АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҳамкории САҲА бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо ифротгароӣ

Муаллиф: Махмедов Муҳаммадҷон

Расм

Ҳамкории САҲА бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо ифротгароӣ

Дар  шароити  имрӯза тамоми  давлатҳо  кӯшиш  менамоянд, ки  рӯ ба тараққӣ ниҳода, дар  арсаи байналмилалӣ мавқеи  худро пайдо  намоянд. Мутассифона  имрӯзҳо  бархе  аз гурӯҳҳои  ифротӣ ба  мушоҳида  мерасанд, ки ба пешрафт  намудани ин  ё он  кишвар  халал  ворид  менамоянд. Ифротгароӣ яке аз падиҳаҳои номатлуб аст, ки тамоми ҷаҳонро ба такон овардааст, ин падидаи номатлуб на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки барои тамоми сайёра ва ҷомеаи осоишта хатари бузург дорад. Дар ҷаҳони имрӯза як чанд созмону ҳаракатҳои характери ифротиву террористӣ дошта, фаъолият менамоянд, аз ҳама даҳшатангези онҳо ин созмони ба ном «Давлати Исломӣ», ҳаракати ифротии «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия» ва «ДИИШ»  аст, ки характери ифротии диниро ба худ касб намудаанд.

Ҳайратовар ин аст, ки вақтҳои охир экстремизми динӣ дар доираи ислом низ пайдо гардида, дар назди худ танҳо як мақсад мегузорад ин ҳам бошад бунёди ҳамон  «Хилофат»-и дар нақша доштаи созмони террористии “Давлати Исломӣ” аст. Аслан тибқи нақшаи пешаки кашидаи созмони мазкур бунёди “Хилофат” чунин аст: бояд тамоми ҳудудҳои давлатҳои мусалмоннишин таҳти итоати онҳо қарор гирад. Барои муқовимат  ба зидди ақидаҳои чунин созмонҳои террористӣ, зарур  аст, ки давлатҳо  дар  доираи  созмонҳои байналмилалӣ ҳамкори  намоянд. Яке  аз  чунин ташкилот САҲА мебошад. Созмони  Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо тасмим гирифта буд, ки тамоми давлатҳои пасошӯравиро ба фазои худ ворид созад. Далели ҳалкунандаи чунин иқдом пеш аз ҳама, назари принсипиалии САҲА ба мафҳуми «амният» ва масоили ба он вобаста ба ҳисоб мерафт. Яъне "амният”, бахусус баъд аз ҷанги сард, набояд консепсияи эксклюзивӣ балки инклюзивӣ бошад. Аз ин лиҳоз, моҳи январи соли 1992 баъди музокироти сатҳи баланди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси иштирокчиёни САҲА пазируфта шуданд. Мақсад  аз  чунин  созмони  ҳадафманд ва ташкил  кардани  ин  гуна  конфронсҳои  судманд  барои  амнияти  башарӣ  зарур  дониста  шудааст.  Бинобар  ин,  аксарияти  кишварҳои  рӯ  ба  тараққӣ  ба  ин  созмони  бонуфуз  шомил мебошанд.  Аз ин  рӯ  Созмони  Амният ва  Ҳамкорӣ  дар  Аврупо, дар  Осиёи Марказӣ  бисёр  дастгирӣ  ёфта,  ҳамеша  мавриди  баррасии  роҳбарони  давлатҳо  қарор  гирифтааст. Муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва САҲА дар солҳои минбаъда сатҳи сифатан нав касб намуда, ин ташкилот соли 1994 фаъолияти худро дар минтақа вусъат дод. Дар ин росто созмон дар қаламрави Ҷумҳури  Тоҷикистон фаъолияти худро ҷиҳати мусоидат барои бартараф намудани даргириҳои дохилӣ ва буҳрони сиёсӣ ба роҳ монд. Бояд  қайд намуд, ки аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 яъне то анҷоми музокироти сулҳи миёни тоҷикон, намояндагони САҲА дар ин раванд ба сифати нозир ширкат намуданд. Соли 1995 нахустин дафтари САҲА оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави Ӯзбекистон ифтитоҳ гардид. Аз соли 1999 инҷониб Созмон дар  кишварҳои Осиёи Марказӣ дафтарҳои худро дорад  [1. c. 303-304].

