АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҷашни Наврӯз дар фарҳанг ва адабиёти араб

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Мардуми форсу тоҷик дорои фарҳангу тамаддуни қадим ва илму маърифат буда, дар тамоми соҳаҳои донишҳои инсонӣ, аз замонҳои пеш осори гаронбаҳое ба мерос гузоштаанд. Имрӯз ҷашни Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни қадиму муҳими мардумони Осиёи Миёна қайд карда мешавад. Калимаи Наврӯз дар забони тоҷикӣ ба маънои рӯзи нав аст, ин калима то ба имрӯз ба ҳамин маъно дар байни халқиятҳои ҷаҳон маълум аст. [Ниг:2, 15-349].

   Ба ҳамагон маълум аст, ки мардуми тоҷик дар давраҳои гунонуни таърихӣ ба фарҳангу забон ва одобу русуми арабҳо таъсир гузошта, аз забону фарҳанги арабҳо низ баҳра бурданд [Ниг:11, 115].

    Пайдоиши иди Наврӯз ба форсҳо нисбат дода шавад, ҳам донишмандон ва шоирони араб низ дар китобҳои таърихӣ ва адабии худ Наврӯзро дақиқ тавсиф кардаанд. Инчунин, расму оинҳои мардуми форсу-тоҷик, беҳтарини рамзи муҳаббат миёни халқҳои ҷаҳон шинохта шудааст.

    Наврӯз инъикосгари ҳамдигарфаҳӣ ва дӯстии миёни дигар мардумон гардидааст, ки он дар девони шуарои араб зиёд дарҷ гардидааст. Инчунин, тасвири таҷлили рӯзҳои Наврӯз дар мавсими баҳор, ҳамчун рамзи динӣ ба ягон ақидае рабт надорад, балки иди табиат баён шудааст [Ниг: 12, 20 ва 11, 117-118].

   Ин ид яке аз ҷолибтарин падидаи таъсиргузори фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ба фарҳанги халқҳои араб мебошад. Ин таъсир то ба андозае буд, ки пас аз зуҳури давлати Аббосиён иди Наврӯзро ҳатто амирон ва подшоҳони араб низ ҷашн мегирифтанд [Ниг: 11, 115]

   Ин нишонаи он аст, ки ҳамкории фарҳангӣ ва додугирифти тамаддун миёни арабҳо ва форсҳо ба воситаи ин ҷашнҳо ҳам ба амал омадааст. Махсусан, иди Наврӯз бо шавоҳиди шеърӣ ва насрии арабӣ, ҳамчун таҷассумгарӣ беҳтарин таҷрибаи робитаи фарҳангӣ дар байни халқҳои ҷаҳон дарҷ гардида, густариши ҷанбаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ таъсири амиқ доштааст. Бо вуҷуди он ки решаҳои ин иди фархунда ба қарнҳои пеш аз таърихӣ пайвастааст, шакке нест, ки дар давраи ислом рангу тобиши тозае ба худ гирифта, аз бисёр нуқтаҳои эътиқодии оини зардуштӣ раҳоӣ ёфта, дар шароити нави зиндагонии мусалмонон маонии рӯҳии наве ба худ касб кардааст [Ниг: 11, 115].

   Дар ин тамоси рӯҳонӣ, ахлоқӣ ва равонӣ ду мардум тавонистанд як бинои боҳашамати бузурги тамаддуни башарӣ ва пурқудратро бисозанд, ки онро мардумони дигар аз асрҳо то имрӯз истифода мебаранд [Ниг: 12, 20 ва 11, 117-118].

   Чунон ки ба ҳамагон маълум аст, омадани Наврӯз ба фарорасии корҳои  нек ва хайр дарак медиҳад, чун офтоб ба Бурҷи Ҳамал гашт, шабу рӯз баробар шуда, гарми обу ҳаво бар сардӣ ғалаба менамояд, ки ба табиат ва коинот рӯҳи ҳаёт мебахшад ва ин ҳаракат аз оғози фасли баҳор дарак медиҳад [Ниг: 8].

