АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Аврупоиён шигифтаи осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳастанд

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ҷалолуддини Румӣ аз нобиғагони назми классикии тоҷику форс буда, дар эҷоди суханварӣ дар дунёи Аврупо ҳамчун “пайғамбари беҳамтои кишвари ишқу зебоӣ” шинохта шудааст. Маснади ин суханофарини базми ишқ ба дараҷае воло ва шӯри каломи ҷонофаринаш он қадар сеҳрангез аст, ки номаш мояи орзу ва шеъраш боиси базму тараб будааст. Чакидаҳои қалами сеҳрнигори Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ шуҳрат ва аҳамияти ҷаҳонии адабиёти тоҷикро боз ҳам афзунтар ва ангезаҳои руҳонии тамаддуни башарро боз ҳам рангинтару ғанитар гардонидааст. Омӯзиши осори Мавлавии Румро дар Аврупо асосан дар охирҳои қарни XVIII оғоз кардаанд. Пажӯҳишгарони олмонизабони Аврупо Ҳаммер фон Пургштал, Фридрих Рюккерт, Ёҳан Волфганг фон Гёте, Теодор Нёлдеке, Карл Брокелманн ва махсусан Анна Марии Шиммел саҳми зиёде дар шинохти осори Мавлавӣ дар Аврупо ва дар мутолиаи ислом ва тарҷумаи китоби муқаддаси “Қуръон” ба забонҳои аврупоӣ гузоштаанд.
Шоири шаҳири Олмон Гёте бо ҷиддияти зиёде ба мутолиаи забони арабӣ, китобҳои дарсӣ, сафарномаҳо, нусхаҳои хатии ашъори Ҷалолуддини Румӣ, Ҷомӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Аттор ва матнҳои тафсири “Қуръон-и” маҷид, фиқҳ, кутуби сирати Ҳазрати Муҳаммад ва дигарон пардохтааст [2, 62].
Дар китоби хеш “Девони ғарбию - шарқӣ” Гёте ба сатрҳои Ҷ. Румӣ иқтибос меорад: “Ту дар он дунё хостгори сулҳу оштӣ мебошӣ. Аммо ин ҷаҳон мисли хоб мегузарад. Ту хоҳони он, ки сайри ҷаҳон кунӣ ва ҷойҳои ҷолибро бубинӣ. Лекин тақдир ба пиёда шудани ормонҳои ту иҷоза намедиҳад. Ту таҳаммули сардию гармиро надорӣ. Аз нақҳати гулҳое, ки ту сай мекунӣ лаззат бибарӣ, зуд хазон мешаванд” [5, 56-57].
Дар ҷои дигар Гёте ибрози ақида мекунад, ки “инсонҳо ҳастии табиати хешро хуб медонанд ва дарк мекунанд, ки Шарқу Ғарб ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд ва онҳоро аз ҳам ҷудо кардан номумкин аст”.
Гёте дар “Девони ғарбию - шарқӣ” фарқи пайғамбар аз шоир ва ҳақиқати рисолати Ҳазрати Муҳаммадро эътироф менамояд. Ӯ менависад: “Ӯ шоир нест, пайғамбар аст, китоби Қуръон”-и ӯ қонунҳои худовандӣ аст, на китобе, ки аз тарафи инсон барои дилгармӣ ва ё баланд бардоштани сатҳи дониш навишта шуда бошад [5, 62].
Дар шеъри “Муҳаммад” Гёте рисолати Ҳазрати Расули акрамро дар шакли истиора оварда, ӯро ба чашмаи об муқоиса мекунад, ки ба тадриҷ зиёд мешавад ва нерӯи маънавӣ ва руҳиро касб мекунад, бузургтар мешавад ва ба уқёнус табдил меёбад, ки рамзи қудрат ва тавоноии худованд аст [2, 62].
Вақте, ки сухан роҷеъ ба шинохти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, дар мусташриқини Аврупо меравад, яке аз аввалинҳо шуда, ӯро олим, дипломати маъруфи утришӣ (Австрия) собиқ нахустпрезиденти Академияи илмҳои Австрия Йозеф Ҳаммер фон Пургштал ба ҷаҳони Аврупо шиносондааст.
