АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Анъанаҳои ҷашни Наврӯзӣ дар Ҷумҳурии Казоқистон

Муаллиф: Алибекова Адиса

Расм

Анъанаҳои ҷашни Наврӯзӣ дар Ҷумҳурии Казоқистон

Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз оинаест, ки забону замонҳои ҷаҳони офаринишро бозтоб медиҳад, ҳалқаҳои пайванди қавму миллатҳои ҳамфарҳангу ҳамтаърих ва ҳамтақдирро таҳким мебахшад, ҷашни бузурги Наврӯз дар воқеъ, ваҳдатгарои халқу миллатҳои гуногун мебошад. Ин иди миллӣ дар тӯли таърих на фақат халқу миллатҳо, балки андешаву гуфтору кирдори онҳоро низ бо ҳам сахт пайвастааст, мо инро пеш аз ҳама, дар мисоли ҳамоҳангӣ ва ҳамчунин маросими ҷашнгирии иди Наврӯз дар кишварҳои Осиёи Миёна мушоҳида карда метавонем.

Ҷашни Наврӯз дар ҳаёти қазоқҳо нақши муҳим мебозад ва он аз фарорасии фасли баҳор дарак медиҳад. Ба охир расидани фасли дай ва оғози соли нав эҳёи табиат ва ҳаёт бахшидан ба наботот ва дигар ҷанбаҳои муҳимми инсонӣ мебошад. Бо фарорасии баҳор табиат ба тан либоси сабз мепушонад, ва тамоми ҳаёти зинда аз сабзшавии табиат умед ва ормонҳои тозае пиёда мегардонад.

Таърихи муосири Наврӯзи Қазоқистон пур аз саҳифаҳои аҷиб аст. Аз соли 1926 то соли 1988 таҷлили Соли нави суннатии шарқӣ шуда буд. Расман Наврӯзро ҳамчун ид аз соли 1988 дар Қазоқистон ҷашн мегиранд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон «Дар бораи рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Қазоқистон» соли 2001 Наврӯз мақоми ҷашни давлатӣ гирифт. Моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳрасти осори фарҳангии башар шомил карда ва 23 феврали соли 2010 Маҷмаъи умумии СММ 21 мартро "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" эълом кард. Ин эъломия бо ибтикори Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Албания, Македония, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Туркия тасвиб шуда буд.

Анъанаҳои қадимаи Наврӯзии Қазоқистон ба Наврӯзи Тоҷикистон дар аксарияти ҷанбаҳои расму ойинҳои ҳаётӣ бо ҳам шабоҳате доранд. Минҷумла, қазоқҳо ба монанди тоҷикон дар рӯзи Наврӯз пироҳани  нав ва беҳтарини худро ба бар менамоянд, ки ин нишонаи шукуфоӣ ва зиндагии саодатманд, осудаҳолӣ ва бо табиати ором барои соли оянда кафолат медиҳад. Дар баробари ин инчунин дар маъракаҳои наврӯзӣ иштирок намуда, мисли оини тоҷикон ки «бузкашӣ» хеле маъмул аст, онҳо низ ин оинро ба таври расму оини худ пуштибонӣ карда, дар намудҳои гуногуни варзиш бо ҳам мусобиқа ороста суруд мехонанд ва рақс мекунанд. Яке аз анъанаҳои муҳимтарин дар иди Наврӯз ин тозагии манзил ва хонаҳо мебошад. Ин рамзи покию осудагӣ ва тамиз кардани на танҳо хонаҳо балки тоза кардани тамоми гирду атрофи он мебошад. Маънои рамзии тамиз кардани хона далолат аз он мекунад, ки нияту қалби инсонҳо низ дар баробари тамиз кардани хона тозаву соф бошад. Яъне инсонҳо бояд аз кибру ғурур, адоват ва дигар аъмоли разоил канораҷӯӣ намуда, аъмоли фазоилро аз қабили бахшиши гуноҳи ҳамдигар, инсондӯстӣ, муҳаббат, покдоманӣ, саховатмандӣ ва дигар сифоти беҳтарини инсониро пиёда намоянд.

