АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи илм ва маориф

Муаллиф: Дороншоева Некбахт

Расм

Агар ба масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон таваҷҷуҳ зоҳир намоем, дар 30 сол асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи ду кишварро зиёда аз 100 санад [3] ташкил медиҳад. Санадҳои мазкур асосан фарогири самтҳои муҳими ҳамкориҳо, аз ҷумла, сиёсию иқтисодӣ, фарҳанг, илм, маориф ва дигар соҳаҳоро дар бар гирифта, густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд.

Дар асоси ҳуҷҷатҳои мукаммал байни ду давлат дар соҳаи илм ва маориф робитаҳои зич барқарор карда мешаванд. Ҳуҷҷати аввал ва бунёдӣ ин Созишнома дар бораи асосҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон аз 13 январи соли 1993 мебошад. Дар моддаи 3-юми ин Созишнома таъкид шудааст, ки ҳарду давлат саъю кӯшиши худро барои “мусоидат ба рушд ва таҳкими ҳамкории илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона” равона мекунанд. Тоҷикистон ва Қазоқистон барои рушд ва густариши ин муносибатҳо ният доранд, ки байни созмонҳои давлатӣ, ҷамъиятҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ ҳамкорӣ кунанд.

Бояд қайд намуд, ки барои кормандони соҳаи илм робитаи илмӣ байни муассисаҳои академикии Тоҷикистону Қазоқистон аҳамияти хоса дорад.

13 феврали соли 2000 дар шаҳри Душанбе созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи илм, техника ва иттилоот ба имзо расида буд ва дар асоси ин созишнома аз 13-июни соли 2000 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тайёр кардан ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии дорои тахассуси олӣ ба имзо расид [7].

Дар чорчӯбаи санадҳои мазкур байни муассиаҳои илмӣ-таҳқиқотии ду кишвар гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ва амалӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф дар чаҳорчӯби созишномаҳои бо мақсади табодули таҷриба дар баргузории вохӯриҳои муштарак, конференсияҳо, гузаронидани таҷрибаомӯзии муаллимон дар мактабҳои олӣ, нашр ва тарҷимаи адабиёти илмӣ ва илмию методӣ ба имзо расида мебошад. Санадҳои байнҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ инҳо мебошанд:

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 7 майи соли 2001 (Душанбе);

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр кардан ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии дорои дараҷаи олӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи илм, технология ва иттилоот (аз 22 январи соли 2001 эътибор пайдо кард);

- Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таълими техникӣ ва касбӣ (Душанбе, 13 сентябри 2007);

- Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома аз 13 июни соли 2000 дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 14 сентябри соли 2015, аз 4 майи соли 2016 эътибор пайдо кард; 

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тайёр кардани кадрҳо барои системаи иҷрои ҷазо аз 5 июни соли 2015, ки аз 30 декабри соли 2015 эътибор пайдо кардааст.

Мавҷудияти чаҳорчӯбаҳои асосӣ ба давлатҳо имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои илмию техникӣ ва гуманитариро мунтазам вусъат диҳанд. Дар ин маврид, ҳамкорӣ дар ин соҳа ба самти мусбат рушд мекунад.

Дар солҳои 2006-2007 - 100 донишҷӯи курси аввал аз Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Қазоқистон муаррифӣ шуданд. Ин квотаҳо ба Тоҷикистон дар ҷараёни сафари расмии президент Э.Раҳмон ба Қазоқистон аз 4 то 6 майи соли 2006 дода шуда буданд. Инчунин, дар ҷараёни ин сафар дар бораи зарурати эҷоди фазои ягонаи иттилоотӣ ва фарҳангӣ, ташкили мулоқоти мунтазами олимон, намояндагони соҳаи адабиёт ва санъати ду кишвар мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар доираи таҷлили 550-умин солгарди таъсиси хонигарии Қазоқ, 27 ноябри соли 2015 дар Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китоби муаррихи асри 16 Муҳаммад Ҳайдар Дулати “Таърихи Рашидӣ” ба забони қазоқӣ сурат гирифт. Маҳз ин асар аввалин сарчашмаи хаттӣ дар бораи муносибатҳои байни қабилаҳои қазоқ ва халқҳои Муғулистон ва дар бораи вазъи таърихии Ҳафтрӯд (Семиречие), инчунин дар бораи замони таъсиси хонигарии қазоқ мебошад. Тарҷумаи китоб аз забони форсӣ, аз ҷониби профессор А.Нуралиев, ки бо забони қазоқӣ ҳарф мезанад ва нависандаи қазоқ, дулатшинос Мухтар Қазибек анҷом дода шудааст.

