АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

АВЛАВИЯТҲОИ ДИПЛОМАТИЯИ ИҚТИСОДӢ ДАР ЧОРЧӮБАИ ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАИ ТОҶИКИСТОН ВА ФАРОНСА

Муаллиф: Ашуров Ардамеҳр

Расм

  Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Фаронса дар арсаҳои сиёсию дипломатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, фарҳангӣ, илмӣ, таҳсилотӣ, сайёҳӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ба таври мунтазам ва самаранок ҷараён доранд.

  30 соли робитаҳои мутақобила байни Тоҷикистону Фаронса, ки аз нигоҳи таърих муддати начандон тӯлонист, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ташаккул ва густариши фарогири ҳамкориҳои тарафайн то ба марҳилаи кунунӣ бар пояи дӯстиву рафоқат, шарикии боэътимод, дастгирии мутақобила ва эҳтироми манфиатҳои миллии якдигар асос ёфтааст. Дар ин давра силсиласафарҳои расмиву кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса (солҳои 2002, 2005, 2015, 2019 ва 2021) доир гардиданд, ки ин дар маҷмуъ ба густариши муносибатҳои байнидавлатии ду кишвари ба ҳам дӯст дар бахшҳои мухталиф саҳми бориз гузошт [2]. Албатта, яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фаронса ин густариши робитаҳои иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

  Боиси зикр аст, ки моҳҳои апрел ва ноябри соли 2015 мутаносибан ҳайати роҳбарони Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Фаронса “МЕДЕФ Интернейшнл” бо гурӯҳи иборат аз 20 соҳибкори бонуфузи фаронсавӣ ва ҳайати кишварамон зери сарварии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба пойтахтҳои якдигар сафарҳои корӣ анҷом дода, дар ин давра Шӯрои соҳибкорони Фаронса-Тоҷикистон таъсис ёфт [3]. Натиҷаи таъсиси ин Шӯро дар он аст, ки қариб ҳар сол дар пойтахтҳои ду давлат бо иштироки соҳибкорони тоҷику фаронсавӣ ҷаласаҳои Шӯрои соҳибкорон пурмаҳсул барпо мегардад.

  Дар солҳои истиқлоли давлатӣ ҷиҳати ҷонноксозии равобити иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Фаронса, 7 ноябри 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони бонуфузи Ҷумҳурии Фаронса мулоқот анҷом дода, дурнамои ҳамкорӣ ва имконоту зарфиятҳои Тоҷикистону Фаронсаро барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои ояндадор, аз қабили рушди минбаъдаи гидроэнергетика, инфрасохтори транзитӣ, саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ ва химиявӣ, мошинсозӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзӣ то ба содирот баровардани он, муҳокима намуданд. Натиҷаи мулоқоти мазкур дар он ифода меёбад, ки дурнамои ҳамкориҳо ва ҳамчунин имконот ва зарфиятҳои Тоҷикистону Фаронса барои тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон сатҳи кунунии ҳамкориҳо бо Фаронсаро баҳои баланд дода, густариши муносибатҳои мутақобилан судмандро бо он самти афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад. Бо мақсади ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса чӣ бояд кард?

  Албатта, тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои ояндадор, аз қабили: гидроэнергетика, инфрасохтори транзитӣ, саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ ва кимиё, мошинсозӣ, саноати сиёҳ ва ғайридавлатӣ -металлургияи сиёҳ, сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза то содироти он судовар ва ба манфиати ҷонибҳост. Натиҷаи дигари боздид он аст, ки зимни он масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Фаронса, равобити тиҷоративу иқтисодии ширкатҳои ду кишвар баррасӣ шуда, таъсиси намояндагии Агентии рушди Фаронса дар Тоҷикистон зарур дониста шуд.

  Вобаста ба самти сармоягузории Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон метавон ишора кард, ки ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз соли 2007 то 2021 маблағи 120 млн. доллари ШМА-ро ташкил додааст, ки ҳиссаи сармоя аз Фаронса ба панҷгонаи давлатҳои калони сармоягузори Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад [13].

  Бозсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” аз тарафи ширкати “Alstom” (соли 2013), сохтмон ва ба истифода додани терминали нави муосир (соли 2014) ва манораи нави замонавии назоратӣ-танзимнамоӣ (соли 2019) дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва кушодашавии гипермаркети “Ашан” дар шаҳри Душанбе (соли 2016) аз намунаҳои барҷастаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Фаронса мебошанд [4].

