АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Артиши миллӣ - муҳофизи сарсупурдаи истиқлолияти давлатӣ ва сипари боэътимоди Ватан

Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул

Расм

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Моддаи 43. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар фазои Истиқлолияти милливу давлатӣ рушду нумӯъ карда истодааст. Дар тӯли 32 сол бо ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон ва оғози дигаргуниҳои демократӣ дар ҷомеа, таваҷҷуҳ ба ҳуввияти миллии он аз ҷиҳати таърихӣ, фарҳангӣ, маънавӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ афзоиш ёфт. Равандҳое, ки ба таҳкими сохтори миллии давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ равона шудаанд, шакли табиии эҳёи миллиро дар робита бо ҳифз ва рушди эҷодии ҳуввияти миллӣ ва афзоиши худогоҳии миллии мардум ба даст овардаанд.

Имрӯз мо бо виқор гуфта метавонем, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватанамон мебошад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан зодаи даврони истиқлол буда, дар як муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ таъсис ва рушду такомул ёфт.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки 23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд ва афсарону сарбозони содиқу ватандӯст -ҷавонмардоне, ки бевосита ба хотири истиқрори сулҳ ва қатъи хунрезӣ сина сипар карда буданд, бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ аз он гузаштанд.

Бо талошу ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи сулҳу субот, оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ фароҳам оварда шуд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои сарбозони шуҷои Ватан ва хизмати ҳар кадоми онҳоро, ки дар ҳақиқат намунаи содақат ба Ватан мебошад, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

Воқеан, Қувваҳои Мусаллаҳи ҷавони мо аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ вазифадор гардиданд, ки якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муқобили қувваҳои зидди раванди сулҳи тоҷикон ва сарҷамъии миллат муборизаи беамон бурда, бо шуҷоату мардонагӣ давлати ҷавони тоҷиконро аз вартаи нобудӣ ва миллати азизамонро аз хатари парокандагӣ раҳо намояд.

Ҳамин тавр, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон тақдирсоз бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштанд.

Имрӯз мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми Тоҷикистон дар симои Кувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэтимоди худро мебинанд ва дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар роҳи дастоварҳои истиқлолият, ба эътидол овардани вазъи мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот, фурӯ нишондани ошӯбҳои исёнгарона ва зарбаи қатъи задан ба ҳамлаҳои берунӣ, несту нобуд сохтани гурӯҳ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, пешгирии табаддулотҳои ҳарбӣ ва қочоқи маводи мухаддир хизмати беназир намудааст.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он таъйин гардидааст, ташкил медиҳад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 23 феврал ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоқикистон ҷашн гирифта мешавад.

Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

  • Зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор;
  • Ҳифзи фазои ҳавоии давлат;
  • Муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ;
  • Ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ;
  • Иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз ӯҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд. (ҚҶТ12.05 № 141)
  • Ҷалб кардани қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳо, ки ба таъйиноти онҳо вобастагӣ надоранд, танҳо дар асоси Қонун ё Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амалӣ мегардад.

Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1993-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.

То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд. Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, ҳанӯз ҳам идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар заминаи Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚХ ҚМҶТ) соли 1993 ташкил шуда аз сершумортарин навъи Қувваҳои мусаллаҳ аст. Қӯшунҳои хушкигард 70 дар сади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ҳайати Қӯшунҳои хушкигард асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, танкӣ ва артиллерия фаъолият мекунанд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста сайқал медиҳанд.

Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҲҲ ва МЗҲ ҚМҶТ) аз нахустин навъи Қувваҳои мусаллаҳ ба шумор рафта, он ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ бошад, нисбат ба Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ҷавон буда, он соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона, соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои Мусаллаҳ муттаҳид гардонида шуданд. Ҳайати шахсӣ ва ҳавопаймою чархболҳои ҷангии ҚҲҲ аз рӯзҳои аввали фаъолияти Артиши миллии ҷумҳурӣ дар ҳифзи сохти Конститутсионии Тоҷикистони навбунёд аз худ саҳми арзандае гузоштаанд.

Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚЗ ҚМҶТ)

Дар замони муосир қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдиди хатар мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии бунёди Қӯшунҳои зудамал ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди ин гуна нерӯҳо ва дар маҷмӯъ амалиётӣ (зудамал) ва қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ бо Фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 бунёд ёфтааст. Бунёди ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъйиноти махсус, Полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд. Айни ҳол ҷузъу томҳои Бригадаи десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва се баталёни он ба нерӯҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.

Дар воқеъ Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ ва кафолати таъмини амнияту оромии мамлакат буда, афсарону аскарон муҳофизони сарсупурдаи Истиқлолияти давлатӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизу ҷоноҷонамон мебошанд.

Бешубҳа, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон бузургтарин мактаби обу тобу мардонагӣ, нангу номус, иродаи қавӣ, садоқат ба Ватану Модар, эҳтироми арзишҳои волои зиндагӣ ва шараф мебошад. М.Турсунзода дар достони “Писари Ватан” овардааст, ки:

 

Шараф чизи таҷовузнопазир аст,

Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст,

Муқаддас дошт ҳар кас ки шарафро,

Набинад ҷабри зулми нохалафро.

 

Тамоми хизматчиёни ҳарбиро бо ифтихори истиқболи 31-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз самими қалб табрику таҳният намуда, осмони соф, зиндагии хурраму шоиста, иқболи баланди парвози умедҳо, хизмати сидқан софдилона ба халқу миллати диёри азизамонро таманно дорам. 

 

Сарчашма:

  1. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 20 сол. Солҳои 1993 - 2013. КВД. Нашриёти ҳарбии ”Сарбоз”, Душанбе - 2013
  1. Истиқлолият ва фарҳанг. Душанбе - 2017
  2. Давлиёрова С. Национальное самосознание. Душанбе - 2009
  3. https//tg.wikipedia.org/wiki/
  4. М. Турсунзода. Осори мунтахаб иборат аз ду ҷилд. Ҷилди 2. Силсилаи шеърҳо ва достонҳо. Нашриёти “Ирфон”, Душанбе 1981. Саҳ. 119-120.

 

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна,

Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