Бояд қайд намуд, ки 1 ноябри соли 2016 дар китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Сафорати Қазоқистон дар Душанбе маросими расмии ифтитоҳи як гӯшаи адабиёти қазоқӣ баргузор шуд, ки ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида шуда буд.

Дар соҳаи ҳарбӣ-техникӣ муносибатҳои байни Тоҷикистону Қазоқистон дар асоси санадҳое, ки оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ба имзо расидаанд, асос ёфтаанд. Муносибатҳои байни ниҳодҳои мудофиаи ду кишвар дар асоси робитаҳои мустаҳками таърихии ду давлат, анъанаҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни ду халқ бунёд мешаванд. Самтҳои асосии ҳамкориҳои низомии ҷонибҳо дар шаклҳои зерин муайян карда мешаванд:

- таълим ва тарбияи хизматчиёни ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии ҳарбии тарафҳо;

- омӯзиши якҷояи кадрҳои ҳарбӣ-илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар соҳаи ҳарбӣ;

- ҳалли масъалаҳои моддӣ ва дастгирии техникии қувваҳои мусаллаҳ, мубодилаи иттилооти ҳарбӣ-техникӣ, махсус ва ғайра.

Таҳлили умумии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон нишон медиҳад, ки дар солҳои охир ҳамкориҳои ду кишвар барои таҳким ва густариши минбаъда иқтидори устувори истифоданашуда доранд [1].

Қазоқистон ба таври ройгон ба низомиёни тоҷик имкон медиҳад, ки дар чаҳорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии низомии Вазорати дифои ин кишвар таҳсил кунанд. Дар ин бора созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ, аз 16 декабри соли 1999 дар Душанбе ба имзо расида буд. [4] Бо дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола квотаи қабул ба донишгоҳҳои низомии Қазоқистон ҷудо карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар Қазоқистон ҳафт мактаби миёна вуҷуд дорад, ки дар онҳо таълим ба забони тоҷикӣ сурат мегирад. Вале дар назди толибилмони тоҷикзабон масъалаи таъмин бо китобҳои дарсӣ ба миён омад. Вазорати маорифи кишвар дар назди сафорати Тоҷикистон чунин шарт гузошт, ки агар Тоҷикистон мактабҳои мазкурро бо китобҳои дарсӣ таъмин кунад, он гоҳ ин мактабҳо фаъолият менамоянд, дар акси ҳол мактабҳои мазкур баста хоҳанд шуд ва таълим ба забони қазоқӣ сурат хоҳад гирифт. Дар чунин вазъият сафорати Тоҷикистон аз амборҳои “Тоҷикматлубот” китобҳои солҳои пешин чопшударо ба Қазоқистон оварда, тавонист, ки мактабҳои зикршударо аз баста шудан боздорад. Бино ба маълумоти собиқ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон А.Искандаров барои дар оянда баста нашудани мактабҳои тоҷикӣ бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Пас аз муроҷиати сафорати Тоҷикистон Раиси Ҷумҳур бо ҳавопаймо ҳамроҳи худ барои мактабҳои тоҷикии Қазоқистон китобҳои дарсӣ, асбобҳои мусиқӣ, сарулибоси миллии тоҷикро барои 9 ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон ҳамчун ҳадя оварданд [6. саҳ.38].

19-20 маи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар Душанбе музокироти дуҷониба анҷом доданд ва дар пайи он ҳафт санади муҳим аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории фарҳангӣ ба имзо расид.

