АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҷашни нуру зиё дар Олмон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Анъанаву одат ҷузъе аз фарҳанг буда, аз ғановати маънавии одамон дарак медиҳад. Дар дунё расму оинҳои зиёде вуҷуд доштанд, ки то ба замони мо нарасида ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд. Аммо ҳастанд ҷашну маросимҳое, ки таърихи ҳазорсолаҳоро пушти сар карда, то замони мо омада расидаанд.

Дар кишварҳои Аврупо, ба вижа дар мамлакатҳои олмонизабон ҳамасола иде бо меҳри беандоза ҷашн гирифта мешавад, ки онро “ҷашни мавлуди Исо” меноманд. Ин иди оилавӣ буда, дар ҳалқаи оила бо меҳри самимӣ гузаронида мешавад. Ин рӯзи сулҳу рӯшноӣ буда, дар Олмон аз ҳама иди муҳимтарин ва беҳтарин ба ҳисоб меравад.

Ҷашни мавлуди пайғамбар Исо (а) 25-26 - уми  декабр рост омада, омодагиҳо ба ин ҷашн барвақтар шурӯъ мешавад. Занон кулчақандҳои ҷашнӣ мепазанд. Дар ҳуҷраҳо чанбараки мавлуди ҳазрати Исоро (а) меовезанд ё онҳоро болои миз мегузоранд. Ба ин муносибат арча меороянд. Аз ҳама ҷо бӯйи шамъу дорчин ба машом мерасад. Дар ҳамаи шаҳрҳои Олмон ярмаркаҳои ҷашнӣ баргузор мегардад. Аз ин ҷо метавон тӯҳфаҳо ва кулчақандҳои гуногун харид. Барои ҳар як аъзои оила тӯҳфаҳо интихоб мекунанд. Ҳар кас мехоҳад тавассути ҳадяҳо меҳру самимияти хешро ба якдигар  ифода кунад. Ҳамаи тӯҳфаҳо ба таври хеле зебо дар қуттиҳо печонида шуда, то шаби Муқаддас пинҳон карда мешаванд. Бегоҳи рӯзи 24-уми декабр ин шаби Муқаддас аст. Одамон ба ҳамдигар тӯҳфаҳои гуногун тақдим мекунанд ё онҳоро аз зери дарахти арчаи орододашуда ҷустуҷӯ мекунанд. Шамъҳоро дар дарахти арчае, ки ба муносибати иди мавлуди Исо ороста шудааст, меафрӯзанд. Дар ҳамин рӯзҳо бисёре аз одамон ба калисо мераванд. Ҳамаҷо садои сурудҳои ҷашнӣ шунида мешавад. Хӯрокҳои маъмултарин ва дӯстдоштатарин дар ин ҷашн кулчақанд ва кулчаҳои ширини мавлудӣ мебошанд. Баъд аз хӯроки шом сурудҳои идона сароида мешавад.

 Айёми “Адвент”- интизори шаби Муқаддас

Ҳангоми “Адвент” олмониҳо ба иди мавлуди Исо омодагӣ мегиранд. Вожаи “адвент” аз лотинӣ буда, маънои “омадан”, “омада расидан” - ро дорад. Дар Олмон арафаи мавлуди пайғамбар Исо (а) чаҳор якшанбе пеш аз ҷашни мавлуди Исо (а) оғоз мегардад. Чанбараки мавлуди Исо як ҷузъи муҳимтарини айёми  “Адвент” мебошад. Дар ҳар як хона, калисо ё идора метавон чанбараки мавлуди Исоро дид. Онро аз шохаҳои сабзи арча бофта, дар болои он чор шамъ мегузоранд. Ҳар як рӯзи якшанбе як шамъро меафрӯзанд, ба ҳамин минвол якшанбеи якуми моҳи декабр шамъи якум, якшанбеи дуюми ҳамин моҳ шамъи дуюм, якшанбеи сеюми моҳ шамъи сеюм ва якшанбеи чорум шамъи чорум афрӯхта мешавад, ки рамзи рушноӣ, аломати ҳаётро ифода мекунад. Яъне новобаста ба торикӣ, рӯшноӣ зиёд мегардад. Аксар вақт дар рӯзи якшанбе аҳли оила сарҷамъ шуда бо ҳам кулчақандҳои ҷашнӣ мехӯранд, нӯшокиҳои гарм ба монанди чой, пунш ё какао менӯшанду сӯҳбатҳо меороянд ва ба кӯдакон ҳикояҳои ҷашнӣ мутолиа мекунанд.

