АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Артиши миллӣ дастоварди бузурги Истиқлолият

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:
«Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».
  Тоҷикистони Шӯравии ба ном мустақил то соҳибистиқлол гаштани кишвар дорои артиши миллӣ ва дигар намуди Қувваҳои Мусаллаҳ набуд. Ҳатто дар ҳайати Ҳукумати он солҳо ягон ниход ё вазорате ба назар гирифта нашуда буд, то корҳои вобаста ба мудофиаро дар ҷумҳурӣ пеш барад. Хамаи ин корҳоро Маскав ба ӯҳда дошт ва ҷумҳуриҳои ба ном мустақили собиқ Шӯравӣ танҳо вазифаи таъминкунандаи Артиши Шӯравӣ бо сарбозон ва маводи хӯрокаву пӯшокаро анҷом медоданд, ҳатто корхонаҳои аҳамияти мудофиавӣ дошта, дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ба нудрат пайдо мешуд, Агар пайдо ҳам мешуд, комилан зери назари Маскав ва таҳти идораи намояндагони Кремл ва ё Вазорати мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ қарор доштанд.
  Аз ин рӯ, замоне, ки Тоҷикистон Истиқлолият ба даст овард, Ҷумҳурӣ дорои қувваҳое набуд, ки ин истиқлолиятро ҳимоя ва ҳифозат карда тавонанд. Набудани қувваҳои мусаллаҳи худӣ он тараф истад, ҳатто надоштани оддитарин намуди яроқу аслиҳаи оташфишон ва худмуҳофизатӣ, набудани афсарони соҳибкасб Раҳбарияти Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро водор кард, то дар як ҷойи холӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ҳисоби мардум ва бештар аз ҳама аз ҳисоби аъзо ва қисмҳои Фронти халқии Тоҷикистон ва дигар дастаҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор доштаро дастгирӣ менамуданд, ҳамчунин аз ҳисоби даъвати ҷавонон ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шавад.
  Бо ҳамин мақсад, Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои эъломияти соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 1992 таҳти рақами №3 қарор мекунад:
  1.Дар асоси қисмҳои Ҷабҳаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастаҳои маусаллаҳе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистонро дастгирӣ менамоянд, ҳамчунин аз ҳисоби даъват кардани ҷавонон ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис карда шаванд.
  2.Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-дар бораи ҳайат, сохтори ташкилию штатӣ, таъминоти моддию техникӣ, маҳалҳои ҷойгирии қисмҳои харбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30 –декабри соли 1992 таклиф пешниҳод намоянд;
-лоиҳаҳои асноди муҳимтарини қонунгузориро дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад.
  1. Кумитаи Қонунбарорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи санадҳои қонунгузорӣ оид ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мадад расонад.
               РАИСИ ШӮРОИ ОЛИИ
               ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН                               Э.РАҲМОНОВ
  Дар асоси қарори мазкур тақрибан тайи ним мохи декабри соли 1992 ва ду моҳи аввали соли 1993 тамоми асноди лозима омода гардида, дар як вақт ташкили қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳо шурӯъ гардиданд.
  Рӯзи 23 феврали соли 1993, бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои ҳарбии тозатаъсис паради ҳарбӣ баргузор гашт ва ҳамин рӯз, яъне 23 феврал –Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қабул гардид ва ҳар сол 23 феврал дар қаламрави кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
  Замоне, ки артиши миллӣ таъсис дода шуд, норасоии кадрҳои миллӣ, набудани командирон, афсарони касбӣ ва соҳибтаҷриба шадидан эҳсос карда мешуд. Сабаб дар он буд, ки дар замони Шӯравӣ ҳам роҳбарияти ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон ва ҳам Марказ (Москва) дар масъалаи пазириш ба муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва омода кардани кадрҳои маҳаллӣ аҳамияти лозим намедоданд. Буданд, афсарони тоҷикистонӣ, вале хеле кам.