   Дар Тоҷикистон барои ҷашни гирифтани фасли баҳор расму оинҳои зиёд вуҷуд дорад, зеро табиат ба самти гармии тобистон ҳаракат мекунад. Дарахтон ба гулкунӣ оғоз намуда, паррандагон барои лона гузоштан шуруъ менамоянд. Ин тағйироти табиат дар дигар минтақаҳои берунии Осиё ва мардумони онҳо мушоҳида карда мешавад, ҷашнро бо равиши хеш ҷашни табиат мепиндоранд, махсусан дар байни халқҳои ҷаҳон ва умуман арабҳо, ки ба тариқи худ ин рузҳои баҳориро бо хурсандӣ ҷашн мегиранд. Дар ин ҷода Муҳаммад ал-Куфӣ дар шеъри худ дар бораи оғози баҳор мефармояд [8]:

حُلوُ الشَّبابِ مِنَ الدُّنْيَا أَوَائِلُهُ   ::   بَدْءُ الرَّبِيعِ مِنَ الْأَيَّامِ نَوْرُوزُ

Зебоии ҷавонӣ дар дунё аз аввали зиндагист,

Чуноне, ки аввали рӯзҳои баҳор аз оғози Наврӯз аст.

   Дар баробари фарорасии фасли баҳор, ба хотири пешвозгирии Наврӯз дар кишварҳои арабӣ ҷашнҳои ҳаммисл вуҷуд доранд, ки дар умум номҳои наздик ба Наврӯз мебошанд. Аз ҷумла, арабҳои ҷануби Ироқ рӯзҳои Наврӯзро ҷашн мегиранд ва онро «ад-Духул» ба маънои ворид шудан номида, воридшавии оғози соли нав, ки аз фасли баҳор оғоз меёбад, меноманд. Дар мамлакати Ҳошимии Урдун ва дар дигар минтақаҳои Ироқ, онҳо «Иду-ш-шаҷарати» яъне иди дарахт меноманд, ки ин ҷашн дар шинондани дарахтҳо дар фасли баҳор мувофиқ аст. Аммо мардумони Мисри араб «Иди шумм-ун-насим» ба маънои «Иди бӯи насими баҳор» дар ҳафтаи якуми моҳи апрел меноманд, шояд он ба рӯзи сездаҳуми оғози ибтидои Наврӯз баробар бошад [1[.

   Дар «ал-Хитат ал-мақризия» ном асари маъруфи худ, ҷуғрофидони машҳури араб ал-Мақризӣ ба муносибати Наврӯз чунин навиштааст: «Ибни Аббосро дар бораи Наврӯз пурсиданд, ки чаро онро ҷашн гирифтаанд, гуфт: «Дар ҳақиқат он аввали соли нав ва поёни  соли гузашта мебошад»[6]. Дар ин мавзӯъ Алӣ ибни Ҳамза ал-Исфаҳонӣ низ чунин гуфтаааст: «Дар ҳақиқат Наврӯз ба боварии форсҳо рӯзи баробарии баҳорӣ ба шумор меравад»[6]. Он дар асл ибтидои фасли баҳор аст ва ба арабӣ онро «ан-Наврӯз» ё «ан-Найрӯз» низ мегӯянд. [Ниг: 11, 117].

   Дар ин мавзуъ таваҷҷуҳ ба кишварҳои араб ва шоироне, ки дар ин ҷашнҳо иштирок кардаанд ва тавсифи ин рӯзҳои баҳориро баён кардаанд ба хурсандии рӯзҳои аввали баҳор шаҳодат медиҳанд, ки ҷашнгирии рӯзҳои Наврӯзиро дар шеърҳои худ таҳрир карданд,  ки гӯё имрӯз дар байни мо зиндагӣ карда бошанд. Ин шаҳодат Абдулкарим Шоҳинро водор кард, ки дар китоби худ «Иди Наврӯз, асоси таърихӣ ва устурии он», қайд намояд, ки баргузории ҷашни Наврӯзро дар таърихи фарҳанги арабӣ баъди таъсиси давлати Аббосӣ, рад мекунад. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳузури шоирон ва тавсифи онҳо иди Наврӯзро дар даврони Амавӣ (пеш аз Аббосиён) бо вуҷуди шеърҳои ададшумори онҳо ба назар нагирифт, ба монанди шоир Исмоил ибн Ясор. Аммо дар даврони Аббосиён Наврӯз иди расмии давлатӣ қабул гардид ва ҳамчун рӯзи хурсандии ҳамагон шуд. Инчунин, пажуҳишгар Абдулкарим Шоҳин маводи бисёреро дар адабиёти давраи Аббосиён пайдо карда, ки далолат ба паҳншавии Наврӯз мебошад, монанди: шеърҳои ал-Буҳтурӣ, аш-Шариф ар-Разий, ал-Мутанаббӣ, Ибн ар–Румӣ, Абутамом, Абӯнувос, Ибн ал–Мӯътаз ва дигар шоирони даврони Аббосиён.

