АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

АЗ ТАЪРИХИ АТЛАС ВА АДРАСБОФӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону

Расм

Атлас як навъи матоъи абрешимӣ мебошад, ки он матоъро аз давраи хеле қадим тоҷикони мо ба бар мекарданд. Ин матоъ матоъи тоҷикӣ буда, то ҳол дар тани духтари тоҷик бо тахти шинам дӯхта мешавад. Лавозимоти атласро солҳои аввали баромаданашон, ранги онро аз давлати Ҳиндустон мегирифтанд, ки ин ранг намерафт. Ҳоло бошад ҳамаи маҳсулотро аз давлати худамон Тоҷикистон истифода карда мебарорем. Дар Тоҷикистони мо бошад ҳоло якчанд намуд атлас истеҳсол карда мешавад аз қабили; атлас, адрас, заратлас, хонатлас ва ғайраҳо. Новобаста аз ин ки қарни Х1Х давраи мушкилии санҷиш барои абрешимбофӣ мебошад, абрешим дар низоми фарҳанги маънавии мардуми тоҷик яке аз рамзҳои фарҳанг ба ҳисоб рафта, меъёри зебоиписандии муайяншуда ба ҳисоб меравад. Дар даҳсолаҳои охири қарни ХХ дар атласбофӣ намудҳои: «Пирӯзӣ», «Ҳамроҳ», «Кайҳон», «Кремл», «Олимпиада», «Чашма», «Ҷашнӣ», «50-сол», «Шодиёна», «Гули баҳор», «Ҷонона», «Одмӣ», «Мурғобӣ», «Лола», «Гули намошом», «Гули шоҳмот» ва ғайра ба миён омадаанд. Дар солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд «Иди атлас» ва озмуни «Атласи тоҷик» баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин навъҳои атлас бо тарҳу дӯхти либосҳо ба намоиш гузошта мешаванд.[1]

Адрасбофӣ яке аз ҳунарҳои маъмулии тоҷикон маҳсуб меёбад, ки то ба имрӯз маъруфияти зиёд дорад. Адрас матои мунаққашест, ки тораш аз абрешиму пудаш аз ресмони пахтагин буда, дар дастгоҳи махсус бофта мешавад. Аз матои адрас сару либоси занона, ҷомаҳои мардонаву бачагона ва баъзе ашёи рӯзгор, ба монанди кӯрпаву болишт ва дастархону рӯйпӯши бистар медӯзанд, ки дар ҳаёти маишии мардум васеъ истифода мегарданд.

Ҳунари адрасбофӣ таърихи тӯлонӣ дошта, то ба имрӯз қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар маъмул аст. Дар замони муосир корхонаҳои адрасбофӣ дар ҳар як шаҳру деҳаҳои кишвар мавҷуданд ва талаботи мардум низ ба матоъи гуногуннақши адрас бештар шудааст. Солҳои пештар адрасро аз абрешими нисбатан дурушт мебофтанд, ки нахи он аз 15-20 пиллаи даҳбанда иборат буд ва ҳар банд 200 нах дошт. Андозаи бари адрас се хел мешуд: муқаррарӣ («одмиёна») – 40 см, сербар («олчинбар») – 70 см, камбар («якбара») – 26 см. Бофандагон барои рангубори риштаи адрас рангҳоро аз рӯян, пӯстлохи анор, испарак ва ғайра тайёр мекарданд. Дар замони муосир аксари муассисаҳои таълимӣ – истеҳсолии адрасбофӣ риштаҳои рангкардаи тайёрро харидорӣ менамоянд.[1]

Усули бофтани адрас дар ҳама ҷо як хел буда, аз ҷиҳати ранг ва нақшу нигор тафовут дорад. Чунончи: адраси бунафш, зангор, пудсафед, хумӣ, шона, мурғобӣ, барги карам, пудавлон ва ғайра. Ороиши адрас дар дастгоҳҳои махсус сурат мегирад, ки ин амали гулпартоиро абрбандӣ меноманд.

