АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Қасри Кёнбоккун: зеботарин макони таърихӣ дар Сеул

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

  Ҷумҳурии Корея дар минтақаи Осиёи Шарқӣ, нимҷазираи Шимолӣ-Шарқӣ ҷойгир буда, ҳамчун кишвари пешрафтаи минтақа ба ҳисоб меравад. Дар баробари рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ соҳаи фарҳангу сайёҳӣ ва туризм рушд ёфта, рӯз то рӯз тараққӣ намуда истодааст.  Кореяи Ҷанубӣ фарҳангу анъанаҳои таърихан бойю нотакрор дорад. То замони муосир ин фарҳангу анъанаҳои миллию таърихиро идома дода, дар ҷаҳон машҳур гардидаанд. Таърихи пайдоиши Фарҳанги Корея аз замони муттаҳидшавии Силла (дар асри VII-X) рушд ёфт. Дар тӯли ду аср кишвар ягон ҷанг ё дигар низоъҳои беруна таъсир нарасонд, ки  ба пешрафти фарҳанг имконият дод. Дар пойтахт қасрҳои шоҳӣ ва масҷидҳои буддоӣ пайдо шуданд. Баъзе ёддоштҳои машҳур (масалан, масҷиди Саккура ва Пулгукса) аз ҷониби устоҳое, ки эътиқоди динӣ доштанд, сохта шуда буд. Нақши Конфутсия пуршиддат буд. Кореягиҳо ақидаҳои миллӣ-фарҳангии ҷамъиятро нигоҳ доштанд, ки онро дар даҳсолаҳои асри X ҷорӣ намуданд ва дар натиҷа давлати Корё пайдо шуд. Аввалин бор кишвар ягона гардид ва барои  ситоиш кардани кишвар дар Шарқи дур истеҳсол намудани ашёҳоро шурӯъ намуданд. Корё бо маҳсулотҳои  фарфорӣ, оинаҳои биринҷӣ ва кӯзаҳо машҳур аст.  Сарфи назар аз вобастагӣ аз сулолаи муғул, кишвар анъанаҳои худро нигоҳ карда тавонист.