Пас аз музокироти дуҷониба дар шакли маҳдуд ва васеъ, Қосим-Ҷомарт Токаев ва Эмомалӣ Раҳмон брифинги муштараки матбуотӣ баргузор намуданд. Сарвари давлати Қазоқистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон ба президенти Тоҷикистон барои даъват барои сафари расмӣ ба кишвар ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос кард. Тавре Қосим-Ҷомарт Токаев қайд кард, Тоҷикистон натанҳо шарики минтақави барои Қазоқистон, балки кишвари бародар ва наздик аст. “Халқҳои моро риштаҳои мустаҳками дӯстӣ, таърихи умумӣ, арзишҳои маънавӣ ва фарҳангӣ муттаҳид мекунанд” гуфт президенти Қазоқистон. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон инчунин ба нақшаҳои густариши робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона, аз ҷумла баргузории рӯзҳои фарҳангӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кард [5].

Тарафҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ҳавасмандӣ баён карданд. Аз ҷумла, дар бораи омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногун ва ҳамчунин ду маротиба зиёд кардани грантҳои таълимӣ барои донишҷӯёни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар донишгоҳҳои ду кишвар таҳсилкунанда созиш ҳосил шуд. Сарони давлатҳо ҳамчунин аҳамияти минбаъд нигоҳ доштан ва фароҳам овардани шароити мусоид барои намояндагони диаспораҳои қазоқ ва тоҷикро қайд карданд [2].

Анъанаи ба забони қазоқӣ тарҷума намудани асарҳои классикони тоҷику форс, ки пеш аз инқилоб ҷой дошт, дар замони шӯравӣ низ давом карда, боз ҳам нашъунамо ёфт. Дар замони нав ба забони қазоқӣ тарҷума намудани асарҳои адибони намоёни тоҷик Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ ва дигарон дар қатори асарҳои классикони тоҷику форс ба ҳукми анъана даромада буд. Соли 1953 ба муносибати 75-солагии устод Садриддин Айнӣ асарҳои Ӯ “Ёддоштҳо” ва “Ғуломон” ба забони қазоқӣ тарҷума шуданд. Соли 1959 манзумаҳои Мирзо Турсунзода “Қиссаи Ҳиндустон”, “Ҳасани аробакаш” ва асарҳои адибони дигари тоҷик ба забони қазоқӣ тарҷума шуданд. Ин ҳама ба такомули адабиёти қазоқ мусоидат намуд. Ҳамзамон дар Тоҷикистон ҳам асарҳои адибони қазоқ М.Авезов, С.Муканов, Ҷ.Ҷабаев, А.Тоҷибоев, А.Олимҷонов ва дигарон ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, хазинаи адабиёти тоҷикро ғанитар намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин равобити сермаҳсул халал нарасонид. Тарҷумаи асарҳои нависандагони тоҷику қазоқ идома ёфта, дар саҳифаҳои матбуоти даврии кишварҳо чоп мешуд. Мақолаҳои бахшида ба равобити адабии кишварҳо рӯи чоп омаданд. Намояндагони эҷодии зиёи кишварҳо бо таклифи якдигар дар чорабиниҳои адабӣ-фарҳангӣ иштирок карданд. Масалан дар соли 1995 ҳайати намояндагони тоҷик дар чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба 150 солагии Абай Қунанбаев, дар соли 1996 бошад дар нишасти ҷашнии бахшида ба 150 солагии Ҷамбул Ҷабаев ширкат варзиданд. Боиси таъкид аст, ки дар ин чорабинӣ Президенти кишвар низ иштирок доштанд. Аз ин рӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон маҷмуаи мақолаҳо оид ба эҷодиёт ва тарҷумаи ашъори шоирони номбурда зиёд ба табъ расид.

Ҳамзамон китоби А. Нуралиев «Абай и таджикская литература» аз чоп баромад. Инчунин қисмате аз ашъори  Абай аз ҷониби шоира Фарзона ба тоҷикӣ баргардонида шуд. Вохӯрии Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳуриии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки  зимни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон  ба ин кишвар  дар таърихи 22-юми декабри соли 1995 сурат гирифта буд, ба равобити ҷонибҳо дар соҳаи фарҳанг такони тоза ва нав бахшид. Дар чаҳорчӯбаи ин сафар барномаи ҳамкории Академияи улуми Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи маориф, такмили ихтисос ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ-педагогӣ тарҳрезӣ гардид, ки дар заминаи он тайёр кардани кормандони илмиро дар муассисоти Тоҷикистону Қазоқистон  дар назар дошт.

