АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ИТАЛИЯ РУШД МЕЁБАНД

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Вобаста ба ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистону Италия метавон зикр кард, ки ҳанӯз 16 июли 2021 дар Тошканд дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: пайвастшавии минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо” вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано баргузор гардида буд.
  Дар раванди баздиди расмии сатҳи баланд ҷонибҳо ба рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ карда, масъалаҳои таҳкими амнияту суботи минтақавӣ ва муборизаи муштарак бо ҳамагири COVID-19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
  Илова бар ин, ҳамсуҳбатон аҳаммияти баргузории чорабиниҳои банақшагирифташудаи дуҷониба дар сатҳи олӣ ва баланд, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалиро таъкид карданд. Аз ин рӯ, гуфта метавонем, ки ин вохӯриҳои дуҷонибаи сатҳи балнд ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд замина гузошт.
  Масалан, 26 январи соли 2023 дар шаҳри Рим вохӯрии cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия (бо иқомат дар шаҳри Париж) Ҷамолиддин Убайдулло бо муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Италия Эдмондо Сириеллӣ баргузор гардид.
  Зимни вохӯрӣ тарафҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италияро баррасӣ намуданд.
  Ҳамин тариқ, ба назари мо, барои рушду густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Италия тақвияти самтҳои зерини ҳамкориҳо ба маврид ва судманд дониста мешавад:  
  Якум, азбаски Итолиё кишвари аз лиҳози фарҳангӣ дар дунё маълуму машҳур аст, аз ҷумла Леонардо да Винчи, Пабло Пикасо, Рафаел ва ғ. мо метавонем дар соҳаи санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ ҳамкорӣ намоем.
  Дуюм, овозхонони бузурги итолиёвӣ Лучана Поваротти ба ҷаҳониён маълум аст, аллакай як қатор овозхонони тоҷик аз ҷумла, Рустам Далиев ва дигарон дар театри Ла Скала таҷрибаомӯзӣ гузаронидаанд.
  Сеюм, дар самти сайёҳӣ таҷрибаи Италияро метавонем мавриди омӯзиш қарор диҳем, зеро мо обу дарёҳои беканор дорем. Яъне метавонем дар намуди қаиқронӣ дар об ҳамкорӣ дошта бошем.
  Чорум, рушду тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисодиёт хусусан дар самти коркарди сангҳои қиматбаҳо бо Италия низ зарур ва манфиатнок дониста мешавад.
 
Воҳидова Санавбарбону
доктори илмҳои таърих, профессор
мудири шуъбаи Аврупо ва Америка

БОЗГАШТ