АВРУПО РӮ БА РӮИ ЧОЛИШҲОИ СИЁСӢ ВА ИҶТИМОӢ

Муаллиф: Мадимарова Гулҳаё

Расм

        Аврупо имрӯз дар марҳилаи мураккабе қарор дорад, ки дар як замон ба мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудааст. Шуруъ аз ҷанги Украина то болоравии нархи сабади истеъмолӣ ва тақсимоти нобаробарии иҷтимоӣ масъалаҳое ҳастанд, ки боиси ташвиши аҳолӣ ва таъсири қавӣ ба суботи ҷомеа шудаанд.

Мушкилоти амниятӣ ва геополитикӣ

        Бар асоси иттилои Конфронси бехатарии Мюнхен (Munich Security Conference 2025), ҷанги Украина як “ташвиши комил”-ро барои амнияти Аврупо эҷод карда, меъёрҳои ҳамкории амниятии ин қитъаро коста намудааст. Дар ин масъала бар асоси назари коршиносони Конфронси мазкур, кишварҳои Аврупо бояд интихоби душвортарини сиёсиро анҷом диҳанд ё қувваи низомии худро тақвият диҳанд ва ё ба таври васеъ ба ёрии хориҷӣ такя кунанд.  Мувофиқи маълумоти Парламенти Аврупо, ки онро дар такя ба пурсиши афкори шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо доир ба сиёсат, нигарониҳо ва интизориҳоро, яъне Евробарометр (Eurobarometer 2025) омода кардааст,  68% аҳолии минтақа таъкид карданд, ки Иттиҳоди Аврупо бояд нақши фаъолтар дар ҳифзи амният ва муқобила бо хатари ҷаҳонӣ дошта бошад. Профессор Андреас Шмидт, коршиноси аврупоии масоили амниятӣ, гуфтааст, ки бе таҳкими низомӣ ва стратегияи фарогир, Аврупо наметавонад дар заминаи ҷанги Украина ва хатарҳои оянда мавқеъ дошта бошад. Зимни як нишаст дар Конфронси бехатарии Мюнхен иброз доштанд, ки ҷанги Русия дар Украина меъёрҳои ҳамкории амниятии Аврупоро хароб кард.

Фишорҳои иқтисодӣ ва арзиши зиндагӣ

         Гузашта аз  масъалаҳои сиёсӣ ва амниятӣ болоравии нархи маҳсулот ва инфлятсия яке аз мушкилоти аслии имрӯзаи Иттиҳоди Аврупо мебошад. Бар асоси маълумоти Евробарометр 41% аҳолӣ болоравии нархҳо ва арзиши зиндагиро чун мушкилоти аслии худ номбар кардаанд Муҳаққиқи бахши иқтисоди Комиссияи Иттиҳоди Аврупо, доктор Лаура Браун, таъкид мекунад, ки суръати пасти рушди иқтисодӣ ва нархи баланди манзил барои ҷавонон ва оилаҳои нав ташвишовар буда, эҳсоси нобаробарӣ ва ноустуворӣ ба вуҷуд меорад. Назарсанҷие, ки тавассути Евробарометр гузаронида шудааст, болоравии нархи сабади истеъмолӣ ва манзил мушкили аслии 93% аҳолӣ мебошад, оварда шудааст дар гузориши Парламенти Аврупо. Чунин  фишорҳо на танҳо ба сатҳи зиндагӣ таъсир мерасонанд, балки ба эътимоди шаҳрвандон ба давлат ва Иттиҳоди Аврупо низ коста менамоянд, мегӯянд коршиносони соҳа.

Поляризатсия (тақсимшавӣ) ва мушкилоти сиёсӣ

        Аврупо бо афзоиши поляризатсия ва тақсимоти сиёсӣ низ рӯ ба рӯ шудааст. Дар баъзе кишварҳо, ба мисли Булғористон ва Словакия, буҷетҳои нобаробар ва мушкилоти коррупсия боиси эътирозҳо шудаанд Дар робита ба масъалаи мазкур коршиносони сиёсии Аврупо қайд менамоянд, ки таъсири афзоиши гурӯҳҳои популист ва ҳаракатҳои ба монанди он на танҳо ба демократияи анъанавӣ, балки ба ҳамоҳангсозии сиёсӣ ва иқтидори ҳукумат низ таъсир мерасонад. Ӯ мегӯяд, ки назорати иҷтимоӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар бисёре аз кишварҳо таҳти фишор қарор гирифтааст. Назари ин коршиносро хабаргузории шинохтаи Аврупо Ретерз низ дар гузоришаш овардааст.

Мушкилоти иҷтимоӣ ва нобаробарӣ

        Нобаробарии иҷтимоӣ, муҳоҷират ва таҳдидҳои фарҳангӣ ба густариши ноустуворӣ мусоидат мекунанд. Дар як таҳлил аз ҷониби Human Rights Watch (HRW, 2025), афзоиши муомилоти номуносиб ва бераҳмӣ ба гурӯҳҳои камбизоат ва муҳоҷирон мушоҳида шудааст. Ҳамчунин, дар ин гузориш дар бахши “Камбизоатӣ ва нобаробарӣ”  (Poverty and Inequality) зикр шудааст, ки дар Иттиҳоди Аврупо миллионҳо нафар, аз ҷумла оилаҳои камдаромад, занон, кӯдакон ва гуруҳҳои осебпазир, дар хатари камбизоатӣ ва маҳрум аз дастгириҳои иҷтимоӣ мебошанд, ва ин омил эҳтимолияти норозигии иҷтимоӣ нобаробарӣ ва аз байн рафтани эътимод ба системаи сиёсӣ ба вуҷуд меорад.

