АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

АРАБҲО ДАР ОСОРИ АЙНӢ

Муаллиф: Мардонӣ Тоҷиддин

Расм

Дар асарҳои бадеӣ ва илмию публитсистии устод Садриддин Айнӣ доир ба забону, адабиёт ва эҷодиёти шифоҳии арабҳо ишораҳои фаровоне мавҷуд буда, инчунин вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакатҳои араб бисёр ёд карда мешавад.

Шиносоии нахустини Айнӣ бо арабҳо ҳанӯз дар айёми хурдсолӣ дар зодгоҳаш – деҳаи Соктаре сар шудааст. Нависанда дар «Ёддоштҳо» қайд мекунад, ки бошандагони ин деҳа аз ҷиҳати ирқ асосан ба чор ҷамоа тақсим шуда, яке аз он ҷамоаҳоро арабҳое ташкил медоданд, ки аз боқимондагони муҳоҷирони араб ба шумор мерафтанд. «Забони аҳолии ин деҳа,- навиштааст Айнӣ,- асосан тоҷикӣ буда, аз хоҷагон сайидатоиҳо ӯзбекӣ гап мезаданд ва бар хилофи одати арабони дигар, арабони ин ҷо ҳам ба забони ӯзбекӣ гуфтугузор мекарданд.[1]

Аз мутолиаи «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам» ва «Ёддоштҳо» ба хулосае омадан мумкин аст, ки шиносоии наздиктари Айнӣ бо забон ва адабиёти араб дертар, дар солҳои таҳсил дар мадрасаҳои Бухоро сурат гирифта, минбаъд дар тамоми марҳалаҳои зиндагиаш вусъат ва такмил ёфтааст.

Айнӣ натанҳо таърих, балки адабиёти асрҳои миёнаи арабро ҳанӯз аз замони таҳсил дар мадраса хуб медонист ва бо эҷодиёти бисёр намояндагони он шиносоии амиқ дошт.

Бояд гуфт, ки дар офаридаҳои бадеии Айнӣ арабҳо ҳамчун қаҳрамонони бевоситаи асар баромад намекунанд ва тасвир наёфтаанд. Ба тариқи истисно метавон танҳо яке аз персонажҳои «Ҷаллодони Бухоро»-ро зикр намуд, ки Маҳмуд- араб ном дорад ва дигаре дар «Ёддоштҳо» Ҳомид-араб номида мешавад. Сарфи назар аз ин дар асарҳои Айнӣ маълумоти фаровон доштани ӯ дар бораи бисёр ҷабҳаҳои ҳаёт ва маданияти арабҳо бараъло зоҳир гардидааст. Барои мо, махсусан, фикру мулоҳиза ва гуфтаҳои ӯ дар бораи забони арабӣ ҷолиби диққат мебошанд. Ин мулоҳизаҳо, ки бештар зимни баҳсҳо дар атрофи алифбо, сарфу наҳви забони тоҷикӣ, китобҳои дарсӣ барои мактабҳои тоҷикӣ ва оид ба масъалаҳои забонҳои тоҷикию форсӣ баён карда шудаанд, аҳамияти калонеро моликанд.

Устод Айнӣ дар мақолаҳои ба забони тоҷикӣ бахшидааш дар хусуси аввалин китобҳои дарсӣ барои мактабҳои тоҷикӣ ақидаи худро баён карда, ҳусну қубҳи онҳоро нишон медиҳад ва махсусан қайд менамояд, ки фаровон истифода бурдани калимаву таъбирот ва истилоҳоти душворфаҳми арабӣ дар ин гуна китобҳо ҳодисаи номатлуб аст. Чунончи Айнӣ, дар бораи «Сарфу наҳви забони тоҷикӣ» (Самарқанд, 1926) ном китоби Саидризо Ализода таваққуф намуда, онро шоёни таҳсин медонад. «Аммо дар мавриди баёни қоидаҳо, – менависад Айнӣ, - луғатҳои арабӣ бисёр ба кор бурда шудааст. Хусусан, истилоҳҳои фанниаш арабист, ки бисёртарини муаллимони ҳозира ҳам намефаманд, чи расад ба шогирдон».[2] 

