АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ФАРҲАНГУ АДАБИЁТИ АРАБ

Муаллиф: Одинаев Абдуҳалим

Расм

ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ФАРҲАНГУ АДАБИЁТИ АРАБ

Мусаллам аст, ки мардуми тоҷику форс аз қадим соҳиби тамаддуну маърифати волои инсонӣ буда, дар рушду нумӯи илму маърифат саҳми босазо гузоштаанд, ки дар ҳама гуна равандҳо ва дастовардҳои ҷомеаи башарӣ, тафаввуқу бартарӣ доштаанд ва осори арзишманди хешро ба оламиён нишон додаанд.

Кунун, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик ҳамасола Наврӯзро чун ҷашни аҳли ниё ҷашн гирифта онро ба мардумони Осиё фарҳанги амиқи гузаштагонро нишон дода, ифтихор аз анъанаҳои миллӣ мекунанд, ки ин боиси хушнудию сарфарозист. Вожаи Наврӯз ба маънои рӯзи нав аст, ин калима то ба имрӯз ба ҳамин маъно миёни ақвоми ҷаҳон машҳур аст. [Ниг:1, 15-349].

Тибқи маълумоти таърихӣ халқи тоҷик дар мароҳили гунонуни таърихӣ ба забону адабиёт ва фарҳангу тамаддуни арабҳо таъсир гузоштаанд, ҳамзамон, аз забону фарҳанги арабҳо низ таъсирпазир шудаанд [Ниг:4, 115].

Гарчӣ эҳёи ҷашни Наврӯз русуми форсҳо бошад, ҳам шоирону нависандагони араб низ дар кутуби таърихӣ ва адабии худ Наврӯзро васфу тавсифҳои зиёд намудаанд. Аз ин рӯ, расму оинҳои мардуми форсу-тоҷик, рамзи муҳаббату дӯстӣ, садоқату вафодорӣ миёни халқҳои ҷаҳон шинохта шудааст.

Наврӯз василаи ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстию рафоқат дар байни ҷомеаи ҷаҳон гардидааст, ки он дар девони шуарои араб фаровон дарҷ гардидааст. Аз ин рӯ, таҷлили иди Наврӯз дар мавсими баҳор ҳамчун рамзи динӣ ба ягон кешу оин ё ақидае алоқаманд нест, балки ҷашни табиат ва эҳёи гулу сабза мебошад. [Ниг: 5, 20 ва 4, 117-118].

Ҷашни мазкур падидаи муассири фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ буда, ба олами араб нақши фарҳангӣ бахшидааст. Чунин таъсирпазирӣ то андозае буд, ки дар замони салтанати Аббосиён ҷашни Наврӯзро, ҳатто вазирону амирон ва подшоҳони араб низ иҳтифол мегирифтанд [Ниг: 4, 115].

Ин баёнгари он аст, ки табодули фарҳангӣ миёни арабу форс тариқи иду айёми миллӣ сурат гирифтааст. Бавижа, иди Наврӯз дар ашъори шоирон ва насри адибони араб, чун намунаи олии равобити фарҳангӣ миёни халқҳои ҷаҳон, китобат шудааст. Гарчӣ асл ва мабдаи Наврӯз пайванди асрҳои куҳан бошад, ҳам кунун дар фарҳанги исломӣ мафҳум ва тобишҳои вижае ба худ касб кардааст, ки орӣ аз эътиқоди оини зардуштӣ мебошад. [Ниг: 4, 115].

Мардуми арабу аҷам тавонистанд ба воситаи ингуна ҷашнвораҳои таърихӣ кохи фарҳангие бисозанд, ки мабнӣ ба хисоли неки инсонӣ ва арзишҳои ахлоқӣ бошад. [Ниг: 5, 20 ва 5, 117-118].

Мусаллам аст, ки баробаршавии шабу рӯз ва дамидани субҳи Наврӯзӣ далолат ба файзу баракати хонадон мекунад, ки ба ҷомеа фоли хайру некӣ мебахшад. Ва муътадилии обу ҳаво ва эҳёи табиат ба инсон руҳи солим медамад. [Ниг: 3]. Ҳамасола дар ватани азизамон мавсими баҳор бо расму оинҳои гуногуни худ ҷилои ҳастӣ намуда, дарахтон ба гулшукуфӣ ва булбулон ба чаҳ-чаҳ оғуш боз мекунанд. Чунин тағйирёбии табиат дар манотиқи кишварҳои Осиё мушоҳида намудан метавон, хусусан арабҳо, ки айёми баҳорро бо фараҳу шодӣ, ҷашн мегиранд. Аз ин рӯ, Муҳаммад ал-Куфӣ дар шеъри худ дар васфи оғози баҳор чунин гуфтааст [3]:

حُلوُ الشَّبابِ مِنَ الدُّنْيَا أَوَائِلُهُ   ::   بَدْءُ الرَّبِيعِ مِنَ الْأَيَّامِ نَوْرُوزُ

Зебоии ҷавонӣ дар дунё аз аввали зиндагист,

Чуноне, ки аввали рӯзҳои баҳор аз оғози Наврӯз аст.

