АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Баъд аз 80 сол аҳолии сайёра ба таври бесобиқа кам мешавад. Тибқи тадқиқоти олимони амрикоӣ, дар Тоҷикистон, баръакс, шумораи аҳолӣ меафзояд

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

 
14 июл маҷаллаи тиббии «The Lancet»-и Британия натиҷаҳои тадқиқоти олимони амрикоиро, ки барои 195 давлату ҳудуди ҷаҳон дар самти пешгӯии таваллуд, фавт, муҳоҷират ва аҳолӣ аз соли 2017 то соли 2100 анҷом дода шудааст, нашр намуд. Тибқи   ин тадқиқот, шумораи аҳолии кураи Замин то соли 2064 зиёд шуда, тақрибан ба 9,73 миллиард нафар мерасад ва баъдан ин нишондод тадриҷан коҳиш ёфта, то соли 2100 8,79 миллиардро ташкил хоҳад дод. Ҳамчунин сатҳи миёнаи таваллуд ба як зан низ, бино ба  пешгӯии  олимон, дар ҷаҳон то соли 2100 аз 2,4 тақрибан то 1,7 кӯдак паст мешавад.
 
Муаллифон тадқиқот пешгӯӣ менамоянд, ки дар Тоҷикистон ва чанде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғистон ва Туркманистон, баръакс, авҷи аҳолӣ ба соли 2100 рост меояд.
 
Бино ба натиҷаҳои тадқиқот, то он вақт аҳолии Тоҷикистон 14,52 миллион нафар зиёд шуда, аз 9,24 миллион нафар дар соли 2017 то ба 23,76 миллион нафар дар соли 2100 мерасад. Ҳамзамон, сатҳи миёнаи таваллуд ба як зан дар кишвари мо аз 3,55 кӯдак дар соли 2017 то 2,25 дар соли 2100 коҳиш меёбад, вале ин нишондод дар қиёс ба сатҳи миёнаи таваллуд ба як зан дар ҷаҳон (1,7) ва дар кишварҳои минтақа (аз 1,43 то 1,98) ба ҷуз аз Қирғизистон (2,25) зиёд боқӣ мемонад.
 
Тавре таҳқиқ шудааст, афзоиши аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ соли 2100 ба авҷи худ мерасад ва он зиёда аз 138,9 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар ин минтақа дар маҷмӯъ ҳамчунин сатҳи миёнаи таваллуд ба як зан аз 2,47 кӯдак то 2,14 поён меравад.
 
Дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ авҷи аҳолӣ то соли 2100 пешгӯӣ шуда, он мутаносибан 30,28 миллион, 12,45 миллион ва 8,96 миллион нафарро ташкил хоҳад дод. Дар Қирғизистон низ мисли Тоҷикистон сатҳи миёнаи таваллуд ба 2,25 нафар кӯдак баробар мешавад, вале дар Қазоқистон ва Туркманистон ин нишондод аз 2,0 поён меравад.
 
Авҷи афзоиши аҳолӣ дар се ҳамсоядавлат – Чин, Ӯзбекистон ва Афғонистон мутаносибан солҳои 2024, 2076 ва 2099 пешгӯӣ шудааст. Соли 2024 аҳолии Чин ба 1 миллиарду 431,91  ҳазор нафар расида, баъдан то соли 2100 48,9% коҳиш меёбад ва то 731,89 миллион нафар поён меравад. Ҳамчунин сатҳи миёнаи таваллуд ба як зан дар он аз 1,53 дар соли 2017 то 1,47 дар соли 2100 коҳиш меёбад.
 
Соли 2076 аҳолии Ӯзбекистон ба авҷи афзоиши худ – 44,99 миллион нафар — мерасад ва то соли 2100 ба миқдори 0,81 миллион кам шуда, 44,18 миллион нафарро ташкил хоҳад дод. Аҳолии Афғонистон то соли 2099 ба 129,78 миллион нафар ва то соли 2100 ба 129,77 миллион нафар мерасад. Ҳамзамон нишондоди сатҳи миёнаи таваллуд ба як зан дар ин кишвари ҳамсоя ба маротиб коҳиш меёбад ва аз 6,01 кӯдак дар соли 2017 то 1,65 кӯдак поён меравад.
 
