АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

“Баҳори ҳамгироӣ” дар Осиёи Марказӣ. Нигоҳе аз Қирғизистон

Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул

Расм

“Диверсификатсияи нокифояи сиёсати хориҷӣ, хусусан оид ба муносибатҳои  кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо ҳамдигар, оғози ҳамгироиро  ақиб  мезанад”, - қайд мекунад профессор Зайниддин Қурманов дар мақолаи худ дар cabar.asia роҷеъ ба проблемаҳои интегратсияи Осиёи Марказӣ бахшидааш.

Соли 2018 Қазоқистон  пешниҳод кард, ки ҳамаи президентҳои Осиёи Марказиро дар як ҷо ҷамъ кунад. Дар тӯли солҳои ҳукмронии худ Нурсултон Назарбоев тавонист ҳамчун интегратор ва муаллифи ғояҳои мухталиф оид ба ташкили иттифоқҳо ва сохторҳо шуҳрат пайдо кунад. Вай аввалин шуда ғояи таъсиси Иттиҳоди Осиёи Марказиро (ИОМ - ЦАС) дар доираи панҷ давлати мустақил, вале, аз нигоҳи забон, фарҳанг ва мазҳаб муштараки минтақаи мазкур пешниҳод намуд. Ба ақидаи роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон бошад ҷашни таҷдид  метавонист  ҳамчун  нақши рамзӣ  барои  гузаронидани  чунин вохӯрӣ баъд аз солҳои тулонӣ бошад.
 

Гуногунии фаҳмиши ҳамгироӣ

Барои касе пӯшида нест, ки ин ғоя қаблан аз ҷониби Ӯзбекистони даврони Ислом Каримов инчунин раҳбарони Туркманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон як хел пазируфта нашуда буд ва ҳоло Ӯзбекистон таҳти сарварии Шавкат Мирзиёев ин форматро, ки дар он мушкилоти вазнинро дар “доираи танг” баррасӣ кардан мумкин аст, дастгирӣ менамояд. Сабаби ихтилофи назар чунин омилҳо мебошанд:
 

Якум - гуногунии фаҳмиши ҳамгироӣ;
 

Дуюм - мавҷуд набудани таҷрибаи дахлдори дипломатӣ ва сиёсати хориҷии давлатҳои ҷавони соҳибистиқлол;
 

Сеюм - афзоиши миллатгароии давлатӣ ва омода набудан барои аз даст додани ҳуқуқҳои соҳибихтиёрӣ;
 

Чорум - ҷалби нокифояи давлатҳои ҷавон дар низоми глобалии муносибатҳои байналмилалӣ ва савдо;
 

Панҷум - раванди нотамоми ташаккули минтақа ҳамчун яке аз марказҳои сиёсати байналмилалӣ ва ҳаёт бо манфиатҳои худ.
 

Бо вуҷуди ин, тақдири ИОМ – ЦАС ба ирода ва муносибатҳои раҳбарони ду кишвари бузургтарини минтақаи Осиёи Марказӣ: Қазоқистон ва Ӯзбекистон вобастагӣ дошт. Бо аз байн рафтани сардӣ дар муносибатҳои кишварҳо, ки рақибони асосии минтақа ҳисобида мешуданд, вохӯрии роҳбарон имконпазир шуд. Дар давоми солҳои 90-ум як навъ “паради соҳибихтиёрӣ” буд. Ҳоло дар сатҳи ҷомеаҳои мо дарк карда мешавад, ки бидуни ҳамгироӣ  мо наметавонем мушкилоти умумии худро ҳал кунем.