Ногуфта намонад, Йозеф Ҳаммер фон Пургштал солҳои 1799 – 1807 иҷрои вазифаи дипломати дар империяи турки Усмонӣ дошт. Ӯ муаллифи “Таърихи адабиёти форс” (1818) мебошад [9, 20]. Йозеф Ҳаммер фон Пургштал дар асари номбурда Мавлонои Румро “ҳамчун шоири шаҳири аҳли тасаввуф дар Шарқу Ғарб” номидааст. Маснавии маънавиро ” Йозеф Ҳаммер фон Пургштал дар ҳашт ҷилд пурра чоп кардааст. Мутаассифона, бо сабаби сӯхтор дар шаҳраки Бейоғлу аз ин тарҷумаҳо фақат пораҳо мондаасту халос [1, 43].
Йозеф Ҳаммер фон Пургштал дар китоби хеш “Таърихи адабиёти форс” қайд мекунад, ки китоби “Маснавии маънавӣ”-ро бояд ҳар як суфӣ аз халиҷи Ганг то халиҷи Босфор ҳатмӣ мутолиа карда бошад.
Яке аз олимони намоёни Олмон Фридрих Рюккерт мебошад, ки ӯ худро шогирди Ҳаммер фон Пургштал меномид. Ӯ нобиға ба маънои пурааш буд. Муаллифи тарҷумаи пурраи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, тарҷумаи “Қуръони маҷид” ва мутарҷими беҳтарини Мавлонои Рум буд. Ӯ соли 1819 қасидаҳои Румиро ба олмонӣ тарҷума кардааст. Ф. Рюккерт бори нахуст ба адабиёти олмонизабони Аврупо жанри ғазалро ҷорӣ намуд. Ӯ баъд аз мутолиа “Маснавии маънавӣ” ва Девони Кабир Румиро бениҳоят дӯст дошт. Ба муҳаббати том ӯ чиҳилу чор қасидаи Румиро тарҷума карда, ӯро ба хонандагон ҳамчун “Марсия” пешниҳод намуд [7, 5].
Фридрих Рюккерт он қадар мафтуни эҷоди Мавлавӣ шуда буд, ки баъдан тарҷумаи “Девони Кабир”-ро ба унвонии “Гулҳои Шарқ” рӯи чоп овард. Асари Ф. Рюккерт хело олӣ буд, чунки худи Ф. Рюккерт шоир буд, бо нозукиҳои назми шарқӣ ошно буд, ғазалҳоро бо фаҳмишу дарки том ба анҷом расонид ва тарҷумааш хело шоирона ва орифона буд. Ӯ вақте, ки “Девони Кабир”-ро тарҷума кард ва ибрози ақида намуд, ки аз ин китоб “Нақҳати гул” меояд ва китоби хешро ба унвонии “Гулҳои шарқ” номид [8,1].
Райнҳолд Николсон “Маснавии маънавӣ”-ро соли 1925 – 1937 ба забони инглисӣ тарҷума карда, онро дар 8 ҷилд тафсир намудааст [13]. Инчунин, донишманди фаронсавӣ Ева ду Витрей Мейерович (1909-2001) китоби ба унвонии “Румӣ ва суфизм” рӯи чоп овардааст [14, 3]. Баъдан ховаршиноси шинохтаи олмонӣ Розенсвейг – Шванау тарҷумаи ғазалҳои Мавлоноро ба анҷом мерасонад, азбаски муаллиф руҳи шоирӣ надошт мазмунаш камтар коҳиш ёфта буд [15, 391]. Қобили зикр аст, устоди забонҳои шарқии Донишгоҳи Кембриҷи Инглистон Ҷорҷ Арберрӣ китоби Мавлоно “Фиҳӣ мо Фиҳӣ” ва чанд масале аз “Маснавии маънавӣ” тарҷума кардааст. Эшон пеш аз фавташ ба яке аз дӯстонаш мегӯяд, ки “Ман умри боқимондаи хешро барои омӯхтани асарҳои Румӣ мебахшам” чунки аз осори Мавлавӣ кас шифо ва оромиш пайдо мекунад, аз бадбахтиҳои замона раҳоӣ меёбад.