Робитаҳои фарҳангӣ ва адабии Қазоқистон ва Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ боз ҳам густариш ёфта истодаанд. Мисоли инро аз ҷумла дар ҳамкориҳои адибони қазоқу тоҷик дидан мумкин аст. Боиси таваҷҷуҳ ва қаноатмандист, ки маҷаллаи “Элем эдебиёти” як шумораашро ба адабиёти тоҷик бахшидааст. Муқоваи маҷалла ва саҳифаҳои дохилии онро офаридаҳои рассомони тоҷик, аз қабили З.Ҳабибуллоев, Ф.Неъматзода, А.Миршакар, А.Ҳайдаров, С.Шарифӣ, А.Ашуров, П.Ҷӯраева, З.Давлатшоева ва дигарон зебу зинат медиҳанд.

Ҳайати таҳририяи маҷалла дар пешгуфтор аз шукӯҳу шаҳомати адабиёти тоҷик, заҳмати адиби шинохтаи тоҷик Ато Ҳамдам, ки дар омода намудани маводи ин маҷалла хизмати арзанда кардааст, самимона арзи сипос менамояд.

Дар саҳифаҳои маҷалла намунаи ашъори Абӯабдуллои Рӯдакӣ, инчунин сурат, тарҷумаи ҳол ва осори 25 нафар қаламкашони тоҷик: Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Саттор Турсун, Гулрухсор, Абдулҳамид Самадов, Кароматуллои Мирзо, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Низом Қосим, Фарзона, Баҳманёр, Ато Ҳамдам, Ҷонибек Акобир, Зулфия Атоӣ ва дигарон ҷой дода шудаанд. Осори ин адибонро тарҷумонҳои маъруфи қазоқ тарҷума кардаанд [6.  саҳ. 37].

Ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм ва маориф миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ нақши муҳими пайвандгарро дошта, ба имзо расидани як қатор созишномаҳо, ёддошту тафоҳумҳои мутақобилаи ҳар ду кишвар аз он шаҳодат медиҳад. Барои татбиқи санадҳои асосӣ ва ташаббусу иқдомҳои мунтазами ҳамкориҳо дар ин самт сохторҳои марбута, намояндагони илму фарҳанги ду кишвар баҳри вусъат додани фаъолияти худ дар соҳаҳои мазкур талош менамоянд. Олимон, муҳаққиқон, коршиносони соҳаҳои илму маориф аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар чорабиниҳои илмӣ-байналмилалии Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуда, дар рушди фаъолияти муштарак дар соҳаи илм ва маориф саҳми хоса мегузоранд.

Ҳамасола тибқи квотаи ҷудошуда шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар риштаи бакалавриат ва магистратура ба донишгоҳҳои Қазоқистон раҳсипор карда мешаванд. Шумораи донишҷӯён ва шунавандагон дар донишгоҳҳои мухталифи Ҷумҳурии Қазоқистон, ба монанди Донишгоҳи миллӣ, Донишкадаи илмӣ-техникӣ, Академияи алоқа ва авиатсияи шаҳрвандӣ, Донишкадаи идоракунӣ, иқтисод ва пешбинӣ ва ғайраҳо зиёд мушоҳида мешаванд. Масалан дар соли 2016 шумораи донишҷӯёни тоҷик дар макотиби олиии Қазоқистон ба 466 донишҷӯ баробар гардид [8. Саҳ. 62].

Бояд зикр намуд, ки донишҷӯёни тоҷик дар Қазоқистон талош доранд дар бисёр соҳаҳо соҳиби маълумот гарданд, махсусан ба ихтисосҳои омӯзгор, забоншинос, табиб, муҳандис, меъмор, рӯзноманигор ва соҳаҳои санъати тасвирӣ ва мусиқӣ таваҷҷӯҳ доранд. Ҳамчунин, сохторҳои қудратии Тоҷикистон – Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, гумруки Тоҷикистон ҳамасола донишҷӯён ва намояндагони худро ба донишгоҳҳои махсуси Қазоқистон барои таҳсил ва такмили ихтисос равона месозанд.

Робитаҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ, хусусан дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок ба шумор рафта, ба пешрафту ободии минтақаи Осиёи Марказӣ ва манфиатҳои миллии ду кишвари дӯст ҷавобгӯ мебошад. Зеро, мардуми тоҷику қазоқ аз қадим ба ҳамдигар наздикӣ дошта, мероси ғании фарҳангиву адабиро доро мебошанд, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд. Бо вуҷуди ин, боз ҳам  тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд миёни ду кишвар дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи соҳавӣ аз аҳамият холӣ намебошад.

Сарони давлатҳо умумияти фарҳангию таърихии ду халқро қайд карда, ҷонибдории худро аз рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, санъат, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, варзиш ва дигар арсаҳо тасдиқу собит намуданд.

Бо дарназардошти нақши хоссаи диаспораҳои тоҷику қазоқ дар наздиксозии ду халқи бародар, ҷонибҳо омодагии хешро ба идомаи корҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷомеаҳо вобаста ба нигаҳдорӣ ва рушди забони модарӣ, фарҳанг, анъана ва урфу одатҳои миллӣ, андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои дахлнопазир ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони тарафҳо таъкид сохтанд. Роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аҳамияти татбиқи дурусти шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи имзошуда, инчунин тавсеаи минбаъдаи асоси шартномавӣ ҳуқуқии равобити миёни ду давлатро, ки барои таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ пойдевор мебошад, зикр намуданд. Онҳо имкон медиҳанд, ки сатҳи ҳамкории бисёрҷонибаи мо дар сиғаи стратегӣ густариш дода шавад. Дар баробари ин зикр карда шуд, ки истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳои мо бисту панҷ сол пур шуд. Дар давраи сипаригашта кишварҳои мо таҷрибаи бузурги ҳамкории созандаро дар шароити нави соҳибистиқлолӣ ба даст оварданд. Бо такя ба ин таҷриба, мо ният дорем, ки минбаъд тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро ба манфиати мардумони ду кишвар ва умуман минтақа густариш диҳем. Ба масъалаи таҳкими шарикии стратегии мамлакатҳоямон мо ҳамеша аҳамияти афзалиятнок медиҳем.

 

Манбаъ

    1. Двусторонние связи Республики Таджикистан и Республики Казахстан [электронный ресурс]// https://www.mfa.tj/ru/nur-sultan/otnosheniya/dvus toro nnie- otnosheniya. (дата обращения: 11.03.2023)
    2. Казахстан удвоит количество квот в вузах для таджикистанских студентов Электронный ресурс https://news.rambler.ru/education /46453989/?utm_content=news_media&utm_medium=read_more&utm_source=copylink  (дата обращения: 21.01.2023)
    3. МИД РТ www.mfa.tj, МИД РК www.mfa.kz
    4. Об утверждении Соглашения между Правительством Республики Казахстан и Правительством Республики Таджикистан о сотрудничестве в военной области [электронный ресурс] https:// adilet.zan.kz/rus/docs/P000000466_/compare. (дата обращения: 01.02.2023)
    5. Президенты Казахстана и Таджикистана провели совместный брифинг для СМИ. [электронный ресурс]//https://www.akorda.kz/ru/prezidenty-kazahstana-i-tadzhikistana-proveli-sovmestnyy-brifing-dlya-smi-204438 (дата обращения: 06.03.2023)
    6. Саримсаков И.К. Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи фарҳанг, илму маориф//Мавзӯи кори илмӣ-таҳқиқотӣ шуъбаи Осиёи Марказӣ барои соли 2021//. саҳ 38
    7. Соглашения и договоры о международном сотрудничестве [электронный ресурс].//https://anrt.tj/ru/ob-akademii/nauchnoe-sotrudnich estvo/soglasheniya-i-dogovory-o-mezhdunarodnomsotrudnich estve  (дата обращения: 11.03.2023)
    8. Шарипов С.С. Особенности развития взаимоотношений Таджикистана с Казахстаном в начале XXI (2001-2016 гг.). Автореферат диссертации на соискание ученой степени кандидата исторических наук. (рус. и тадж. языки) Душанбе, 2021. - 62 с.

 

 

 

 

Дороншоева Некбахт Шоқосумовна,

мудири шуъбаи Осиёи Марказӣ

 

БОЗГАШТ