                                            

 

Фоидаҳо пешбинишаванда

Дар айни замон, дар шароити ҷаҳонишавӣ, ҷараёни фаъоли “минтақасозӣ” ба  мушоҳида мерасад  ва минтақаҳои гуногуни ҷаҳон кӯшиш мекунанд бозорҳои муштарак, асъори минтақавӣ дошта, дар тиҷорати байналмилалӣ фаъолона ширкат варзанд ва фазои ягонаи иқтисодиро ташкил кунанд. Осиёи Марказӣ аз ин ҷиҳат хеле қафо мондааст, он ҳатто дар  марҳилаи муттаҳидӣ нест, балки танҳо дар ҷараёни таъсиси он мебошад. Агар минтақа ҳамкориҳои иқтисодиро тақвият бахшад, тибқи маълумоти СММ, афзоиши ММД дар кишварҳои мо на камтар аз 5% - ро ташкил медод. Илова бар ин, дар минтақа проблемаҳои зиёде мавҷуданд, ки онҳоро танҳо якҷоя ҳал кардан мумкин аст (масъалаҳои об, амният, муҳоҷират). Ҳоло онҳо дар шакли пинҳонӣ зоҳир мешаванд ва дар оянда бошад  ба проблемаи калон мубаддал мегарданд. Ҳама бояд аз ҳамгироӣ баҳра баранд, зеро барои касе пӯшида нест, ки ҳамгироӣ ҳаракат ба пешро дар назар дорад. Пойгоҳи иқтисодии кишварҳои минтақа хеле мустаҳкам аст, зеро онҳо дорои ашёи хом, захираҳои азими энергетикӣ, меҳнатӣ ва инсонӣ мебошанд. Дар кишварҳои бузурги минтақа - Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, инчунин захираҳои калони молиявӣ мавҷуданд, ки метавонанд ба сифати донор баромад кунанд.

Мутаассифона, вақти зиёди бесамар бо сабаби мавҷудияти қолабҳои шӯравӣ, набудани эътимод ба нерӯи шахсии худ, вақте роҳбарони кишварҳо аз рӯи одат ба Кремл менигаристанд, ки ӯ чӣ мегӯяд ва  ғайра  масраф мешуд. Интегратсияи воқеӣ тибқи бузургманишии он замон вуҷуд дошта, танҳо атрофи Маскав пазируфта мешуд, ҳамгироиҳои дигар атрофи Остона, Тошканд ё Бишкек, номувофиқ ё сатҳи пасттар ҳисобида мешуданд. Ба манфиатҳои геополитикии Россия ва инчунин ба тавре, ки кишварҳои ИДМ миқёси худро баланд накунанд ва аз Маскав мустақил набошанд, зарурати ҳамгироии минтақавӣ бо гуфтугӯ оид ба муттаҳидсозии замин, кишварҳо дар атрофи маркази ягона иктифо мегардид.

Аз ин рӯ, ихтилофҳо дар байни раҳбарони Осиёи Марказӣ зуд - зуд рух медоданд ва масъала роҳи ҳал пайдо намекард. Одамон ва коршиносон шубҳа мекарданд, ки ин амал дар ояндаи наздик татбиқ шавад.

Проблемаи  калидии ба ҳамгироии минтақа вобаста ин майл доштани  сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ  ба се самт: Русия, Чин, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА мебошанд. Гуфтан мумкин аст, ки диверсификатсияи (ҷустуҷӯи бозорҳои нав) нокифояи сиёсати хориҷӣ, алалхусус дар робита бо кишварҳои минтақа нисбат ба якдигар, принсипҳои ҳамгироиро боз медорад. Тамоми импулс  ё  сигналҳои ба минтақа равонагардида (аз ИДМ, ҷаҳони туркӣ ва исломӣ, Чин), бо қаробати тамадудунӣ тақвият ёфта,  ба пояи анъанаҳои  фарҳангӣ ва сиёсӣ асос ёфтаанд. Ин  интихоби  онҳоро дар байни қутбҳои ҳамгироӣ ва вобастагӣ душвор месозад.

                                                                                             

 

Тарси аз даст додани ҳокимият ва тавозун

Ҳамзамон, тақрибан ҳамон манзара ҳангоми кӯшиши ҳамгироӣ дар доираи Шӯрои туркӣ ба назар  расид, ки дар аввал Туркияи бародар нақши интегратор (роҳбарӣ, ҳамгироӣ) - ро ба дӯш гирифт, аммо бо муқовимати пешвоёни пасошӯрвӣ дучор омад ва маҷбур шуд, ки минбаъд эҳтиёткорона ва бодиққат амал кунад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз тарси аз даст додани як қисми қудрати худ нахостанд то ҳамгироии минтақавӣ вусъат гирад. Метарсиданд, ки кишварҳои заиф барои онҳо як бори гарон мешаванд.