  Дар мавриди равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Фаронса бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 25 ширкати хурду бузурги фаронсавӣ фаъолият мекунанд. Ба монанди гипермаркети “Ашан”, “Шивер Тоҷикистон”, “ACTED”, Маркази фарҳангии Бохтар”, “Fives”, “Merieux”, “Michelin” “Geres”, “Gemalto”, “Airbus”, “Alstom”, “Coyne et Bellier”, “Isover Saint-Gobain”, “Nutristar”, “Sofreco”, “Yves” “Rocher”, “L'Oreal” ва ғайра) [2]. Дигар самтҳои муҳим дар доираи ҳамкориҳои тарафайн бахшҳои авиатсия, энергетика (аз ҷумла гидроэнергетика), кишоварзӣ, муҳандисии барқ, савдои тақсимотӣ, сохтмони инфрасохторӣ, инчунин хизматрасониҳои муҳандисӣ ва машваратии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

  Дигар ин ки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Фаронсаро метавон дар доираи  «MEDEF International (намояндаи тиҷорати Франсия дар ҷаҳон) низ мушоҳида кард. Аз ин рӯ, фаъол гардидани Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса ва ассотсиатсияи ширкатҳои MEDEFI France ҳамчун имкони муҳими густариши ҳамкориҳо дар арсаи тиҷоративу иқтисодӣ маҳсуб меёбад.

  Боиси зикр аст, ки 7 ноябри соли 2019 зимни сафари расмӣ ба Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи кӯшишҳои фаъолгардонии муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Фаронса дар Париж бо намояндагони доирахои бонуфузи тичоратӣ ва сармоягузории Фаронса мулоқот намуданд.

  Бо назардошти суръати рушди равобити иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Фаронса метавон ба хулосае омад, ки имзо ва татбиқи минбаъдаи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба мусоидат ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба афзоиши онҳо бештар мусоидат кардааст. Агар соли 2002 ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар ҳамагӣ 400 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод, пас дар соли 2003 он ба 1,1 миллион доллар ва дар соли 2005 ин рақам 3,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ҳарчанд дар соли 2012 ин нишондиҳандаи иқтисодӣ ночиз буд – 4,4 миллион доллари ИМА, ҳаҷми муомилоти мол дар соли 2013 нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 4,2 маротиба афзуда, 18,6 миллион доллари амрикоиро ташкил дод Аммо гардиши мол миёни ду кишвар дар солҳои ахир коҳиш ёфта, дар соли 2019 5,8 миллион доллар ва дар соли 2020 (соли сар задани пандемияи COVID-19) 6,6 миллион доллари амрикоиро (тақрибан се баробар коҳиш ёфтааст) ташкил дод[2].

  Асосан, ба таркиби молҳое, ки аз Франсия ба Тоҷикистон ворид мешаванд, таҷҳизоту асбобҳои механикӣ, мошинҳои электрикӣ, инчунин ба миқдори ками равғанҳои эфир, асбобу лавозимоти оптикӣ, доруворӣ, пайвастагиҳои химиявии органикӣ ва дигар маҳсулоти химиявиро дар бар мегирад.

Б  а тариқи хулосагирӣ метавон зикр намуд, ки:

  - муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса ба ҳисоб мераванд, зеро ҳар ду кишвар барои афзоиши ҳаҷми молу маҳсулот ва ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ имконоти бузург доранд;

  -Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва саноатӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва таъсиси корхонаҳои муштараки фаронсавӣ манфиатдор аст;

  - Фаронса дар таҷдиди инфрасохтори фурудгоҳ ва аэронавигатсия, дар рушди энергетика, хатҳои барқ, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн бо Тоҷикистон ҳамкории босамар дорад;

  - имрӯз дар Тоҷикистон 25 ширкати фаронсавӣ намояндагӣ мекунанд. Дар байни онҳо Total S.A. – ширкати нафтӣ, Vinci S.A.- ширкати сохтмонии фаронсавӣ, Yves-rocher ва  AUCHAN-ро метавон аз ширкатҳои асосӣ ва фаъол ном бурд.

 - айни замон як қатор лоиҳаҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва нақлиёт амалӣ мешаванд. Бисёре аз ширкатҳои фаронсавӣ дар соҳаи энергетика ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доранд. Аз ин рӯ, «TRACTEBE -Трактебел» яке аз ширкатҳои фаронсавие мебошад, ки дар сарбанди Роғун фаъолият мекунад.

  - ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди 500 сайёҳи фаронсавӣ дидан менамояд, ки ин тамоюл ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад. Яке аз шартҳои рушди сайёҳии тоҷику фаронсавӣ мавҷудияти алоқаи ҳавоӣ мебошад. Аз ин рӯ, Фаронса дар ҳамкорӣ бо аэронавигатсияи Тоҷикистон фурудгоҳи Душанберо такмил медиҳад ва илова бар ин, ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳии кӯҳӣ низ инкишоф меёбад.