Ярмаркаҳои ҷашнӣ дарҳои худро мекушоянд ва вақти оро додани ҳуҷраҳо ба таври идона фаро мерасад. Дар маркази асосӣ чанбараки ҷашнӣ бо чор шамъи худ меистад. Ба ғайр аз ин дар айёми “Адвент” дӯстон ва аҳли оила бо ҳам меоянд то ҳамроҳ кулчақанд пазанду аз кулчаҳои ҷашнӣ тановул намоянд.

Одати чанбараки ҳазрати Исо наздик ба 150 сол аст, ки арзи вуҷуд дорад. Кашиш Ёоҳанн Ҳайнрих Вихем аз шаҳри Ҳамбург як хонаи ятимон бунёд мекунад, ки дар он ҷо ибодат мегузориданд, сурудҳо месароиданд ва кашиш ба наврасони ҳамин хонаи ятимон қиссаҳо аз мавлуди Исо мекард. Ҳар рӯз як шамъ меафрӯхтанд, бинобар ин дар як қандил 24 шамъ овезон гардид. Ба наврасону ҷавонон он қадар ҳамин писанд омад, ки қандилро бо шохчаҳои арча, ки ифодагари рамзи ҳаёт аст, оро доданд. Ин чанбаракчароғ на танҳо ҷавонони ҳамин хонаро хурсанд мекард, балки ба сокинони Ҳамбург низ хеле писанд омад, ки онҳо мехостанд чунин як чанбарро дошта бошанд. Фақат 24 шамъ барои як ҳуҷра хеле зиёд буд, бинобар ҳамин шумораи онҳоро ба чор оварданд, барои ҳар як рӯзи якшанбе якто шамъ. Ҳамин тавр чанбараки “Адвент” аз Олмони шимолӣ ба тамоми Олмон доман густурд.

Дар айёми “Адвент” ба ҳамаи кӯдакон тақвими ҷашнӣ дода мешавад, ки он 24 дарича ё халтача дорад. Дар пушти ҳар яки ин дарича ё халтачаҳо расм ё шоколаде пинҳон карда шудааст. Кӯдакон ҳар як рӯз, то 24 - уми декабр як дарича ё халтачаро кушода соҳиби шоколад ё ягон чизи дигаре мегарданд. Ҳамин 24 даричаи тақвим рӯзҳоро то ба шаби Муқаддас мерасонанд, ки дар ҳамин шом дар Олмон аз рӯи анъана тӯҳфаҳо тақсим карда мешаванд. Дар давлатҳои зиёди дигар танҳо субҳи иди мавлуди Исо, яъне 25- уми декабр тӯҳфаҳо дода мешаванд.

Ихтироъкунандаи тақвими “Адвент” Герҳард Ланг (1881-1974) мебошад. Рӯзе модари ӯ дар болои картон расми 24 қуттичаро мекашад ва ба ҳар кадомаш як кулчақанди майдаяки маъмулиро мегузорад. Вақте ки ӯ худ бузург мегардаду саҳмдори нашрхонае мешавад, ҳамин ҳодисаи даврони кӯдакияш ба ёдаш мерасад ва ӯ кулчақандҳоро бо расмҳои фасеҳ иваз мекунад, яъне ӯ ба ҷои кулчақандҳо расмҳои гуногунрангу зеборо интихоб мекунад. Ана ҳамин, тавр соли 1908 якумин тақвими “Адвент”, ба фурӯш баромад, ки дорои даричаҳо набуд. Аз соли 1920 тақвимҳои “Адвент” бо даричаҳо сохта шуданд, мисле, ки мо имрӯз онҳоро медонем.

