АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Амрико ва Чин ба чӣ мувофиқа расиданд?

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Рӯзи16 ноябри соли равон сарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар фазои интернет суҳбат доштанд. Назар ба маълумоти расонаҳои хабарӣ, саммити виртуалии Ҷо Байден ва Си Ҷинпин дарозтар аз вақти банақшагирифташуда давом кард ва дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои ду ҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Тавре аз паёми Кохи Сафед бармеояд, Байден дар суҳбат бо раҳбари Чин таъкид кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида сиёсатро дар бобати дифоъ аз манофеъ ва арзишҳои миллии худ идома хоҳад дод, аз риояи ҳуқуқи башар дар Чин изҳори нигарон аст, дар айни замон усули «Чини  ягона»-ро риоя мекунад[i].
Раҳбарони ҳарду давлат ҳамчунон моҳияти мавҷудияти буҳрони иқлим ва ҳифзи муҳити зист барои ҷаҳон ва нақши муҳими ИМА ва Чин дар мубориза бо ин тағйиротро баррасӣ карданд. Байден ва Си инчунин аҳамияти андешидани чораҳоро барои ҳалли масъалаи таъмини энергия ва маводи сӯзишворӣ дар сатҳи ҷаҳон, чолишҳо ва хатарҳои калидии минтақавӣ дар бобати таъмини амнияти саросарӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба Кореяи Шимолӣ, Афғонистон ва Эрон баррасӣ карданд. Ва ниҳоят онҳо роҷеъ ба роҳҳои идомаи музокирот оид ба як қатор масъалаҳои дигар табодули назар карда, аҳамияти машваратҳои дақиқ ва мушаххасро дар ин замина махсус таъкид намуданд[ii].
Ин нукта муҳим аст, ки Президент Байден Ҷуҳуқи кишвари Чинро дар интихоби роҳи инкишоф, тамомияти арзӣ ва арзишҳои миллии он эътироф намуда, таъкид ба он кард, ки ИМА ҳаргиз барои тағйири низоми сиёсии кишвари Чин ва таъсиси иттиҳодҳои муқобили ин кишвар кӯшиш нахоҳад кард. Мо тарафдори “Тайвани мустақил” ҳам нестем[iii], - таъкид намуд роҳбари ИМА.
Воқеан, чунин ба назар мерасад, ки мулоқоти маҷозии роҳбарони ин ду кишвари абарқудрат ғайричашмдошт дар фазои ором, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳамдигар анҷом гирифт. Чунин сурат гирифтани мулоқоти мазкур дар заминаи он нигарониҳо ва танишҳое, ки бо сабабҳои мухталиф миёни ин ду кишвар ҷой дорад, паёми нек на фақат дар беҳтар шудани вазъи робитаву муносибатҳои байни ИМА ва Чин, балки дар фазои сиёсии ҷаҳон низ ба назар мерасад. Аз тарафи дигар, “меҳрубониҳои” ИМА дар бобати боло бурдани сатҳи муносибатҳои байни ду кишвар метавонад ҳамчун кушиши рахна задан ба муносибатҳои байни Чин ва Россия ва, аз ҳамин тариқ, заъиф сохтани нуфузи Россия дар минтақаи Осиёи Марказӣ талаҷҷуҳ гардад. Беҳуда нест, ки фақат дар ҳамин чанд рӯзи ахир  Байден се бор таҳримҳои зидди Россияро рад кард ва гуфт, ки ин чораҳо ба қадри кофӣ сахт нестанд[iv]. Департаменти давлатии ИМА низ таъкид намудааст, ки дар бораи муносибатҳои устувор ва пешбинишавандаи ИМА ва Россия ҳарф задан барвақтаст[v].
Хулоса, мулоқоти ахири ИМА ва Чин дар сатҳи олии роҳбарияти сиёсии ин кишварҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки хатар ва чолишҳои глобалии ҷаҳони имрӯз, ки ба мавҷудияти инсоният дар курраи Замин мустақиман иртибот мегирад, метавонад ва бояд ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳумро дар миёни кишварҳои мухталиф, махсусан давлатҳои абарқудрат ба миён оварад. Густариш ва таҳкими робитаҳо ва мавқеъҳои усулии ин кишварҳо дар роҳи дарки мушкилиҳо ва роҳҳои якҷояи ҳаллу фасли он ҳамчун яке аз воситаҳои муассири мубориза бар зидди чинин танишҳо ва чолишҳо арзёбӣ мегардад.
 
[i]Виртуальный саммит Байдена и Си Цзиньпина длился дольше намеченного.16.11.2021// https://radiosputnik.ria.ru/20211116/bayden-1759231021.html
[ii]Readout of President Biden’s Virtual Meeting with President Xi Jinping of the People’s Republic of China 16.11.2021// https://www.whitehouse.gov/ briefing-room/statements-releases/2021/11/16/readout-of-president-bidens-virtual-meeting-with-president-xi-jinping-of-the-peoples-republic-of-china/
[iii]США не поддерживают независимость Тайваня, заявил Байден.16.11.2021 // https://ria.ru/20211116/bayden-1759222971.html?offline=1
[iv]Байден трижды отклонял санкции против России, сообщили СМИ. 16.11.2021 // https://ria.ru/20211116/bayden-1759231459.html
[v]В Госдепе оценили отношения США и России. 15.11.2021 // https://ria.ru/20211116/kitay-1759224571.html


Шамсиддин Каримов,
сарходими илмии Шуъбаи Аврупо ва Амрико,
доктори илмҳои сиёсӣ
 

БОЗГАШТ