АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Арзёбии вазъи сиёсӣ-мафкуравӣ ва геополитикӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

Расм

 (чанд андеша дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 

     Ҳамасола як бахши муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзёбии масоили сиёсӣ-мафкуравӣ ва авзои геополитикии минтақаву ҷаҳон ихтисос меёбад ва Сарвари давлат аснои матраҳ намудани масоили марбута, ҳатман ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва вуҷуду ҳузури таҳдиду хатарҳо дар заминаи саҳнасозиҳои сиёсию бархурдҳои тамаддунӣ таваққуф мекунанд. Дар Паёмҳои солҳои қаблӣ масоили вазъи сиёсию геополитикӣ, одатан мутобиқи барномарезиҳои мавзуӣ-мундариҷавӣ дар бахши муқаддимотӣ ва баъдан қисмати хотимавӣ матраҳ мегардид. Аз тарафи дигар, зиёд иттифоқ афтодааст, ки Сарвари давлат зимни баррасии масъалаҳои иҷтимоӣ, илму маориф, забону фарҳанг, занону бонувон ва ҷавонон ба тавзеҳи иҷмолии авзои геополитикии минтақавию ҷаҳонӣ пардохта, дар баробари таҳдиду хатарҳои мавҷуда чораандешӣ кардани сохтору мақомоти марбута ва ҷомеаи шаҳрвандиро хостор мешаванд.

          Ба ин тартиб, аз тариқи гӯшзад  кардани авзои ҳассоси минтақаву ҷаҳон Сарвари давлат дастгоҳҳои марбутаи давлатӣ, фаъолони иҷтимоӣ ва ҷомеаи маданиро ба бозшиносии равандҳои муосири сиёсию иҷтимоӣ даъват намуда, дар баробари таҳдиду хатарҳо муташаккилона воистанро тақозо мекунанд. Албатта, дар шароити феълии тавсеа ёфтани майдони густариши бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ба сарнавишти давлату миллат бетафовут будан гуноҳест кабира. Аз тарафи дигар, дар хоби ғафлат будани мо ва ба бозиҳою саҳнасозиҳои имрӯзӣ, ки дар қолиби пружаҳои гуногун рӯйи кор омада, давлат ва ҷомеаҳои камзарфиятро аз масири рушду тараққӣ мунҳариф месозанд, оқибатҳои ногувореро дар пай дорад. Бинобар ин, ташхису шиносоии мушкилоти фикрию ҳувиятӣ ва бозшиносии равандҳои муосири иҷтимоию сиёсӣ ба муқтазои табиати инсонӣ дар шароити феълӣ мубаддал гардидааст.

        Ба ин тартиб, зимни баррасии вазъи маорифи ватанӣ дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат мавзуоти сиёсӣ-мафкуравиро, ки дар шаклгирию тавсеаи авзои геополитикӣ нақши муассир доранд,  пайгирӣ намуда, баъзе масъалаҳои дахлдорро бозгӯ сохт. Аз ҷумла, дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28 декабри соли 2023) масъалаи дар авлавияти сиёсати давлатӣ қарор доштани соҳаи маорифи ватанӣ, ки самти мафкурасоз маҳсуб меёбад, ҳадафмандона таъкид гардид.

      Мусаллам аст, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба шахси омӯзгор, ки субъекти асосии раванди маорифи мамлакат маҳсуб ёфта, дар айни замон, шахсияти мафкурасоз ба шумор меравад, дар раъси тамоми суханрониҳои Паёмии Сарвари давлат қарор дорад. Дар Паёми қаблӣ (23 декабри соли 2022) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи мафкурасозӣ, раванди давлатдории миллӣ ва пайванди мундариҷавии маорифи ватанӣ бо амнияти миллӣ сухан ба миён оварда, мактабро минҳайси институти мафкурасозии миллӣ ва шахси омӯзгорро фарди мафкурасоз талаққӣ намуда, таъкид карда буданд:  “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф намуда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад” (ниг.: https://khovar.tj/2023/12/maktab-borgo-i-ilmu-donish-bunyodi-millati-mutamaddin-a).

     Бо таваҷҷуҳ ба вазъи маорифи ватанӣ ва авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза Сарвари давлат масъалаи роҳандозӣ намудани барномаи тарбияи кадрҳои миллӣ-омӯзгориро, ки на танҳо ба боло бурдани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ, балки тақвияти тафаккуру шуури миллии насли наврасу ҷавон мусоидат мекунад, матраҳ карда, аз ҷумла тазаккур доданд, ки низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа кафили сулҳу субот ва амнияту осоиши миллат аст. Дар шароити феълӣ омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои табиӣ-риёзӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, эътибори аввалиндараҷа зоҳир кардан ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим ба унвони масоили ҷавҳарӣ дар Паём аз забони Сарвари давлат садо доданд.