Дар оғози солҳои бистум нашриёти дигаре як тақвими динӣ омода намуд, ки ба ҷои расмҳо шеърҳо аз “Инҷил”- ро дар бар доштанд. Охири солҳои сиюм Герҳард Ланг бояд корхонаяшро месупорид, зеро бо оғози ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ бинобар сабаби кам будани коғаз омода кардани тақвими расмдор манъ карда шуд. Танҳо баъд аз ҷанг тақвими “Адвент” боз тайёр карда мешуд. Аз соли 1958 тақвими “Адвент”, ки бо шоколадҳо пур карда шудаанд, мавҷуд аст. Ҳамчунин тақвимҳои “Адвент” -е мавҷуданд, ки дар даруни хоначаҳо тӯҳфача доранд. Бештар вақт чунин тақвимҳоро модарон худашон барои худу фарзандонашон месозанд. Тақвимҳои “Адвент” - и бо шоколад пур кардашуда ва расмдор фурӯхта мешаванд.

Бар замми ин дар ин айём кӯдакон метавонанд дар варақе хоҳишу орзуҳои худро нависанд. «Адвент” ин айёми зеботарини сол ба ҳисоб меравад.

Тӯҳфаҳои ҷашнӣ

Вобаста аз тахайюлот метавон тӯҳфаҳоро сохт, ба монанди бофтани ҷӯроб, дастпӯш ё кӯлоҳ.

Бозномаҳои ҷашнӣ

Дар айёми иди мавлуди Исо анъанаи фиристодани пайғом ба воситаи почта низ мавҷуд аст. Бинобар сабаби он, ки пас аз ҷашни мавлуди Исо соли Нав меояд, дар бозномаҳои ҷашнӣ одамон якдигарро на танҳо бо ҷашни мавлуди Исо, балки бо соли Нави мелодӣ низ муборакбод мегӯянд.

Ороиши ҷашнӣ: ситораҳои хасин

Қалб аз ҳама ҳамроҳи кӯдакон пеш аз ҷашни мавлуди Исо аз хас ситораҳо месозанд. Ҳангоми ҷашн бо ин ситораҳо арчаи ҷашниро меороянд ё дар шишаҳои тирезаҳо овезон мекунанд. Хас барои сохтани ситораҳо истифода мешуд ва истифода мешавад, зеро онро дар ҳар як оғил ё саисхона дастрас кардан мумкин аст. Ба ғайр аз ин ранги гандумпояҳо барои сохтани ситораҳо хеле қулайянд.  Ин ситораҳо ифодагари рамзҳои зиёданд.

Рӯзи Николаус

Ин ҷашн яке аз ҷузви муҳими айёми пешазҷашнӣ ба ҳисоб рафта рӯзи 6 - уми декабр дар Олмон қайд карда мешавад. Рӯзи Николаус рӯзи хотираи епископ аз Мира, Туркиёи имрӯза, ки дар асри IV- ум умр бурда, ба кӯдакон зиёд ғамхорӣ мекард ва бисёр раҳмдилу ғамхори камбағалон буд, ҷашн гирифта мешавад. Ӯ на танҳо оварандаи тӯҳфа, балки “воситаи тарбия” и педагогӣ ба ҳисоб меравад, зеро ҳангоми омадани ӯ амалҳои неку бади ҳамон кӯдакон ҳисоб карда мешавад. Кӯдакони беодоб аз ҷониби Николаус барои амалҳои  бадашон сарзаниш ёфта ба онҳо тӯҳфа дода намешавад.

Дар бораи Николаус ривоёти зиёде мавҷуданд, ки мувофиқи онҳо ӯ ҳамчун шахси муқаддас барои хурду калон будааст. Ба ғайр аз ин ӯ ҳомӣ ё худ пуштибони сайёҳон, кӯдакон, нонпазон, киштибонон ва духтарони қадрас будааст.

Дар садаи VI- ум эҳтиром, аниқтараш ибодати Николауси муқаддас дар калисои юнонӣ оғоз гардида, дар асри VIII ҳамин одат дар Аврупои Марказӣ ва Ҷанубӣ доман паҳн кард. Дар Олмон наздикиҳои соли 980 нахустин Николаус-калисо пайдо гардид, то асри XVI зиёда аз 2200 калисо номи ӯро доштанд.

Аз соли 1555 Николаус ҳамчун оварандаи тӯҳфа барои кӯдакон мебошад. 