   Аз замони қадим то ба кунун дар ҳудуди кишвар маконҳои таърихӣ, қасрҳои қадимаи шакли миллӣ дошта хело зиёданд, ки имрӯзҳо ҳамчун мероси нотакрор чун осорхонаҳо ва маконҳои тамошогоҳ истифода бурда мешаванд. Агар назаре ба таърихи ин кишвар намоем, кишвар давраҳои гуногуни  таърихиро аз сар гузаронида, давраҳои таърихии он  ба сулолаҳо тақсимбандӣ шудаанд. Дар навбати худ ин сулолаҳо муддатҳои зиёд ҳукмронӣ намуда, ҳар як сулола ба таври худ низоми кишварро идора мекард. Дар натиҷаи ҷангҳо ва бенизомиҳо миёни сулолаҳо, билохира се сулолаи бузурги моҳияти таърихи беназирдошта пайдо гардид ва таърихи кишварро ба се давраи асосӣ тақсим намуд: Когуриё, Пекче ва Силла. Кореяи Ҷанубӣ дар ҳақиқат давлати аҷибе мебошад, ки бо таърихи чандинасра, маконҳои беназири таърихӣ ва бо қасрҳои қадимаи худ дар ҷаҳон машҳур гардидааст. Маҳз аз замони пайдоиши ин се сулола қасрҳои ҳамондавра бо таври тарроҳии махсуси миллӣ то ба имруз боқӣ мондааст. Маконҳои таърихӣ: Қасри Кёнбоккун, Боғи қасри Чхандоккун, Қасри Токсугун, Боғи миллии Сораксан, Ибодатгоҳи Хэдон Ёнгунса, Қалъаи Хвасон, Ибодатгоҳи Чонмё, Ибодатгоҳи католикии Мёндон, Деҳаи Хахве, Ҷазираи Чеҷу, Купруки Банпо, Ибодатгоҳи Пулгукса, Деҳаи Миллии Корея, Ҷазираи Намисон, Кӯҳи Чирисан, Кӯҳҳои Намсан ва Пукхансан ва ғайраҳо. Дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ аз замони сулолаи Чосон дар маҷмӯъ 5 қаср боқӣ мондааст, ки ҳар яке аз онҳо замоне ба хонаводагони шоҳони аср тааллуқ дошта, хонаҳои шоҳони ҳамонасра буданд. Яке аз қасрҳои панҷгонаи қадима ва машҳур қасри Кёнбоккун мебошад, ки дар Сеул ҷойгир аст. Таърихи пайдоиши ин қаср ба  асри 14 рост меояд. Меъмори машҳури ҳамондавраи кореягӣ Чо До Ҷон соли 1394 Қасри Кёнбоккунро бо риояи русуму анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги давру замон  сохта буд, ки солҳои минбаъда қароргоҳи сулолаи Чосон гардид. Масоҳати умумии ин қаср 400 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Метавон гуфт, ки таърихи пайдоиши пойтахти Корея аз замони ин сохтмонҳо шурӯъ гардида, маҳз  дар фарҷоми сохтмони қасрҳо, Сеул ҳамчун шаҳри асосии империя эътироф гардид. Аммо тақдири Кёнбоккунро содда гуфтан ғайриимкон аст. Аз сабаби ҷангҳои байни кишварҳо соли 1592 пас аз ҳуҷуми Ҷопон ин қаср хисороти зиёде бардошт ва бисёре аз биноҳои ин қаср ба куллӣ хароб гардид, ки  танҳо айвони Кёнхор ва толори тахтин безарар боқӣ монда буд. Бисёре аз биноҳои хурди дохилии қаср сӯзонида шуда буданд. Намуди зоҳирии ин қаср ба миёнаҳои асри 19 интишор дода шуда, соли 1990 ин қаср пурра барқарор гардид. То замони муосир аз 330 бинои дохилии ин қаср, ки аз 5792 ҳуҷра иборат буд, танҳо 10 то бинои он боқӣ мондааст. Ин қаср аз 4 даромадгоҳ иборат аст: Синмунмун, Кванхвамун, даромадгоҳи Шарқ ва даромадгоҳ тавассути осорхонаи фолклории Корея. Чунин қайд карда шудааст, ки дар дохили ин қаср якчанд осорхонаи хурд мавҷуд аст, ки марбут ба худи қаср ва таърихи он мебошад. Начандон дуртар аз даромадгоҳи асосии  қаср  осорхонаи миллии Кёнбоккун ҷойгир буда,  дар он ҳуҷҷатҳои духтурони ҳамонасра ва ҳуҷҷатҳои воқеӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳамаи ин қаср, ки дар маҷмӯъ 10 биноро дар бар мегирад, дар фазои кушод ва осмони соф ҷойгир аст. Махсусан дар фасли баҳор ҳавзи дар назди ин бино ҷойгир буда, бо гулҳои зебо рӯйпӯш мешаванд ва дар гирду атрофи айвонҳои қаср растаниҳои сабз бо баргҳои ғайриоддӣ мерӯянд, ки ба ин бинои қаср як зебогии нотакрор мебахшад.