Тоҷикистон аъзои ин  созмони  бонуфуз  буда,  ҳамеша  баҳри  таъмини  амнияти  кишвари  худ,  кушиш менамояд. Ҳадафи асосии САҲА дар Осиёи Марказӣ аз он иборат аст, ки ҷомеаро аз cap задани муноқишаҳои эҳтимолӣ сари вақт ҳушдор дода, ҷиҳати бартараф намудани заминаҳои онҳо ба ҷонибҳо кӯмак расонад. Дар иртибот ба ин, тибқи  муқаррароти хартияи амнияти Аврупо (ноябри соли 1999) амният бояд дар шакли фарогир ва ҳамшарикона таъмин гардад ва он дар Осиёи Марказӣ низ бояд дар доираи ченакҳои гуманитарӣ, иқтисодиву экологӣ ва ҳарби сиёсӣ барқарор ва пойдории он роҳандозӣ карда шавад.

Дар ин росто САҲА дар Осиёи Марказӣ натанҳо дар амалӣ сохтани равандҳои трансформатсионӣ саҳм гузоштааст, балкӣ дар марҳилаҳои ибтидоӣ фаъолияти худ дар минтақа барои гузариши кишварҳои он аз низоми иқтисодии сотсиалистӣ ба низоми бозаргонӣ, мусоидат намудааст.

Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI, гарчанде шиддати таҳдиди нобудшавии тамаддунҳои башарият тавассути истифодабарии яроки ядроӣ коста гардида бошад ҳам, натиҷаҳои  нав ва зуҳуроти номатлуби глобалӣ ҷойгузини он гардиданд. Терроризми байналмилалӣ, гурӯҳҳои сепарастӣ, шаклҳои мухталифи ифротгароӣ (экстремизм), гардиши маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккилона, инчунин буҳронҳои молиявию иқтисодӣ ва офатҳои табии ҷомеаи ҷаҳониро водор сохтанд, ки роҳу усулҳои нави ҳамкориҳоро пайдо намуда, низоми таъмини амниятро тавассути густариши ҳамкориҳо дар бахши мубориза бо онҳо такмил диҳад.[2. c.17-18]

Албатта, инсоният дар таърихи мавҷудияти худ борҳо кӯшиш ба ҳарҷ додааст, ки ҷиҳати ҷилавгирӣ аз таҳдидҳо низоми муштараки амниятиро таъсис диҳад. Муттассифона, созишномаҳо ва  созмонҳои байналмилалӣ аз афзоиши ҳамлаву таҳдидҳои нав ҷилавгирӣ карда натавонистанд. Тағйирот дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар ибтидои қарни XXI натиҷаҳоеро, ки интизор мерафт ба бор наоварданд. Боқӣ мондани истифодабарии кувваи ҳарбӣ ҳамчун омили асосии ҳалли масоили амниятӣ, созмонҳои байналмилалиро ба он ҳидоят намуд, ки ба равандҳои ҳамшарикиву ҳамгироӣ аҳамият ва таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Ин ҷо сухан дар бораи он равандҳое меравад, ки барои мусоидат ба таҳкими сулҳ ва танзими осоиштаи муноқишаҳо, ҳамчун таъмини низоми фарогири амниятӣ, паст кардани шиддати мушкилоти минтақавию глобалӣ хизмат мекунанд.

      Баъд аз воқеаҳои сентябри соли 2001 фаъолияти САҲА ба таври назаррас тағйир ёфта, имкониятҳои сохторӣ ва молиявии он беҳтар гардид. Муттаносибан консепсияи нави САҲА таҳия карда шуд, ки ба фаъолияти он дар минтқаи Осиёи Марказӣ дигаргуниҳо ворид намуд.