Устод Айнӣ барои содагӣ ва тозагии забони тоҷикӣ ҳамеша мубориза мебурд ва яке аз шартҳои ин муборизаро дар тарки истеъмоли калимаву ибораҳои ба мардум норавшани арабӣ медонист. Лекин маълум аст, ки қисми зиёди калимаҳои арабӣ ба фонди асосии луғавии забони тоҷикӣ аз давраҳои қадим дохил шуда, имрӯз гӯяндагон ғайритоҷикӣ будани онҳоро ҳатто пай намебаранд. Дар бораи яке аз ин қабил калимаҳо (калимаи «мунофиқ») устод Айнӣ дар «Мактуби кушода ба рафиқ Тоқиев» таваққуф намуда мегӯяд, ки «ин калима, ...дар байни оммаи мардум чунон машҳур аст, ки ҳатто арабӣ будани вайро ҳеҷ кас ҳис намекунад».[3] Аксари калимаҳои арабӣ дар забони тоҷикӣ кайҳо маълум гашта, як қисми лексикаи онро ташкил додаанд. Бинобар ин дар гуфтугӯ ё ҳангоми навиштан истифода накардани онҳо имконнопазир аст. Айни кӯшишҳои баъзе муаллифонро, ки масъалаи тозагӣ ва содагии забонро дуруст нафаҳмида, бисёр калимаҳоро аз сабаби арабӣ буданаш ба кор намебурданд ва онро бо калимаҳои дигари номафҳум иваз карданӣ мешуданд, зери танқид мегирад. «Ман шахсан,- навиштааст Айнӣ дар мақолаи «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ», - ба кор фармудани баъзе суханҳои арабӣ, ки имрӯз дар забони форсу тоҷикӣ ҳазм шудааст, муқобил нестам. Ва инчунин кор фармудани истилоҳоти илмии арабиро, ки аз имрӯза форсӣ ё тоҷикӣ ба ҷои онҳо сухани қобиле ёфт намешавад, лозим медонам.[4]

Барои ҳамин ҳам устод Айнӣ дар «Ҷавоби ман» ном мақолаи ба забони адабии тоҷикӣ бахшидааш дар хусуси таъбири «деҳқони миёнаҳол» бо Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим баҳс карда, чунин мегӯяд: «Бисёртар рафиқ Мунзимро арабӣ будани «ҳол» ва барҷаста набудани таркиби форсӣ бо арабӣ дар шӯр андохтааст. Аммо таъбири «миёнақад» зебо мешавад, гуфтаанд. Бадбахтона, маҷбурам ба рафиқ Мунзим як хабари бад бидиҳам, ки «қад» ҳам арабӣ аст ва форсиаш «боло» аст. «Сабоҳат ал-ҳадд шофат ал-қадд» аз саҷъҳои машҳури арабӣ аст». [5] Боз дар ҳамин мақола Айнӣ баҳси худро бо Мунзим идома дода, ба эродҳои гирифтаи ӯ ҷавобҳои қатъӣ мегардонад. Чунончи, ӯ оид ба баромади аслии калимаи «собот» фикри худро ин тавр баён менамояд: «Дар бораи «собот» боз як хабари бад ба рафиқ Мунзим медиҳам, ки ин туркӣ нест, балки арабист ва арабиест, ки дар миёнаи тоҷикон шуҳрат ёфтааст». Аз мақолаи мазкур маълум мегардад, ки дар як қатор мавридҳо Мунзим иваз намудани калимаҳои арабиро бо калимаҳои тоҷикӣ, аз ҷумла ба ҷои «ҳайрат» - «чолок» навиштанро таклиф мекунад. Аммо Айнӣ, ки забони арабиро хуб медонист ва тобишҳои семантикии ҳар як калимаи дар забони тоҷикӣ мустаъмали арабиро дақиқ ҳис мекард, ба як тарзи ҳалимона ба мухолифи худ мефаҳмонад, ки ин ду калима аз ҷиҳати маънӣ ба ҳамдигар муродиф нестанд, зеро «чолок» ба маънои «тезрав» аст, аммо «ҳайрат» боҳавсалагиро нишон медиҳад.