Як рӯз пеш аз ид, яъне 5-уми декабр ё бегоҳи рӯзи Николаус бачагон мӯзаҳои тозакардаашонро пеши дар монда интизор мешаванд, ки Николаус ба мӯзаҳои онҳо ягон тӯҳфаи хурдакак, мева, ширинӣ ё чормағз мегузорад. Мӯзаҳои чиркин бе тӯҳфа мемонанд, дастёри Николаус Кнехт Рупрехт ба даруни онҳо як химча мегузорад, ки рамзи  огоҳониро дорад.

Бегоҳӣ худи Николаус дар тан палтои васеъ, дар сар кӯлоҳи епископӣ, бо риши сафеди дароз, дар даст асо ва китоби калон ба дидори кӯдакон меояд. Ӯ доимо дар дасташ як химча барои кӯдакони гапнодаро ва як халтаи пур аз тӯҳфа барои кӯдакони нағз дорад. Аз китоби дар дасташ буда ӯ ҳамаи амалҳои неку бади кӯдаконро мехонад ва ба онҳо тӯҳфаҳо медиҳад. Ӯ ба кӯдакони беодоб тӯҳфа намедиҳад. Аксар вақт ҳама соҳиби тӯҳфаҳо мегарданд. Кӯдакон бо хондани шеър ё сароидани суруд дар васфи Николаус ба ӯ изҳори сипос менамоянд. Баъзан вақт калонсолон низ бо ягон шоколад сарфароз мегарданд.

Баъд аз рафтани Николаус аз хона кӯдакон тӯҳфаҳоро аз даруни мӯзаҳояшон бароварда мекушоянд. Аҳли хонавода ҳамроҳ дар сари дастархони идона кулчақандҳои ҷашнӣ ва шароби гарм нишаста сӯҳбат мекунанд. Бештар вақт соҳибхоназан ба ин муносибат “себҳои дар тафдон пухташуда” омода мекунад. Ин десерти ҷашнӣ аз себҳои турш омода карда мешавад. Дилаҳои себҳоро дур сохта бо шакар, чормағз ва мавиз пур карда мешавад. Дар тафдон онҳоро тақрибан 25 дақиқа мепазанд ва дар охир бо ё бе креми ванил ба рӯи хон мегузоранд.

Ярмаркаи ҷашни мавлуди Исо

Ярмаркаи ҷашнӣ аз айёми “Адвент” шурӯъ мегардад ва то нисфирӯзии  рӯзи 24-уми декабр давом мекунад. Ҳар як шаҳр як бозори ҷашнии худро дорад. Ин бозорҳои анъанавӣ аз рӯзи якшанбеи аввали моҳи декабр дарҳои худро боз карда дар якчанд дӯконҳои идона орододашуда шароби гарм, кулчақандҳои гуногун, пунш, ороишоти ҷашнӣ, шамъҳо ва бисёр чизҳои дигарро пешниҳод мекунад.

Ҳамаи дӯконҳо бо шохаҳои арча ва чароғҳо оро дода шуда, дар байни бозор як арчаи калони бо шамъу бозичаҳои ҷашнӣ ородода меистад, ки дар зери он охур бо оилаи муқаддас ҷойгиранд. Дар ҳама ҷо мусиқии ҷашнӣ шунида мешавад.

Анъанаи ин бозорҳо аз наздики садаи XIV об мехӯрад. Ҳунармандон ва қаннодон барои савдо кардани молҳои худ пеш аз ҷашн ба фикре омаданд, ки дар бозорҷойҳо дӯконҳои молҳои худро бунёд кунанд. Ин одат зуд дар ҳама ҷо паҳн мегардад ва савдогарон барои ҷалб намудани диққати харидорон, бодому чормағзҳои бирён ба онҳо пешниҳод мекарданд.

Машҳуртарин ярмаркаи ҷашни мавлуди Исо (а) дар Олмон ин дар шаҳри Нюнберг мебошад, аммо шаҳрҳои дигар низ ба монанди Франкфурти лаби Майн, Дрезден, Аахен, Росток, Кёлн ё Мюнхен бо бозорҳои ҷашнии зебояшон машҳуранд. Ин ярмаркаҳо бо зебоию гуногунияшон ҷолиби диққатанд. Масалан ҳангоме, ки дар Росток Бобои мавлуди Исо бо ҳамсари худ ба воситаи сафина ба шаҳр меоянд, дар шаҳри Нюнберг Исо- тифл ярмаркаи мавлуди Исоро мекушояд. Аз якшанбеи аввали моҳи декабр то шаби Муқаддас зиёда аз 2500 ярмарка дар Олмон бо гуногунрангии муҳити идонаашон дили зиёраткунандагонро хушҳол менамоянд.