    Ҳангоми баррасии масоили фарҳанги миллӣ Сарвари давлат ба таври худогоҳ аз масири воқеиёти имрӯзӣ ва бархурдҳои тамаддунӣ гузар карда, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангиро вазифаи аввалиндараҷаи ниҳодҳои зиддахли давлатӣ арзёбӣ намуданд. Ин нукта ҳам мусаллам аст, ки Сарвари давлат дар тамоми гуфтугӯйю суханрониҳо, аз ҷумла дар доираи Паёмҳояшон ба гиромидошти таъриху фарҳанги миллӣ махсус таваҷҷуҳ менамоянд. Ба ин маъно, дар доираи Паёми навбатӣ масъалаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ матраҳ гардида, дар ин замина таъкид шудааст, ки соли 2023 15 ёдгории таърихию фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати ҳифзи ёдгориҳои таърихию маданӣ таъкид намуда, пешниҳод карданд, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида — Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шавад. Таъсиси чунин ниҳоди зарурӣ як иқдоми муҳиму саривақтиест дар роҳи таҳкиму тақвияти ҳувияти тоҷикӣ ва манофеи миллӣ.

       Дар бахше аз Паём, ки ба қисматҳои ахирии суханронӣ марбут мебошад, Сарвари давлат мушаххасан ба вазъи мураккаби сиёсӣ, танишу печишҳои мафкуравӣ, ҷангу даргириҳои динӣ-мазҳабӣ ва бархурдҳои тамаддунию геополитикӣ, ки ба авзои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию мадании мо ҳам бетаъсир нестанд, таваҷҷуҳ намуда, тазаккур доданд, ки: “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд” (ниг.:  http://president.tj/node/32191). Дар воқеъ, шароити муосири сиёсию геополитикӣ тақозо мекунад, ки давлат дар заминаи аз лиҳози ҳарбӣ-низомӣ, фаннӣ-техникӣ, моддӣ-маишӣ, рӯҳӣ-равонӣ ва миллӣ-ҳувиятӣ неруманд сохтани мақомоти интизомию амниятии худ чораҳои зарурӣ андешад. Ин аст, ки Сарвари давлат дар Паём аз ҷумла дар заминаи боло бурдани сатҳи фаннӣ-техникӣ, моддӣ-маишӣ ва миллӣ-ҳувиятии артиши миллӣ пешниҳодоти зарурӣ ироа доданд.  

     Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бар мабнои сиёсати “дарҳои боз” солҳост самти сиёсати хориҷии худро таҳкиму тақвият мебахшад. Ин ба он маъност, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкорию ҳамшарикӣ дари худро барои тамоми кишварҳои дӯсту бародари минтақа ва ҷаҳон боз нигоҳ медорад. Ин нуктаи асосӣ дар Паёми навбатӣ ҳамчун мавқеи расмии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз забони Сарвари давлат кушоду равшан ифода ёфт: “Кишвари мо ба сифати авлавияти сиёсати хориҷии худ минбаъд низ ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи эҳтирому эътимоди мутақобила таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хосса дорад. Чунин рӯйкарди ба оянда нигаронидашуда асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад... Ҳамкории Тоҷикистон бо ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои дигар ба фароҳамсозии шароит ва имконот барои тақвияти мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва иштироки фаъоли он дар равандҳои глобалӣ ва барномаву заминаҳои мухталиф равона гардидааст” (ниг.: http://president.tj/node/32191). Аммо сиёсати “дарҳои боз”, ки хатти машйи сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ҳаргиз маънои онро надорад, ки давлат бар мабнои сиёсати мусолиматомези хориҷии худ дар баробари таҳоҷумоти сиёсию мафкуравӣ ва фишорҳои гуногуни маданӣ сукут меварзад. Баръакс, давлат бо истифода аз барномарезиҳои гуногуни сиёсӣ, мафкуравӣ, низомӣ, амниятӣ, илмӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ дар баробари таҳоҷумоту таҳдидҳо қоим мешавад ва аз манофеи миллӣ-давлатӣ дифоъ мекунад. Бинобар ин, ҳифзу нигаҳдошти марзу буми аҷдодӣ, сарватҳои табиӣ, забону фарҳанги тоҷикӣ, ки дар феҳристи манофеи миллӣ қарор доранд, вазифа ва рисолати ҳар фарди баномуси миллат аст. Ба ин манзур, дар бахши ҷамъбастӣ-хотимавии Паём Сарвари давлат раҳбарияти дастгоҳу сохтору мақомоти давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, ҷомеаи маданӣ ва зиёиёни ватаниро мухотаб қарор дода, таваҷҷуҳи онҳоро ба ҳалли мушкилоту навоқиси ҷойдошта ва муҳимтар аз ҳама, авзои мураккаби сиёсӣ-геополитикии минтақавию ҷаҳонӣ равона сохта, дар ин замина, фармуданд: “Дар баробари комёбиҳо имрӯз мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин, вазифаҳо барои ҳаллу фасли онҳо муайян ва мушаххас карда шуданд. Таъкид менамоям, ки бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта, қабл аз ҳама, вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар – аъзои Ҳукумат, Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё, фаъолон ва тамоми мардуми шарифи кишвар мебошад.

         Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем” (ниг.: http://president.tj/node/32191).

      Воқеан, авзои имрӯзаи минтақавию ҷаҳонӣ, ки усулан бар мабнои бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ва саҳнасозиҳои мафкуравӣ-геополитикӣ шакл гирифтаву мегирад, сохтору мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи маданиро муваззаф месозад, ки бетавофутию тамошогариро канор гузошта, ба решашиносӣ ва ҳалли мушкилоту уқдаҳои фикрию ақидатию ҳувиятию фарҳангӣ тамаркуз намуда, роҳро барои рушду тараққиёти кишвар ҳамвор кунанд. Махсусан, дар замоне ки суъистифода аз фактор-омили дин дар бозиҳои сиёсӣ-геополитикӣ марсуму машруъ шудааст, хомӯш будан ва сукут варзидан авоқиби номатлуберо ба дунбол меоварад. Дар ҳоле ки соири сенаристону саҳнасозони бозиҳои сиёсӣ-мафкуравӣ барои расидан ба аҳдофи геополитикӣ аз эҳсосоти динӣ ва бовардоштҳои мазҳабии ҷомеа фаровон истифодаву суъистифода мекунанд, бетафовутию фориғболии блоки сиёсӣ- мафкуравӣ,  ақшори иҷтимоию маданӣ ва тими рӯшангарии миллӣ паёмадҳои номатлуберо дар пай хоҳад дошт. Ҳанӯз соли 2004 зимни суханронӣ ба муносибати 10-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо таваҷҷуҳ ба ноҷур шудани вазъияти сиёсии ҷаҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: “Давлат ҳақ дорад монеи ҳуқуқии ҳар гуна сӯистифода аз дин аз ҷониби ҳаракатҳои гурӯҳҳои ифротии дохиливу байналмилалӣ гардад. Бахусус, ки имрӯз фаъолияти харобиовари онҳо хатару таҳдидҳои ҷиддиро ба миён оварда, хусусияти глобалӣ пайдо кардааст… Мо ба хотири оромиву субот, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати ягонаву иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои он шароити мусоид фароҳам овардем, то ин ки дар ҷомеаи мо демократия  реша давонда, самара диҳад” (ниг.: Раҳмонов Эмомалӣ. Дар бораи дин. –Душанбе, 2006. С.198). Дар сурате ки таҳдиду хатарҳо даҳҳо маротиба зиёдтару шиддатноктар аз ибтидои солҳои дуҳазорум шудаанд, бетаваҷҷуҳу фориғбол будани институтҳои сиёсӣ-мафкуравӣ ва ҷомеаи илмию маданӣ ба авзои ҳассоси имрӯзӣ авоқиби фоҷеаборе хоҳад дошт. Гузашта аз ин, танҳо аз тариқи таҳияву роҳандозии барномарезиҳои гузинавӣ-алтернативии дархуру ба талаботи замон ҷавобгӯ мо метавон аз ташаннуҷи хурофоту таассуб ва ҳамзамон ноҷурии авзоъ дар минтақа ҷилавгирӣ намуда, раванди нармиши иҷтимоӣ, ҳамзистии ақидатӣ, муколимаю гуфтугӯйи тамаддунӣ, ҳамгиройии ҳувиятӣ ва ваҳдати миллию мардумиро таҳкиму тақвият бахшем.

                             

                                                                                                          Нозим Нуров

 ходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

  3 феврали соли 2024, шанбе, соати 16:39

 

 

 

 

 

     

    

 

 

БОЗГАШТ