АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҳармандир Соҳиб - Маъбади тиллоӣ

Муаллиф: Шарипова Меҳринисо

Расм

Ҳар гардишгар мехоҳад ба ҷое сафар кунад, ки тассуроташ нотакрор ва истироҳаташ фараҳбахш бошад. Сафари Ҳиндустон дар чашми ҳар сайёҳе зебоиҳои дунёро ҷилвагар месозад, ҳаёти рангини нимаафсонаӣ ишқи зиндагиро дар дили ӯ ба ҷӯш меорад. Метавон гуфт, ки дар ин ҷо зиндагӣ дар шакли оғозинаш беолоиш идома дорад. Иморатҳои муҷаллали таърихӣ, ёдгориҳои ҳайратовари ғайримоддӣ, аз қабили дину оинҳои сершумор, расму русум ва суннату таомули ҷолиб ва ҳатто сеҳрангез зиндагии мардуми ин кишварро шакле додаанд саршор аз маънӣ.

Дар ин мақола перомуни “Маъбади тиллоӣ”, ки бо номи“Ҳармандир Соҳиб” (Дарбор Соҳиб) низ шинохта мешавад, қисса мекунем. Маъбад дар шимоли кишвар, дар шаҳри Амритсар, ҷойгир аст. Шаҳр каме бештар аз як миллион нафар ҷамъият дорад. Амритсар бо Покистон ҳаммарз буда, ҳамагӣ дар сиюдукилометрии шаҳри Лоҳур воқеъ гардидааст. Амритсар пойтахти динии сикҳҳои вилояти Панҷоб дар шимоли Ҳиндустон мебошад, ки аҳолии он асосан сикҳҳоянд. Амритсар, маркази маъмурии вилоят буда, яке аз калонтарин шаҳрҳои Панҷоб ба ҳисоб меравад ва масоҳаташ 450 километрро ташкил медиҳад. Аз Деҳлӣ дар ғарбу шимол бо сарҳади Ҳинду Покистон, дар шимолу шарқ бо вилояти Ҳимачал-Прадеш ва дар ҷанубу шарқ ва ҷануб бо Ҳарйана ҳамсоя аст. Шукуфоии шаҳрҳо ба хоҷагии кишоварзии сермаҳсул, инчунин савдо ва саноати хеле тараққикарда асос ёфтааст. Амритсар ҳамчун маркази асосии содироти меваҳои хушк шуҳрат дошта, бо истеҳсоли молҳои зебо, аз қабили қолинҳо, либосҳо, ҳунарҳои дастӣ ва ғайра ном баровардааст.

Ҳиндуҳо халқи хеле бомуҳаббат ва самимӣ буда, бештар ибодатро ба худ хос медонанд. Субҳи барвақт, пеш аз наҳорӣ, ҳар як узви оила ба ибодати барвақтӣ (соати 04:30) ба маъбади назди ҳавлӣ ҷамъ омада, ба ибодат ва дуохонӣ мепардозанд. Пас аз он наҳорӣ карда, барои дарсу кор ба роҳ мебароянд. Дар гирду атрофи Маъбад гулҳои тару тоза ороиш дода шуда, гулчанбарҳои печида бо латтаҳои рангоранг бастаю гузошта ҳастанд.

Амритсар аз замони тақсими Ҳиндустон ва ташкили Покистон маркази ибодати сикҳҳои ҳар ду тарафи марз ба ҳисоб меравад. Дар инҷо сарҳади машҳури “Вага” ҷойгир аст, ки миёни ҳарду кишвар маросими анъанавии доимии парчамкушоӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Маъбад маркази фарҳангию маънавии Cикҳҳо мебошад. Сикҳизм як дини мустақил аст, ки дар иёлати Панҷоби Ҳиндустон дар ибтидои асри XVI аз тарафи Гуру Нанак бино ёфтааст. Сикҳҳо ба худои ягона эътиқод доранд, ки номи аслии он ба касе маълум нест. Бино ба бовари сикҳҳо рӯҳи инсон баъд аз марг ба табиат омезиш ёфта, ба офаридгор бар мегардад. Вай муҳаббати бародариро нисбати ҳама одамон, сарфи назар аз эътиқод ва тааллуқоти иҷтимоӣ, тарғиб мекунад, каста ё худ табақаро, ки дар дини ҳиндуӣ мавҷуд аст, қабул надорад. Ин дин аз рӯи шумораи пайравонаш дар ҷаҳон ҷои нуҳумро ишғол мекунад.