Дар Россия шумораи аҳолӣ, бино ба  натиҷаҳои тадқиқот, аз 146,19 миллион дар соли 2017 то ба 106,45 миллион нафар дар соли 2100 коҳиш меёбад, яъне ба гуфтаи олимон, авҷи афзоиши аҳолӣ дар ин давлат аллакай гузаштааст.
 
Ба андешаи олимон, сабабҳои асосии чунин дигаргуниҳои демографӣ дар ҷаҳон паҳншавии маълумот, пеш аз ҳама, дар байни занон ва истифодаи фарохи усулҳои пешгирии ҳомиладоршавӣ (контрасепсия) дар Африқо, Шарқи Наздик ва баъзе давлатҳои Осиё мебошанд.
 
Тавре пешгӯӣ мешавад, новобаста аз коҳиш ёфтани сатҳи миёнаи таваллуд ба як зан дар ҷаҳон то 1,7 кӯдак дар баъзе кишварҳо, ба вижа дар манотиқи Африқо, Шарқи Миёна ва Осиё, нишондоди мазкур аз 2,0 кӯдак зиёд боқӣ хоҳад монд. Аз ин минтақаҳо, тибқи пешгӯиҳои олимон, муҳоҷирони зиёд ба Аврупо ва Амрико мераванд, ки имкон медиҳанд «талафот»-и кишварҳои пешрафтаро аз рӯи аҳолӣ ҷуброн кунанд.
 
Тибқи фарзияи манфӣ, шумораи аҳолӣ то 6,3 миллиард нафар коҳиш хоҳад ёфт, яъне ҳатто камтар аз теъдоди имрӯза хоҳад шуд. Дар баробари ин, дар пешгӯиҳои худ олимон амалан нишондиҳандаҳои дар оянда маълуми таваллуду давомнокии умр ва таъсири сатҳи маълумотнокӣ ва паҳншавии усулҳои пешгирии ҳомиладоршавӣ ба онҳоро бе назардошти таъсири эҳтимолии омилҳои пешгӯинашавандаи ҷаҳонӣ, ба монанди ҷангҳо, пандемия ва тағирёбии иқлим таҳлил кардаанд.
 
Бояд тазаккур дод, ки тадқиқоти мазкур аз ҷониби олимони амрикоӣ бо роҳбарии Кристофер Мюррей аз Донишгоҳи Вашингтон анҷом дода шуда, дар он раванди афзоиш ёфтани шумораи аҳолии 195 кишвар ва ҳудуди ҷаҳон аз соли 2017 то 2100 таҳқиқ гардидааст.
 
Дар тадқиқоти худ олимон ба маълумотҳо дар бораи қобилияти репродуктивӣ, муҳоҷират ва фавт, ки дар рафти лоиҳаи Global Burden of Disease (GBD) ҷамъоварӣ шудаанд, такя кардаанд. Аз ҷиҳати фарогирии миқёс ин яке аз бузургтарин тадқиқотҳо дар самти аҳолӣ мебошад, ки аз ҷониби коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ва Институти омӯзиши метрикаи саломатии Амрико (Сиэтл) бо дастгирии Бунёди Билл ва Мелинда Гейтс гузаронида мешавад.
 