Ин анъана чандин аср пеш реша давонда буд ва то имрӯз аз байн нарафтааст. Расму оини тозакунӣ на танҳо дар хона ба анҷом дода шавад, балки дар ҳавлӣ низ анҷом дода мешавад. Қазоқҳо дар бораи Наврӯз ҳарф зада, таъкид мекунанд: агар ид ба хонаи тоза расад, сокинони он тамоми сол бе мушкилоту ташвиш, беморӣ ва талафот зиндагӣ мекунанд.

Дар суннати тоҷикон низ дар байни мардуми Бадахшон ба вижа чунин ақидае роиҷ аст, ки пеш аз Наврӯз мардумон дар талоши онанд, ки хонаро тамиз гардонанд, зеро ба андешаи тамоми ғаму андуҳ ва мушкилоти порсола бо тамиз гардонидани хона ва табиати зинда рафъ гардида, бо ният ва ҳадафи тозае аъзоёни ин хонавода саодатманд шаванд. Дар ин минтақа махсусан агар хонае бо номи «хонаи померӣ дар байни халқҳои дунё маъруф аст, бунёд намоянд ва ё сохтмони он ба итмом расонда шавад, аъзоёни ин хонавода ҷаҳду талош мекунанд, ки бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай ба хонаи нав кучанд то бо баракати фасли баҳор ва иди хуҷаста дар хонаи онҳо оромӣ, сулҳ иттиҳод ва фарзандони онҳо дар руҳияи ахлоқи инсонӣ ва донишу маърифат ба камол расанд. 

Барои омодагии ҳаматарафа ба Наврӯз пеш аз фарорасии ҷашни бошукӯҳ мардум бо мазмунҳои гуногун суннати чандинсолаи худро аз диду нигоҳи нав ба мардум муаррифӣ менамоянд. Фарорасии Наврӯз анъанае доранд, ки барои ба хонаашон баракати фаровон омадан дар рӯзи ид тамоми хӯрокҳои аз ғалладонагиро бо оби чашма, ширу айрон тайёр мекунанд, бо умеде, ки дар соли меомадагӣ ҳосил фаровон шавад. Пеш аз ин ид ба касоне, ки хусумат доштанд, сулҳу оштиро барқарор менамоянд ва ҳар як шахс саъю талош менамояд, ки дар соли меомадагӣ бо рӯҳи тоза Наврӯзро пешвоз гирад. Наврӯз дар ҷашнвораҳои қадим одатан ҳангоми шом оғоз меёбад. Қазоқҳо саҳар барвақт аз хоб хеста, дар маросими махсуси тоза кардани чашмаҳо иштирок мекарданд. Дар баробари ин дар ҳавлиҳояшон дарахт мешинонданд. Дар Наврӯз пиру ҷавон ҷамъ омада, хурсандона идро ҷашн мегирифтанд ва сурудҳои наврӯзиро бо ҳам мехонданд, озмунҳоро ташкил мекарданд. Мардуми Қазоқистон ташкили мусобиқаи давиданро дар ҷашни Наврӯз дӯст медоранд, дар ҳоле ки ширкаткунандагон ҳамеша пойбараҳна медаванд. Мувофиқи эътиқод, чунин давидан барои гирифтани қувва аз замин муҳим аст.

Дар фестивал ҷои асосиро дастархони наврӯзӣ ишғол мекунад. Хӯроки нисфирӯзӣ оғоз меёбад. Одатан пеш аз хӯрок хӯрдан ва баъд аз он дуо хонда мешавад. Ба ғайр аз ин, пирони рӯзгордида барои ҳозирин дуои нек ва баракат медиҳанд. Дастархони асосии Наврӯз таомҳои хоси худашро дорад. Муҳимтарини он «Наврӯз коже» мебошад, ки ҳафт намуд маҳсулотро аз қабили: Шир, оби чашма, гандум, орд, намак, равған ва гуштро дар бар мегирад. Мувофиқи расму оини Наврӯзӣ касе хоҳад, ки дар соли меомадагӣ муваффақият ба даст орад, бояд ба ҳафт хона меҳмонӣ равад ва ба хонааш ҳафт меҳмон даъват кунад.

Аз соли 2009 инҷониб Наврӯз се рӯз ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз барномаи фарҳангии ин ҷашн назар ба садсолаҳои гузашта хеле ғанитар аст. Пеш аз пандемия ҷашнҳо оммавӣ буданд. Мардум дар намоишҳои театрӣ, мусобиқаҳои кулинарӣ, ки дар онҳо бо таомҳои анъанавии қазоқ пешкаш карда шуданд, хурсандӣ мекарданд. Дар сари дастархон оши палав, борсак, кожеи наврӯзӣ мебошад. Мардум намоишгоҳҳои фарҳангиро тамошо карда, дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок мекарданд. Сокинони шаҳрҳои калон имконияти дидани “шаҳрчаҳои юрта” доранд.

Дар он ҷо қазоқҳо анъана ва ҳунарҳои мардумиро нишон медиҳанд. Инчунин, танобкашҳо ва савораҳо иштирок намуда, байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.

Наврӯз на танҳо хусусияти ҷашни миллӣ, балки умумиҷумҳуриявӣ пайдо кард. Дар намоишгоҳҳо намояндагони ҳамаи халқу миллатҳои гуногуни Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолона иштирок мекунанд. Намуди зоҳирии кулбаҳои русӣ ё хонаҳои олмонӣ, деҳаҳои этникии идона ҳайратовар мебошанд. Бисёр сайёҳон ба ҷашни Наврӯз ба Туркистон (шаҳр дар ҷанубӣ Қазоқистон) мераванд. Дар ин минтақаи асили таърихию ҷуғрофӣ, иди Наврӯз махсусан бошукӯҳ таҷлил карда мешавад. Дар Туркистон юртҳоро месозанд, дастархони Наврӯзиро мекушоянд, арғунчак месозанд.

Миқёси ҷашнвора дар шаҳракҳо ва деҳот хурдтар аст, аммо дар ин ҷо Наврӯз ҳамеша ба таври аслӣ таҷлил мешавад. Сокинони маҳаллӣ дилхушиҳои суннатии қазоқиро бартарӣ медиҳанд, ки дар шаҳрҳои калон ташкил кардан ғайриимкон аст. Дар шаҳру деҳот бозиҳои байге, курес, аудариспақ маъмуланд.

Умуман, Наврӯз дар ҳар минтиқа вижагихои махсуси рамзӣ анъанаҳои худ дошта, бо мурури замон расму ойинҳои мардумӣ бо изофа кардани баъзе тағйирот дар онро бо назар ва дидгоҳи нав беҳтар гардонида, фарҳанги чандинҳазораи мардуми ин минтиқаро ба ҷаҳониён муаррифӣ хоҳад гардонид. Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огоҳӣ биёбанд ва онро ҳамеша нигаҳдор бошанд. Тамоми оинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебопарастӣ ҳидоят намоянд. Шукӯҳу тантанаҳои наврӯзӣ гувоҳи он мебошанд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанги миллӣ ва эҳёи суннатҳои бостонӣ арҷ гузошта, барои пойдорӣ ва боз ҳам ғанӣ гардонидани онҳо пайваста иқдом менамоянд. Дуруст аст, ки ин раванди ҷахонишавӣ нисбати ин минтиқа бе таъсир намонда хушдор медихад, ки ба асли худ баргашта асли худро ба ҷаҳониён муааррифӣ намуда ва аз фарҳангу анъанаҳои миллӣ сарбаландона хифз намоем. Бузургии ҷашни Наврӯз дар он аст, дар ин давраи ҳассос фарҳанги миллии (форсизабонон) алалхусус точиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Хушбахтона Наврӯз моҳи феврали соли 2009 бо Қаррори Кумита оид ба ҳифзи ёдгориҳои Мероси Фарҳангӣ дар назди СММ (ЮНЕСКО) Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, ки ин боиси ифтихори шаҳомату шукуҳи ҳар як миллат аст.

Алибекова А.М.,

магистранти курси 2

БОЗГАШТ