Сикҳҳо ба як Худо ва даҳ ҳақиқате ки дар китоби муқаддаси Гуру-Анудан Саҷиб ҷамъ оварда шудааст, бовар мекунанд. Ин ҳақиқатҳо аз ҷумлаи дуоҳояшон, ва сазовор ба ҷойгоҳи махсуси сикҳизм ба монанди ҳамеша ёд кардани Худо, арҷ гузоштан ва эҳтиром кардани арзишҳое монанди раҳму шафқат, ростӣ, фурӯтанӣ, пешбурди зиндагии пурмаҳсул ва ҳамеша қабул кардани иродаи Худоро дар бар мегиранд. Ҳиндустон 19 миллион диндор дорад ва дар ибтидои асри ХХ Маммен Сингҳ, дувумин сиёсатмадорӣ бомаърифат ва пешвои диннии сикҳизм (як сикҳи далеру шӯҷоъ), тавонист сарвазири кишвар интихоб шавад.  

Маъбадҳои ин динро Гурдварҳо меноманд ва маъбади асосӣ дар байни онҳо “Маъбади тиллоӣ”-и шаҳри Амритсар аст. Сохтмони Маъбади тиллоӣ пас аз он ки дар соли 1577 аз ҷониби чорумин сикҳ Гуру Рам Дас обанбор кофта шуду он бо номи Амритсар яъне; (Амрита (м) (Скт. अमृत, ДАВОМ: amṛta, "ҷовидонӣ") - дар мифологияи ҳиндуҳо - нӯшокии худоён, ки онҳоро ҷовидона мегардонад. Анъана гуфта мешавад, ки амрита тавассути ҷӯшондани Уқёнуси Каҳкашон “кширодаматана” ба даст оварда шудааст. Амрита аз ҷониби Мохини ба худоён расонида шуд. Сар ин ба маънои - кӯл) яъне “манбаи нектарҳои ҷовидонӣ” дониста шуд, оғоз ёфт. Аз ҳамон давра диндорон дар он оби муқаддасу шифобахш ғусл мекунанду аз гуноҳон пок мешаванд. Гуру Рам Дас дар гирду атрофи кӯл ба бунёди шаҳре бо ҳамин ном шуруъ кард, ки он Амритсари имрӯза аст. Моҳи декабри соли 1588 сӯфии бузурги Лоҳур ҳазрати Миан Мир, дӯсти наздики Гуру Арҷан Дев, санги аввали маъбадро гузошт. Маъбад дар давоми солҳои 1588 ва 1604, дар тӯли ҳаёти як гуру, бино гардид. Аз соли 1604 инҷониб дар ин маъбад нусхаи аслии китоби бо номи Ади Грант, ки Гуру Аржан Дев тартиб додааст, нигоҳ дошта мешавад. Дар ин китоб қариб шаш ҳазор тарона, дуоҳои махсуси ибодатӣ мавҷуд буда, ҳар рӯз ба таври хос суруда, дуоҳо хонда мешаванд. Ин гимнҳо аз ҷониби гурӯҳҳои (ба иборати дигар, пешвоёни сикҳҳо, донишманди диндор ё сӯфиҳои) гуногун дар соли 1604 навишта шудаанд, ки то ин давра онҳоро месароянд. Гуру Гобинд Сингҳ дар соли 1704 гимнҳои дигар илова кард ва баъдтар муқаррар кард, ки пас аз марги ӯ дигар гурӯҳҳои баъдӣ, яъне пешвоёни динни сикҳҳо, қабул карда нашавад ва китоби муқаддас Эл Гуру якумра боқӣ бимонад.

Барои расидан ба қисми асосии маъбад, ки дар мобайни ҳавзи муқаддас истодааст, шумо бояд аз пули мармарӣ гузаред. Он рамзи роҳест, ки шахси богуноҳро аз гунаҳкорон ҷудо мекунад. Дари маъбад тамоми рӯз боз аст ва танҳо шабона аз соати 23:00 то 03:00 баста мешавад.