  Вобаста ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Фаронса метавон таъкид кард, ки соли 2016 дар шаҳри Душанбе аввалин гипермаркети «Ашан» дар Осиёи Марказӣ ифтитоҳ ёфт. Роҳбарии лоиҳаро ширкати «Шивер Тоҷикистон», ки як бахши ширкати фаронсавии «Schiever International» мебошад, ба ӯҳда дорад.

  Ширкати «Шивер Тоҷикистон» моҳи июни соли 2014 аз ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати фаронсавии Schiever International таъсис шудааст, ки дар чандин кишвари ҷаҳон беш аз 180 мағоза дорад ва яке аз сармоягузорони бузурги фаронсавӣ дар дунё ба ҳисоб меравад [8].

  Маврид ба зикр аст, ки моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе супермаркет бо тамғаи B1 кушода шуд, ки ин аввалин сармоягузории ширкати «Шивер» дар иқтисоди Тоҷикистон мебошад. [12].

  Акнун ба масъалае назар меандозем, ки дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Фаронса кадом мушкилот вуҷуд дорад?

  1. Ҳоло ҳам ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ кам ба мушоҳида мерасад.
  2. Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дур будани ду кишвар ё ин ки то кунун Фаронса бо мо шарикии стратегӣ надорад, дар сурате, ки бо Казоқистон ҳамкориҳо дар асосии шарикии стратегӣ ба роҳ монда шудаанд.
  3. Дар Тоҷикистон ягон ширкати истеҳсолии муштараки Тоҷикистону Фаронса амал наменамояд, дар ҳоле, ки ҳарду кишвар имконоти зиёдӣ ҳамкорӣ дар ин самтро доранд. (масалан соҳаи кишоварзӣ, саноати сабук, соҳаи шароббарорӣ, соҳаи парфимерия тайёрнамудани атриёт, ки Фаронса дар ҷойи аввал қарор дорад, мо метавонем аз технологияи коркарди он истифода намоем).
  4. Метавон масъалаҳои геополитикӣ ва геостратегиро ном бурд (боз бармегардем ба манфиати кишварҳои абарқудрат, ки ба минтақа таваҷҷуҳ доранд, чун Амрико, Россия, Чин, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Покистон ва ғ.)

  Нисбат ба вазъияту ҳолати кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фаронса метавон чунин натиҷагирӣ намуд, ки робитаҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Фаронса собитгари торафт мукаммалу мустаҳкам гардидани муносибатҳои мутақобилан судманди онҳо буда, дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари ба ҳам дӯст бо назардошти нақшаву ниятҳои дарозмуддати роҳбарияти олии онҳо умедбахш ва дорои тамоюли шарикии стратегӣ маънидод мегардад.

  Дар хусуси ояндагирии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Фаронса метавон ишора кард, ки ин ҳамкориҳо вусъатёбанда буда, фарогири манфиатҳои ҳар ду ҷонибанд.

  Роҳҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро бо Фаронса метавон чунин арзёбӣ кард:

  - муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои энергетика, туризм, нақлиёт, телекоммуникатсия, илм, маориф, барқарорсозии алоқаи мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва Париж, саноати сабук ва дигар самтҳои афзалиятноки соҳаи иқтисодиёт;

  - ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак дар намуди коммисияи байниҳукуматӣ доир ба масоили ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ;

  - барпо намудани бизнес-форум, мизҳои мудаввар ва намоишҳо, ки бештар фарогири соҳаҳои иқтисодӣ, хоҷагии деҳот ва сайёҳӣ бошанд;

  - мустаҳакам намудани ҳамкориҳои судманди тиҷоратии байни ду кишвар, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикони нав, муҳокимаи масъалаҳои мавҷуда барои тақвият дар соҳаҳои афзалиятнок;

  - абзори таъсисёфтаи машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса имкон медиҳад, ки муколамаи доимӣ оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкории ду кишвар роҳандозӣ шавад, инчунин мавқеи тарафҳо дар чаҳорчӯби ҳамкориҳояшон дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамоҳанг гардонида шавад;

  - машваратҳои сиёсӣ платформаи мувофиқ ва муассири ҳал кардани душвориҳои мавҷуда, василаи муайянкунии самтҳои авлавиятнок ва истифодаи минбаъдаи иқтидори истифоданошудаи ҳамкориҳои ҳарду ҷониб аз ҷумла дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ ба ҳисоб меравад;

  - гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ба ташаккули робитаҳои судманд миёни вакилони ҷонибҳо, инчунин миёни иштирокдорони ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷамъиятҳои ду давлат мусоидат мекунанд; 

  - дар доираи ҳамкориҳои муштараки дуҷонибаи судманд дар бахши такмили тахасусӣ оид ба коркардҳо, тадҳиқотҳо ва таҳлилҳои илмӣ гузаронидани курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо дар самтҳои гуногун барои кормандони илмии Тоҷикистон ва Фаронса ташкил карда шавад;

  - ҳамкориҳои судманд бо Фаронса ба рушди иқтисодии кишвар ва ҳалли масъалаҳои стратегӣ баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, дарёфти истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунони кишвар мусоидат хоҳад намуд;

  - самтҳои ҳамкорӣ ва захираҳои истифоданашуда дар соҳаи тандурустӣ (аз ҷумла дорӯсозӣ), маориф, илм, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, туризм, сохтмони иншоот, таъмини амнияти сарҳадот, мубориза бо терроризм, экстремизм ва ғайра хеле зиёд аст, ки тарафҳо метавонанд роҳҳои густариши ин ҳамкориҳоро ҷустуҷӯ намуда ба манфитати ҳамдигар истифода намоянд.

