АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ҲАМКОРИҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ТУРКМАНИСТОН ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Ба ҳамагон маълум аст, ки Президенти Туркманистон Сардор Гурбонкулӣ Бердимуҳаммадов аз 8 то 12 апрели соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
  Пӯшида нест, ки Сардор Бердимухаммедов аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданаш баён намуда буд, ки сиёсати имрӯзаи давлати худро пеш аз ҳама бо давлатҳои Осиёи Марказӣ баҳри таҳкими муносибатҳои сиёсӣ ва дар заминаи он мустаҳкам намудани муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангии байни миллатҳо равона хоҳад кард.
  Робитаҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Туркманистон дар тамоми самтҳои зиндагӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф чун пештара барои Ҷумҳурии Тоҷикистон чун самти афзалиятнок боқӣ мемонад. Зеро халқҳои тоҷику туркман аз қадимулайём ба ҳамдигар наздикӣ дошта, дорои мероси бойи фарҳангиву адабӣ ҳастанд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Оид ба ин масъала дар китоби “Родники дружбы” - и Акбаршо Искандаров чунин ишора гардидааст: “Ба ақидаи муаррих, доктори илмҳо, археологи машҳури Туркманистон Хемра Юсупов, халқҳои мо аз чандин ҷиҳат наздиканд. Дар замони қадимтарин ва асрҳои миёна дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар қаламрави Туркманистони ҳозира, даҳҳо қабилаҳои эронизабон ва халқиятҳои дигар иқомат доштанд. Дар давраҳои гуногун дар инҷо эрониҳо, гургониҳо, портиҳо, суғдиҳо, бохтариҳо, массагетҳо, дохоиҳо ва ғайра зиндагӣ мекарданд ва ба этногенез ё пайдоиши халқиятҳои имрȳзаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷику туркман таъсири бузург расонидаанд” [3:272].
  Агар ба масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон таваҷҷуҳ зоҳир намоем, дар 30 сол асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи ду кишварро зиёда аз 110 санад [4] ташкил медиҳад. Санадҳои мазкур асосан фарогири самтҳои муҳими ҳамкориҳо, аз ҷумла, сиёсию иқтисодӣ, фарҳанг, илм, маориф ва дигар соҳаҳо дар бар гирифта, густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд.
  Бояд қайд намуд, ки барои кормандони соҳаи илм робитаи илмӣ байни муассисаҳои академикии Тоҷикистону Туркманистон аҳамияти хоса дорад. 4 октябри соли 2007 дар шаҳри Ашқобод созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкории илмӣ-техникӣ ба имзо расида буд ва дар асоси ин созишнома аз 22-24 августи соли 2012 Аҳднома дар бораи ҳамкории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Туркманистон ба имзо расид [5].
  Дар чорчӯбаи санадҳои мазкур байни муассиаҳои илмӣ-таҳқиқотии ду кишвар гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ва амалӣ ба роҳ монда шудааст.
  Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф дар чаҳорчӯби созишномаҳои бо мақсади табодули таҷриба дар баргузории вохӯриҳои муштарак, конференсияҳо, гузаронидани таҷрибаомӯзии муаллимон дар мактабҳои олӣ, нашр ва тарҷимаи адабиёти илмӣ ва илмию методӣ ба имзо расидааст. Санадҳои байнҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ инҳо мебошанд:
  -созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 4 октябри соли 2007 (Ашқобод);
  - ба роҳ мондани робитаҳо байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Туркманистон дар соҳаи мубодилаи донишҷӯён ва тайёр кардани кадрҳо;
  - созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Туркманистон;
  - созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Лебапи Туркманистон дар бораи ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ, тиҷоративу иқтисодӣ;
  - созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба эътирофи мутақобилаи дипломҳо дар соҳаи маориф;
  -бо адабиёт таъмин намудани хонандагони туркмантабори Тоҷикистон ва ғайра мебошад.