Ҳамзамон, Осиёи Марказӣ ва мавқеи ҷуғрофии он, ки то ин вақт бахшҳои алоҳидаи салоҳиятҳои намояндагии САҲА ҳисоб меёфтанд, дар маркази диққати СПАШ ва Иттиҳоди Аврупо қарор гирифтанд. СПАШ дар мизони ҳамкориҳои сиёсиву ҳарбӣ тавассути барномаи "Ҳамшарикӣ баҳри сулҳ" (partnership for peace) захира ва имкониятҳои бештареро мавриди истифода қарор дода буд, ки онҳо аз имкониятҳои САҲА ба маротиб бештар буданд. [3]

Табиист, ки пойдевори ҳама навъи амният, кабл аз ҳама иқтисодиёт ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, вазъи иқтисодӣ дар таъмини низоми амниятӣ омили асосӣ маҳсуб меёбад. Бо ибораи дигар, кафолати амнияти ҳар як кишвар бевосита ба сатҳи рушди босуботи  иқтисодии он вобаста аст. Таъмини амният дар миқёси байналмилалӣ тавассути ду омил муқаррар мегардад:

1) хусусият ва  миқёси таҳдидҳои мавҷуда ба амният;

2) мавҷудияти қудрат ва маблағҳое, ки ин ё он давлат ва ё ҷомеаи ҷаҳонӣ бо истифодаи онҳо дар андешаи рафъи ин зуҳуротҳои номатлуб ҳастанд.

Мусаллам аст, ки дар шароити ҷаҳонишавии равандҳои сиёсӣ кӯшишҳо ҷиҳати таъмини амният миёни кишварҳои ҳар як минтақа тариқи ба роҳ мондани  ҳамкориҳои мутақобила ҷараён мегиранд. Кишварҳои дорои захира ва имкониятҳои зарурӣ дар мубориза баҳри рафъи таҳдидҳо имкониятҳои бештари таъмин кардани амнияти миллии худро доранд. Вале онҳо дар бисёр маврид аз ҷаҳони берун  ба қавле «канда» буда, тавони назорат аз болои равандҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ё густариши воқеаҳоро надоранд. Ҳол он ки механизми мавҷуди таъмини амнияти дастаҷамъӣ дар таҷриба самаранок будани худро борҳо исбот сохтааст. Чораҳое, ки барои баланд бардоштани сатҳи ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими давлат заруранд, бояд ба таври мукаммал ва бо назардошти омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иттилоотиву таблиғотӣ андешида шаванд.

Дар робита ба ин гуфтаҳои боло, Осиёи Марказӣ минтақае ба шумор меравад, ки бо назардошти омилҳои муттаҳидкунанда ва хусусиятҳои умумӣ, аз қабили мавқеи геополитикӣ ва проблемаҳои ҳамшабеҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ба муттаҳид сохтани сайъу кӯшишҳо, инчунин муқовиматҳои дастаҷамъона ва ҳамоҳангшуда дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб, аз қабили экстремизм, ифротгароӣ, терроризм, гардиши маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ низ ниёз дорад. Боиси зикр аст, ки ҳамоҳанг сохтани тасмимгириҳо ҷиҳати инъикоси воқеии таҳдидҳои зикршуда ботадриҷ ба як амри зарурӣ мубаддал мегарданд. Чунин раванди руйдодҳо дар навбати худ зарурати таъсиси низоми фарогири минтақавиро барои таъмини амният ба миён овардааст, ки метавонад маҷмӯи чораҳои муштаракро амалӣ созад.