   Аммо таъсирпазирии шоирони муосири араб аз Наврӯз, ҷои пушида нест, ба монанди шеърҳои Бадр Шокир ас-Сайёб ба унвони «Ваҳйи Наврӯз», илҳоми худро аз ҷашни Наврӯз гирифта, қасидаашро ба мавзӯҳои инсон, инқилоб, ватан, миллат, муттаҳидӣ дар байни курдҳо ва арабҳо ва алайҳи истеъморгарон бахшидааст [Ниг: 13].

   Ин буд нигоҳе ба Наврӯз дар адабиёти араб, аммо амиқтар ба баъзе манбаъҳои таърихи исломӣ руҷуъ намоем, хонанда баъзе аҳодисеро ру ба рӯ мешавад, ки сухан дар бораи ташкили ин ҷашнҳо дар марҳилаи хилофати Алӣ ибн Абитолиб (разияллоҳу таоло) гуфта шуда аст. Дар ривояти Ҳоммод ибни Салама омадааст, ки ӯ Фолузаҷ (навъи ҳалвои иди) ба назди Алӣ (рз) овард. Он ҳазрат пурсид, ин чист? Онҳо гуфтанд: Имрӯз Наврӯз аст, он ҳазрат гуфт: пас Наврӯзи мо ҳар рӯз аст [Ниг: 3, 4/200 ва 9, 29]. Ва дар ривояти дигаре омадааст, ки он Ҳазрат гуфт: «Ҷашнвораи мо ҳар рӯз аст» яъне меҳргон [7, 2/192 ва 11, 117-118].

   Ҳар хонандаи таърихи адабиёти арабро зарур аст, ба сарчашмаи шеъри арабӣ баргардад, зеро шеър асоси адабиёти араб аст, барои ҳамин диққати аҳли адабиёт ва санъатро дар омӯзиши мероси шеърҳои арабӣ ва тамоюли онҳоро ба шоирон зиёд мебинем, чуноне, ки Ибни Халдун мегӯяд: Шеър асоси девони араб аст, дар шеър сабти илму дониш, ахбори рӯзгор ва ҳукмронии онҳо нигориш ёфта аст [Ниг: 10, 369]. Инчунин, Халил ибни Аҳмад ал-Фароҳидӣ мегӯяд: «Шоирон ҳокимони сухананд» [5, 143]. Мо чунин иҳтимому гармдилиро нисбат ба шеър ва ҷашни шеърхониро, ба хотири аҳамияти вазифаи шеър барои эҳёи ҷомеа мебинем. Шеър хитоби ҷамоли зебост ҷиҳати таҳрики хислатҳои ҳамида дар инсон ва ба таҳқири хислатҳои бад равона шудааст [Ниг: 14], аз ин лиҳоз яке аз шеърҳои ал-Буҳтуриро пешкаш менамоям, ки беҳтарин шеъри арабӣ дар тавсифи Наврӯз ба назар мерасад ва дорои чунин эҳсоси амиқ дар фасли зебои баҳор аст. Зеро шоир ал-Буҳтурӣ нашъу намои бодянишини арабиро гузаронида, аз фарҳанги исломӣ ва арабии замони худ огоҳ буда, девони ӯ шоҳид ва баёнгари пешрафти донишмандии ўро дар илмҳои гуногун ва фаҳмиши ӯ ба илмҳои замони худ, забон, шеър, таърих ва дигар илмҳо нишон медиҳад [Ниг: 8]. Мавсуф аз таърихи гузашта, ҳамонрӯзаи хеш, илова бар маълумоту дониш мардуми форс ва подшоҳонаш, ки бо арабҳо робитаи матину мустаҳкам доштанд, бархурдор буд [Ниг: 8].

   Хусусияти тасвири табиати зебо эҳсосоти зинда ва зебоиро дар дили шоир эҳё мекунад. Ин шеър аломати ҳамон ҳиссиёт аст, ки ин ҷилва бисёри шеъри шоиронро дар тасвири Наврӯз тавзеҳ медиҳанд, ки рӯзи аввали баҳор Наврӯз аст.

   Номи Наврӯз дар таърихи халқҳое, ки онро ҷашн мегиранд, ҳатман бо баҳор пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ҷумлаи шоирони араб, ки аз табиати хандони баҳорӣ илҳом гирифтаанд, Абӯубода ал- Валид ал- Буҳтурӣ мебошад, ки дар ин бора гуфтааст [Ниг: 4, 2090- 2091 ва: 11, 128].

