АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҷашнвораи нур ва оташ - Дивалӣ дар Ҳиндустон

Муаллиф: Шарипова Меҳринисо

Расм

Дивалӣ – ҷашнвораи нур ва оташ дар Ҳиндустон бо як шукӯҳу шаҳомати хос монанди фестивал ё карнавали анъанавии аврупоиён ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҳиндустон тамоми мардум бо як шукӯҳи хос ҷашнвораи Дивалиро ҳамчун рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ бо ихлоси калон баргузор мекунанд. Чун шумораи зиёди ҳиндуҳо дар қисматҳои гуногуни ҷаҳон муҳоҷират доранд, дар он ҷо низ Дивалӣ ҷашн гирифта мешавад, яъне ин ҷашнвора дар рӯзгори мо рӯ ба густариш аст. Муҳоҷирони ҳиндӣ ин иди тантанавиро дар кишварҳои гуногун, монанди Австралия, Канада, Малайзия, Индонезия, Фиҷи, Пайана, Маянма, Непал, Сингапур, Панҷоб, Шри-ланка, Нидерландия, Барселона, Таиланд ва ғайра бо қонуну қоидаҳои ба худ хос бо дабдаба пешвоз мегиранд.

Бояд гуфт, ки дар маросими баргузории Дивалӣ вобаста ба имкониятҳои муосир баъзе унсурҳои нав илова шудаанд. Масалан, дар Непал Дивалӣ бо номи “Тихаар” маъруф аст ва дар давраи аз ибтидои моҳи октябр то охири ноябр таҷлил карда мешавад. Рӯзҳои аввали дивали бо тайёр кардани қурбониҳо, пухтупаз, шириниҳо, ҳамагуна хӯришҳо ва хариди ашёҳои идона яъне шамъҳои рангоранг, маводи оташфишон ва ғайра оғоз мешавад. Дар ин ҷо анъанаҳо аз анъанаҳои шаҳрҳои Деҳлӣ, Агра, Ҷайпур, Раҷастан, Панджаб ва дигар минтақаҳо умуман фарқ мекунанд. Иди Дивали дар панҷ рӯз таҷлил карда мешавад;

  • Дар рӯзи аввал барои говҳо ғизо медиҳанд, ба говҳое, ки дар корҳои кишоварзӣ истифода мешаванд, ба ин гуна говҳо қурбониҳои гуногунро ҳадя мекунанд.
  • Дар рӯзи дуюм танҳо ба пухтани ҳамагуна шириниҳо, хариди туҳфаҳо машғул мешаванд.
  • Дар рӯзи сеюм ҷашн бо ҳамон шакле, ки дар Ҳиндустон роиҷ аст, бо оташ ва чароғҳои равшанидиҳанда таҷлил мегардад.
  • Дар рӯзи чорум ба худованди “Марг” саҷда мекунанд ва сулҳу субот, оромии кишвар, хушбахтӣ, саломатиро дар оилаҳо талаб мекунанд.
  • Дар рӯзи панҷум бародарону хоҳарон гирди ҳам омада, дар масъалаҳои гуногуни рӯзғор ва масъалаҳои шахсии оилавӣ мубодилаи афкор мекунанд (яъне онҳо ҳамеша фикру андешаҳои худро бо маслиҳати якдигар ба амал мебароранд).

Дивалӣ яке аз идҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад ва бо омодагии расмӣ дар саросари Ҳиндустон таҷлил карда мешавад. Он барои мардуми Ҳиндустон як иди анъанавӣ, суннатӣ, диннию мазҳабӣ буда, хело ҳам самимона баргузор мешавад. Тибқи мифологияи Ҳиндустон, Дивалӣ аз он вақт ҷашн гирифта мешавад, ки лорд Рама пас аз 14-соли ғалаба бар артиши Раван дар давраи сеюми Юга ба Айодхя расид. Пас аз бозгашти лорд Рама тамоми шаҳри Айодхя бо чароғҳо ба пешвози ӯ равшан карда мешавад. Ин аст рӯзи машҳури ҷашнвораи (корнавал) Дивалӣ. Аз давраҳои пеш Дивалӣ дар матнҳои қадими санскритӣ ҳамчун “Падма пурана” ва “Сканда пурана” тасвир шудааст, ки ҳардуи онҳо ба ҳазорсолаи аввали мелодӣ рост меояд. Diyi Diwalli ба маънои офтобест, ки дар таҷлили ҷашнвора нерӯ, рӯҳияи тоза мебахшад. Рӯзи асосии Дивалӣ Лакшми Пуҷа рӯзи сеюми ин панҷ рӯз аст.