  Аз ин рӯ, Ҳукумат маҷбур шуд, ки як теъдод афсарони бегонаро аз хориҷи кишвар, аз Россия, Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳо барои таъсиси қисмҳои ҳарбӣ ва омӯзиши хизматчиёни ҳарбӣ ба ҷумҳурӣ даъват намояд. Ин гурӯҳ дар таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сангҳои аввалро гузошта, то охири солҳои 2005-2006 дар Вазорати мудофиа, Раёсатҳо ва қисмҳои низомӣ ба ҳайси мушовир ва командир ифои вазифа намудаанд.
  Бо дарки муҳиммияти масъала ҳам ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам роҳбарияти Вазорати мудофиа аҳамияти аввалиндараҷаро ба омӯзиш ва омода кардани кадрҳои маҳаллӣ ҳам дар хориҷи кашвар ва ҳам дар дохили он доданд. Дар ш. Душанбе аввал курсҳои кӯтоҳмуддат барои омода кардани прапорщикҳо ва баъдан Коллеҷи ҳарбӣ таъсис дода шуд. Баъдтар Колеҷи ҳарбӣ ба Институти ҳарбӣ тағйири ном карда, ҳар сол садҳо афсарони навхатмро ба Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пешкаш менамояд. Ҳамзамон дар хориҷ аз мамлакат: Федератсияи Россия, Қазоқистон, Хитой ва дигар кишварҳо низ мутахассисони варзидаи соҳаи ҳарбӣ омода карда шуда ва карда истодаем, ки шумораашон ба ҳазорҳо мерасад. Имрӯз камбудии кадрӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ тақрибан аз байн рафтааст.
  Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имрӯзҳо бо пуррагӣ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои дар пешашон гузошташуда баромада истодаанд. Чи тавре,ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз  баромадаҳояшон қайд карданд: «Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътидол овардани вазъи мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот, фурӯ нишондани ошӯбҳои исёнгарона ва зарбаи қатъӣ задан ба ҳамлаҳои берунӣ, несту нобуд кардани гурӯҳ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, пешгирии табаддулоти ҳарбӣ ва қочоқи маводи мухаддир хизмати беназир кардаанд»
  Дар ҷойи дигар фармудаанд,ки: « Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватанамон мебошад».
  Дар ҳақиқат, ҚувваҳоиМусаллаҳи Точикистон ба таври ҳамешагӣ дар мадди назари Пешвои Миллат,Сарфармондеҳи Олӣ қарор дошта, рӯз ба рӯз муҷаҳҳазу мукаммал ва машқдидаву обутобёфта мегарданд.
  Ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар машқҳои харбии дар чорчӯби Созмону ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ доир гардида, ширкат намуда,аз худ шуҷоат,маҳорат ва донишу малакаи баланди касбӣ нишон дода, борҳо обрӯ ва эътибори  Ҷумҳурии Точикистонро баланд бардоштаву ҳифз намуда аз тарафи коршиносони ҳарбӣ баҳои баланд гирифтаанд.
  Шароити мавҷуд дар минтақа аз мо талаб менамояд, ки барои дар холати омодабош  қарор доштани Қувваҳои Мусаллаҳ ва тамоми аҳолии синни даъват ва захираи мамлакат корҳои зиёдеро анҷом дода, чора ва иқдомҳои саривақтӣ бияндешем, то дар ҳолатҳои зарурӣ ѓофилгир нашавем.
  Бо ин мақсад, ҳукумат бояд ба таври давраӣ  ҷамъ кардани қисме аз аҳолии захираи кишвар дар нуқтаҳои мушаххас ва ба онҳо фаҳмонидани вазифаҳои онҳо,ошно сохтани онҳо бо вазъи мавҷуд, баъзе намуди яроқу аслиҳа ва тафтиши омодагии ҷангии ин қисми аҳолиро ба роҳ монад.
Холназаров Назар
ходими калони илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик

БОЗГАШТ