Мулоҳизаҳои устод Айнӣ доир ба забони арабӣ ва алоқаи он бо забони тоҷикӣ хеле зиёданд, вале хулосаи фикру ақидаи ӯ роҷеъ ба ин масъала, чунон ки дар мақолаи «Ҷавоби ман» баён шудааст, иборат аз он аст, ки ҳар чизе ки то имрӯз аз арабӣ дар миёни тоҷикон даромада, умумият гирифта ҳазм шудааст,  аз вай рӯй гардондан даркор нест, зеро ба гуфтаи худи нависанда, аз кор фармудани ҳам «фоида» аз ҳам «суд» ва монанди инҳо тоҷикон зарар намебинанд, балки ба андозае, ки забони гуфтугӯиашон васеъ аст, забони навишташон ҳам васеъ мешавад».[6] Дар натиҷаи мутолиа, тадқиқи асарҳо ва омӯзиши фаъолияти бисёрҷиҳатаи устод Айнӣ равшан зоҳир мегардад, ки ӯ нисбат ба забон ва адабиёти араб таваҷҷуҳи махсусе дошта, чун олим ва адиби интернатсионалист онро самимона эҳтиром мекард. Бинобар ин тақдири соҳибони ин забону адабиёт - халқҳои араб, ки дар зери таъсири инқилоби Октябр ба мубориза бар зидди мустамликадорон бархоста, барои озодӣ ва истиқлолияти миллии худ мардона меҷангиданд - нависандаи инсондӯсти моро ба ҳаяҷон наоварда наметавонист. Айнӣ дар бораи рафти муборизаи миллию озодихоҳӣ дар кишварҳои араб аз саҳифаҳои матбуот хабардор шуда истода, дарҳол бо мақолаҳои оташини публитсистӣ дар маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб» ва рӯзномаи «Овози тоҷик» баромад мекард ва фитнаву найрангҳои мустамликадорони фарҳангиро фош ва маҳкум сохта, муборизони арабро тарафдорӣ менамуд. Чунончи дар мақолаи «ғалабаи инқилоб дар Шарқ» Айнӣ навиштааст: «Арабҳоеро, ки ба найрангҳои мунофиқин фирефта шуда буданд, имрӯз байрақҳое, ки барои тахриб ва тафриқаи олами ислом ба дасташон супурда шуда буд, ба сари Англис ва Франсия мекӯбанд, лашкари фарансавиро маҳв мекунанд, Англисро дучори тазъйиқ менамоянд».[7]

Гуфтаҳои устод Айнӣ дар бораи арабҳо бараъло нишон медиҳанд, ки ӯ дар соҳаи забону адабиёт ва маданияту таърихи гузашта ва муосири онҳо дониши васеъ ва амиқ дошта, шаммаеро аз он дар асарҳои худ ифода намудааст.

 

Мардонӣ Тоҷиддин

сарходими илмии ШШМН

 

 


[1] Садриддин Айнӣ. Ёддоштҳо. Энсиклопедияи насри муосири тоҷик. -Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллиии тоҷик, 2009.- С. 6.  

[2] С. Айнӣ. Куллиёт, ӣ. ҲҲ, китоби 2, -саҳ. 346.

[3] С. Айнӣ. Куллиёт, ӣ. ҲҲ, китоби 2, -саҳ. 385.

[4] С. Айнӣ. Куллиёт, ӣ. ҲҲ, китоби 2, -саҳ. 351.

[5]  С. Айнӣ. Куллиёт, ӣ. ҲҲ, китоби 2, -саҳ. 371.

[6]  С. Айнӣ. Куллиёт, ӣ. ҲҲ, китоби 2, -саҳ. 373.

[7]  С. Айнӣ. Куллиёт, ӣ. ҲҲ, китоби 2, -саҳ. 60.

 

БОЗГАШТ