Номи Наврӯз дар таърихи халқҳое, ки онро ҷашн мегиранд, ҳатман бо баҳор пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ҷумлаи шоирони араб, ки аз табиати хандони баҳорӣ илҳом гирифтаанд, Абӯубода ал- Валид ал- Буҳтурӣ мебошад, ки дар ин бора гуфтааст [Ниг: 2, 2090- 2091 ва: 4, 128].

 مثلما كان يقول البحتري في مدح الهيثم الغنوي:

أتَاكَ الرَّبِيعُ الطَّلْقُ يَخْتَالُ ضَاحِكاً   ::   مِنَ الحُسْنِ حَتَّى كَادَ أنْ يَتَكَلّمَا

Омад баҳори хурраму гуё бо ҳусну ҷамоли худ,

Механдаду ҳоло ба забон меояд,

وَقَد نَبّهَ النّوْرُوزُ في غَلَسِ الدُّجَى   ::   أَوَائِلَ وَرْدٍ كُنّ بالأمْسِ نُوَّمَا

Наврӯз дар торикии шаби дирӯза оҳиста,

Аввалин гулҳоро, ки хоб буданд, бедор кард.

يُفَتِّقُهَا بَرْدُ النّدَى، فَكَأنَّهُ   ::   يَبُثُّ حَدِيثًا كَانَ أَمْسِ مُكَتَّمَا

Шабнами сард онҳоро боз мекунад ва гӯё,

Онҳо тоза рӯиданду пештар ниҳон буданд.

وَمِنْ شَجَرٍ رَدّ الرّبيعُ لِبَاسَهُ   ::   عَلَيْهِ، كَمَا نَشَّرْتَ وَشْياً مُنَمْنَمَا

Аз дарахти баҳорӣ нишони шодӣ медамад,

Ҳол он ки мисли хасе дар чашм менамуд.

وَرَقّ نَسيمُ الرِّيحِ، حَتَّى حَسِبْتَهُ   ::   يَجِىءُ بِأَنْفَاسِ الْأَحِبَّةِ نُعَّمَا

Вазид насими баҳору ту гумон мекунӣ,

Ки дами нафасҳои ҳабибонро ба неъмат овард.

Гарчанде, ки таърихи Наврӯз ба давраи пеш аз мелод бармегардад, аммо он дар ҳама давраҳо гирдиҳамовардани ҷомеаҳои инсоният аст. Пас адабиёти араб ва форсу тоҷикро ба зебоии табиат ғанӣ карда, мероси бузурги шеъру достонҳо ва фарҳангҳоро гирдиҳам овард. Ва байни халқҳо ваҳдат оварда, аз бонуфузтарини ҷашнҳои баҳорӣ дар ҷаҳон то имрӯз ҷовидон мондааст [Ниг:4, 135-136]. Пас мардумони ҷаҳон бо такя ба ин ҷашни қадим ҳамчун пайванди фарҳангӣ миёни халқҳои ҷаҳон, метовонанд, ҳамчун нерӯи нарм барои барқарор намудани дӯстӣ ва ҳамкории мардумон ба шакли васеъ истифода бурда, минтақа ва ҷаҳонро дар зери пояҳои ҳамдигарфаҳмӣ, ободӣ ва оромӣ нигоҳ доранд.

 

Адабиёт ва тавзеҳот:

  1. аз-Зубайдӣ, Муҳаммад ибн Муҳаммад ибн Абдур-разоқ ал-Ҳусайнӣ, Тоҷ-ул-аруси мин ҷавоҳири-л-қомуси, дор-ул-ҳидояти, дар 40 ҷилд, ҷилди 15-ум дар 571 саҳ.الزبيدي، محمد بن محمد بن عبد الرزاق الحسيني، تاج العروس من جواهر
  2. ал-Буҳтурӣ, девони ал-Буҳтурӣ, таҳқиқи Ҳасан Комил ас-Сайрафӣ, дор ул-маорифи мисрӣ, соли 1964, аз ганҷинаҳои араб рақами 34, дар 5 ҷилд, ҷилди 4-ум саҳ: 2090-2091. البحتري، ديون البحتري
  3. Зубайдуф, доктор Зубайдуллоҳ Зубайдуф, Наврӯз иди баҳор аст ба кадом ақидаи динӣ ё идеологияи муайяне рабт надорад, мақола дар 23-уми марти соли 2015.الدكتور زبيدالله زبيدوف، النوروز عيد الربيع ليس له ربط بأية عقيدة دينية (http://www.tajemb-kwt.org)
  4. Мардонӣ Тоҷиддин, тарҷумаи мақолаи «Наврӯз дар фарҳанги араб», Раҳмон Халифа Башшор, маҷаллаи илмии «Суханшиносӣ» Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, адади 1-уми соли 2012, дар 180 саҳ.الدكتور تاج الدين مرداني، ترجمة مقالة: النوروز في الأدب العربي
  5. Мардонӣ Тоҷиддин, тарҷумаи мақолаи «Наврӯз: дарахти форсӣ дар турбати арабӣ», Марям ан-Нуаймӣ, Донишгоҳи Қатар, маҷаллаи илмии «Суханшиносӣ» Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, адади 1-уми соли 2014, дар 178 саҳ.الدكتور تاج الدين مرداني، ترجمة مقالة: النوروز شجرة فارسية في التربية العربية

 

Одинаев Абуҳалим Сияҳмардович,

ходими пешбари илмии Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

БОЗГАШТ