бонки исломии рушд дар шаҳри Алмато Алӣ Муҳаммад Хан дар Душанбе низ баррасӣ гардиданд. Дар мулоқот таъкид карда шуд, бо тавсияҳои созандаву  ҳамкории зич ва тавассути ҳамоҳангсозии фаъол татбиқи пурраи Лоиҳаи «CASA-1000» амалӣ гардида, ба таъмини рушди устувор ва амнияти энергетикӣ дар минтақа мусоидат хоҳад намуд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ  дар мавзӯи  “Рушди робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Покистон дар шароити бунёди лоиҳаи CASA-1000”  семинари илмӣ  баргузор шуд.Дар  сухани ифтитоҳии худ  директори Институти  омузиши масъалаҳои  давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ҳайдарзода Рустам Ҷура таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар минтақа дар татбиқи лоиҳа CASA-1000 ва истеҳсоли “неруи сабз” нақши асосӣ дорад. Ба андешаи ӯ  лоиҳаи CASA-1000  бо ташаббуси кишварҳои ОМ ва ОҶ  таъсис ёфта, баҳри таъмини минтақаи бо  нерӯи барқ шароити мусоид фароҳам созад. Ҳайдарзода Р.Ҷ. бо итминон қайд менамояд, ки имрӯз CASA-1000 чун  як лоиҳаи минтақавӣ ба сохтори  сифатан нави байналмилалии сатҳи глобалӣ табдил ёфта истодааст.

 Ба назари мо минтақаи Осиё аз қораи бузуртарин дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубии он  бо хусусиятҳои хосси ҷуғрофӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва манобеъи табии худ аз мавзеъҳои стратегӣ маҳсуб мешаванд.

Зимнан бояд  ишора  кард, ки Осиёи Ҷанубӣ бо кишварҳои Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Молдиф, Непол, Покистон ва Шриланка тақсимбандии географӣ шуда, бештари ин кишварҳо аз ҷумла Покистону Ҳиндустон аз зери салтанаи мустамликадарони англис дар соли 1947 истиқлолият ба даст оварда, иқтисодиёти заифро аз онҳо мерос гирифтанд. Аммо дар натиҷаи мудирияти дуруст  тавонистанд ба комёбиҳои назаррас ноил гашта, чун кишварҳои стратегӣ дар минтақа  нақш бозанд.

Тибқи санадҳо минтақаи Осиёи Марказӣ  бо Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Покистону Ҳиндустон ба асри III пеш аз милод рост омада, манотиқ ба воситаи Роҳи Абрешим, ки на танҳо шоҳроҳи воситаи ҳамлу нақли мол хидмат мекард, балки ба нашру таблиғи андешаву ақидаҳои фалсафӣ, динӣ ва тафаккурро мусоидат менамуд, пайванди қадимӣ доранд. Тибқи маълумоти омории INASCA Business Forum дар даври ҳозир минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ муштаракона 2,1 миллиард аҳолиро ташкил намуда, бо пайвандҳои муштараки худ, ки шомили  сиёсат, иқтисод ва гуногунии ғании фарҳангӣ мебошанд, дар ҳалли масоили мубрам нақш калидӣ мебозанд.

   Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба хусус  Покистон рушду тавсеа ёфта, сатҳи сифатан навро касб кардаанд. Ҳамин тавр, роҳбарони минтақаи Осиёи Марказӣ бо дар дарёфти истиқлолият равобити худро бо Осиёи Ҷанубӣ ба роҳ монда, миёни ҳам  созишномаҳову қарордоҳои гуногун ба имзо расониданд.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи CASA-1000 яке аз  бузургтарин тарҳои энергетикӣ миёни  минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (Central Asia–South Asia ё CASA) мебошад, ки сохтмони хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқро аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон мерасонад. Санги асоси он моҳи майи соли 2016 аз ҷониби раҳбарони чаҳор кишвари мазкур сурат гирифта, дар ҳоли анҷомёбӣ  қарор дорад.

Ҳамин тариқ, бо оғози  ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000  дар Душанбе  ва амалишавии он низоми энергетикии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон  хубтару мунназмтар гардида, бо як пайванди систематикӣ фаъолият хоҳанд кард.  Ҳамин тавр, пурра амалӣ гардидани лоиҳа барои кишварҳо ҷиҳати ташкил намудани бозори ягона ва савдои солона имконоту шароити беҳтар фароҳам шуда, тавассути он кишварҳои минтақа бо шумули Тоҷикистон ва Қирғизистон  ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ неруи барқи иловагиро дар ҳаҷми 1300 мегаватт содир карда, миёни кишварҳо бозори минтақавии иқтисодии электроэнергия  ташкил хоҳанд дод, ки  натанҳо барои чор давлат муносибу муфид буда, балки дар такмилу танзими низоми интиқоли барқ  ва ҳавасмандгардонии кишварҳои минтақа ҷиҳати устуворнамоии ҳамкориҳои байниминтақавӣ мусоидат мекунад.