Агар мо ҳоло ҳамаи марзҳоро бидуни омодасозии лозима ва заминаи қонунгузорӣ боз кунем, идора кардани вазъият душвор мешавад, зеро кишварҳои  минтақа  аз нигоҳи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳолати нобаробар қарор доранд. Ҳатто ҳамгироии Иттиҳоди Аврупо дар тӯли ним аср ба тариқи эволютсионӣ  сурат гирифт. Ин ҳам як вақту замонро мехоҳад. Агар Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ дар соли 1994 ба кор медаромад, имрӯз роҳи муайянеро дар самти интегратсияи  минтақавӣ тай мекардем. Ҳоло, мо бояд ҳамаро аз нав оғоз кунем, зеро роҳҳои кишварҳоямон аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ аз ҳам ҷудо шуданд. Қазоқистон ба наздикӣ ба потенсиали пурраи худ дар самти ҳамгироии АвруОсиё ва созмонҳои он – Иттиҳоди Гумрукӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё рӯ овард. Қирғизистон ба наздикӣ ба ин созмон шомил шуд. Се кишвари боқимондаи минтақа берун аз ин сохторҳо вуҷуд доранд.

Осиёи Марказиро ҳамчун  яке  аз минтақаҳои ҷаҳонӣ ташаккул дода, мо набояд фаромӯш кунем, ки ба мо марҳилаҳое лозиманд, то онҳоро пушти сар кунем, замоне мо ҳам дар доираи маҷмааи  ягонаи иқтисодии Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ мекардем. Яъне, мо таҷрибаи муайяни ҳамкорӣ дорем. Шояд он идеалӣ ҳам набошад, аммо вуҷуд дорад. Он вақт як маркази иттифоқ буд, ки ба мо шароити худро дикта кард. Аз ин рӯ, ҳоло проблемаҳои зиёди ҳам хусусияти иқтисодӣ ва ҳам экологӣ дошта вуҷуд доранд.

Бар асоси гуфтаҳои боло зарур аст, ки имрӯз муносибатҳои нав бо дарназардошти таҷрибаи соҳибихтиёрӣ ва ҷаҳонишавӣ ҳамчун як тамоюли пешрафтаи рушди ҷаҳон ба роҳ монда шаванд.

Барои  муттаҳид кардани панҷ кишвари минтақа, пеш аз ҳама бояд фазои  иттилоотии  муносиб бунёд гардад. Мо ҳама дар бораи Русия медонем, аммо дар бораи давлати ҳамсоя ҳеҷ чиз намедонем. То имрӯз дар байни кишварҳоямон ягон ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд надорад, хусусан ҳангоми  пешбари  кардани  ягон  номзад аз минтақа ба мақомоти  салоҳиятдори  байналмилалӣ  мо байни худ барои ҳар як овоз  мубориза  мебарем. Масалан, ҳангоми номзад ба узви муваққатии Шӯрои Амният дар соли 2016, Қирғизистон ва Покистон ихтилоф карданд. Қазоқистон ба ҷониби Покистон раъй дод ва дар интихоботи оянда покистониҳо аз Қазоқистон пуштибонӣ карданд. Қирғизистон он замон Арманистонро дастгирӣ кард. Ин қабил мисолҳо зиёданд.

 

Нигоҳе ба минтақасозӣ аз диди Қирғизистон ва кишварҳои дигари минтақа

Кишвари мо ҳамеша ба ин раванд некбинона назар мекард. Ва ҳатто саъй намудем, ки онро амиқтар кунем ва ба ин мақсад байни Қирғизистон ва Қазоқистон  як иттиҳод ташкил карданӣ ҳам шудем, ки ба он президент Ислом Каримов ишора карда буданд.