Ногуфта намонад, ки яке аз шоирони олмонизабони Авврупо Ханс Майнеке (1974 вафоташ) баъд аз мутолиаи асарҳои Мавлонои Рум, ошиқи ишқи илоҳии ӯ шуда, тамоми назми хешро ба ӯ бахшидааст. Ӯ махсус сафари Кунё карда ва зиёрати мазори эшон кардааст. Дар дунёи инглисзабон, Ипполит Тэн (1828-1893) муаллифи китоби чорҷилдаи “Таърихи адабиёти инглис”, дар китобаш аз Мавлавии Рум иқтибоси зиёде овардааст [15, 391].
Қобили зикр аст, ки Ҷеймс Редхаус китоби хешро “Маснавӣ” ном гузошта, ба забони инглисӣ тарҷума кардааст. Донишманди дигари маъруфи инглис Э. Х. Уинфилд ба унвонии “Маснавии маънавӣ” соли 1898 рӯи чоп овард. Ӯ дар асари хеш қайд намуд “Инсонҳое, ки ин дунёро падруд мекунанд, бояд Худоро хуб шиносанд ва дар тафаккури хеш дарк кунанд” [15, 391].
Суфишиноси дигари инглис Э.Х. Палмер, маҷмӯи мунтахаби Румиро ба унвонии “Суруди най” рӯи чоп овард. Ин китоб на фақат барои Британия муҳим ва дастрас буд, балки ба тамоми хонандагони англисзабони Аврупо.
Дар охири китоб тавзеҳот дода шуда буд [15, 391]. Хидмати бузурги ховаршиноси фаронсавӣ Кло Юарро бояд махсус қайд кард. Ӯ ба забони фаронсавӣ соли 1897 ба унвонии “Дарвешони чархгардон”-ро рӯи чоп овард.
Ин китоб барои фаронсавиҳо аз хонотарин ба ҳисоб мерафт.
Бояд таъкид кард, ки соли 2002 ба ибтикори собиқ Сафири фавқуллода ва мухтори Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби оқои Маттяс Мейер ва ин ҷониб собиқ раиси Созмони ғайридавлатии “Ҳамкории Олимон” доктори илмҳои таърих, шарқшинос Санавбарбону Воҳидова, А.М. Шиммел ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ даъват шуда буд. Ӯ роҷеъ ба “Мақоми зан дар Ислом” суханронӣ намуд ва бо ганҷинаи нусхаҳои хаттии нодири Академияи улуми Тоҷикистон ошно шуд. Ӯ аз нусхаи хело зебои “Қуръон”-и карим ба ваҷд омада, қабл аз боз кардани китоб сураи “Ал-Фатиҳа”-ро қироат намуд ва бо эҳтиёти зиёд ва муаддабона саҳифаи “Қуръони маҷид”-ро боз намуд, ки ин боиси тааҷуб ва шигифтии ҳозирин Ногуфта намонад, ки яке аз муҳаққиқони барҷастаи “Румишиноси олмонизабони” Аврупо хонуми зиндаёд Анне Марии Шиммел мебошад.
Ӯ “Шукӯҳи Шамс”-ро эҷоднамуда, даронишки худро нисбати Ҷ. Руми иброз
менамояд [3, 93-97]. Дар оғози китоб Анне Марии Шиммел қайд менамояд, ки ошноии вай бо эҷодиёти Мавлоно дар асоси китоби Р.А. Николсон ба вуҷуд омадааст [12,7]. Инчунин муаллиф иброз менамояд, ки «Ӯ сарчашмаи «Шамси бузург»-ро пас аз 40 соли кофтукови пайдарпай пайдо намудааст”.
Вай ҳамчунин китоберо таҳти унвони «Аҷоиботи рақам дар тамаддунҳои гуногун» иншо кардааст, ки соли 1984 дар Кёлн барои аҳли башар ва соли 1992 дар Ню-Йорк ба табъ расидааст [16, 87].
Дар асари «Шамси бузург» шахсияти Румӣ чунин тасвир ёфтааст: «Мавлавӣ як одами ниҳоят хоксор буд, ки ҳама сифатҳои неки инсониро фаро мегирифт, аммо ӯ медонист, ки дараҷаи руҳие, ки ӯ дар шеърҳояш сутудааст на бо мақсади эътиқоди паст нисбат ба урфу одат ва олами модӣ аст, балки ин бо мақсади дар инсон мукаммал гардонидани сифати баланд мебошад. Воқеан ишқ чун қиёми муъҷизаовар истифода мешавад, шайтон дар назди мусалмони боэътиқод хело заиф ва нотавон мемонад…, ки дар оташ ва тобиши ин ёқут нопойдор дар зер монанди ишқ ғарқ мешаваду вақте ба ин дунё бар мегардад, дигар гуна намудор мешавад ва маънои дигар дорад» [17, 6-10].