Суннатҳои Дивалӣ:

  1. Сафо – тоза кардани хонаҳо ва иваз кардани чизҳои нолозиму фарсудашуда яке аз анъанаҳои ин ҷашн аст. Дар ин рӯз ба ошхона диққати махсус дода, тамоми зарфҳои кӯҳна ва шикастаро бо зафрҳои нав иваз менамоянд. Иҷрои ин амал аз табақаҳои болои кастаҳо вобастагии калон дорад. Хонаҳоро бо тамоми чароғакҳои рангоранг ва шамъҳо фурӯзон карда, ба рӯи ҳавлиҳо ва пешдолонҳо гулҳоро ба тарзи наққошӣ озин мебанданд.
  2. Шириниҳо –дар ҳар хона шириниҳои гуногун омода намуда, ба дӯстону ҳамсояҳо тақсим мекунанд. Онҳое, ки барои тайёр кардан вақт надоранд, аз мағозаҳо мехаранд.
  3. Харид – Дивалӣ яке аз бузургтарин мавсими харид дар Ҳиндустон аст. Ҳар як ҳиндустонӣ либоси нав мехарад ва дар ҷашн онро ба бар мекунад. Либосҳои занона, кӯдакона, мардона қадимии миллӣ ва минтақавӣ шаҳрҳо ва деҳаҳо, кастаҳои болоӣ ва поёниро муаррифӣ менамоянд. Ин амал рамзи раҳоӣ аз бадиҳо ва роҳ ба сӯи хушбахтиҳост. Дар рӯзи аввали ҷашнвораи Дивалӣ аксари мардуми ҳинд тангаҳои тиллою нуқра, асбобҳои нави рӯзғорро барои хонаҳояшон мехаранд.
  4. Нур (Равшании доимӣ) – чароғҳо фурӯзон мешаванд ва равғани сӯзон рамзи пок шудан аз гуноҳҳо, раҳоӣ аз беморӣ, хастагӣ, ғамгинӣ ва бартараф шудани бадиҳо аз хонаю маҳалли зист аст. Ба маъное нур бояд хомӯш нагардад ва ҳамеша фурӯзон бошад, зеро он ҳофизи инсон аз бадиҳост.
  5.  Маводи оташфишон (Пиротехникӣ) (आतिशबाज़ीबनानेकीविद्या – aatishbazi banane ki vidyaa)–рамзи ғалабаи некӣ бар бадӣ маҳсуб меёбад.
  6. Туҳфаҳо – туҳфаҳо ҳам ба пиронсолон ва ҳам ба хурдсолон дода мешавад, ки ин рамзи шодмонист. Қаблан ҳадя кардани шириниҳову либоси нав анъана буд, аммо асри 21-осори худро гузошта истода аст. Ва ҳоло ҳамчунин таҷҳизоти электронӣ ва шаҳодатномаҳо ҳадя карда мешаванд.
  7. Оилаҳо – хоҳару бародарон, ҷамъ овардани хешутаборҳо, ёру-рафиқони ҳамеша вафодор ҷамъ омада, Дивалиро ҷашн мегиранд.
  8. Ранголӣ – тасвирҳои зебову рангоранги дастӣ кашидашуда, ки дар онҳо образҳои мифологӣ таҷассум ёфтаанд, дар фестивали Дивалӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Гумон меравад, ки дар ҳар як тасвири ба рӯи коғаз кашидашуда маъноҳои хеле ҷиддӣ ва рангорангии ҳаёти ҳар як инсон таҷассум ёфтааст. Дивалӣ ё Дипавалӣ ба бовари ҳиндустониҳо пирӯзии некиро ба бадӣ, бадбахтиро ба хушбахтӣ, торикиро ба рушноӣ таҷассум менамояд.

Дар соли 2018 дар соҳили дарёи Сарю дар шаҳри Айодхя ба ифтихори Дивалӣ 300.000 – чароғаки (шамъҳои махсусе, ки дар болои лаъличаҳо сохта шудаанд) заминӣ фурӯзон ва ба об сар дода шуд, ки дар китоби Рекорди Гинес сабт шудааст.