 

مثلما كان يقول البحتري في مدح الهيثم الغنوي:

أتَاكَ الرَّبِيعُ الطَّلْقُ يَخْتَالُ ضَاحِكاً   ::   مِنَ الحُسْنِ حَتَّى كَادَ أنْ يَتَكَلّمَا

         Омад баҳори хурраму гуё бо ҳусну ҷамоли худ,

         Механдаду ҳоло ба забон меояд,

وَقَد نَبّهَ النّوْرُوزُ في غَلَسِ الدُّجَى   ::   أَوَائِلَ وَرْدٍ كُنّ بالأمْسِ نُوَّمَا

         Наврӯз дар торикии шаби дирӯза оҳиста,

         Аввалин гулҳоро, ки хоб буданд, бедор кард.

يُفَتِّقُهَا بَرْدُ النّدَى، فَكَأنَّهُ   ::   يَبُثُّ حَدِيثًا كَانَ أَمْسِ مُكَتَّمَا

         Шабнами сард онҳоро боз мекунад ва гӯё,

         Онҳо тоза рӯиданду пештар ниҳон буданд.

وَمِنْ شَجَرٍ رَدّ الرّبيعُ لِبَاسَهُ   ::   عَلَيْهِ، كَمَا نَشَّرْتَ وَشْياً مُنَمْنَمَا

         Аз дарахти баҳорӣ нишони шодӣ медамад,

         Ҳол он ки мисли хасе дар чашм менамуд.

وَرَقّ نَسيمُ الرِّيحِ، حَتَّى حَسِبْتَهُ   ::   يَجِىءُ بِأَنْفَاسِ الْأَحِبَّةِ نُعَّمَا

         Вазид насими баҳору ту гумон мекунӣ,

         Ки дами нафасҳои ҳабибонро ба неъмат овард.

   Гарчанде, ки таърихи Наврӯз ба давраи пеш аз мелод бармегардад, аммо он дар ҳама давраҳо гирдиҳамовардани ҷомеаҳои инсоният аст. Пас адабиёти араб ва форсутаҷикро ба зебоии табиат ғанӣ карда, мероси бузурги шеъру достонҳо ва фарҳангҳоро гирдиҳам овард. Ва байни халқҳо ваҳдат оварда, аз бонуфузтарини идҳои баҳорӣ дар ҷаҳон то имрӯз ҷовидон аст [Ниг:11, 135-136].

 

Абдулҳалим ОДИНАЕВ

корманди Институт

 

Адабиёт ва тавзеҳот:

1). Абуҷосим, Муҳаммад ал-Куфӣ, Иди Наврӯз ё Найрӯзи ҷолиб дар шеъри араб ӣ, шабакаи ахбори Носирия, мақола дар 3-юми апрели соли 2014 нашр шудааст. أبو جاسم، محمد الكوفي، عيد نوروز أو نيروز الأغر في الشعر العربي (www.nasiriyah.org/ara/post/45407)

2). аз-Зубайдӣ, Муҳаммад ибн Муҳаммад ибн Абдур-разоқ ал-Ҳусайнӣ, Тоҷ-ул-аруси мин ҷавоҳири-л-қомуси, дор-ул-ҳидояти, дар 40 ҷилд, ҷилди 15-ум дар 571 саҳ. الزبيدي، محمد بن محمد بن عبد الرزاق الحسيني، تاج العروس من جواهر القاموس

3). ал-Бухорӣ, Муҳаммад ибн Исмоил ибн Иброҳим Абуабдил-лоҳ, ат-Таърих ул-кабир, таҳқиқи Сайид Ҳошим ан-Надавӣ, дор ул-фикр, дар 8 ҷилд, ҷилди 4-ум дар 380 саҳ. البخاري، محمد بن إسماعيل بن إبراهيم أبو عبدالله، التاريخ الكبير

4). ал-Буҳтурӣ, девони ал-Буҳтурӣ, таҳқиқи Ҳасан Комил ас-Сайрафӣ, дор ул-маорифи мисрӣ, соли 1964, аз ганҷинаҳои араб рақами 34, дар 5 ҷилд, ҷилди 4-ум саҳ: 2090-2091. البحتري، ديون البحتري

