Муаллиф: Гулбердиев Шодӣ
Артиш ин рамзи давлатдорӣ ва неруву тавоноии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Сиёсатмадорон ва таърихнигорон артишро чун нишони мавҷудияти давлат васф менамоянд. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Яъне баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуда, аз артиши пурқудрати Шӯравӣ техникаи мухталлифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунеро мерос гирифтанд. Мутаассифона, вазъи душвори ҳарбӣ- сиёсии он солҳо ба Тоҷикистон имкон надод, ки аз мероси артиши иттиҳоди Шӯравӣ бархӯрдор гардад. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дивизияи тирандози 201-ум ҷойгир буд. Дар он замон дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тӯлонӣ гардидани ин муноқиша гардад. Раванди ҳодисаҳои баъдӣ исбот намуд, ки дар ихтиёри Руссия мондани дивизияи 201-ум, ягона роҳи ҳалли дуруст ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарони мо баробари сангарҳо ҷангиданд. Норасоӣ бо кадрҳои ҳарбӣ ва мутахасисони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат, роҳи пурпечу тоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Чумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, «Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд. Ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат ба даст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд. Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд”.
Насли даврони истиқлоли кишвар хизматҳои қобили таҳсини афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мушкилтарин вазъияти ноустувори кишвар фаромӯш нахоҳад кард. Зиндагӣ дар фазои сулҳу субот ва осоиштагии Ватан неъмати бебаҳост. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, ба Ватан, Модар ва насли ояндаи Тоҷикистони азиз хизмат намуда, рисолати ҷавонмардонаи хешро ба ҷо орад.
Бо умеди ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз, фазои сулҳу суботи кишвар ва истиқлолияти мамлакат афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 31-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти басо муҳим ва ҳамзамон пурифтихорашон дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан ва Истиқлолияти сартосарии он саодатмандӣ ва неруву тавоноӣ орзумандам.
Гулбердиев Ш. В.,
магистри курси 2-юми
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо