АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҷашни Ғалаба дар Туркия

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Ҳамасола, 30-юми август Ҷумҳурии Туркия иди бузурги миллӣ – Рӯзи Ғалаба ё Ҷашни Ғалаба (Zafer Bayramı)-ро ҷашн мегирад. Ин маросим дар Туркия бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад ва дар ин рӯз паради ҳарбӣ баргузор мегардад. Дар ҳама ҷой аксҳои Мустафо Камол Ататурк ва парчами миллии Туркия насб карда мешаванд.

   Агар ба таърихи Туркия назар андозем, аз замони иштироки Империяи Усмонӣ дар Ҷанги якуми ҷаҳон дар тарафи  Олмон, Австро-Венгрия ва Италия, ки оқибати он мамлакатро ба бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ оварда расонид, боиси имзои созишномаи сулҳи Мадрас гардид.  Бо ҳамин Империяи Усмонӣ аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ хориҷ шуд. Дар натиҷаи шикаст Империяи бузург қисми зиёди ҳудудҳои минтақавиро аз даст дод. Дар аввали соли 1919 шумораи қӯшунҳои ишғолкунандаи иттифоқчиён дар Анадолу ва Фракия, ба ғайр аз юнониҳо ба 107 ҳазор нафар расида буд. 15 майи соли 1919 юнониҳо дар Осиёи хурд дар шаҳри Измир маскан гирифтанд. Шаҳри мазкур ва ҳудудҳои ба он тааллуқдошта, аз тарафи Юнон забт карда шуданд. Яке аз ғояҳои асосии Юнон он буд, ки мехост империяи Византияро барқарор намояд. Туркҳоро зарур омад, ки дар мубориза бо юнониҳо муқобилияти шадид нишон диҳанд. Муқобилияти онҳо дар таърихи Туркия “Ҷанг барои истиқлолияти Туркия” ном гирифтааст. Дар илми таърихшиносии Шуравӣ “Инқилоби туркӣ (Камолӣ)” ва ё “Ҷанги миллии озодихоҳи халқи турк” бо роҳбарии Мустафо Камол Ататурк (аз 19 майи соли 1919 то 29 октябри соли 1923) инъикос гардидааст.

    Дар давоми ҷанг қушунҳои юнонӣ қисми ғарбии Туркияи ҳозираро ишғол намуданд, қушунҳои итолиёвӣ худро дар Анадолу ҷойгир карданд, аз қисми ҷанубу шарқӣ қушунҳои Фаронса, дар шарқ бо дастгирии мудохилакорони британияӣ қушунҳои арманӣ хостанд сарҳади худро васеъ намоянд. Ба зӯрӣ даромадани истилогарон ба ҳудуди Туркия бо ба даст овардан ва содирот намудани ҳафриёти археологӣ ба давлатҳои Аврупо амалӣ карда шуданд. Ин боиси он  гардид, ки бештари осорҳои таърихиву фарҳангӣ дар осорхонаҳои шаҳрҳои Берлин ва Лондон низ дида мешаванд.

   Дар минтақаҳои ишғолгардида дастаҳои хурди партизанӣ амал мекарданд, ки оҳиста-оҳиста шумораашон бештар мегардид. Ташкил намудани Ҷамъияти умумимиллиро Мустафо Камол, ки собиқ генерали Империяи Усмонӣ буд, ба ӯҳда гирифт.

   Ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ таҳти роҳбарии Ататурк торафт пурзӯр гардиданд. Дар моҳи апрели соли 1920  (ин сана ҳамчун рӯзи Истиқлолияти миллӣ ва Ҷашни кӯдакон таҷлил карда мешавад) Ҷаласаи васеи миллӣ ҳамчун мувозинаи амалкунанда бар зидди ҳукумати султонӣ, даъват карда шуд. Бо мурури замон Фаронса ва Итолиё аз низоъ бо Туркия даст кашиданд. Ҳодисаҳои асосӣ дар саҳнаи амалиётҳои ҳарбии байни Юнон ва Ататурк шуда гузаштанд. Бо дастгирии Россияи Шӯравӣ (созишнома “Дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ” аз 16 марти соли 1921, ки кӯмаки бебозгашти пулӣ ва таъмини туркҳо бо яроқро, пешбинӣ намудааст) қӯшунҳои Ататурк амалиётҳои ҷангии худро дар Анадолу оғоз кардаанд.

   26 августи соли 1922 муҳорибаи ҳалкунанда дар назди Думлупинор, ки 30 август ба охир мерасад, оғоз гардид. Дар рафти муҳориба қушунҳои юнониҳо шикаст хӯрданд, қисми зиёди лашкарҳояшон фавтиданд, боқимонда асир гирифта мешаванд. Маҳз ҳамин рӯз - 30 август дар таърихи Туркия ҳамчун “Рӯзи Ғалаба” ва нишонаи озодшавии мамлакат аз истилогарони хориҷӣ, дарҷ гардидааст.

   Дар натиҷаи шикаст дар назди Думлупинор боқимондаи қушунҳои юнониҳо бо ҳамроҳии гурезагон дар шаҳри Измир ҷамъ омаданд. 9 сентябри соли 1922 қушунҳои Туркия ба шаҳри Измир даромаданд. Бегоҳии ҳамон рӯз шаҳрро пурра оташ заданд ва сарбурии аҳолии осоишта шурӯъ гардид. То ба имрӯз масъулияти он ҳодисаи мудҳишро тарафҳои турк ва юнон ба ӯҳдаи ҳамдигар мепартоянд. Шумораи кушташудагон мувофиқи гуфтаҳои баъзе сарчашмаҳо аз 20 то 260 ҳазор нафарро ташкил медод. 

  Дар охир ҳаракати миллӣ-озодихоҳии туркҳо шаҳри Истамбулро ба дасти худ гирифт. Ҳокимияти мутлақо барканор карда шуд, султон мамлакатро тарк кард. Дар Туркия сохти ҷумҳуриявӣ барқарор карда шуд. Дар соли 1923 созишномаи сулҳи Лозан ба имзо расид, ки тибқи он мамлакатҳои узви аҳдномаи Антанта аз даъвои талаби минтақаҳои Туркия даст кашиданд. Ҳамон вақт Туркия ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф карда шуд.

 

А. Салимов,

ходими илмии

Институт

БОЗГАШТ