Шаби Муқаддас

Шаби Муқаддас нуқтаи авҷи ҷашни мавлуди ҳазрати Исо дар Олмон мебошад. Оид ба хӯрокҳои ҷашнӣ дар ин шаб ақидаҳо гуногунанд. Дар оилаҳои бисёре хӯрокҳои идона аз қозбирён, ӯмоч ва ғелак иборат аст. Дар баъзе оилаҳои дигар зиёфати калони идонаро ба рӯзи якум ё дуюм гузошта шаби Муқаддас танҳо ягон хӯроки зудхӯр ба монанди ҳасибча бо салат аз картошка омода мекунанд, то кӯдакон барои гирифтани тӯҳфаҳояшон дурудароз интизор нашаванд, зеро барои онҳо тӯҳфаҳо нуқтаи авҷи ҷашни мавлуди Исоро ифода мекунанд. Пеш аз кушодани тӯҳфаҳо дар зери дарахти арчаи ҷашнӣ дар бисёр оилаҳо ҳикояҳо дар бораи мавлуди Исо мехонанд ё месароянд.

Арчаи ҷашни мавлуди пайғамбар Исо

Ҳанӯз дар асрҳои миёна арчаи ба дарахти арчаи ҷашнӣ монанд вуҷуд дошт. Дар зимистони сард шохаҳои ҳамешасабзи дарахти сӯзанбарг нишон аз нерӯи ҳаёт буд. Анъанаи дарахти арчаи ҷашнӣ бошад аз асри XVII бармеояд. Ҳамчун дарахт арча ё коҷдарахт интихоб гардид, ки дарахти ҳамешасабз рамзи ҳаёт ва умедро ифода мекунад. Аз рӯи завқ дарахт бо шамъҳо, бозичаҳои чӯбин ва калобатун оро дода мешавад. Аз рӯи анъана ба дарахт ҳамчунин себ ва шириниҳоро меовехтанд. Аз он замон ба баъд дарахти арчаи ҷашнӣ байни мардум дӯстдоштанӣ гардидааст.

Дар зери дарахти арчаи ҷашнӣ охур гузошта мешавад, яъне як оғили хурди аз чӯб сохташуда, ки дар он тифли навзод Исо бо волидонаш, бо чӯпонон ва ҳайвонҳо ҷойгиранд. Дар Олмон, ба вижа ҳангоми ҷашни мавлуди Исо намудҳои гуногуни зиёди охур дида мешавад. Дар калисоҳо низ охурҳои калон месозанд. Дар шаби Муқаддас ҳикояҳо дар бораи мавлуди Исо қироат карда мешаванд ё аз ҷониби кӯдакон дар калисоҳо ба намоиш гузошта мешавад. 

Дар бештари оилаҳо дарахти арчаи ҷашнӣ то 6 - уми январ, яъне ҷашни Се Шоҳи Муқаддас меистад, аммо дар баъзе минтақаҳои дигар онро то 2 - юми феврал нигоҳ медоранд. Рӯзи чилуми баъд аз ҷашни мавлуди Исо охири ҳамин идро ифода мекунад.

Ду рӯз баъд аз шаби Муқаддас (25-26-уми декабр) рӯзҳои истироҳатии расмӣ ҳаст ва одамон ба зиёрати хешовандон мераванд ва айёми иди мавлуди Исоро бароҳату боҳузур мегузаронанд. Бештари олмониҳо низ то ҷашни Силвестер (31-уми декабр) ба лижатозӣ мераванд.

 PS: Имрӯзҳо дӯстони олмонии мо ин ҷашнро дар сартосари Олмон таҷлил намуда истодаанд. Мо ба ҳамаи онҳо ин ҷашнро самимона муборакбод намуда, барояшон муваффақияту сарбаландӣ орзумандем.

 

Зуҳро Абдураҳмонзода

корманди Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

АИ ҷТ 

 

БОЗГАШТ