АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Артиши тоҷик дар хизмати мардум

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас ба даст овардани Истиқлолият ва пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷанги шаҳрвандии хуновар дучор шуд. Дар фоҷиа ҳамаи самтҳои фаъолияти кишвар хароб гаштанд. Ба артиши миллии Тоҷикистон аз собиқ Иттиҳоди пурқудрати дунё ва артиши абарқудрати Шӯравӣ тамоман чизе меърос намонд. Яроқу аслиҳа, техникаҳои ҳарбии заминию ҳавоии Тоҷикистон барои таъмини сулҳу субот ва амнияти сарҳадҳои кишвар аз таҳдидҳои гуруҳҳои тундгаро, террористу экстремистҳо ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Аммо ба ҳамаи ин мушкилот нигоҳ накарда, ҳукумат ва роҳбарияти кишвар Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнати шабонарӯзии худ тавонистанд ки шароити қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро беҳтар намуда, сулҳу субот, рушди кишвар ва зиндагии осоиштаро ба мардум таъмин намоянд.
Аз рӯзи аввали  таъсисёбӣ Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як ниҳоди пурқудрат ва нерӯи тавоно табдил ёфтааст, ки тавони нишон додани аксуламал ба ҳамаи намуди таҳдиду хатарҳо барои ҳимояи марзу буми ватани азизамонро доранд.
Тӯли 30 соли истиқлолият афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой оварданд.
Имрӯз шумораи умумии афсарони тоҷик ба беш аз 8800 нафар мерасад ва дар ҳолатҳои зарурӣ иқтидораш то 600000 нафар мерасад.
Ба ғайр аз ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон девизияи 201-уми Федератсияи Россия мустақар шудааст, ки барои ҳифзи сарҳадҳои худ ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, маводи мухаддир, ва ҳаракатҳои гуногун кумак мерасонад. Низомиёни Тоҷикистон ҳамасола дар тамринҳои гуногуни ҳарбӣ бо кишварҳои ҳамкор Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар кишварҳои аъзои созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба монанди Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъи ва Созмони ҳамокрии Шанхай ширкат меварзанд.  Новобаста аз ин дар доираи ҳамкорӣ Федератсияи Россия ба Тоҷикистон техника зидди ҳавоии С-300 туҳфа додааст, ки ин боиси боз ҳам қаввитар гардидани нерӯи артиши миллии Тоҷикистон мегардад.
Аз лиҳоз бо боварии комил метавон гуфт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон имрӯзҳо сад дар сад метавонад, новобаста аз навъи хатарҳои муосир, сулҳу амният ва сарҳадҳои худро бо қувваи сарбозони ҷасури худ ҳимоя намояд.
 Афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.

С. Fафуров, ходими
хурди илмии шуъбаи  ОМ
ИОМДОА АМИТ

БОЗГАШТ