АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Аввалин сафирзан дар таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Зан муборизи қавиирода буда, дар ҳаёти ҳаррӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳалкунандаро мебозад. Иқтибос аз суханрони Эмомалӣ Раҳмон
  Нақши роҳбарону олимону адибон, шоирону нависандагон, сафирону дипломатҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, китобу мақолаҳо ва институтҳову марказҳои тадқиқотиву таҳлилӣ дар баррасии ин ё он масъалҳо ва кашфи мубрамияти онҳо хело муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин зимн, неруи хирад ва малакаву маҳорати занони дипломату сиёсатшиноси ҷомеа хело муҳим арзёбӣ мегарад.
  Мавриди зикр аст, ки дар китобҳои луғат аз ҷумла, Википедиа— донишномаи озод мафҳуми геополитика чунин зикр гардидааст: геополитика ё сиёсати ҷуғрофиёӣ (географическая политика) аз забони юнонӣ гирифта шуда, гео ба маънои— замин, политика ба маънои идоракунии умури давлатӣ ё ҷамъиятӣ) омадааст. Тибқи маълумот он яке аз шохаҳои асосии илмҳои сиёсӣ, бунёдии сиёсатшинохтӣ ва назарияи муносибатҳои байналмилалӣ маҳсуб шуда, дар бораи мақом ва шаклҳои мушаххасу таърихии таъсиррасонии хусусиятҳои ҳудудию фазогии ҳолати кишварҳо ба равандҳои умумиҷаҳонӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ баҳсу мунозира мекунад.
  Ҳамин тариқ, метавон қайд кард, ки дар замони муосир кишварҳои ҷаҳон бо истифода аз он масоили гуногунро шарҳу тавзеҳ дода, сиёсатро мудирият мекунанд. Дар мақола бо такя ба баррасии маъхазҳову сомонаҳо бештар нақши яке аз занони донишманду дипломатро ба маълумоти хонандагону муҳаққиқон ва дӯстдорони илму адаб ва дипломатия мавриди бозгӯӣ қарор медиҳад.
  Қобили зикр аст, ки дар мамолики гуногуни дунё аз ҷумла дар Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш ва Сингапур занон чун роҳбар ва дипломат кору фаъолият карда, умури идораи кишварро роҳбарӣ кардаанду то ба имрӯз идома дода истодаанд. Мисоли онро метавон дар корнамоиҳои Индира Гандӣ, Беназир Бҳутто, Шайх Ҳасина, Ҳалима бинти Муҳаммадяъқуб ва дигарон мушоҳида кард.
  Ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон низ бо ташаббусти бевоситаи Президенти кишвар ташаккулёбии роҳбарии занон мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт. Дар ин зимн, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба қувваи созандаи зани тоҷик эътимоди комил дошта, фазои мусоидро баҳри ҷалби ҳарчи бештари занон ба ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа фароҳам карданд, ки дар натиҷа аввалин дипломат ва сафирзани тоҷик тарбия ва кадрсозӣ шуда, санаи 15-уми декабри соли 2021 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъин шуд.
  Дар ин зимн, дар қитъаи Аврупо низ заноне буданд, ки бо доштани донишу маҳоратҳои хуби матонату ҷасорату дипломатӣ нақши бориз бозидаанд. Розике Швиммер яке аз онҳо мебошад, ки санаи 11-уми сентябри 1877 таваллуд шуда, санаи 3-юми августи 1948 вафот кардааст. Ӯ ба ҳайси рӯзноманигори маҷористонӣ, нависанда, фаъоли ҳуқуқи интихобот ва сиёсатмадори венгерӣ ба камол расида, аз ҷониби ҳукумати Маҷористон ҳамчун аввалин сафири зан дар ҷаҳон дар соли 1918 ба Швейтсария фиристода шудааст.
  Розике Швиммер дар Будапешт -Маҷористон таваллуд шуда, шомили дабистон гардид. Ҳамин тавр, мусиқӣ ва забонҳои хориҷиро ёд гирифта, бо тағйири вазъи молиявии оила аз соли 1896 ба сифати муҳосиб ба кор оғоз кард.
  Соли 1897 Швиммер "Иттиҳоди занони коргари Маҷористон"-ро таъсис дод ва дар соли 1904 дар якҷоягӣ бо феминистҳои машҳур ба мисли Евген Мёллер "Ҷамъияти феминистӣ" -ро таъсис дод.
  Ҳамин тариқ, ин зани донишманд ва фаъоли хуби ҷомеа дар таъсиси «Шӯрои миллии занони Венгрия» нақш бозида, соли 1909 аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ узви Шӯрои парастории ҳифзи кӯдакон таъин шуд. Дертар, соли 1915 узви Шӯрои миллии занон шуд. Бо нақшофариниаш дар рушди масоили занон дар Иттифоқи байналхалқии занон (IWSA) ба узфият пазируфта шуд. Ӯ чун донишманд ва коршиноси масоили ҳуқуқи занон бо Кэрри Чапман Катт дар саросари Аврупо сафар карда, дар бораи ҳуқуқи овоздиҳии занон мулоқоту суҳбатҳо гузаронидааст.