  Қисмҳои асосии Қаср:

  1. Биноҳои маҷрои қаср бо роҳҳои тозашуда ҷудо шудааст, ки бо панорамаҳои боҳашамат худи қаср ва биноҳои гирду атрофи онро мекушояд. Чунин омезиши ҷаҳони қадима ва ҷаҳони муосир хело рангоранг аст.
  2. Иваз кардани посбон. Ин қисмат ба чорабиниҳои фарҳангӣ шомил мешавад, ки ҳамасола диққати садҳо сайёҳони хориҷиро ҷалб менамояд. Дар ин фазои кушод дар майдони қаср посбонон дар рӯзҳои махсус, яъне дар чорабиниҳои миллию фарҳангӣ чун анъана машқҳо ва амалиётҳои анъанавӣ бо либосҳои миллии қадима мегузаронанд. Ҳамчун посбонони шоҳон, волонтёрҳои махсус омӯзонида шуда, бо либосҳои равшани миллӣ, бо рангҳои кабуд, сурх ва зард, ки ҳар яке аз онҳо беҳамто буда, ба ҳамдигар монанд набуда, баромад мекунанд.
  3. Осорхонаи мардумии миллии Корея. Ин яке аз ду осорхонаест, ки дар дохили ин қаср ҷойгир буда, ба қатори бист осорхонаи бисёрташрифовардаи Корея дохил мешавад. Дар ин ҷо экспозитсияи ҳаёти халқи кореягиҳо аз замони пайдоиш то давраи шурӯъшавии сулолаи Чосон бо таври равшан мавҷуд аст.
  4. Кинҷонҷон. (номи толори тахт) Толори тахтини қасри Кёнбоккун – ин сохтори қадимаи сабук, ки аз чӯб сохта шуда, бо унсурҳои кандакорӣ, нақшҳои мифологии махлуқот ва ҳайвонот ороиш дода шудааст. Ин гуна тасвирҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки то чи андоза он давра боҳашамат зиндагӣ мекарданд.
  5. Айвончаи Кёнхверу. Вай бо он завқовар аст, ки бо 48 сутуни мармар сохта шуда, дар маркази кулли сунъӣ ҷойгир аст. Ҳамон вақте, ки гулҳои лотос мешукуфанд, тамоми рӯи обанборро бо гулҳои гуногунранги ғайриоддӣ ороиш медиҳад. Расми ин қасри қадимаро дар банк бо арзиши 10 ҳазор Вонни кореягӣ гузоштанд.
  6. Сакура. Қасри Кёнбоккун, ки дар фасли баҳор гулҳои сакура мешукуфанд, муддатҳои зиёд аст, ки макони дӯстдоштатарин барои истироҳат намудан гаштааст. Дар оинаи кулли сунъӣ навдаи гулобиранги аҷоиб инъикос мегардад.

  Гуфтан ба маврид аст, ки Қасри Кёнбоккун дар замони ҳозира ҳамчун осорхона ба истифода дода шудааст. Дар замони муосир бештар дар ин гуна ҷойҳои таърихӣ филмҳои марбут ба таъриху фарҳанги қадимаро сабт мекунанд. Як нуқтаи дигарро зикр кардан зарур аст, ки зебогиҳои нотакрори таърихии ин қаср диққати ҳар як сайёҳи аз хориҷ омадаро ҷалб менамояд. Ҳар як сайёҳе, ки вориди ин кишвар мегардад, ҳатман аз ин зобогии қасри Кёнбоккун дидан мекунад. Ногуфта намонад, ки ҳамасола сайёҳони зиёде аз тамоми кишварҳои дунё ба Корея ташриф меоранд ва ин қаср метавонад даромади зиёд ба буҷети давлат орад.

Адабиёт:

  1. Корея:вчера и сегодня, Сеул 2015, саҳ274
  2. Кенбоккун, Дворец Кёнбок, Gyeongbokgung Palace - Сеул (womanadvice.ru)
  3. Кёнбоккун — Википедия (wikipedia.org)
  4. Кёнбоккун - главный дворец королевской династии Чосон | Древний восток (ancient-east.ru)
  5. Королевский дворец Кёнбоккун в Сеуле — Плейсмент (theplacement.ru)
  6. История дворца Кёнбоккун в Южной Корее (allbest.ru)
  7. https://womanadvice.ru/kenbokkun

 

Файзуллаева Нигора:

ходими хурди илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

 

 

БОЗГАШТ