5). ал-Қиртоҷӣ, Абулҳасан Ҳозим ал-Қиртоҷӣ, Минҳоҷ ул-булағо ва сироҷ ул-удабо, таҳқиқ Муҳаммад ал-Ҳабиб ибн ал-Хуҷа, дор ул-ғарби ал-исломӣ, Бойрут-Лубнон, чопи 3-юм дар соли 1986, як чилд дар 417 саҳ. أبو الحسن حازم القرطاجي، منهاج البلغاء وسراج الأدباء

6). ал-Мақризӣ. Абулаббос ал-Ҳусайнӣ ал-Убайдӣ, Тақий-уд-дин ал-Мақризӣ. Мавъизаҳо ва эътибор бо ёддошти хитат ва осорҳо. Дору-л-кутуби ал-илмия: Бейрут, чопи 1-ум дар соли 1418 ҳиҷрӣ, дар 4 ҷилд. Ҷилди 2-юм дар 451 саҳ. المقريزي، أحمد بن علي بن عبد القادر، تقي الدين المقريزي (المتوفى: 845هـ)، المواعظ والاعتبار بذكر الخطط والآثار

7). ал-Фируз Ободӣ, Муҳаммад ибн яъқуб аш-Шерозӣ, ал-қомус ал-муҳит, бо ҳошияи шарҳу таълиқ, чопи 3-уми Амирия дар соли 1302 ҳиҷрӣ, ҳайъати умумии Мисрӣ барои китоб, соли 1400 ҳиҷрӣ-1980 мелодӣ, дар 4 ҷилд, ҷиди 2-юм дар 298 саҳ. الفيروزآبادي، محمد بن يعقوب الشيرازي، القاموس المحيط

8). Зубайдуф, доктор Зубайдуллоҳ Зубайдуф, Наврӯз иди баҳор аст ба кадом ақидаи динӣ ё идеологияи муайяне рабт надорад, мақола дар 23-уми марти соли 2015. الدكتور زبيدالله زبيدوف، النوروز عيد الربيع ليس له ربط بأية عقيدة دينية (http://www.tajemb-kwt.org)

9:  Ибни Ҷавзӣ, Абдураҳмон ибн Алӣ ибн Муҳаммад ибн Ҷаъфар, Сайд-ул-хотир, таҳқиқ Абдулқодир Аҳмад Ато, дор-ул-кутуби илмийяти, чопи 1-ум дар соли 1412 ҳиҷрӣ-1992 мелодӣ, 1 ҷилд дар 511 саҳ. ابن الجوزي، عبد الرحمن بن علي بن محمد بن جعفر، صيد الخاطر

10). Ибни Халдун, Абдураҳмон ибн Муҳаммад ибн Халдун ал-Ҳазрамӣ, Муқаддимаи ибни Халдун, дорулқалам: Бейрут, соли 1984 мелодӣ, як ҷилд дар 588 саҳ. ابن خلدون، عبد الرحمن بن محمد بن خلدون الحضرمي، مقدمة ابن خلدون

11). Мардонӣ, Тоҷиддин, тарҷумаи мақолаи « Наврӯз дар фарҳанги араб», Раҳмон Халифа Башшор, маҷаллаи илмии «Суханшиносӣ» Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, адади 1-уми соли 2012, дар 180 саҳ. الدكتور تاج الدين مرداني، ترجمة مقالة: النوروز في الأدب العربي

12). Мардонӣ, Тоҷиддин, тарҷумаи мақолаи « Наврўз: дарахти форсӣ дар турбати арабӣ», Марям ан-Нуаймӣ, Донишгоҳи Қатар, маҷаллаи илмии «Суханшиносӣ» Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, адади 1-уми соли 2014, дар 178 саҳ. الدكتور تاج الدين مرداني، ترجمة مقالة: النوروز شجرة فارسية في التربية العربية

13). Муҳаммад ал-Авовида, Иди Наврӯз устура, таърих ва мавқифи исломӣ, мақолаи махсуси ар-росид, дар рӯзи якшанбе 31-уми августи соли 2018 нашр шудааст.  محمد العواودة، عيد النيروز الأسطورة والتاريخ (http://alrased.net )

14). Муҳаммад Лутфӣ ал-Юсуф, Ҳавон аш-шоир ва шеър дар фарҳанги арабӣ, мақолаи мунтақид ва академики Тунисӣ, адади 36-ум дар маҷаллаи Назвӣ, мақола дар 1-уми июли соли 2000 нашр шудааст. (www.nizwa.com) محمد لطفي اليوسف، هوان الشاعر والشعر في الثقافة العربية

БОЗГАШТ