Тибқи маълумоти  Вазорати  эенергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон лоиҳа ба таври зерин нақшакашӣ гардидааст :

• Таҳия ва таъмини хати интиқоли барқи тағйирёбандаи 500 кВ аз зеристгоҳи “Датка”-и Қирғизистон то зеристгоҳи “Суғд-500”-и Тоҷикистон бо дарозии 477 км;

• Эҷоди зеристгоҳи конверторӣ бо иқтидори интиқолдиҳии 1300 мВт дар Сангтуда (Тоҷикистон);

• Таҳия ва ташкили хати интиқоли барқи баландшиддати барқи доимӣ аз Сангтуда (Тоҷикистон ) то Навшаҳра (Покистон) бо дарозии 750 км;

• Ташкили зеристгоҳи конверторӣ бо иқтидори интиқолдиҳии 1300 мВт дар Навшаҳра (Покистон)

Тибқи тарҳи лоиҳа кишварҳо ба истифода додани лоиҳа  фоидаву даромадҳои содиротӣ пеш аз ҳама барои фаъолияти бефосилаи лоиҳаи CASA-1000, аз ҷумла пардохтҳои саривақтӣ ба истеҳсолкунандагони нерӯи барқ, пардохти қарзҳо, инчунин барои мусоидат ба барномаҳои сарфакоронаи энергия ва дигар тадбирҳо ҷиҳати рафъи камбуди нерӯи барқ дар фасли зимистон аз ҷониби аҳолии Тоҷикистон ва Қирғизистон истифода мешаванд.

Ҳамин тавр, кишвари Покистон бо доштани беш аз 220 миллион  аҳолӣ  ва ҷойгиршавии стратегӣ  ба як маркази муҳими  минтақа табдил ёфта, бо кишварҳои Осиё Марказӣ дар самти тиҷорат, сармоягузорӣ ва иртиботи минтақавиро тавсеа дода, бо эҷоди интегратсияи иқтисодӣ ва мубодилаи технологияҳои пешрафта, заминаро дар эҷоди бозорҳои нав ва имкониятҳои хуб дар минтақа фароҳам месозад. Бо эҷоди долонҳои иқтисодӣ ва инфрасохтори самараноки нақлиётӣ метавонад ин кишварро ба як маркази иқтисодии минтақа табдил ёфта, дар  натиҷаи корҳои амалии муштараки ҷонибҳо минтақа, ҷойҳои кории нав ва интиқоли  сарвақтии колоҳо ба роҳ монда шуда, бӯҳрони энергетикӣ дар кишварҳои минтақа коҳиш меёбад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон дорои  захираҳои табии ва пойгоҳҳои бузурги тавлиди нерӯи барқ буда,  4% иқтидори гидроэнергетикаи ҷаҳон, яке аз саввумин тавлидкунандаи барқ дар ҷаҳон  ба шумор рафта,  дорои 948 дарё мебошад, ки аз бойгариҳои кишвар маҳсуб мешаванд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дорои 8,000 пиряхҳоест, ки бо истифодаи дурусти онҳо метавон ба аҳолии кишвар ва сайёра манфиат расонида, бо эҷоди долонҳои тиҷоратӣ метавон Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба як минтақаи динамикӣ дар ҳамкори бо созмонҳои минтақавӣ бо шумули  СҲШ, СААРК ва МҲТБО ба иттиҳоди ниҳоии иқтисодӣ табдил дод.

Барои  ҳамин тавсия дода мешавад, ки кишварҳои Осиёи  Ҷанубӣ   ба хусус  Покистону  Ҳиндустон чун узви  фаъоли СММ, СҲШ ва МҲТБО ва  СААРК  зарур  меояд то аз  ҷанг худдорӣ карда, бо оғози муколама  бо мақсади фароҳам ҳамсоягиву ҳамкорӣ баҳри озодиву оромии  минтақа  ва ҷаҳон кору  фаъолиятро бо лоиҳаву  барномаҳои муфиду  муаасир идома  диҳанд.  Бо боварӣ  метавон гуфт, ки бо ғалабаи ақли солим ва  муколимаҳои  муфиду  судманди кишварҳои сулҳдӯсту  сулҳхоҳ ва назардошти зиёну хароҷотҳои зиёди иқтисодй ва сиёсиву стратегӣ  аз ҷанг  ҳар ду  кишварро лозим меояд  аз  он  ҷилавгирӣ  намуда, нақшҳо офаранд.

Хулосаи калом, тарҳи деринтизори созишномаи CASA-1000-ро ҳамчун стратегии пайвандгари Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубӣ бояд донист, ки баҳри манфиати мардумони минтақа ба роҳ монда шудааст.

Боварӣ  дорем, ки бо амалӣ гардидани лоиҳа барои табодули минтақа кумак намуда, ҳамзамон ҷиҳати гузоштани қадами муҳим барои ташкилнамоии Бозори минтақавии электроэнергия дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASAREM) мусоидат менамояд. Барои татбиқ намудани лоиҳаи CASA-1000 Шӯрои байниҳукуматӣ ташкил карда шудааст, ки дар зинаҳои аввал он ҳамкориҳои самараноки минтақавиро таъмин намуда, дар доираи Шӯрои байниҳукуматӣ давлатҳо оид ба амалисозии лоиҳа қарор қабул карда, роҳу равишҳоро бо  стандартҳои техникиву экологии умумӣ барои таъмини бехатарии умумӣ  таҳия менамоянд.

Бо вуҷуди монеаҳову масоили печидаи дар минтақа лоиҳаи CASA-1000 мушкилоти энергетикии кишварҳо то андозае бартараф карда, он метавонад ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуда, онҳоро бо энергияи тоза таъмин намуда, дар таъмини некуаҳволии ҷомеа ва  рушди инсонӣ кумак карда, рушди саноату сармоягузории кишварҳои минтақаро  беҳтар мегардонад.

Мирсаид РАҲМОНОВ

 

ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