  Ӯ дар маҷаллаи A Nő és a Társadalom (Women and Society) занон ва ҷомеа ба ҳайси муҳаррир кору фаъолият кард. Соли 1914 ба Лондон кӯчид ва ба ҳайси котиби матбуотии Иттифоқи байналхалкии занон (IWSA) фаъолият кард.
  Бо оғози Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ роҳи бозгашт ба ватан барояш баста шуд. Лиҳозо барои анҷоми амалиёти ҷангӣ ба эътирозҳову муборизаҳо шурӯъ кард. Дар ҳамон сол, ӯ ба Иёлоти Муттаҳида сафар кард, то аз 28-умин Президенти ин кишвар Томас Вудро Вилсон, муаррих ва сиёсатшинос ва барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел (1919) хоҳиш намояд то саривақт Шӯро барои хотима додани ҷанг таъсис диҳад. Ҳамин тариқ, ӯ бо ҳамроҳии Ҷен Аддамс дар соли 1815 Созмони Сулҳи Занонро ташкил медиҳанд.
  Дертар, дар Конгресси байналхалқии занон, ки аз 28 апрел то 10 майи соли 1915 дар Гаагаи Ҳолланд баргузор шуд, Швиммер таҳия ва ташкили форумеро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кард. Баъди ба охир расидани ҷанг Швиммер ҷонишини якуми президенти Иттифоки байналхалқии занон барои сулҳ ва озодӣ интихоб гардид.
  Дар охири Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, Швиммер ба Маҷористон баргашт ва дар соли 1918 ба ҳукумати либералии Михалӣ Каролӣ ҳамроҳ шуд. Ҳамин тариқ, Кароли ӯро ба Швейтсария фиристод ва ҳамчун аввалин сафири зан дар ҷаҳон пазируфта шуд, ки ҳамасола 25-ум ноябр чун санади таърихӣ ва нақши занони дипломат зикри аҳли донишу қалам мегардад. Швиммер соли 1919 Венгрияро ба таври доимӣ тарк карда, дар тамоми Европа ба муқобили Террори сафед, ки баъд аз сӯиқасд шудани Республикаи Советии Венгрия аз Венгрия cap карда буд, баромад.
  Дертар, соли 1920, пас аз он ки ҳукумати Миклош Хорти қудратро ба даст гирифт, Швиммер ба Вена фирор кард ва аз онҷо соли 1921 ба Амрико рафт ва дар Чикаго маскан гирифта, дигар ба Венгрия барнагашт.
  Дертар, соли 1924 ӯро ба ҷосусӣ муттаҳам мекунанд, аммо Швиммер ба додгоҳ муроҷиат карда, бегуноҳии худро исбот намуда, барои иттиҳом 17 000 доллар маблағ талаб менамояд. Бо санаду далели фаъолияти зиддиҷангӣ ба ӯ шаҳрвандии ИМА дода намешавад ва даъвои ӯ дар Додгоҳи олии Иёлоти Муттаҳида дар соли 1929 ба нафъи ҳукумати ИМА анҷом ёфта, ҳамчун шахси бешаҳрванд дар ин кишвар умр ба сар мебарад.
  Дар охири умри худ кӯшишҳои Швиммер ба масоили ҷаҳонӣ равона шуда, соли 1935 бо Мэри Риттер Бэрд Бойгонӣ ё Архиви ҷаҳонии занонро таъсис медиҳанд. Ҳамин тариқ, Швиммер соли 1937 бо Лула Морик маъракаи ҷомеаи ҷаҳониро таъсис доданд, ки аввалин созмони ҷунбиши ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асри ХХ маҳсуб мешуд, ки дертар ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ номгузорӣ шуд. Ӯ барои дарёфти Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 1948 пешниҳод шуд, аммо бинобар бо қатли Маҳатма Гандӣ ҷоизаи мазкур тақдим нагашт. Бо чунин корнамоҳиву маҳоратҳо ва аввалин Сафир зан дар ҷаҳон Розике Швиммер 3 августи соли 1948 дар Ню-Йорк бо сабаби беморӣ аз олам даргузашт.
  Дар ниҳоят, бояд қайд кард, ки Институти Осиё ва Аврупои АМИТ масоили мубрам хусусан сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро мавриди омӯзиши хос қарор дода, бо тавсияву назарпардозиҳои муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ ҷанбаҳои гуногуни онҳоро ба риштаи таҳқиқ меоварад.

Та
ҳия ва тавзеҳи
Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими калони илмии Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