        Бар асоси маълумоти Eurobarometer, ҷавонон бештар ба масъалаҳои арзиши зиндагӣ, тағирёбии иқлим ва адолати иҷтимоӣ таваҷҷуҳ доранд. Яке аз чеҳраҳои фаъоли сиёсат Ёланда Диаз (Yolanda Díaz) Ноиби президент ва Вазир оид ба Меҳнат ва иқтисоди иҷтимоии Испания дар конфронси Кишварҳои Аврупоӣ  (State of Europe 2025) дар Брюссел иброз  дошт, ки имрӯз мушкилоти асосии Иттиҳоди Аврупо мубориза бо нобаробарӣ аст ва онро хатарҳои асосӣ барои субот ва эътимоди шаҳрвандон ба Лоиҳаи аврупоӣ (European project) номид.  Ӯ бар он аст, ки иқтисод ва сиёсат бояд ба самти “иқтисоди иҷтимоӣ” (social economy), ҳуқуқи меҳнат, адолати иҷтимоӣ ва ҳимояи мардуми заиф равона шаванд, на фақат ба манфиатҳои иқтисодӣ ё мубориза бо рақобатҳои ҷаҳонӣ. Коршиносони  бар он назаранд, ки агар сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таҳким наёбад, фишор ва нобаробарии иҷтимоӣ метавонад боиси эътирозҳо ва ноустувории ҷомеа шавад. Аврупо имрӯз дар як марҳилаи интихоб қарор дорад. Аз як тараф таҳдидҳои хориҷӣ, фишори иқтисодӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ, аз тарафи дигар имконият барои таҳкими ҳамоҳангӣ, рушди иқтисод ва ҳифзи демократия.

        Дар атрофи ин масъала сиёсатшиносон низ таъкид мекунанд, ки интихобҳои сиёсӣ ва иҷтимоии имрӯзаи Иттиҳоди Аврупо метавонанд на танҳо субот ва иқтисоди қитъаро муайян кунанд, балки ояндаи зиндагии наслҳои ояндаро низ таҳти таъсир қарор диҳанд. Дар ин марҳила, тавозун байни амният, иқтисод ва адолати иҷтимоӣ муҳимтарин омил барои устувории Иттиҳоди Аврупо мебошад.

        Конршиносони Конфронси бехатарии Мюнхен ба хулосае омадаанд, ки кишварҳои Аврупо бояд ҳифзи ҳамоҳангӣ, рушди устувор ва арзишҳои демократиро дар мадди назар қарор диҳад, то наслҳои оянда зиндагии босубот ва адолатмеҳвар дошта бошанд. Дар гузориши Кумитаи иқтисодӣ ва иҷтимоии Аврупо (EESC) аз соли 2025, дар бораи созмони як “Стратегияи зидди фақр” (Anti‑Poverty Strategy) барои минтақа, таъкид мешавад, ки “фақр бояд ҳамчун нодорӣ ва нобаробарии систематикӣ арзёбӣ гардад, на натиҷаи ногузири рушди иқтисодӣ” яъне, адолати иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба ҳамагон бояд самти асоси фаъолияти иттиҳод бошад. Пажуҳишгарони соҳа, аз ҷумла, Раду Расу ва Камелия Оприн дар натиҷаи таҳқиқи илмии хеш, ки ба унвони “Таъсири рақамикунонӣ ва устуворӣ-омилҳои муайянкунандаи рушди фарогир” дар Конфронси Мюнхен муаррифӣ гардид, овардаанд, самтҳое, ки ба рушди фарогир (inclusiveness) мусоидат мекунанд, ин сармоягузорӣ ба инфраструктура, рақамисозӣ, идоракунии хуб, сиёсатҳои муқобила бо нобаробарӣ барои суботи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошанд. Дар ин радиф бепарвоии сиёсӣ нисбати мубориза ба ифлосшавии муҳити зист, инфлятсия, ба ин раванд таъсир манфӣ мерасонанд.

         Дар робита ба ин таҳлилгарони масоили сиёсии худи кишварҳои Аврупо таъкид мекунад, ки нодорӣ ва фақр на ҳодисаи ногузир, балки натиҷаи сиёсати нобаробар ва системавӣ аст ва барои таъмини устувории иҷтимоӣ ва адолат, зарур аст стратегияҳои фарогир қабул шаванд.  Худи намояндагони Парлумони Аврупо ба хулосае омадаанд, ки  вақте ҳазорҳо нафар дар Иттиҳоди Аврупо дар хатари фақр ва нодорӣ ҳастанд  ин барои субот ва мавқеи сиёсӣ хатар аст, зеро гурӯҳҳои осебпазир эҳтимол доранд норозигӣ, фишор ва талаб ба тағйирот дошта бошанд.

 

Мадимарова Гулҳаё

ходими пешбари илмии

шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

Манобеи истифодашуда:

1. Munich Security Conference. Security Report 2025. 2025: [https://www.lamoncloa.gob.es] (муроҷиат: 8.12.2025).

2. Human Wright Watch:[ https://www.hrw.org] (саннаи муроҷиат:8.12.2025)

3. Euronews. People at Risk of Poverty or Social Exclusion in 2024. 30 апрели 2025: [https://www.euronews.com] (муроҷиат: 2025)

4. Eurostat. At Risk of Poverty or Social Exclusion: Regional Divide. 17 октябри 2025:[https://ec.europa.eu/eurostat]( саннаи муроҷиат: 9.10 2025).

5. Eurostat. 24% of EU Children at Poverty Risk or Social Exclusion. 28 майи 2025. [https://ec.europa.eu/eurostat] (муроҷиат: 8. 12.2025).

6. La Moncloa. Yolanda Díaz: Europe’s Main Challenge Is to Fight Inequality:[https://www.lamoncloa.gob.es] (саннаи муроҷиат: 8. 12.2025)

БОЗГАШТ