АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ҲАМКОРИҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҶУМҲУРИИ СОТСИАЛИСТИИ ВЕТНАМ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

  Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти бунёди давлати миллӣ, ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо кишварҳои дуру наздик фароҳам овард. Соли 2022 Ҷумҳурии Тоҷикистон 31-солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Дар ин муддати кӯтоҳ ҷумҳурии мо бо 181 кишвари ҷаҳон робитаҳои комили дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Уқёнуси ором дар давоми солҳои 1992-1999 барқарор карда шудаанд. Дар даврони Истиқлолият Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар умум зиёда аз 40 санад ва ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, маориф ва фарҳанг ба имзо расонидааст.

  Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафтаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баён шудааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои босуръат инкишофёбандаи сармоя, фановарӣ, ашёи хом ва маҳсулоти саноатӣ, таҳкими муносибатҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла Тайланд, Индонезия, Малайзия, Ветнам, Сингапур ва кишварҳои дигари минтақа аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ мешуморад [4]. Ҷиҳати таҳким бахшидани муносибатҳо бо ин кишварҳо барои расидан ба ин мақсад шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Махсусан, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ветнам, дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳим идома доранд ва ин раванд яке аз дастовардҳои муҳими дипломатияи тоҷик дар тӯли 31 соли истиқлолият мебошад. Аксари кишварҳои минтақаи мазкур ҳамагӣ чанд даҳсола пештар қадам ба ҷодаи рушду тараққӣ гузошта, дар як фосилаи кӯтоҳ ба комёбиҳои бузурги иқтисодиву тиҷоратӣ ноил гаштаанд. Заминаҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳо бо соири кишварҳои минтақа, аз қабили  Ветнам, Таиланд, Индонезия, Малайзия, Сингапур ва ғайра, дар ҳоли ташаккул қарор доранд[1. С.68].

  Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар баробари кишварҳои ҷаҳон Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, 14 июли соли 1992 муносибатҳои дипломатии худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор кардааст.

  Дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Ветнам ин сафари аввалини давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам 18 январи соли 1999 мебошад, ки дар раванди он 5 санади ҳуқуқӣ ба имзо расидаанд, ки иборатанд, аз: Аҳднома оид ба асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоя; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва техникӣ; Протокол оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ветнам.

  Бояд қайд кард, ки санадҳои мазкур барои рушди ҳамкориҳои мутақобилаи судманди кишварҳо заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоя барои фаъолияти соҳибкорон ва сармоягузорони ветнамӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Баъди сафари давлатии Президенти кишвар соли 1999 дар ҷумҳурӣ 3 корхонаҳои муштарак «ВТ Силк», (бо ду намояндагиҳои худ дар шаҳри Кулоб) оид ба истеҳсоли абрешим, ки фонди низомномавии он 2 млн. сомониро ташкил медод, таъсис дода шуд. Корхонаи муштарак «Роҳи абрешим» бо фонди низомномавии 823970 доллари ИМА байни корхонаҳои ШС «Тори Зарин» Тоҷикистон, ки ҳиссаи он 40% ва ШС «Хиеп Шанг Ко ЛТД» Ветнам, ки ҳиссаи он 60% ро ташкил мекард таъсис ёфт.[3. С-55]

  Аз соли 1991 инҷониб дар ҷумҳурӣ корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам «ВТ-Инвест», ки ҳиссаи маблағгузории Ветнам 1,7 млн. долл. ИМА- ро ташкил медиҳад фаъолияти худро бурда истодааст. Корхонаи мазкур дар ноҳияи Бешкент 3000 гектарро ба иҷора гирифта дар 2500 гектар бо парвариши пахта машғул аст. Дигар корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам «ВТИ-Помир» соли 1998 ташкил ёфтааст, ки он дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият бурда (78%), дар маблағгузории кони ангишти Ровнев иштирок менамояд.

  Бояд зикр намуд, ки ба имзо расонидани Созишнома оди ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ барои фаъол гардонидани муносибатҳои тиҷоратии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам мусоидат намуд. Ҷумҳурии Ветнам яке аз кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад, ки ҷиҳати ҳамкорӣ намудан Тоҷикистон шароити мусоидро дар самтҳои боҷи гумрукӣ ва андозҳо пешниҳод менамояд.

  Бояд қайд кард, ки бар асари сафари мазкур робитаҳои иқтисодии кишварҳои мо то андозае фаъол гаштанд. Аз ҳамон сол то имрӯз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон зиёда аз 9 корхонаи муштарак бо саҳмгузории сармояи ҷониби Ветнам фаъолият менамоянд.

  Дар солҳои охир муносибатҳои дуҷонибаи Ҷуҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам то андозае фаъол гардидааст. 26 апрели соли 2019 дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкориҳои байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ”, мулоқоти Роҳбари Давлат бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

  15 июни соли 2019 дар ҳошияи Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мулоқоти Ноиби Президенти Ветнам бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардид. Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

  Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ асоси муносибатҳои дарозмуддати байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ба ҳисоб меравад. Аз рӯи ҳаҷми гардиши савдо, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ динамикаи робитаҳои тиҷоратӣ кам ба назар мерасад. Барои зиёд кардани ҳамкориҳои самти иқтисодӣ омӯзиши ҷанбаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам зарур аст.

  Дар оянда бо назардошти ин ҷанба муносибатҳоро дар сатҳи сифатан нав бояд ба роҳ монд. Тоҷикистону Ветнам имкониятҳои зиёди иқтисодӣ доранд ва метавонанд ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноати сабук, аз ҷумла коркарди пилла, пахта ва дигар маҳсулоти техникӣ, ҳамчунин истихроҷи захираҳои ангишт фаъолтар гардонанд.


                                                                                                                          Адабиёт:

  1. Эмомалӣ Раҳмон // 20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ [Манбаи электронӣ] URL:https://mo.tnu.tj/tj/20-soli-s-sh-amkor-ba-ri-subot-va-shukufo/ (санаи муроҷиат06.2021)

  2. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ] URLhttps://mfa.tj/tg/main/view/988/konsepsiyai-sijosati-khorijii-jumhurii-tojikiston (санаи муроҷиат 23.06.2021)

  3. Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ветнам [Манбаи электронӣ] URL:https://www.mfa.tj/index.php/tg/main/view/18/munosibathoi-tojikiston-bo-vetnam (санаи муроҷиат 23.06.2021)

  4. Сайидзода Зафари Шералӣ (Саидов Зафар Шералиевич). Внешняя политика Таджикистана в период его становления как суверенного независимого государства (1992-2004 гг.). – Седьмое издание. - Душанбе: ООО «Контраст», 2010. – 446 с.: ил. С-55

  5. Сиёсати хориҷӣ (маҷаллаи илмӣ-назариявӣ ва иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон). – № 1, 2011 С-68-69

 

Соҳиби Баҳрулло,
ходими илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