АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ба муносибати рӯзи озод шудани Нимҷазираи Корея аз мустамликаи Япония “광복절”

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

  Таърих шаҳодат аз он медиҳад, ки замоне Нимҷазираи Корея дар зери мустамликаи Япония қарор дошт. Билохира 15 уми августи соли 1945 нимҷазираи Корея озодии сиёсиро ба даст овард ва ин рӯзро광복절яъне рӯзи озодӣ эълон намуданд. Ҳамасола санаи 15 уми август дар нимҷазираи Корея ҳам дар Кореяи Ҷанубӣ ва ҳам дар Кореяи Шимолӣ ин рӯзро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегиранд. Маънои аслии калимаи Квангбокчол (광복절) “Фестивали бозгашти нур” мебошад. Барои ҳар фарди нимҷазираи Корея махсусан шахсони калонсол ин рӯз дар ҳақиқат дурахшонтарин рӯз дар таърих мебошад.

  Қайд кардан зарур аст, ки ин рӯзи тақдирсоз дар Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ бо номҳои гуногун зикр гардидааст. Дар Кореяи Ҷанубӣ ҳамчун Квангбокчол (광복절) машҳур буда, маънои муфассалаш “Рӯзе ки рӯшноӣ баргашт” буда, яке аз ҷашнҳои давлатӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ба шумор меравад. Дар Кореяи Шимолӣ бошад Чогук ҳебанг и нал (조국 해방 ) ном дошта, маънои муфассали он “Рӯзи озодии Ватан” мебошад ва ҳамзамон яке аз ҷашнҳои давлатии Кореяи Шимолӣ ба шумор меравад. Номи Квангбокчол (광복절) аз калимаи кореягӣ гирифта шуда, гванг () маънояш рӯшноӣ, бок () маънояш барқароркунӣ ва чол () маънояш ҷашн мебошад. Калимаи “барқароркунӣ” бештар ба ҷойи калимаи “истиқлолият” истифода бурда мешавад, 독립 – (Токриб) маънои онро дорад, ки Корея дар тӯли садсолаҳо пеш аз ҳукумронии Япония як миллат буданд. Квангбокчол (광복절) 1–уми октиябри соли 1949 расман яке аз ҷашнҳои давлатӣ дар Кореяи Ҷанубӣ эълон гардидааст. 15-ми августро бисёр кишварҳо ҳамчун Рӯзи Ғалаба бар Япония ва хотимаёбии Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ҷашн мегиранд. Вале Амрико бошад ин рӯзро моҳи сентябр ҷашн мегирад, ки Япония дар ин моҳ расман эъломияи таслимро имзо намуда буд. Айни замон Кореяи Шимолӣ ҳамчун ҷашни рӯзи Озодии Пхенян ин рӯзро аз Кореяи Ҷанубӣ ҷудо дар алоҳидагӣ ҷашн мегирад. Зикр кардан ба маврид аст, ки Рӯзи озодӣ ягона ҷашне мебошад, ки ҳар ду кишвар ҷашн мегиранд.

  Кореягиҳо мисли дигар ҷашнҳо дар Корея ин ҷашнро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил менамоянд. Дар ин маросим ҳамеша шахсони аввалиндараҷаи кишвар - президент, сарвазир, вазирон, роҳбарони ширкатҳои бузург иштирок менамоянд. Онҳо барои эҳтироми фавтидагон ҷамъ мешаванд. Президенти кишвар ба тамоми мардуми кишвар паёми худро мерасонад. Инчунин Президенти кишвар зимни суханронии худ вобаста ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ изҳори андеша менамояд. Маросими Квангбокчол (광복절)  дар марказҳои фарҳангии Сеҷони бузург ё Осорхонаи Истиқлолият баргузор мегардад. Дар ин рӯз дар биноҳо ва хонаҳо парчами миллӣ Тэгугӣ овезон карда мешавад. Ҳамзамон ба муносибати ин ид осорхонаҳо, маконҳои ҷамъиятӣ ва инчунин қатораҳои байнишаҳрӣ, нақлиётҳо барои мардуми кишвар ройгон хизмат мерасонанд. Дар маросими мазкур Суруди расмии Квангбокчол 광복절 노래 садо медиҳад. Матни сурудро нависандаи машҳури Корея Чон Инбо ва оҳангашро оҳангсози машҳури Корея Юн Ёнха навиштааст.

  Дар хулоса, метавон гуфт, ки ҷашнҳои миллӣ дар нимҷазираи Корея хело зиёд мебошанд, ки аз замони қадим то ба ҳол ҷашн гирифта мешавад. Масалан идҳои зерин дар Кореяи Ҷанубӣ таҷлил мегардад: чеҳончол, соллал, самилчол, соҳесуҳоҷнал, чхонмён, чигуҷнал, обоинал, квангбокчол ва ғайраҳо. Қобили зикр аст, ки ҳар як ҷашни миллӣ бо усули махсус бо шукуҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад ва муҳимияти махсуси худро дорад. Квангбокчол низ яке аз ҷашнҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ буда бо тарзу усулҳои хос ва бо ҳашамат ҳамасола таҷлил мегардад.

  1. День освобождения 광복절 (15 августа) (https_vseokoree.com) //https_vseokoree.com/?url=https%3A%2F%2Fvseokoree.com%2Fvse-o-koree%2Fnatsionalnye-prazdniki-korei%2Fden-osvobozhden
  2. KOREA 365. День Освобождения 광복절
  3. http://vseoul.blogspot.com/2013/08/15-gwangbokjeol.html
  4. https://ru.abcdef.wiki/wiki/National_Liberation_Day_of_Korea?ysclid=l6kjaplwkk864738048

Файзуллаева Нигора,
ходими хурди илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

 

БОЗГАШТ