Майдони аслии ҳавз, ки дар миёни он Маъбади тиллоӣ ҷойгир аст, аз ҷониби императори муғул Акбар сохта шудааст. Соли 1761 шоҳи Афғонистон Аҳмадшоҳи Дурронӣ шаҳрро ғорат ва маъбадро хароб кард. Маъбад соли 1764 аз нав сохта шуд. Бори аввал ҳамчун меҳмони олиқадр ба ин шаҳри афсонавии Амритсар подшоҳ Николай II соли 1891 ба Маъбади тиллоӣ ташриф оварда буд. Амритсар тавассути пайваст кардани хатҳои роҳи оҳан ба ду қисм тақсим мешавад. Шаҳри куҳна ва шаҳри нав. Дар шаҳри нав, ки дар он Маъбади Тиллоӣ ва дигар маконҳои таърихӣ ҷойгир аст, 12 дарвозаи асримиёнагӣ пайваст буда, дар ҷанубу шарқӣ роҳи оҳан ҷойгир мебошад. Ин як минтақаи ҷолибе барои боздид аст, хиёбонҳои кӯчаку васеъ, бозорҳои хурду-калон дар тӯли асрҳо ба шакли аслии қадимӣ боқӣ мондаанд. Дар шимоли хатҳои роҳи оҳан дар Амритсари "муосир" тасодуфан дар гирду атроф чанд булвари давраи мустамликаро метавон мушоҳида кард.

Марказҳои зебо ва меҳмонхонаҳои гаронбаҳо аз ободии шаҳр гувоҳӣ медиҳанд, вале одамони бисёре аз ҷумлаи сайёҳон ва сокинони гирду атрофи шаҳр, мошинҳо ва мототсиклҳо рафтуоро душвор мегардонанд. Авто-рикшоҳо беҳтарин роҳи расидан аз шаҳри куҳна ба шаҳри нав мебошанд, аммо вақте ки шумо дар шаҳри кӯҳна ҳастед, роҳи беҳтарин пиёда рафтан аст. Ин аксар вақт роҳи осонтарини сайругашт аст. Таксиҳое, ки ба Маъбади тиллоӣ мераванд, аксар вақт мусофирон ё сайёҳонро то майдони Фурвара оварда мерасонанд. Аз он ҷо шумо метавонед чандсад (тақрибан 500) метр бештар пиёда равед. Соли 1946 дар назди Гурдвара Китобхонаи истинодномаи (иқтибоснома) Сикҳ кушода шуд. Соли 1984 ҳангоми амалиёти низомии артиши Ҳинд бар зидди террористони сикҳ, ки дар маъбад маскан гирифта буданд, 492 ғайринизомӣ кушта шуданд ва маъбад низ осеби ҷиддӣ дид (аммо, он ба зудӣ барқарор карда шуд).

Сатҳи болоии иншооти боҳашамат, аз ҷумла гумбазу манораҳои он пурра бо лавҳаҳои зарандуд оро ёфтаанд. Барои ороиши Маъбад зиёда аз 100 килограмм тилло сарф шудааст. Барои шукӯҳу шаҳомати бештар бахшидан ба иншоотҳои меъморӣ, махсусан дохили биноҳои муқаддас, филизи қиматбаҳо истифода бурда мешавад.

Маъбади тиллоии дурахшанда чор даромадгоҳ дорад, ки диндоронро аз тамоми ҷаҳон истиқбол мекунад. Барои расидан ба Ҳармандир Соҳиб, ки дар миёнаи кӯл ҷойгир аст, пешвоёни динӣ, яъне сӯффиён (ба қавле ҳоҷиён) бояд аз пули мармарии бо тилло ороёфта убур намоянд.

Маъбади тиллоӣ рамзи идеалогияи сикҳҳост. Он аз чаҳор тараф яктоӣ даромадгоҳ дорад, ки рамзи меҳру муҳаббати сикҳҳо ё ҳиндуҳо боз мондани ин дарҳо шабонарӯзӣ ворид шудан ба мандир барои ҳама аст. Имрӯзҳо ҳама кас метавонад ба ин ҷои фараҳбахшу хотирмон ворид шаванд, новобаста аз он, ки шумо аз кадом гӯшаи дунё омадаед, сафед, сиёҳ, зард..., мард ё ин ки зан, мусулмон, яҳудӣ, насронӣ ё буддоӣ ҳастед. Бо эҳтиром даромадан ба Маъбади тиллоӣ ва ба назар гирифтани анъана ва расму оини фарҳангии сикҳҳо барои ҳар як шахс, хоҳ барои ибодат омада бошад, хоҳ барои саёҳат зарур аст. Пеш аз ворид шудан ба маъбад шумо бояд пойафзоли худро кашед ва пойҳоятонро бишӯед. Пои бараҳна равед. Шароб нанӯшида, сигор накашида, поку тоза ба мандир ворид шавед. Ҳам зан ва ҳам мард бояд либосҳои махсуси дарозу маҳкам, мардон ҳатман дар сар тоқӣ, занҳо дуппата, яъне рӯймол сариҳои дарози худро пӯшанд. Беҳтарин вақт барои боздид ғуруби офтоб аст, вақте ки офтоб ба ғуруб меравад, як лаҳзаи нотакроре дар 20-25 дақиқа ба назар намоён мешавад. Бисёр зебоманзарае ба вуҷуд меояд. Нури офтоб ба Маъбади тиллоӣ мехураду дар оби муқаддаси ҳавзи Амритсар тасвиреро мунъакис мекунад, ки гумон мекунед, беҳтарин асари ҳунарист, ба қалами сеҳрофарини Монӣ ё Беҳзод. Дохили ҳавз моҳиҳои калоне шиновар, шуморо фаро мегирад, ки дарун ҳавз бо онҳо саргарми шинову бозӣ бошед.