Ҳамгироии дохилиминтақавӣ танҳо дар сурати ба роҳ  мондани сатҳи баланди ҳамкориҳои иқтисодӣ имконпазир аст. Яъне дар сурате, ки  кишварҳо бо якдигар робитаи мустаҳками иқтисодӣ дошта, дар ҳалли масъалаҳои марбута ба ҳам вобаста бошанд ва низоми минтақавии таъмини амният ба манфиати мутақобилаи онҳо равона гарданд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки набудани робитаҳои зичи иқтисодӣ байни кишварҳои минтақа, дар шароити кунунӣ онҳоро ба эҷоди ҳамкориҳои берун аз минтақа водор месозад. Аз ин рӯ, айни замон воқеият чунин аст, ки ҳар яке аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, дар андешаи манфиатҳои миллии худ буда, дар бисёр мавридҳо ҷиҳати расидан ба онҳо ҳамкорҳои берун аз ҳудуди минтақаро болотар медонанд. Чунин тарзи коргирӣ заминаи пайдошавии тасаввуротҳои мухталиф оид ба таъмини амният мегардад. Кишварҳои минтақа дар марҳилаи кунунӣ бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҳамкориҳоро дар бахши таъмини амният дар асоси эътимод ба роҳ мондаанд.[4] Аҳамияти ҳамкории САҲА бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар он аст, ки он ҷиҳати ташаккул додани низоми умумиаврупоии мутобиқ гаронидашудаи амниятӣ дар минтақа ба шумор меравад. САҲА метавонад ба сифати як ҳамоише фаъолият кунад, ки дар доираи он муносибати кишварҳои иштирокчӣ нисбат ба масъалаҳои доғи ҷаҳони имрӯза таҳия карда шаванд. Чунин тарзи коргирӣ метавонад барои таъсиси низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ бо мусоидати созмонҳои бонуфузи минтақавӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид заминаи воқеӣ гузорад. САҲА дар фаъолияти худ маҳз он вазифаҳоеро амалӣ месозад, ки онҳо афзалияти арзишҳои умуми инсонӣ ва мақсадҳои муштараки давлатҳои иштирокдоштаро инъикос мекунанд. Воқеан ҷорӣ намудани муносибатҳои қавӣ дар инкишофи ҳамкорӣ бо сохторҳои гуногуни байналмилалии амниятӣ, аз он ҷумла САҲА ба мақсад ва принсипҳои сиёсати берунаи Тоҷикистон  мусоидат менамояд. Он ба манфиати таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва амнияти миллӣ дар самти Аврупо кумак менамояд. Ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА  беш аз 30 сол мешавад, ки дар муддати на он қадар тӯлонӣ байни ниҳодҳои Тоҷикистон ва САҲА ҳамкории хеле пурмазмун ва гуногунҷанба бунёд гардидааст.

Ҳалли ин ва дигар вазифаҳо низ байни Тоҷикистон ва САҲА мувофиқат карда шуданд. Он дар ҳамкории зич ва машварат бо Ҳукумати Тоҷикистон ва бо риояи тамоми қонуну қоидаҳои кишвари мо амалӣ мешавад.         

          Рӯйхати  адабиёт.

  1. Зарифӣ Ҳ. Тоҷикистон – САҲА: муколама ва ҳамкорӣ.  Душанбе «Ирфон» - 2009,-352 с.
  2.  Зарифӣ Ҳ “Сиёсати  хориҷӣ”, маҷаллаи  илмиву назариявӣ ва иттилооти  №2,2012,-208с.

Маводи электронӣ

  1. ОБСЕ предоставила Програничным войскам Республики  Таджикистан  финансированные ЕС автомобили и оборудование (электронный ресурс) https//www.osce.org./ru/programme-office-in-dushanbe /556593(санаи муроҷиат 05.04.2024).
  2. Organization for Security and Co-operation in Europe, OSCE.Handbook,Vienna, 1999.(маводи электрони) https ://www. rect. muni. cz/ summer school / international – Security /  Module % 202/ OSCE. pdf (санаи муроҷиат 20.04.2024).

Махмедов Муҳаммадҷон,

магистранти соли 2-юми Институти ммӯзиши масъалаҳои  давлатҳои Осиё ва  Аврупои 

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