Фестивали чароғҳои Дивалӣ.

Дар тамоми Ҳиндустон ҷашни Дивалиро бо тарзҳои гуногун пешвоз мегиранд. Ҳар як минтақа, кастаҳо, бо наққошии махсус ва ороиши хонаҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Мандирҳоро низ бо рангҳои гуногун ороиш медиҳанд. Ибодат низ бо таври гуногун гузаронида мешавад. Бошукуҳу шаҳомат пур аз дабдаба дар кӯчаҳои Ҳиндустон наққошии девори маҳалӣ ё дар рӯи замин наққошӣ кардани ҳаргуна будҳо, гулҳо, парасту, кабӯтарҳо ё навиштаҷотҳо ба мисли “Сулҳу ваҳдат”, “Зинда бод Ҳиндустон”, Ҷашни Шива ё Пуҷа” дида мешавад. Ҳиндуҳо Дивалиро ба таври қонунгузории Ҳиндустон бузургтарин ҷашнвораи некиҳо бар зидди бадиҳо ё равшангари шаби ситораҳо мегӯянд. Фестивали чароғҳо дар ин мамлакат чунон бо шавқу ҳавас пешвоз гирифта мешавад, ки онро ҳатто аз кайҳон дидан мумкин аст. Яке аз моҳвораҳо як маротиба акси Ҳиндустонро гирифта буданд, ки дар шаби Дивалӣ мебошад. Равшании ин қитъаи заминро ба дигар ҷаҳониён маълуму машҳур сохтааст. Ин аксро ҳиндуҳо бо фахр дар тамоми маҷаллаҳо чоп карданд.

Рамз ва хӯришҳои ҷашнии иди Дивалӣ.

Расмҳои биринҷӣ – нақши миллӣ, тасвирҳои рангоранги табиии дастинигор, мандалҳо (яъне, нигораҳо, наққошӣ) мебошанд. Ин унсури барои ҳиндуҳо басо муҳим остонаи хонаҳоро оро медиҳад.

Ба муносибати ҷашни Дивалӣ оилаҳо аз маҳсулоти таҳҷоӣ нозу неъматҳо, нӯшокиҳои ба онҳо муносиб, хӯрокҳои идона ва қаннодии беҳтаринро омода мекунанд, ки дар ҷашнвора ва баргузории маросими бахшидани гуноҳҳо нақши муҳим доранд.

Шириниҳои ҷалебӣ, каранҷӣ, барфӣ, ладдуӣ ва кокосро эҳтиром мекунанд. Бештар ба шириниҳои хушмаззаи идонаи Дивалиро мардуми беруна ва сайёҳон хеле бо завқ мехаранду ба туҳфа мебаранд. Мазза, тамъ, бӯй ва рангорангии шириниҳо барои сайёҳон ҳайратангез аст

Хулоса, иди Дивалиро ҳиндуҳо ҳамин тариқа ҷашн мегиранд. Яъне пирӯзии некӣ бар бадӣ, нохушиҳо бар хушбахтиҳо, нури ҳамешагӣ фурӯзон. Тамоми ранҷу азобҳо имрӯз дур мешаванд аз хонаҳо. Бояд тазаккур дод, ки Дивалиро дар баъзе минтақаҳои Ҳиндустон ҳамчун ҷашни чароғҳо таҷлил мекунанд. Дивалӣ ё Дипавалиро ҳиндуҳо, сикҳҳо, будистҳо, ҷейнҳо, аз рӯи тақвими муайяни ҳиндуизм ҷашн мегиранд. Анъанаҳои ороиши хона оташбозӣ, равшан кардани чароғҳои рангорангӣ, додан ё гирифтани ҳар гуна туҳфаҳо, шириниҳо ба ин ҷашнвора шакли марғубе бахшидааст.

Чунон ки аз ин баррасии иҷмолӣ бармеояд, ҳидуҳо ҳамчун халқи қадимӣ ба анъана, расму оин ва фарҳангӣ бостонии худ эҳтироми доимӣ доранд. Ва ин яке аз падидаҳоест, ки худшиносии халқи ҳидуро ба навъи аҳсан ҷилва медиҳад.

 

 

Шарифова М.

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ                                           

 

БОЗГАШТ