Атласбофӣ низ мисли адрасбофӣ навъе аз ҳунарҳои суннатӣ мебошад, ки ба он бештар занон машғул мебошанд. Атласбофӣ дар байни мардуми тоҷик ҳамчун як бахши бофандагӣ таърихӣ тӯлонӣ дошта, барои пешрафти абрешимбофӣ мусоидат кардааст. Атлас матои абрешимӣ ва нимабрешимӣ аст. Абрешимиашро асосан барои либоси занона, нимабрешимиашро барои абраи кӯрпаю кӯрпача ва ғайра ба кор мебаранд. Атлас матои рангаю сернақшу нигорест, ки аз рӯзи пайдоиш то имрӯз сифат ва мавқеи хоси худро гум накарда, дар байни газворҳои дигари бофандагӣ «шоҳи матоъҳо» ба ҳисоб меравад.

Офаридан ва танзими нақшу нигори атласу адрас заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Матои атласро дар дастгоҳҳои чорпопӯшалӣ (4-педалӣ) ва ҳаштпопушалӣ (8-педалӣ) мебофанд. Ҳоло дар корхонаҳои абрешимбофии шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 30 навъи атласро истеҳсол менамоянд. Атласҳои машҳур бо номҳои «Баҳори Тоҷикистон», «Ҷавонӣ», «Туҳфа», «Тӯёна», «Муҳаббат», «Дилором», «Тирукамон», «Хосиятхон» ва ғайра номгузорӣ шудаанд. Атласи тоҷик берун аз кишвар низ обрӯю шуҳрати зиёд пайдо кардааст.

Атласу адрас маҳсули меҳнати ҳунармандони халқӣ буда, чун воситаи муҳими эстетикию ороиш бо зиндагӣ ва завқи бадеии мардум робитаи ногусастанӣ дорад. Дар саросари кишвар атлас ва адрас имрӯзҳо аз матоъҳои серхарид маҳсуб мешаванд. Хосатан дар даврони соҳибистиқлолӣ занону духтарони тоҷик дар ҷашну маросимҳои анъанавӣ аз матоъҳои мазкур ба таври васеъ истифода мекунанд. Дар солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд «Иди атлас» ва озмуни «Атласи тоҷик» баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин навъҳои атлас бо тарҳу дӯхти либосҳо ба намоиш гузошта мешаванд.

Ҳамин тариқ, дар ҳошияи ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми “Тоҷикона мепӯшем” дар ҳавлии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як чорабинии тантанавӣ аз тарафи бонувони Раёсати АМИТ, инчунин институтҳои илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ хеле фаъолона иштирок карданд. Махсусан Институти Осиё ва Аврупо матоъҳои миллӣ, ороиши занона аз сангҳои қиматбаҳо аз ҷумла нуқра, фирӯза, ақиқ, лаъли Бадахшон, ҷуробҳои Помирӣ, тоқиҳои дастдӯзӣ, камзулчаҳо, куртаҳои чакан ва тоқиҳои дастдӯзӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.

Ин чорабиниро бо карнаю сурнай ва рақсу суруд пешвоз гирифтанд.

Ин тараннумгари худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳангу анъанаҳои неки аҷдодӣ махсусан алласу адрас ва чакан мебошад, ки ин ба симои кормандони илмии АМИТ боз ҳусни зебогӣ зам мекард.

Дар охири ҷаласа аъзои ҳакамон, аз ҷумла узви вобасти АМИТ Абдураҳмон Наврӯз, Акмал Неъматов, Мамадҷонова Муҳиба ба ин чорабинӣ баҳои баланд доданд.

 

Сарчашмаҳо

  1. Ершов Н.Н. Домашныие промыслы и ремесла // Таджики Каратегина и Дарваза. – Душанбе, Вып. 1, 1966;
  2. Ершов Н.Н. Каратаг и его ремесла. – Душанбе, 1984.
  3. Турсунов Н. Из истории городского ремесла северного Таджикистана (Ткацкие промысли Ходжента и его пригородов в конце XIX – начале XX вв.). – Душанбе, 1974

 

Санавбарбону Воҳидова

доктори илмҳои таърих, профессор

мудири шуъбаи Аврупо ва Америка

 

 


[1] https://vfarhang.tj/index.php/tj/fa-oliyat/fe-rist/unar-oi-mardum/146-atlasbof

БОЗГАШТ