АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ба ёди академик Игнатий Юлианович Крачковский (1883-1951)

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Илми Шарқшиносии рус, хусусан бахши арбшиносии он, ба туфайли олимони барҷастаи он машҳури дунё гаштааст. Яке аз он олимон Игнатий Юлианович Крачковский мебошад, ки бо асари безаволи худ саҳми арзандае дар илми арабшиносӣ гузоштааст.
И.Ю. Крачковский дар таърихи 16-уми марти 1883 дар шаҳри Вильно (Вильнюс) ба дунё омада, 24-уми январи 1951 ҷаҳони фониро падруд гуфт. Соли 1901 ӯ гимназияро дар зодгоҳаш бо нишони тиллоӣ ба хатм расонида, худи ҳамон сол ба Шуъбаи забонҳои арабӣ-форсӣ-туркию татарии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи Сангт-петербург дохил шудааст. Азбаски дар муҳити оила ӯ ба меҳнатдӯстию интизом, донишандузӣ ва илмомӯзӣ одат карда буд, дар факулта низ як донишҷӯи пешқадам ва намунавӣ гардид. Ба ғайр аз омӯхтани фанҳои барномавӣ ва тахассуси ин донишҷӯ ба қадри имкон ба дарсҳои факултаи таъриху филология, аз  таъриху адаби Русияи қадим ва муосир, равоншиносӣ ва ғайра сабақ мегирифт. Аз соли сеюми таҳсил ӯ аз таърихи шарқи қадим, Мисри бостонӣ (қибтӣ) ва Ҳабашистони масиҳӣ дар назди бузургтарин донандаи ин соҳа академик Б.А. Тураев (1899-1920) ва арабшиносу эроншиноси барҷастаи фаронсавинажоди рус барон Розен (1849-1908), арабшиносу муаррих ва исломшиноси маъруфи рус В.В. Бартольд (1869-1903) таълим гирифтааст.
Баъд аз хатми Донишгоҳ роҳбарияти он ӯро ҳамчун шахси дорои истеъдоди фавқулодаи илмӣ дар факулта ба сифати устод ба кор таъйин карда, пас аз чанде ӯро ба ҳайси коромӯз ба сафари тулонӣ ба Сурия, Лубнон ва Миср фиристоданд. Пас аз бозгашт И. Ю. Крачковский ба фаъолияти таълими ва таҳқиқоти машғул шуда, умри худро комилан ба тадқиқи дастнависҳои қадими арабӣ ва форсию тоҷикӣ, таҳлили ашъори давраи тоисломӣ ва замони ислом, тарҷума ва баррасии осори манзуму мансури давраи нави муосир бахшид.
Соли 1915 И.Ю. Крачковский рисолаи магистриашро дифоъ кард. Соли 1921 сазовори унвони профессор гардид ва худи ҳамон сол узви пайвастаи Академияи Русия интихоб шуд.
Осори мунтахаби илмии акадамик И.Ю. Крачковский дар ҳаҷми 6 ҷилд солҳои (1955-1960) ба чоп расидааст. Соли 2015 боз як ҷилди калони осори ӯ, ки ба таъриху филологияи Шарқи масиҳи бахшида шудааст, нашр шуд. Ҳоло қисми бузурги чопнашудаи ӯ дар бойгонии Шӯъбаи ленинградии Академияи илмҳои Русия муҳфуз ва интизори тадқиқу нашр аст.
Яке аз барҷастатарин самараи фаъолияти илмии И.Ю. Крачковский тарҷумаи русии Китоби муқаддаси ислом –Қуръони Шариф- мебошад, ки бори нахустин дар нашриёти “Наука”–и Москва соли 1986 ба табъ расидааст.
Дар таърихи 16-уми марти 2021 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба зодрӯз ва ҳамчунин ба муносибати 70-солагии даргузашти И.Ю. Крачковский маҳфили илмӣ баргузор гардид. Арабшиносӣ тоҷик доктори улуми филологӣ профессор Тоҷиддин Мардонӣ дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Игнатий Юлианович Крачковский маърӯзаи ҷолибу пурмуҳтаво карда, саҳми ӯро дар рушду равнақи арабшиносии рус ва шуравӣ нишон дод. Ғайр аз ин дар маъруза нақши ин олими забардасти арабшинос дар омӯхтани таъриху фарҳанги бостонии мардуми тоҷик низ тасвир намуда шуд.
Дар ҷараёни маҳфили илмӣ олимони маъруфи тоҷик директори Институт доктори илмҳои фалсафӣ Ниёзї Ёрмањмад, доктори илми фалсафа Комил Бекзода, доктори илми филология Ҳабибулло Раҷабов, доктори илми таърих Санабар Воҳидова ва дигарон доир ба мавзӯъи мавриди баҳс изҳори назар намуданд.
 
Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
 

БОЗГАШТ