Ҳамчунин ёдовар мешавем, ки 19 июни соли гузашта АМИТ «Ховар» бо истинод ба ҳисоботи Раёсати масоили иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ «Дурнамои аҳолии ҷаҳон – 2019: Тамоюлҳои асосӣ» («World Population Prospects 2019: Highlights») дар бораи афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон ва Тоҷикистон таҳти унвони «СММ: аҳолии Тоҷикистон то соли 2050 беш аз 5 миллион нафар афзоиш меёбад» хабар нашр карда буд. Аз ҷумла, дар он гуфта мешуд, ки шумораи аҳолии сайёра то 30 соли ояндаи наздик 2 миллиард нафар зиёд шуда, аз 7,7 миллиард нафар дар соли 2019 ба 9,7 миллиард нафар дар соли 2050 мерасад. Дар баробари ин аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ то соли 2050 беш аз 5 миллион нафар афзуда, зиёда аз 14,5 миллион нафарро ташкил хоҳад дод.
 
Бино ба он ҳисобот, теъдоди аҳолии Тоҷикистон то соли 2095 ба беш аз 18,7 миллион нафар хоҳад расид, ки ин нишондод нисбат ба соли 2019 як баробар зиёд мебошад.
 
Теъдоди аҳолии мамлакат ба ҳолати 19 июни соли 2019 беш аз 9.29 млн. нафар буда, 0.12 дарсади аҳолии ҷаҳонро ташкил медод. Аз рӯи шумораи аҳолӣ Тоҷикистон миёни кишварҳои ҷаҳон дар зинаи 96-ум қарор дошт ва суръати афзоиши аҳолии он дар соли 2019 ба 2.03 дарсад баробар буд.
 
Дар асоси пешгӯиҳои ҳисоботи Раёсати масоили иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ, Тоҷикистон то соли 2050 аз рӯи шумораи аҳолӣ миёни кишварҳои ҷаҳон ба зинаи 82-юм ва то соли 2095 ба зинаи 78-ум мебарояд.
 
Мутобиқи пешгӯиҳои демографӣ, ҳамагӣ дар 9 кишвар — Ҳиндустон, Нигерия, Покистон, Ҷумҳурии Демократии Конго, Эфиопия, Танзания, Индонезия, Миср ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка то соли 2050 афзоиши назарраси аҳолӣ ба чашм мерасад. Ҳамзамон гуфта мешуд, ки то соли 2027 Ҳиндустон яке аз кишварҳои сераҳолитарини дунё гардида, аз рӯи ин нишондод аз Чин пеш мегузарад. Инчунин то соли 2050 дар 55 кишвар камшавии шумораи аҳолӣ ба чашм расида, дар 26  давлат  коҳишёбӣ зиёда аз 10 дарсадро ташкил хоҳад дод.
 
Бино ба он ҳисобот, аҳолии қитъаи Осиё, ки соли гузашта беш аз 4,58 млрд. нафар ё 59.43 дарсади аҳолии ҷаҳонро ташкил медод, то соли 2050 ба беш аз 5,25 млрд. нафар расида, дар соли 2095 то ба 4,85 млрд. нафар коҳиш меёбад.
 
Ҳамзамон гуфта мешуд, аҳолии Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон), ки соли 2019 беш аз 72,85 млн. нафар ё 0.94 дарсади аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад, то соли 2050 ба беш аз 94,4 млн. нафар ва то соли 2095 ба зиёда аз 100,5 млн. нафар мерасад.
 
Муаллифони ҳисоботи мазкур бар он назар буданд, ки аҳолии сайёра метавонанд то соли 2100 тақрибан ба ҳадди максималӣ, яъне 11 млрд. нафар расад.
 
Бояд тазаккур дод, ки ҳисоботи «Дурнамои аҳолии ҷаҳон – 2019: Тамоюлҳои асосӣ» таҳлили муфассали моделҳо ва тамоюлҳои демографии дар соли 2019 анҷомдодашударо дарбар мегирифт.
 
https://khovar.tj/2020/07/bad-az-80-sol-a-olii-sajyora-ba-tavri-besobi-a-kam-meshavad-tib-i-tad-i-oti-olimoni-amriko-dar-to-ikiston-baraks-shumorai-a-ol-meafzoyad/
 
 
 

БОЗГАШТ