АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Қазоқистон марҳилаи чоруми тақвиятро аз муҳофизати коронавирус ворид кард

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон хабар дод, ки имрӯз (02.03.2020) дар ҷаҳон 88 571 ҳолати пневмония бо сабаби COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз он 1951 ҳолат дар тӯли 24 соат афзудааст. Афзоиши рӯзона 2,25% -ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Халқии Хитой 80174 ҳодисаи пневмония ба қайд гирифта шудааст.  Афзоиши рўзонаи 206 ҳолат ташкил медиҳад (баробари 0,25%). 44 518 нафар (55%) бо сабаби барқароршавии саломатиашон ҷавоб дода шуданд. 32 741 бемор дар беморхонаҳо қарор доранд.
Ба ғайр аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, 8397 ҳолати тасдиқшуда дар 43 давлат ба қайд гирифта шудааст. Шумораи аз ҳама зиёд дар Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Эрон ва Ҷопон мебошад, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 30% афзоиш меёбад.
Тибқи суханони вазири тандурустии ҶҚ, шурӯъ аз 6 январи соли ҷорӣ Вазорати тандурустӣ се марҳилаи тақвиятро  барои пешгирӣ аз зуҳур ва паҳншавии сирояти коронавирус (CVI) ба Ҷумҳурии Қазоқистон амалӣ намуд.
Дар марҳилаи аввал, бо қарори сардори Сарраёсати санитарии Ҷумҳурии Қазоқистон Жандарбек Бекшин назорати санитарӣ ва эпидемиологӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ мустаҳкам ва машқҳои таълимӣ гузаронида шуданд. Ғайр аз он, барои нафарони аз Хитой омада мониторинги тиббӣ гузаронида шуд. Захираҳои зарурии таҷҳизоти муҳофизати  инфиродӣ, пешгирӣ  ва  табобат  ташаккул дода шуда, маъракаи баланд бардоштани сатҳи  огоҳонии аҳолӣ низ оғоз гардид.
31 январи соли ҷорӣ марҳилаи дуюми пурзӯр намудани назорати санитарӣ-эпидемиологӣ ҷорӣ гардид. Мувофиқи фармони Вазорати тандурустӣ: 150 нафар мутахассисони хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ ба таври иловагӣ ба марказҳои карантини санитарӣ дар тамоми марзҳо сафарбар гардиданд; ташхиси лаборатории сирояти нав муқаррар карда шуд; Протоколи клиникии чорабиниҳои табобатӣ ва зиддиэпидемикӣ тасдиқ гардид.
Аз 20 феврали соли 2020 вазорат марҳилаи сеюми тақвиятро ҷорӣ намуд. Барои муайян кардани кишварҳо, вобаста ба дараҷаи хатари паҳншавии сирояти коронавирус, методология дахлдор  таҳия ва татбиқ карда мешавад. Дар асоси он шахсони аз кишварҳои дорои сатҳи баланди СVI омада, таҳти назорати тиббии зарурӣ қарор гирифтанд.
Мониторинги  шабонарӯзии кишварҳо гузаронида мешавад ва як қатор меъёрҳоро аз қабили: шумораи бемориҳои CVI дар кишвар, сатҳи гирифторшавӣ, суръати афзоиши сироят ва ғайраро дарбар мегиранд.
Аз 1 марти соли ҷорӣ, вазорат марҳилаи чоруми тақвиятро ҷорӣ намуд. Бо Фармони Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Қазоқистон дар баробари Ҷумҳурии  Халқии  Хитой, кишварҳои Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Ҳонконг, Тайван  ва Макаои (ЧХХ)  ба кишварҳои категорияи аввал дохил карда  шудаанд.
Нафароне, ки аз Хитой ва Эрон омадаанд, дар давоми 14 рӯз дар карантин ҷойгир карда мешаванд ва пас аз даҳ рӯзи дигар таҳти назорати тиббӣ қарор мегиранд.
Нафароне, ки аз давлатҳои дигари категорияи якум (Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Ҳонконг, Тайван ва Макао) омадаанд, дар тӯли 14 рӯз дар карантини хонагӣ ҷойгир карда мешаванд. Аммо бо қарори хадамоти беҳдоштӣ, ин  афрод  метавонанд давраи карантинро дар муассисаи тиббӣ сипарӣ намоянд.
Нафароне, ки аз кишварҳои категорияи дуюм меоянд, дар муддати 14 рӯз зери назорати тиббӣ дар хона қарор мегиранд.
Нафароне, ки аз кишварҳои категорияи сеюм омада дар давоми 24 рӯз таҳти назорати дарозмуддати тиббӣ қарор мегирад.
Вазорати тандурустӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои давлатӣ алгоритми амалҳоро барои муайянсозӣ ва паҳншавии сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Қазоқистон таҳия кардааст (“Нақшаи Б”).
Аз 6 январи соли 2020 Вазорати тандурустӣ назорати санитариро дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ тақвият дода, тақрибан як миллион нафар одамро аз муоина гузаронид.
Зиёда аз 30 ҳазор ташрифовардагон таҳти мониторинг қарор доранд. Имрӯз бо гузашти давраи инкубатсионӣ аксарияти онҳо аз ҳолати мониторингӣ бароварда  шудаанд. 6474 нафар бошад, таҳти назорати тиббӣ қарор доранд.
Тибқи суханони вазири тандурустии ҶҚ, аз 6 январ то 3 марти соли ҷорӣ 186 нафар бо ҳарорати баланд ва зуком  бистарӣ  гардидан. Аз ин ҳисоб 166 нафар ҷавоб дода шуда, 20 нафар дар беморхонаҳо боқӣ мондаанд. Ташхиси сирояти коронавирус тасдиқ нашудааст. Натиҷаҳои ташхисҳои лабораторӣ манфӣ мебошанд.
Санҷиш тавассути системаҳои санҷишии истеҳсоли Русия, Чин ва Қазоқистон гузаронида шуда,  ҳамаи он аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурусти (ТУТ) тасдиқ мешавад.
То имрӯз (03.03.20) 967 нафар, аз ҷумла 544 нафар  аз Ҷумҳурии Халқии Хитой (Пекин ва Вуҳан) ва Ҷопон (Токио) омада ва 423 нафар шахсони бемор ва бо онҳо алоқаманд, аз санҷиши лабораторӣ гузаронида шуданд. Ҳамаи натиҷаҳо манфӣ мебошанд.
Маблағҳо  ба ин мақсад  аз ҳисоби захираҳои давлатӣ ҷудо гардидаанд. Дар сурати ошкор  гардидани бемории коронавирус ташкилотҳои тиббӣ барои мубориза бо он дар ҳолати омодабош қарор доранд. Системаҳои озмоишӣ, доруворӣ ва дастгоҳҳои тиббӣ, инчунин, таҷҳизоти муҳофизатии инфиродӣ дар сатҳи зарурӣ қарор доранд.
 
Сарчашма: primeminister.kz  
 
Саримсаков И.К.

БОЗГАШТ