Даромад ба Маъбад ройгон аст, хайрия иҷозат дода намешавад. Дар минтақаи маъбад ба шумо ғизои болаззат ва оби ширин ройгон дода мешавад. Ҳар рӯз барои ҳама, чи сикҳу ҳинду, чи сайёҳ ё маъюбу бекас хӯрок, меваҷот, хӯриш ва шириниҳо субҳгоҳ, зуҳр ва шом дастрас аст. Дар Ҳаримандир Соҳиб барои бекасону роҳмондагон ё сайёҳони хориҷӣ баҳри истодани шабона ё рӯзона толорҳои калону барҳаво ройгон омодаанд. Толорҳо барои занҳову кӯдакон алоҳида ва барои мардон алоҳида аст.

Мувофиқи ақидаи сикҳизм, ягона роҳи ибодат ба Худо муроқиба аст. Барои ин дар бинои маъбад мусиқии оромибахши махсуси ибодат ҳамеша садо медиҳад, ки пешвоёни дин, сӯфиён ва обидонро оромиши дарунӣ илқо мекунад. Барои диндорон осори асосии Ҳармандир Соҳиб "Гуру Грант Соҳиб"- китоби мадҳияҳои динӣ мебошад, ки 1430 саҳифаи матнҳои дуоро дар бар мегирад. Китоби муққадас дар пояи заррин бо сангҳои қиматбаҳо муҷаҳҳазшуда дар муқаддасоти махсуси дохили маъбад гузошта шуааст.

Далели ҷолиб:

  • Сикҳҳо бо баъзе кирдору хислати худ аз дигар қавму миллатҳои сершумори Ҳиндустон фарқ мекунанд. Ҳар як сикҳ бояд панҷ нишонаи худро, ки ба забони панҷобӣ бо ҳарфи “к” сар мешавад дошта бошад. 1.Кеш – мӯйҳои дароз, ҳадаф аз ин натарошидани мӯйи сар, риш ва бурут то охири ҳаёташон. 2. Кангҳа – шона. 3. Кирпан – корд. 4. Кара – даспона. 5. Каччх – шалворӣ кӯтоҳ. Сикҳҳое, ки ин панҷ хусусиятро надошта бошанд, хело каманд ва онҳоро саҳаҷдҳарӣ (одӣ) меноманд.
  1. Номи мандир, яъне Маъбади Тиллоӣ бо лавҳаҳои миси зарандуд хело бо шукӯҳ ва ҷолиб ба назар мерасад.
  2.   Дар Маъбад ба ҳама хӯроки ройгон, об ё чой дода мешавад.
  3. Ба ҳама миллатҳо ё сайёҳон барои истироҳат ҳамеша ҷойи софу тоза, муҷаҳҳаз ба тамоми таҷҳизот ройгон аст.
  4. Эҳтироми ҳама аз ҷониби пешвозгирандагони мандир (маъбади тиллоӣ) хизмати ройгон мебошад.

Ҳармандир Соҳиб – маъбади Сикҳҳо яке аз ҷойҳои асосии ҷолиби диққати шимоли Ҳиндустон ба шумор меравад. Ҳар сол ҳазорон зоир ва сайёҳ аз тамоми ҷаҳон барои дидани маъбади боҳашамати тиллоӣ ба Панҷоб меоянд.