Тахайюлоти баланди руҳии Мавлавӣ, шеъри ӯ, ҷаҳони маънавиаш А.М. Шимеллро ба самти пажӯҳиши ҳаёт ва фаъолият ин шахси бузург равона намуд. Китоб аз се боб иборат аст: «Хаёлбандии Мавлавӣ», «Теологияи Мавлавӣ», «Нуфузи Ҷалолуддини Мавлавӣ ба Шарқ ва Ғарб».
Дар ин рисола А.М. Шиммел пешрафтҳои наверо барои инкишофи минбаъдаи исломшиносони олмонизабон ва шарқшиносони Аврупо ба миён овард, ки аз воқеияти муосир дарак медиҳанд. Омӯзиш тӯли солҳои зиёд дар кишварҳои Шарқ идома ёфта, ба самти маънавиёти мукаммали Мавлавӣ равона шуда буд.
Ҳамсуҳбатони вай баъзан дарвешон ва диндороне буданд, ки дар руҳияи фалсафаи устодони бузургашон тарбият ёфта буданд. А.М. Шиммел ҳамчунин мақбараи Мавлои Румро зиёрат намудааст. Вай бо эҷодиёти қадимаи Румӣ аз қабили «Маснавӣ», «Девони Кабир», «Фиҳи мо фиҳӣ» хело хуб ошно буд. Дар асоси дигар маъхазҳои боэътимод, таҳқиқоти ҳамаҷонибаи олимони Шарқ ва Ғарб, дигар олимони пешин ва муосир тавонистааст, ки китоби хешро иншо намояд ва аз ҷониби олимон ва шарқшиносон ва пажуҳишгарониҷараёни суфия баҳои баланд гирад. А.М. Шиммел ғазалиёти Мавлоноро он чунон бо самимият аз забони форсӣ ба забони олмонӣ тарҷума намудааст, ки тавассути ин тарҷумаҳо метавон дар барои ҷаҳонбинии Румӣ ба осонӣ ақида пайдо кард. Китоби «Фиҳи мо фиҳи»-ро бо забони англисӣ баргардон кардааст. Яке аз бобҳои ин китоб – «Тахайюлоти Мавлавӣ» намунаи шеърҳои хаёломезро бо тасвири аҷоиб дар бар гирифтааст [18, 15]. Боби мазкур аз 15 фасл иборат аст, ки ҳар кадоме аз номҳо ба як мавзӯъ ва ҳолати руҳии шоир бахшида шудаанд: «Орзуи Офтоб», «Хаёлоти обҳо», «Оинаи орзуи боғ», «Орзумандӣ аз номи ҳайвонот», «Кӯдакон дар тахайюлоти Мавлоно», «Орзуҳо дар ҳаёти ҳаррӯза», «Орзуҳо доир ба хӯрокҳо дар ашъори Мавлоно», «Хаёлпарастӣ оид ба бемориҳо», «Бофтан ва чокдузӣ», «Хаттотии Худовандӣ», «Афзоиши инсонҳои бузург», «Хаёлпарастӣ доир ба Қуръон», «Хаёлпарастӣ аз таърих ва ҷуғрофия», «Хаёлпарастӣ аз таърихи суффия», «Ишқ, мусиқӣ ва само» [13].
Хулосаҳо дар заминаи ташхиси асосноки илмӣ ва ҷаҳонбинии Мавлоно ҳамчунин муқоисаи онҳо бо мактабҳои орифон натиҷаҳои хубе додааст. А.М. Шиммел тавонист чунин мавзӯҳоро дар эҷодиёти Румӣ ба монанди ӯҳдадории пайғамбарона, олами рӯҳ, ҷойгоҳи ишқ дар зиндагонии инсоният, мақоми ибодат дар раванди бар камол расидани инсоният ва ғайраро мавриди пажӯҳиши амиқ қарор диҳад.