Дар дурнамо  барои  ҳамгироӣ нақши муҳимро мавҷудияти иродаи сиёсӣ мебозад. Ин чӣ маъно дорад? Ин дар ҳолест, ки тақрибан ҳамаи элитаи ҳукмрон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дурнамои кишварҳои худро бо дурнамои рушди минтақа мепайванданд, яъне ҳеҷ кас кӯшиш  намекунад, ки кӯрпаро ба болои худ кашад, ҳамсояи худро ба ин ё он проблема хатари аз онҳо бароянда айбдор кунад. Иродаи сиёсӣ - ин марҳилаи аввал, пойдевори ҳамагуна корҳои хуб мебошад.

Эҳтироми мутақобила, баробарӣ, қобилияти эҳсоси дурнаморо дар назар дорад.
 

Марҳилаи дуюмро бояд аз лоиҳаҳои мушаххас оғоз намуд. Масалан, ташкили тиҷорати наздисарҳадӣ, яъне кушодани марзҳо, ташкили  минтақаҳои  савдои  наздисарҳадӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, мубориза бар зидди қочоқ ва ғайра. Ин ба рушди баъзе минтақаҳо мусоидат хоҳад кард ва сипас лоиҳаҳо метавонанд ба минтақаҳои дигар интиқол дода шаванд. Қадами навбатӣ ҳалли мушкилоти обу энергетика мебошад, ки сол аз сол шиддат мегиранд. Ҳоло, ба ғайр аз айбдоркунии ҳамдигар, мо дар ин ҷо ҳеҷ чизро намебинем.
 

Марҳилаи сеюм эҷоди фазои ягонаи гумрукӣ, таъсиси қонунгузории  ягонаи гумрукӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати молҳо дар минтақа мебошад.
 

Марҳилаи чорум эҷоди фазои ягонаи иқтисодӣ мебошад,  зарурати ташкили мақоми идоракунии ягона, ки ба он як қисми соҳибихтиёрӣ боварӣ  карда  мешавад.
 

Марҳилаи панҷум - дар дурнамо ташкили иттиҳоди сиёсӣ, ба мисли Иттиҳоди Аврупо мебошад. Умедворам, ки то он замон кишварҳои мо барои ташкили чунин ассотсиатсияҳо аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ ба камол мерасанд ва кишварҳои абарқудрат онҳоро мешиносанд. Ин дар ҳолест, ки агар кишварҳои Осиёи Марказӣ муқовимати беруна ва дохилии худро паси сар кунанд, ба онҳо муяссар мешавад барои ташкили созмони байналмилалӣ ба мувофиқа расанд. Аммо раванди “соҳибихтиёрӣ” ҳанӯз  ба  поён нарасидааст. Бисёр чизҳо аз Ӯзбекистон вобастаанд, ки бо омадани президенти нав Шавкат Мирзиёев  барои  ҷаҳони  беруна  ва ҳамсоягон,  он боз ҳам кушода мешавад,  аммо  аз афзалияти муносибатҳои  дуҷониба  дар  эҷоди муносибатҳои байналмилалӣ даст намекашад.

Инчунин аз сиёсати хориҷии Президенти Туркманистон Г. Бердимуҳамедов, ки боз буданро нишон медиҳад, аммо аз масири бетарафӣ  канор  нагирифтааст, вобастагӣ дорад. Тоҷикистон ба монанди Қирғизистон ба  рушди  ҳамгироии  минтақавӣ  манфиатдор  аст, аммо  метавонад  муносибати  худро барои ба лоиҳаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё  ҳамроҳ шудан, ки ба таъхир гузошта шудааст, тағйир диҳад.

 

Мутарҷим: Давлиёрова Сафаргул,

 Бознашр аз сомонаи https://cabar.asia/ru/zajnidin-kurmanov-vesna-integratsij-v-tsentralnoj-azii-vzglyad-iz-kyrgyzstana-2/ 14/03/2018/

БОЗГАШТ