  Ҳамчунон бояд тазаккур дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар қавму миллатҳо туркманҳо низ умр ба сар мебаранд, хусусан дар ноҳияҳои Ҷилликӯл ва Қубодиён. Дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони бинои мактаби таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии «Эргаш Султонов»-и райони Ҷилликӯли вилояти Хатлон (5-6 майи соли 2014, ш. Душанбе) ба имзо расида буд [1]. Чандин мактабҳои таҳсилоти миёна ба забони туркманӣ сохта, онҳоро бо китобҳои дарсӣ ба забонӣ туркманӣ таъмин кардаанд. Баъди хатми ин мактаб онҳо метавонанд дар мактабҳои олии ду кишвар таҳсил намоянд.
  Мехоҳам махсус қайд намоям, ки дар асоси созишномаи байни вазорати маорифи ду кишвар шаҳрвандони Туркманистон омада, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои олӣ таҳсил метавонанд намоянд, ва чӣ хеле ки мо шоҳид ҳастем, донишҷӯёни Туркманистон дар Донишгоҳи омӯзгории ба номи С Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиббӣ, Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи Тоҷикию Славянии Руссияву Тоҷикистон ва дигар макотиби ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд. Донишҷӯёни туркман бештар аз рӯи ихтисосҳои филологияи рус ва англисӣ, хитойӣ, омӯзгорӣ, фарҳангшиносӣ, ихтисосҳои тиббӣ ва дигар ихтисосҳо ба таври шартномавӣ ва буҷавӣ таҳсил менамоянд.
  Донишҷӯёни Тоҷикистон бошанд, дар соҳаи муҳандисӣ ва нафту газ дар Донишгоҳи нафту гази Туркманистон таҳсил менамоянд.
  Хулоса, раванди ҳамгироӣ дар бобати такомули баъдии муносибатҳои мутақобилан муфид байни Тоҷикистон ва Туркманистон бо мувафаққият идома дорад. Дар ин замина самти робитаҳои илмию фарҳангӣ мақоми махсусро барои худ касб намуда, дар шинохти комил ва муаррифии ҳамаҷонибаи халқҳои ҳар ду кишвар саҳми арзанда мегузорад. Қобили тазаккур аст, ки роҳбарияти сиёсии ҳар ду кишвар барои таъмини амнияти саросарӣ ва рушди устувори кишварҳо мавқеи ягона ва ҳамдигарфаҳмии комил доранд, ки дар ниҳояти кор барои боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи ҳамкориҳои мухталиф миёни Тоҷикистон ва Туркманистон мусоидат хоҳад намуд.

Адабиёт
  1. Бахтовари Нуралӣ - Политические, экономические и культурные связи Республики Таджикистан и Туркменистан в годы независимости (1991-2016 гг.): автореферат дис. ... кандидата исторических наук. Душанбе 2019. Стр. 22
  2. Искандаров А.И. Родники дружбы. Записки посла. – М.: Международные отношения, 2000. - 296 с.,
  3. Искандаров А.И., Сангинов Н.Н. Таърих ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи фарҳанг, илму маориф//Научный журнал “Вестник ТНУ” (серия социально – экономических и общественных наук” - 2022 г. - № 3 стр. 272 - 282
  4. Отношения Республики Таджикистан с Туркменистаном// https://mfa.tj/ru/main/view/143/ otnosheniya-tadzhikistana-s-turkmenistanom?ysclid=lg4nqlz4j3305003630
  5. Сангинов Н.Н. Дар бораи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар марҳилаи ҳозира//https://www.osiyoavrupo. tj/index.php/mavodhoi-ilmi/maqolaho/item/1188-dar-borai-robita-oi-du-onibai-to-ikiston-va-turkmaniston-dar-mar-ilai-ozira
 Дороншоева Некбахт Шоқосумовна
н.и.сиёсӣ- мудири шуъбаи
Осиёи Марказии ИОМДОА 
 

БОЗГАШТ