Ҳамин тавр, асари А.М. Шиммел «Шамси бузург»-шоҳасари илмӣ, паёми муҳаббати Анне Марии Шиммел доир ба Шарқ, тамаддуни он, мардуми ин сарзамин ва файласуфону шоирони бузурги онҷо ба ҳисоб меравад.
Ғайр аз Румӣ А. М. Шиммел дар бораи Робияи Алавия, ва Мансури Ҳаллоҷ, Муҳиддин ал Арабӣ ва Иқболи Лоҳурӣ ва дигар суфиёну орифон навиштааст. Ҳаёт ва эҷодиёти бисёре аз онҳоро муҳаққиқи олмонӣшарқшинос Шиммел А.М. дар бисёре аз пожӯҳишҳояш ошно намудааст [11,442].
Асари дигари ниҳоят машҳури А. Шиммел рисолаи вай «Олами исломии суфия» ба ҳисоб меравад [16, 21]. Ин китоб сазовори чандин мукофот гардидаасту ҳамчун хидмати арзанда ва пурарзиш дар таълимоти суфия ва ислом шинохта шудааст. Тайи ҳашт соли охир рисола танҳо дар Эрон панҷ маротиба ба нашр расидааст. Муаллиф ин китобро бо забони англисӣ навиштааст. Соли 1975 тарҷимаи ин пажӯҳиши машҳур бо забони туркӣ ба анҷом расида ва соли 1985 бо забони олмонӣ низ баргардон шудааст. Соли 1986 бошад, якумин тарҷимаи ин китоб бо забони форсӣ ба табъ расидааст [4, 20]. Дар Россия ин китоб аввалин бор аз ҷониби шарқшиноси машҳури рус Н.И. Пригарина, мудири шуъбаи матншиносии Академияи илмҳо тарҷима шудааст. «Олами исломии суфия» маҷмӯаи баромадҳо ва гуфторҳои А. М. Шиммелро дар донишгоҳи Гарвард дар бар мегирад. Ин китоб асосан барои донишҷӯён интишор шуда аз нӯҳ боб иборат аст: «Суфизм чист?», «Мухтасари таърихи суфизми классикӣ», «Роҳи маънавиии камолот», «Инсон ва камолоти ӯ», «Сулола ва пайравии суфия», «Суфия дар асоси идрок ё ҳикмати Худовандӣ», «Гулҳо ва булбулҳо», «Шеърҳои маърифатӣ бо забонҳои форсӣ ва туркӣ», «Суфизм дар Ҳинд ва Покистон» [6, 8-10].
«Олами исломии суфия» баёнияе дорад, ки дар ин асос метавон исломро дуруст ва хуб дарк кард. А.М. Шиммел қайд мекунад, ки дар раванди пажӯҳиши ҷанбаҳои суфияи ислом ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст. Аз ин рӯ, вай чунин менависад: «Ягон чиз доир ба дарки суфия ё ислом навиштан қариб ки ғайриимкон аст. Вақте, ки ба навиштани боби аввал шуруъ менамоӣ дар пеши назар қуллаҳои баланд намудор мешаванд ва ҳамон қадар, ки ба суйи амалӣ намудани мақсад роҳ тай намоӣ боз ин қуллаҳо баландтар мешаванд.
Ҷараёни суфия шояд дар забони форсӣ дар шакли назм қарор гирад, то ки ин фикронии хело баландро таҷассум менамояд ва бо нигоҳи нарм барои дарки ҳикмати Худованд ва дарки ӯ асос меёбад.
Ба ҳар сурат, танҳо қисмати ками инсонҳо метавонанд дар водиҳои кӯҳии дур орифона парвоз намоянд, ки он ҷо паррандаи афсонавӣ Симурғ умр ба сар мебарад ва то дар ҳақиқат он чиро ки мекобанд дар вуҷуди худашон нуҳуфтааст [4, 25].
Олимаи варзида А.М. Шиммел дар сатҳи олӣ донандаи забонҳои олмонӣ, англисӣ, лотинӣ, арабӣ, форсӣ, туркӣ ва чандин забони Ҳинд буд, ки ҳамаи нозукиҳои забон шеърро медонист ва бо ин ҳама тавонист олами тааҷҷубовари маърифат ва фаросати шоирони бузурги Шарқро боз намояд.