Агар шумо хоҳед, ки дар дарё сайр кунед, метавонед ба киштиҳои муҳофизати бехатарӣ ба дидани тамошои боғҳои табиатан софу дилкаш, манзараҳои нотакрори табиии диққат ҷалбкунандаи Амритсар, рӯҳияи ҷисмони энергетикӣ бигиред. Сикҳҳо бар он боваранд, ки об дорои бисёр хусусиятҳои шифоии рӯҳиву ҷисмонист, ки ҳаракати (кармаи) мушакҳоро муътадил ва рӯҳияро барқарор мекунад. Дар Амритсар анъана шудааст, ки ба мардон ё ҷавонон аз ҳавз сангҳои калони шишамонанд ё яхмонандро бардошта то ба лаби об меоранд, ки ин мардонагӣ, шӯҷоӣ, далерии онҳоро нишон медиҳад. Он аксар вақт аз ҷониби ҳамон ихтиёриёне, ки ба маъбад хизмат мекунанд, анҷом дода мешавад. Дар Маъбади тиллоӣ шабҳои муқаддас сурудҳои динӣ, дуоҳо қироат карда мешаванд, тамоми сикҳҳо барои покии гуноҳон ҷамъ меоянд ва то субҳ онҷо мемонанд. Маъбади тиллоӣ дуошёна буда, толорҳои боҳашамати васеву барҳавост, ки дар ошёнаи якум дар як шабонарӯз тақрибан 20 соат гимнҳои муқаддас суруда мешавад. Толори муқаддас 12,25х12,25 метри мураббаъ андоза дошта, дорои гунбази тиллоист. Дар навбати худ, он дорои фарши мармарии 19,7 ба 19,7 метр ва ҳавзи пӯшидаи фаршҳояш 5 метр буда, бо роҳи мармарии бараш 1 метр иҳота шудааст. Панҷобиҳо, сикҳҳо ҳиндуҳо ва сайёҳони шавқманд низ ҳама дар доираи маросимҳо ҷамъ меоянд. Гузаргоҳҳо бо ёрии ишораҳои роҳнамо, ба сӯи Маъбади тиллоӣ ҳидоят мекунанд, тамоми сайёҳону зоиронро ба толорҳо мехонанд.

Дар ошёнаи боло галерея аст, ки бо зинапояи муҷалло пайваст карда шудааст. Тиллову мис дар ҳама ҷо медурахшад. Шифт бо сангҳои қиматбаҳо, гулҳои тару тоза, чароғҳои рангоранг ороиш ёфтааст. Дар деворҳои мармарии даруну беруни Маъбади тиллоӣ роҳравҳо хиёбонҳо наққошиҳо навиштаҷотҳо бо шакли хатти арабӣ мавҷуданд.

Дар рӯ ба рӯи кӯча ва толори муқаддас бинои дигаре ҳаст, ки қароргоҳи бахши сиёсии сикҳҳо дар вилояти Панҷоб, Акал Тахт, тахти Худои сармад мебошад. Шумо инчунин манораи соатро мебинед, ки шояд пештар дар он ҷо набуд. Бо хишти сурхи услуби меъмории асримиёнагии аврупои ғарбӣ, ки бо сохторҳои муъҷизавии кунҷдорӣ, ганҷҳо ба шакли кордҳо (шамшерҳо рамзи сикҳост) ва ороиши хоси он давраи сикҳҳост сохта шудааст.

Хулоса ҳамаи мо инсонҳо бояд дин, тафаккур, анъана, расму оин ва фарҳанги миллии худамонро аз қадимул айём бо эҳтирому самимият қабули ҳақ дониста, ҳеҷ гоҳ нагузорем, ки моро зери дини дигар ё равияи дигар бигиранд. Устувории дин ва эътиқод ба дини ягонаи мо Мусалмонист, инҳам як пояи барҷастаи миллати мо барои тамоми ҷаҳон аст. Хушбахтии ҳар инсон дар дасти худи ӯст. Эътирофи якдилӣ, якмеҳриву садоқат ба дигар ҷаҳониён муаррифгари тамоми миллату халқи Ватанпарасти мост. Мо дар мақола таърихи пайдоиш ва халқи меҳнатдӯсту ботакаббурро баён намудем. Мақсади мо ин аст, яктанӣ, далерӣ, шуҷоъат ва боварӣ ба худ доштан. Ҳамин тавр, Маъбади толлоӣ, ин маркази дини яктопарасту ваҳдатгаро, агар чи борҳо дар раҳгузари ҳодисаҳои мудҳиши таърихӣ қарор гирифта, хунрезиҳову харобиҳоро дидааст, ҳанӯз ҳам ҳар рӯз ҳазорҳо обидону сайёҳонро рӯҳу равони тоза мебахшаду меҳру муҳаббат ва умеду дилгармӣ ба оянда эҳдо мекунад.

 

Тарҷумаи Шарипова Меҳринисо

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