  - метавон ишора кард, ки корҳои таҳқиқотии Wine Explorers (ширкати шаробпазӣ) дар ин роҳ метавонад таваҷҷуҳи корбаронро бештар карда, барои ҷалби сармоягузорон заминаи воқеъӣ гузорад.[1]

  - таъсиси корхонаҳои хурд дар самти коркарди меваву сабзавот.

  Ҳамин тариқ, дар шароити кунунии муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса ба роҳ монда шудааст. Тоҷикистон дар доираи самти аврупоии сиёсати хориҷии худ, тақвияти ҳамкориҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо аз ҷумла Фаронса тақвият мебахшад. Илова бар ин, масъалаи муҳим дар низоми нави равобити байналхалқӣ масъалаи модернизатсия дар иқтисодиёти миллӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ҷалби сармояи кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Фаронса метавонанд ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намоянд. Дигар ин ки тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ барои амалигардонии Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 дар кишвар мо ба манфиат хоҳад буд. Бо ин назардошт, рушди ҳамкориҳо дар самти тиҷорат ва иқтисод дар солҳои оянда дар доираи муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса муҳим арзёбӣ мегардад.


Сарчашмаҳои истифодашуда:

  1. Дипломатия Таджикистана: вчера и сегодня // Душанбе: Ирфон. –2009. -277 с. -С.178.
  2. Un regard sur les 30 ans de relations diplomatiques entre le Tadjikistan et la France...https://www.mfa.tj› view.
  3. Relations de la République du Tadjikistan avec la République française [Электронный ресурс]//Официальный сайт Посольства Таджикистана во Франции. URL: https://mfa.tj/.../relations-bilatrales/relations-bilatrales.
  4. Отношения Таджикистана с Францией (справка) [Электронный ресурс]//Официальный сайт МИД Республики Таджикистан. URL: https://mfa.tj/.../177/otnosheniya-tadzhikistana-s-frantsiei.
  5. Шарипов, Ф.А. (Шарифзода, Ф.А.). Политико-дипломатические отношения Республики Таджикистан и Французской Республики в годы независимости. /
  6. Laruellel Marlène, Peyrouse Sébastien, Asie centrale, la dérive autoritaire, Notes de la FRS. - Paris: Fondation pour la Recherche Stratégique, 2006. -15 p.
  7. Poujol, L’Asie centrale, bilan: quinze années de discours et de pratiques sur l’intégration dans un espace désintégré, Revue Internationale et Stratégique / С. Poujol  // Diogène. –2006. –V.4. -№64. -Р.69-78.
  8. Франция и Таджикистан развивают бизнес-сотрудничество. https://pressa.tj › frantsiya-i-tadzhikistan-razvivayut-biz.
  9. Ежегодник «Europeàn Foreign Policy Bulletin» / URL: http://wwwarc.iue.it/BASIS/efpb/all/rec/SFr.
  10. Казахстан-Франция: [Электронный ресурс] / Официальный сайт Министерства иностранных дел Республики Казахстан / URL: mfa.gov.kz/ru/paris/content-view/dvustoronnie-otnosenia.
  11. Политика Франции в Центральной Азии [Электронный ресурс] / Официальный сайт Министерства иностранных дел Французской Республики / URL: http://www.diplomatie.gouv.fr/en/country-files/central-asia/ france-and-central-asia/article/french-policy-in-central-asia.
  12. Текущий архив Посольства Французской Республики в Республике Таджикистан. Годовые отчёты за 2002-2016 гг.
  13. Текущий архив Министерства иностранных дел Республики Таджикистан // Управление информации процесса, анализа и внешнеполитического планирования. Папка Европа. Отчёты за 2004- 2007 гг. -Л. 8.

 

Ашуров Ардамеҳр

ходими пешбари илмии

шуъбаи Аврупо ва Америка

 

[1]Wine Explorers: Роҳ ба сӯи ангурбоғҳои Тоҷикистон https://tj.ambafrance.org/Wine-Explorers-Ro%D2%B3-ba-s%D3%AFi-angurbo%D2%93%D2%B3oi-To%D2%B7ikiston

БОЗГАШТ