А.М. Шиммел пажуҳишгари маъруфи фарҳанги ислом дар асоси Қуръон ва ҳадисҳои Пайғамбар Муҳаммад дини исломро барои оммаи васеъ ва мардуми Олмон ошно гардонидааст. Дониш ва бохабарии ӯ дар ин самти дониш дар заминаи таҳрири тарҷимаи олмонии Қуръон ба вуҷуд омадааст, ки аз ҷониби Макс Хеннинг ба поён расидааст. Ин тарҷимаи М. Хеннинг бо таҳрири А.М. Шиммел соли 1960 дар Штутгард интишор гардидааст [10, 10].
А.М Шиммел инчунин китоби шавқовареро бо номи «Муҳаммад» дар Кёлн ба чоп расонидааст [20, 3]. Соли 2001 пас аз сафараш дар Тоҷикистон вай тасмим мегирад, ки барои мушарраф гардидан ба ордени «Дустии халқҳо» ба Самарқанд ташриф оварда, ҳамчунин унвони «Доктори фахрӣ»-ро дар Донишгоҳи Самарқанд ноил гардидааст. А.М. Шиммел бо муҳаббати зиёд нисбат ба мардуми форсизабон, аз ҷумла тоҷикон муносибат кардааст.
Шарқшиноси маъруфи қарни ХХ - и Олмон Анна Марии Шиммел бо пажӯҳишҳои доманадори хеш, ки дар онҳо донишҳои таърихӣ ва фарҳанги мардуми Шарқ инъикос гардидааст, ҷаҳони пурғановати маънавӣ ва борикназарии мутафаккирони шарқро чун Румӣ, шоири ишқ ва зебоӣ, сулҳ ва ҳамдилӣ баъд аз 40 соли пайваста кофтуковаш боз менамояд, ва ҳамин тавр хонандагони олами Ғарб ва Шарқро бо назми форсӣ-тоҷикӣ ошно мегардонад.
Олимаи намоёни асри 20-и Олмон Анна Мари Шиммел дар илми исломшиносӣ ва шарқшиносӣ хусусан дар пажуҳиши тарҷимаи мероси адабии ориф ва шоири бузург Ҷалолиддини Балхӣ хидмати пурарзише анҷом додааст. Фаросати вай, нигоҳи дурандешонаи ӯ, коршоямиаш ва ҷасораташ ниҳоят тааҷҷубангез буда, баҳои холисонаи илмиаш, дақиқкорӣ ва дониши волояш А.М. Шиммелро чун шарқшиноси бузурги ҷаҳон беҳамто ифода менамоянд.
Ногуфта намонад, ки Мавлавии Рум инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид. Барои ӯ яҳудию ҳиндӣ, насронию мусулмон яксон буданд. Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ ба ақидаи Мавлоно, қодир аст заминро бо осмон хешу табор гардонад. Талоши зиндагӣ, такопӯи доимӣ дар роҳи матлаб, зиндадиливу ҳаётдӯстӣ, яке аз мавзӯъҳои асосии ғазалиёти шоир буд.
Ғазал аз забони шоир чун об аз фаввора берун меомад. Ӯ дар сари ҳар байту мисраъ таамул ва тааммуқ намекард, пойбанди қофия баъзан ҳатто вазн ҳам намешуд. Ӯ инсонро аз тамоми мавҷудоти олами улвию суфлӣ муқаддамтар ва аз тамоми муқадассот муқаддамтар гардонидааст. Қобили зикр аст, ки дар “Девони” Шамси Табрезӣ ишқи сӯзони хешро чунин байён кардааст.

Аҷаб он дилбари зебо куҷо шуд?
Аҷаб он сарви хушболо куҷо шуд?
Куҷо шуд, эй аҷаб бе мо куҷо шуд?
Дилам чун барг меларзад, шабу рӯз,
Ки дилбар ними шаб танҳо куҷо шуд?
Ҳама ҷо дидам, андар ҷо надидам,
Дуто гаштам, ки он якто куҷо шуд?
Бигӯ равшан, ки Шамсулҳаққи Табрез,
Чу гуфт, аш – шамсу лоюҳфо.

Мавлавӣ Ҷалолуддини Румӣ зиндагиашро дар пайвастагӣ бо ишқ мебинад:

Чӣ бӯй аст ин, чи бӯй аст ин, магар он ёр меояд?
Магар он ёри гулрухсор аз он гулзор меояд?
Хамӯш кардам, хамӯш кардам, ки ин девони шеъри ман,
Зи шарми ин паричеҳра ба истиғфор меояд.

Дар фарҷоми мақола бояд тазаккур дод, ки осори Мавлавӣ Ҷалолуддини Румӣ дунёи нави Аврупоро ба такон овардаву, назарияи таҳаммулпазириро, ки мислаш на дар Ғарб на дар Шарқ будаву, тараннумгари ишқи зебоӣ ва сулҳу оштӣ будаву, барои ӯ яҳудию ҳиндӣ, насронию мусулмон яксон будаву инсонро бузургтарин мӯъҷизаи офариниш шуморида, маҳбуби ҷаҳониён шудааст.
Аҳсан, ба хидмати ховаршиносон, донишмандон, файласуфон, аз ҷумла Ёҳан Волфганг фон Гёте, Эманиел Кант, Ҳаммер Пургштал, Фридрих Рюккерт, Анна Марии Шиммел, Ива ду Витрей, Райнҳолд Николсон, Ҷорҷ Арберрӣ, Эдвард Палмер ва дигарон дар мусташриқини Аврупо дар шинохти Мавлавии Ҷалолуддини Румӣ нақши беназир гузоштаанд. Мавлавии Рум аз хонотарин муаллифон дар Аврупо ба шумор меравад. Чунки аз ғазали ӯ нақҳати гул меояд ва ҷаҳони Аврупоро бо осори дилфиребаш ҳамчун тараннумгари ишқи илоҳӣ, инсондӯстиаш, адолатпарвариаш муаттар ва муттаҳайир сохтааст.
 
                Адабиёт
  1. Вохидова С. Развитие иранистики и таджиковедения в историографии Европы (XVначало XXI вв). - Душанбе, 2014, 504 Суханшиносӣ №4, 2015  
  2. Воҳидова С. Нақши паямбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад дар осори Гёте //
  3. Вохидова С. Выдающийся немецкий религиовед и востоковед ХХ в. А.М. Шиммел// Известия АН РТ Сер: философия и право. 2013, №4 
  4. Гувоҳӣ А. Мир исламского мистицизма. - Тегеран, 1374. 
  5. Goethe J. W. West-Ostlicher Divan Leiden - Brill, 1819. .
  1. Пригарина Н.И. Мир исламского мистицизма. М., 1995.
  2. Ruckert F. Die Einweihung. Stutgard, - 1820.
  3. Ruckert F. Ostliche Rosen. Leipzig, - 1822
  4. Hammer von Purgstall. Die Geschichte der schonen Redekuenste persiens. Wien, - 1818.
  5. Henning M. Heiliqe Koran, Stuttgard, 1960, S. 1.
  6. Насриддин А. Чиҳилмақола. - Хуҷанд, 2007. – с. 442
  7. Nicolson R.A. Rumi-Poet and mystic. Ethical and Religions classics of the East and West) London, -1950, - S. 7.
  8. Nickolson R. A. Selected Poems from the Divani Schamsi Tabrizi. London, 1898.
  9. Eva Vitray – Meyerovitch. Rumi and Sufism, Apollo – Press Sausalito, 1977
  10. Шефик Дж. Мавляна Джалолиддин Руми: жизнь, личность, мысли. - Москва, -2008, - с. 391
  11. Schimmel A.M. Die Geheimme Zeichen in verschiedenen Zivilisationen. Koln, 1984.
  12. Schimmel A.M. Der Giosse Schams, Bonne, 1956.
  13. Schimmel A.M.Phihi mo phihi, Divans of the Mavlavi // New-Yourk, 1965.
  14. Schimmel A.M. Die mystischen Dimensionen des Islam, die Geschichte des Sufismus. Diedrichs Verlag, 1985- 1992. 
  15. Schimmel A.M. Und Muhammad ist sein Prophet // Die Verehrung des Propheten in der islamischen Frommigkeit Diedrichs-Verlag, - 1995
 
 
Санавбарбону Воҳидова,
мудири шуъбаи Амрико ва Аврупои
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
доктори илмҳои таърих,
 профессор

БОЗГАШТ